Кӣ ҳампарвози Ғайрат Икромов аст?
(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Дар паи обларза ва зилзилаи Жопун (Япония), ки садҳо кушта ва ҳазорон хонаи вайрон баҷо гузошт, дар расонаҳои русӣ номи Ғайрат Икромов бо ифтихори фаровон танин андохтааст. Ғайрат, ки зодаи соли 1967 дар шаҳри Маскав аст, аз модаре рус ва падаре тоҷик ба дунё омада ва аз соли 1991 бад-ин сӯ муқими Жопун аст ва бо бонуе жопунӣ издивоҷ кардаву хонаводае сомон додааст. Родор ё раддёбҳое, ки ӯ ва ширкати “Life Sensor”-и вай ихтироъ кардаанд, то кунун ҷони даҳҳо нафарро аз зери овори зилзилаҳо наҷот додааст.
Аммо чизе, ки акнун барҷаста шуда, набарди пинҳонест, ки дар расонаҳои гуногун ба мушоҳида мерасад: расонаҳои русӣ Ғайрат Икромовро ба унвони зодаи Маскав ва фарзанди як зани рус мутаъиллиқ ба сарзамини Русия медонанд, расонаҳои тоҷикӣ ба далели тоҷик будани падараш Ғайратро тоҷик ба шумор меоваранд ва расонаҳои Жопун бо таваҷҷуҳ ба 20 сол иқомати Ғайрат дар Жопун ва хонаводаи жопуниаш ба ҳеч рӯй ӯро бегона намедонанд. Набарде, ки барои эъломи ҳисси тасоҳуб бар як инсон даргирифта ва гӯёи ҳақоиқи бисёрест.
Аз ҷумла ин ки як фарди донишвару донишпажӯҳ, ки ёфтаҳо ва сохтаҳояш мавриди корбурди насли башарӣ воқеъ мешавад, худбахуд табдил ба фарзанди кураи Замин мешавад ва ҳар касе моил аст ба гунае ӯро ба худаш нисбат диҳад. Дар Русия, ки мардуми авому бедониш тоҷикҳоро насли “Равшан” ва “Ҷамшуд” медонанд, зикри ин ҳақиқат, ки Ғайрат зодаву парвардаи устоди тоҷики риёзиёти Донишгоҳи давлатии Маскав аст, камтар ба чашму гӯш мерасад. Ва шояд бархе зикри нисбати Ғайрат Икромов ба тоҷикҳоро барои худи ӯ мояи сарафкандагӣ бидонанд ва бо пинҳон доштани ин ҳақиқат, ба гумони худ, ба Ғайрат Икромов муҳаббат меварзанд. Аммо худи Ғайрат дар гуфтугӯ бо родю Озодӣ ба сароҳат аз қавмияту миллияти тоҷикии падараш суҳбат мекунад.
Албатта, пурсиши нахусте, ки бояд дар зеҳни мо, тоҷикҳо, хутур кунад, ин аст, ки чаро, ба гумони бархе, “тоҷикият”-и Ғайрат Икромов бояд пинҳон бимонад. Чи далеле дорад, ки иддае тоҷик буданро мояи сарафкандагӣ бидонанд? Ва агар далеле ҳаст, бояд бикӯшем онро бартараф кунем.
Нуктаи дигаре, ки дар ин мавзӯъ барҷаста шуда, талоши миллиятҳои гуногун (аз ҷумла мардумони Русияву Жопун, ки дар торихи муъосир ифтихороти андаке надоранд) барои ихтисос додани ҳамаи ифтихороти ношӣ аз Ғайрат Икромов ба худашон аст. Пас донишу маҳорати иҷроии дониши андӯхта ҳамчунон дар ҷаҳон муътабар аст ва худбахуд донишмандро табдил ба узви мавриди ниёзи ҳар ҷомеъае мекунад.
Нуктаи севум ва барои мо муҳимтар як тасаввур аст. Тасаввур кунед, ки Ғайрат Икромов аз ҳамон модари рус дар шаҳри Душанбе ба дунё омада буд ва ба ҷои Донишгоҳи давлатии Маскав дар Донишгоҳи давлатии Душанбе дарс хонда буд. Аз ӯ чи чизе сохта мешуд? Оё тамоми зарфияти мағзи ҷӯёву пӯёи ин донишманд мавриди корбурд қарор мегирифт? Чанд дарсад аз ёхтаҳои мағзаш хобида мемонд ва чанд дарсади он фаъъол мешуд? Ва чаро? Ба чи забони сомонманде фикр мекард, ки андешаҳои бикри ӯро сарусомон диҳад? Чаро афроде, ки дорои зарфиятҳои билқувваи зеҳнӣ ҳастанд, дар Тоҷикистон бояд маҳкум ба фаромӯшию ҳақорат бошанд? Доштани чунин донишмандон дар сарзамини ларзахезе чун Тоҷикистон метавонист чи пешрафтҳоеро ба ҳамроҳ дошта бошад? Сомона (систем)-и омӯзишу парвариши мо бояд чи корҳоеро анҷом диҳад, ки фарзандони мустаъидди ин миллат ба ҳарими парвози Ғайрат Икромов даст ёбанд? Ҷомеъаи Тоҷикистон бояд чи дигаргуниҳоеро пазиро бошад, ки ба парвози хаёлу тафаккури ғайрат-икромовҳо маҷол диҳад? Аслан чи чизе боъис шуд, ки падари донишманди Ғайрат Икромов кӯлбори донишашро бо бисоти зиндагиаш ба Маскав бикашонад ва онҷо раҳли иқомати доим биафканад?
Агар ба кунҳу решаи ин пурсишҳо таваҷҷуҳ кунед, ба расонаҳои русӣ ҳақ медиҳед, ки Ғайратро аз они худ бидонанд; ва ҳамчунин ба жопуниҳо ҳақ медиҳед, ки ба далели имконоте, ки дар ихтиёри ин донишманди ҷавон гузоштаанд, дар баробари ӯ эҳсоси ғурбат надошта бошанд. Танҳо мансубияти хунӣ бо як инсони фарҳехта басанда нест, ки ӯро худбахуд аз они мо кунад. Агар Ғайрат Икромов дар Тоҷикистон дарс хонда буд ва дар ҳамон ҷо болида буд, мешуд ба сомонаи омӯзишу парвариши мо дуруду сано фиристод ва Ғайратро фароварда (маҳсул)-и тамомъайёри он донист. Мо ҳама дорои эҳсосоти қавмӣ ҳастем, аммо ҳеч ҳиссе набояд монеъ аз дарки ҳақиқат шавад. Ва он ҳақиқат ин аст, ки Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон, ҷомеъаи Тоҷикистон, бавежа сомонаи омӯзишу парвариши он бояд аз ҳафт хони тағйиру таҳаввулоти бунёдин бигзаранд, то ғайрат-икромовҳо бидуни васотати ҷомеъаҳои дигар аз даруни ҳамин ҷомеъаи мо сабз шаванду бирӯянду биболанд. Ҳамакнун замони тағйиру таҳаввул аст, на замони борварӣ.
Акс: Ғайрат Икромов (самти чап) - хабаргузории RIA Novosti.
No comments:
Post a Comment