Шодӣ ва андӯҳи як қатл
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Бузургтарин шикори қарн ҳам гӯё ба фарҷом расид. Усома бин Лодин кушта шуд ва нидоҳои шодӣ аз як сӯ ва фарёдҳои андӯҳ аз сӯи дигар ба ҳаво хост. Дар ҳоле ки нерӯҳои ғарбӣ тайи даҳ соли гузашта нишоне аз Усомаро дар ғорҳои Туро-Бурои Афғонистону кӯҳистони бесарутаҳи Покистон ҷустуҷӯ мекарданд, вай бо хонаводаи бузургаш дар бӯстонсарои мураффаҳе дар 60-килуметрии шимоли шарқи Исломобод, дар шаҳраке бо номи Абетобод (Abbottabad) ба дасти нерӯҳои омрикоӣ гирифтор шуд ва ба пиндори душманонаш равонаи ҷаҳаннам ва ба бовари дӯстдоронаш роҳии биҳишт шуд. Аз роҳи обҳои пуръумқи дарё. Шояд дарёи Араб, ки соҳили Покистонро мешӯяд. Гуфта мешавад, ки дар ин сафари ниҳоӣ Усома бин Лодинро писараш Холид ҳамроҳӣ кардааст. Яке аз нуҳ зани ӯ аз ноҳияи по захмӣ шуда ва ҳамроҳ бо 23 кӯдаке, ки дар он хонаи бузург зиндагӣ мекардаанд, аз сӯи нерӯҳои покистонӣ боздошт шудааст.
Ин рӯйдод пурсишҳои фаровонеро матраҳ карда ва давлати Зардорӣ дар Покистонро зери зарбаҳои паиҳам гузоштааст. Дар сурате ки Усома бин Лодин бо хонаводаи азимаш дар ҳаволии пойтахти Покистон зиндагии одию мараффаҳе дошта, чи гуна аст, ки мақомоти покистонӣ аз ҳузури ӯ дар кишварашон огоҳ набуданд? Оё он ҳама ваъдаву таъаҳҳуд мабнӣ бар ҳамкорӣ бо нерӯҳои амниятии Ғарб барои пайдо кардани Усома бин Лодин воқеъият дошт ё навъе шира ба сару гӯши Ғарб молидан буд?
Осифъалӣ Зардорӣ, раисиҷумҳурии Покистон, дар ҳоле ки мекӯшид ваҷоҳате маъсумона ба худаш бигирад, мегуфт аз ҳузури Бин Лодин дар сарзаминаш хабар надоштааст. Таъкиди вай бар ин ки худи Покистон пайваста қурбонии ҳамалоти теруристӣ буда ва бештар аз нерӯҳои НОТУ (NATO) талафоти ҷонӣ додааст, фазои шакку шубҳаро ба ҳам назад ва ҳанӯз фарзияҳое ҳокӣ аз ҳамкории нерӯҳои амниятии Покистон бо шабакаи Алқоъида матраҳ аст. Ба назари бисёре аз коршиносон, дар кишваре, ки фасоди молӣ ва таъассуботи мазҳабӣ бедод мекунад, заминаи чунин ҳамкорӣ фароҳам аст.
Таъкиди давлати Покистон ба даст надоштан дар амалиёти қатли Бин Лодин ҳам парда аз воқеъиятҳои дигар бар медорад. Покистон, ки саршор аз амвоҷи гуногуни таъассуби мазҳабист ва хонаи тундравони бисёри ҳаводори Усома аст, башиддат нигарони паёмадҳо ва талофиҷӯии эҳтимолии он нерӯҳост ва тарҷеҳ медиҳад “ифтихор”-и куштани Усома бин Лодинро бо нерӯҳои омрикоӣ қисмат накунад.
Аммо нафси достони қатли Усома бин Лодин ҳам шигифтангез аст. Ба назари бисёре баъид аст, ки нерӯҳои омрикоӣ бо он ҳама даму дастгоҳи ҷосусӣ аз маҳалли сукунати душмани шумораи яки худ то кунун хабаре надоштаанд. Оё лаҳзаи чашм пӯшидан аз Усома бин Лодин ва канор гузоштанаш акнун муносибтару мусоъидтар буд? Ва чаро Усома ба ҷои ин ки боздошт шавад, ба сина ва болои чашми чапаш ду гулӯла хурд, нисфи ҷумҷума (косахонаи сар)-ашро аз даст дод ва ба ҳолате расид, ки тақрибан намешуд шиносоиаш кард? Магар намешуд ӯро боздошт кард ва мисли ҷинояткорони ҷаҳонии дигар ба Додгоҳи Лоҳа бурд? Магар ин ҳамон Усома бин Лодине набуд, ки замоне аз марҳамати соҳибони омрикоиаш бархурдор буд, то айши Шӯравиро талх кунад? Додаҳо ё иттилоъоти марбут ба як чунин шахсиятеро мақомоти амниятии Омрико маъмулан бояд аз бар балад бошанд. Шароити қатли Усома бин Лодин ба тавтеапиндориҳои фаровоне доман задааст ва баъид нест, ки фардо чандин фарзияи пиндорӣ бар мабнои ин пурсишҳо тарҳ шавад.
Дейвид Камерун, нахуствазири Бритониё, ки дар нимашаб бо занги телефуни раисиҷумҳурии Омрико бедор шуда буд, то хабари қатли Бин Лодинро бишнавад, ин рӯйдодро “комгории бузург” ва тавҷеҳпазир номид ва изҳори хушнудӣ кард. Бритониё солҳост, ки ҳукми эъдом ё қатлро лағв карда ва бино ба қонунҳои он, иҷрои қатл ё эъдом таҳти ҳеч шароите пазируфта нест. Аз нахуствазири як чунин кишваре шунидани нидоҳои тамҷиду тамҳид ба хотири қатли як тан (муҳим нест чи касе буда) бисёр аҷиб ва зананда аст. Яъне он чи бар худ намеписандад, бар дигарон писандидааст. Ва ба ҳамин шева, шодбошу ситоишҳои давлатакҳое, ки ба шумор ҳам намеоянд, хоркунанда ва қабеҳ аст.
Дар шарорату дижхимӣ ва ниҳоди дӯзахии Усома бин Лодин, ки бо такя ба андешаҳои тирааш мехост ҷаҳонро ба ҷаҳаннаме табдил кунад, шакке нест. Аммо шодӣ аз марги ӯ чизе ҷуз баёни ин воқеъият нест, ки ҷаҳон ҳанӯз аз ҷангали таваҳҳуш (ваҳшигарӣ) берун наомадааст ва дар дарёе аз тазодҳо дасту по мезанад. Усома бин Лодин бояд ба сазои аъмолаш мерасид, аммо тавассути як ҷомеъаи инсонӣ, ки қатлро кори ваҳшиҳо медонад ва роҳҳои башаритареро барои расидагӣ ба одамони бадсиголу бадсиришт ниҳодина кардааст. Бо қатли Усома решаи бадсиголӣ жарфтар меравад ва хушунат чизе ҷуз хушунат намезояд. Ва ҷаҳон ҳамчунон дар оташи девонагии бачаҳояш месӯзад.
No comments:
Post a Comment