Tuesday, April 26, 2011

Obscurity

Гумномӣ

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Имрӯз, пеш аз ин ки барои навиштани ин сатрҳо бинишинам, бар ҳасби тасодуф шоҳиди гуфтугӯи се-чаҳор мусофири утубус дар шарқи Ландан будам. Ҷавононе, ки баравшанӣ пайдо буд аҳли Осиёи Миёнаанд, дар ҳоле ки фаварони душномҳои русӣ аз даҳонашон меборид, савори утубус шуданду нишастанд. Як марди миёнасол, ки пеш аз сухан гуфтанаш ҳам рус буданаш аз ваҷоҳаташ ҷеғ мезад, аз ҷавонони тозаворид ба забони русӣ пурсид аҳли куҷоанд. Гуфтанд: “Туркманистон”. Гуфт: “Манзуратон Қазоқистон аст?” Гуфтанд: “На, каме поинтар. Туркманистон”. Гуфт: “Оҳон! Ёдам омад. Солҳо пеш, шояд сӣ сол пеш буд, ки гузорам ба кишваратон уфтода буд. Фақат як шаҳрашро дидам, мутаассифона. Аммо ҳаргиз фаромӯшаш намекунам. Шаҳри Чкаловск! Аҷаб зебоманзар буд!”

Пас аз лаҳзае сукут яке аз ҷавонони туркман бо пӯзиш равшан кард, ки Чкаловск дар қаламрави Туркманистон воқеъ нест. Тоза баъд аз он буд, ки барои 10-15 дақиқа баҳси куҷо будани Чкаловск ҷараён дошт. Тақрибан ҳамаи кишварҳои минтақаро ном бурданд, ба ҷуз Точикистон ва саранҷом ба натиҷае расиданд, ки Чкаловск шаҳрест дар Узбакистон ва бо итминони хотир ба идомаи суҳбатҳояшон пардохтанд. Маҷбур ба мудохила шудам, то нақшаи зеҳнии ин ҷамоъати русу туркманро равшантар кунам.

Замоне сарзаминҳои он марди русу ин ҷавонҳо ва мани шунаванда яке буд ва аз тикка-пора шудани он ҳанӯз 20 соли тамом ҳам нагузаштааст. Аммо ҳамон суҳбати кӯтоҳ басанда буд, ки мизони бегонагӣ ва фосилаи уфтода миёни ҳаммеҳанони пешинро ошкор кунад. То бист сол пеш ҳама зери як парчами фарох саф мекашидему аз иттиҳоди заволнопазири миллатҳои Уруосиё ба ҷаҳониён шиъор медодем ва шуъурамонро ҳам бо ин шиъорҳо анбошта будем. Аммо ҳамааш шиъоре беш набуд, вагарна бо шӯру тӯфоне, ки баъдан ба сарвақтамон расид, шарҳа-шарҳа намешуду фурӯ намерехт.

Аз ин рӯ аҷаб нест, ки як марди руси 40-45-сола (ки бо ифтихор ба ҷавонони корҷӯи туркман пуз медод, ки ба даъвати як бонки инглисӣ барои кор ба Ландан омада ва ин ки дар ҷавонӣ хуб дарс хонда буд, ки ба инҷоҳо расидааст) миёни Туркманистону Тоҷикистон тафовут қоил мешуд. Бегумон, ин суҳбати марди рус баёнгари биниши тангаш дар мавриди минтақа буд. Аммо аз сӯи дигар, намоёнгари нотавонии кишварҳои минтақа дар шиносондани худ тайи солҳои истиқлол ҳам буд. Мо, ки аз кишварҳои дуртар дар Ғарбу Шарқ таваққуъи шиносоӣ ва шинохта шуданро дорем, оҳиста-оҳиста дар чашми бародарони бузурги пешин ҳам рангу рӯ мебозему гумном мешавем.

