Рахтҳои Тахти Ҷамшед
(вижаи JadidOnline)
Ҳаргиз фикр кардаед, ки пӯшиши танатон чи саргузаште дорад ва чигуна шакли кунуниро ба худ гирифтааст? Ин пероҳан, ки ҳамеша чоки гиребонаш ба ин шакл набуда ва остинаш бад-ин тарз ба баданаи он васл намешуда ва аслан муд ё пӯшиши боби рӯз оё дар даврони пешомудерн ҳам буда ё набуда? Масалан, шалвор чи торихчае дорад? Шалворе, ки чунон ҳамагир шуда, ки тасаввур меравад вуҷудаш як амри фитрии башарӣ буда ва торихаш нуқтаи оғозе надорад.
Аммо дар кишварҳои ғарбӣ барои ба ёд супурдани торихи вуруди шалвор ба арсаи тамаддунашон навиштаҳои фаровоне фароҳам шудааст. Аз ҷумла дар навиштаҳои инглисӣ мехонем, ки нахустин ошноии мардҳояшон бо пӯшиши поҳояшон дар ҳаволии даҳаи 1760 мелодӣ иттифоқ уфтода, ки тунбонҳои часпандаи мавсум ба “бричиз” боби рӯз шуда буд. Пеш аз он пероҳанҳои баланд ва доманҳои кӯтоҳ дар миёни мардони Бритониё роиҷ буд, ки “килт”-и скотландӣ аз бозмондаҳои он аст. Дар ҳамон садаҳои 18 ва 19 мелодӣ буд, ки “понтолун” ва “пижомо” ба тақлид аз Шарқ вориди Бритониё шуд. Дар соли 1846 Сер Ҳаррӣ Лумзден, аз фармондеҳони артиши Бритониё дар Ҳиндустон, бо “поҷомаҳои хокӣ”-и ҳиндӣ хӯ гирифт ва намунаҳое аз онро бо худ ба сарзаминаш овард ва ҳар ду вожаи порсии “поҷома” ва “хокӣ” аз тариқи забони ҳиндӣ ба фарҳанги забони инглисӣ ворид шуд. “Поҷомаи хокӣ” ба пои сарбозони инглисӣ ба Офриқои Ҷанубӣ ва Судон роҳ ёфт ва соли 1884 ба дунболи корзори артиши Бритониё дар Афғонистон ба унвони “унифурм” ё пӯшиши яксони низомии Бритониё пазируфта шуд ва батадриҷ ба артишҳои дигар тасаррӣ ёфт.
Ин торихи мухтасари поҷома ё шалвор дар Бритониёст, ки сари он ба гузаштаҳои бисёр дуртар бармегардад ва ба Эрони бостон. Санаде дар даст надорем, ки ихтироъи шалворро ба эрониёни бостон ё мардумони пешоориёии фалоти Эрон нисбат диҳад. Аммо ба навиштаи огоҳоне чун Блонш Пейн (Blanche Payne) ва Никулос Секундо (Nicholas Sekunda) ва дигароне, ки дар бораи торихи шалвор ва соири пӯшишҳо пажӯҳишҳои сутурге анҷом додаанд, шалвор пои сарбозони эронии садаи шашуми пеш аз мелод вориди торихи мактуби башарият шуд. Ба гуфтаи онҳо, дар он давра ҳам порсҳову модҳо ва ҳам бохтариҳову суғдиҳову арманиҳо, ки аз аҷзои артиши Эрони бостон буданд, шалвор ба по доштанд. Мисли ҳар чизи тозавориде шалвор ба мазоқи бисёре аз юнониҳои бостон хушоянд набуд ва ба унвони пӯшиши занона мавриди истеҳзои нависандагoнашон воқеъ шуд. Аммо Ҷеймз Левер (James Lever), нависандаи китоби “Пӯшиш ва муд”, мегӯяд, ки шалвор пӯшиши ҳам мардон ва ҳам занони Эрони бостон будааст.
Вале пӯшиши занону мардони юнонӣ ҳам ақломи муштараке дошт; мисли “хитун” (chiton) ё пероҳани беостин, ки рӯи як шона овехта мешуд. Дар ҳоле ки ба навиштаи Мерӣ Ҳйустун ва Флуронс Ҳурнблувер дар китоби “Пӯшиш ва ороишҳои мисриён, осуриён ва эрониёни бостон” (Ancient Egyptian, Assyrian, and Persian costumes and decorations by Mary G. Houston and Florence S. Hornblower, 1920), яке аз нахустин тасвирҳои пероҳане, ки ду остин ба баданаи он дӯхта шуда, мутаъаллиқ ба Эрони садаҳои шашум ва панҷуми пеш аз мелод аст. Дар он даврон камарбанди эронӣ ҳам ягона маҳсуб мешуд ва ҷалби таваҷҷуҳ мекард (Садсолаҳо пас аз он вожаи “камарбанд”-и порсӣ ҳам аз тариқи забони ҳиндӣ ба шакли cummerbund ба забони инглисӣ роҳ ёфт). Ривояти дилбохтагии Искандари Мақдунӣ ба пӯшишҳои порсӣ ҳам дар бисёре аз ин навиштаҳо ба унвони намунае бориз аз маҳбубияти либоси эронӣ дар ҷаҳони бостон омадааст.
Пурчисто Ҷавкор, пажӯҳишгари эронӣ дар Ландан, ки солҳо саргарми кандукови пӯшишҳои бостонӣ будааст, мегӯяд, ки ангезаи аслиаш барои анҷоми ин кор яке, деворнигораҳои Тахти Ҷамшед буд, ки нахустин намунаҳо аз пӯшишҳои марсум дар даврони Ҳахоманишиёнро нишон медиҳад, ва дигар, ҳисси кунҷковиаш барои дарёфтани маъно ва мазмуни он пӯшишҳо, ки намодинанд ва паёмҳое дарбар доранд.
Ҷавкор бо сар задан ба китобхона ва музеи Бритониё ва музеи Луври Порис ва бо таҳбардорӣ аз осору ашёи онҳо ва ҷустуҷӯ дар матнҳои торихӣ ва бозсозии пӯшишҳое, ки тасвир ё намунаҳояшонро дида, дар хонаи худ бойгонии рахтҳо ва кулоҳҳои модӣ, хаҳоманишӣ, ашконӣ ва сосониро фароҳам овардааст. Маъмулан дар нахустин рӯзҳои баҳор Пурчисто Ҷавкор ва ҳамроҳонашро метавон дар маконҳои фарҳангии муҳимми Ландан дид, ки бо пӯшидани рахтҳои эронӣ барномаҳои фарҳангӣ иҷро мекунанд.
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа порае аз ёфтаҳои Пурчисто Ҷавкор дар заминаи пӯшишҳои Эрони бостонро мебинед.
No comments:
Post a Comment