Бист соли дурӣ аз он ғӯли сурхи бузург баҳонаи хубест барои андешидан бар сари ин ки чи будему чи шудем. Албатта, ин манзур дар ин мухтасар намегунҷад. Муқоисаи омору арқом фурсату фазои бештаре мехоҳад. Он чи равшану мусаллам аст, ин аст, ки Шӯравӣ беасар нашуд. Асароти зиндагии мо дар Шӯравӣ барои даҳҳо ва шояд садҳо соли дигар дар бистари миллати мо боқӣ хоҳад монд. Ҳамон гуна ки осори зиндагӣ дар Аморати Бухоро ҳамчунон машҳуд аст ва бо фурӯ рехтани ғӯли сурхи бузург он осор дубора бармало мешаванд; аморате, ки дар поёни садаи 18 дар паи марги Нодиршоҳи Афшор поярезӣ шуд ва то поёни умри 135-солааш нишони андаке аз шукуфоӣ аз худ ба ҷо гузошт ва бештар ёдовари сарафкандагию хорӣ ва гирифториҳои моддию маънавист. Шӯравӣ он фазоро ба ҳам зад, мизони саводро аз тақрибан ҳеч ба 100 дарсад расонд, бемористонҳои ройгон сохт, донишомӯзиро иҷборӣ ва маҷҷонӣ кард, бекориро ба ҳадди ақал бурд... Инҳо ҳама муъҷизаосо анҷом нагирифт, албатта, балки миллати мо дар канори дигар миллатҳои Шӯравӣ аз ҳафт хони Рустам гузаштанд ва аз дами теғи ҷаллодони Кремлин ҷон ба саломат бурданд, то дар поёни умри ғӯли бузурги сурх лаҳзае биосоянд.

Ҳамон рифоҳу беҳзистист, ки ёди Шӯравиро дар зеҳни бисёре азизу гиромӣ нигоҳ доштааст. Бадбахтиҳои имрӯз накбати дирӯзро ҳеч карда ва ҷаҳаннами имрӯз бадтарин рӯзгори шӯравиро биҳиштӣ ҷилва медиҳад. Гӯӣ ёдамон рафтааст, ки Шӯравӣ дар баробари он беҳзистии кӯтоҳмуддат сиришти моро ба ҳам зад, ҳувияти моро захмӣ кард, моро дар баробари пурсишҳои кӯдаконаи “Ман кистам? Забони модарии ман чист? Номи миллати ман чист?” қарор дод, аз дунёи куҳан якбора чунон ба чархаи ҷаҳони навин афкандамон, ки акнун бо рафтани Шӯравӣ дигарбора ба ҳамон дунёи қадимӣ рӯ оварадаем, моро пир карду ба лабаи гӯр бурд, то ба унвони як миллат ба хок андар шавем, бо ду бор тағйири алифбо моро чунон аз решаву пайвандамон гусаст, ки то кунун дунболи решаамон мегардем...

Дар ду вожа метавон муҳимтарин неъматҳои зоиш ва марги Шӯравиро хулоса кард: дониш ва истиқлол. Дар воқеъ танҳо мероси мо аз Шӯравӣ донишест, ки дар пушти пардаи оҳанин фаро гирифтем. Ин ки то чи андоза аз ин мерос мувозибат кардаам, ниёзе ба тавзеҳ надорад. Вазъияти кунунии ҷомеъаи мо ойинаи донишу тавоноиҳои миллат аст. Ва муҳимтарин неъмате, ки аз марги Шӯравӣ ба дастамон омад, истиқлол аст, ки шояд рӯзе-рӯзгоре баростӣ ба самар бирасад ва аз ҳолати намодин (символӣ) ба воқеъият табдил шавад. Истиқлол дар таъйини ҳувият ва тасбити ҳокимияти худ. Чун бидуни ҳувият беҳзистии инсон бо рӯзгори хушу пуралафи як гови парворӣ тафовуте надорад. Шӯравӣ мехост ҳамеша юнҷаву коҳи моро ба ҳадди ниёзамон дар охур бирезад. Истиқлол моро водор мекунад, ки бо корбурди зеҳну шуъур юнҷаву коҳи худамонро таҳия кунем.

Мухтасар суҳбати мусофирони утубус боъиси ғалаёни ин андешаҳо шуд. Гусастагии пайванди мо бо мардумони ҳамсарнавиштамон дар Шӯравии пешин жарфтар мешавад ва ҳайсияту эътибори миллат акнун ба дасти сарварони ҳар кадом аз онҳост. Ҳанӯз умеде ҳаст, ки бар пояи мероси баҷомонда аз Шӯравӣ, яъне зерсохтҳои донишию донишпажӯҳии он, биное барафрохта шавад, то намоёнгари миллат бошад. Бозгашти академисян Акбари Турсон гоми баландест дар ин росто. Ин мард бо дониши васеъе, ки дар заминаҳои гуногун дорад, метавонад ба унвони раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, ховаршиносӣ ва осори хаттӣ омили таҳаввулоти фарогири судманде шавад, ба шарти ин ки бо парҳез аз баҳсҳои сиёсии бемоя (ба монанди мусоҳибаи ахираш бо торнамои БиБиСи дар рӯзи 22.04.2011) ба маъмурияти азимаш бипардозад. Ҷалби донишвароне чун Акбари Турсон метавонад Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ шинохтатар кунад ва он марди рус дар утубуси шарқи Ландан дигар барои ба ёд овардани номи Тоҷикистон ин ҳама ба мағзи худ фишор нахоҳад овард.

No comments: