Wednesday, March 02, 2011

The Chainbreaker

Марде, ки бандҳоро гушуд

(вижаи JadidOnline.com)

Вожаҳои “перестройка” (бозсозӣ) ва “гласност” (ошкоргӯӣ) ёдгори даврони Горбачёв дар ҳамаи забонҳои дунёст; ду истилоҳе, ки сарнавишти Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 ҷумҳурии онро рақам зад ва танини ин вожаҳо ҳанҷори ҷаҳонии навинро рӯи кор овард. Ду такя-каломи Горбачёв дар даврони раёсаташ ҳам дар паҳнаи Шӯравии пешин маъруф аст: “Муҳим шурӯъи кор аст” (Главное нАчать) ва “ҷараён роҳ уфтод” (Процесс пошёл). Ислоҳоте ҳам ки ӯ оғоз ниҳод, роҳ уфтод ва ҳанӯз дар ҷараён аст.

Дар бораи паёмадҳои сиёсию иҷтимоъии ислоҳоти Михаил Горбачёв тайи солҳои 1985 то 1991 фаровон навиштаанд; аммо талошҳои ин ислоҳгар барои полудани фазои хафақонии Иттиҳоди Шӯравӣ дар арсаи фарҳангӣ ҳам дигаргуниҳои баргаштнопазире ба бор овард: маҳдудиятҳое, ки раҳбарони бехудо бар худоҷӯёни кешҳои гуногун эъмол карда буданд, лағв шуд; ойинҳои мардумӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ дубора по гирифт; расонаҳои якдасти шӯравӣ шоха-шоха шуданд ва гуногунии бесобиқаи андешаҳову дидгоҳҳоро ба намоиш гузоштанд; адабиёту мусиқию ҳунари мамнӯъа аз зери замин ба рӯи замин роҳ ёфт; торихи такбуъдии Шӯравӣ ва якояки ҷумҳуриҳои он бознависӣ шуд ва ифтихор аз гузаштаи пешошуравӣ ҳам муҷоз шуд…

Аз сӯи дигар, дар паи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва осеб дидани пайвандҳои фарҳангии миёни бахшҳои он дар бисёре аз ҷумҳуриҳо, бавежа дар Осиёи Миёна, фарҳанги чандмиллиятӣ аз рангу бӯ уфтод; рӯзномаҳое, ки, масалан, дар Тоҷикистоне кӯчак ба теъдоди сад ҳазор нусха чоп мешуданд, шуморгонашон ба ду ҳазору як ҳазор уфт кард ё комилан аз паҳнаи расонаҳо нопадид шуд; фарҳанги навин ва ҳунарҳое фарангӣ ба монанди уперову боле, наққошӣ, синемо ва теотри ғарбӣ, ки русҳо ба армуғон оварда буданд, дучори буҳроне фарогир шуд, ки ҳамчунон ҷараён дорад; халаи идеулужике, ки пас аз суқути кумунизм падид омад, ҳамчунон боқист…

Дуруст ба монанди шахсияти Михаил Горбачёв, ки дар канори ҳаводороне сарсахт мухолифоне дуоташа (ашаддӣ) ҳам дорад, паёмадҳои ислоҳоти Горбачёв якдаст набуд: ҳунарманде, ки акнун аз озодии баёни андешааш хушнуд буд, дар айни ҳол аз адами ҳимояти молии давлат гилоя мекард; овозхоне, ки дар зерзаминиаш аз ҷаври рӯзгори шӯравӣ нолаи ҷонсӯз сар медод, ин бор рӯи саҳна ва ошкоро аз зиёнҳои “перестройка” ва “гласност” менолид. Горбачёв бо огоҳии комил аз муҳаббатҳо ва нафратҳои мардум солҳо баъд гуфт: Дар торих “ҳеч ислоҳгари хушбахте вуҷуд надорад”.

Ҳукумати Горбачёв ба даврони риёву дурӯӣ поён дод. Дигар ниёзе набуд, ки дар пажӯҳишҳои илмӣ бе ҳеч далели муваҷҷаҳе ба навиштаҳои раҳбарони садри кумунизм руҷӯъ шавад ва аз касе интизор намерафт, ки ба зӯру иҷбори мақомот дар майдонҳои шаҳр шиъори “Зинда бод Ҳизби Кумунист!”-ро сар диҳад. Шоъирон ҳам маҷбур набуданд бо чанд чакомаи кумунистию ленинӣ муҷаввизи интишори китобашонро бигиранд. Аъзои Ҳизби Кумунист дар Осиёи Миёна ҳам дигар хатнасӯрони писаронашонро дар хафо (пинҳонӣ) анҷом намедоданд. Ҷашнҳое миллӣ чун Наврӯз ҳам аз чордевории хонаҳо раҳо шуд ва ба хиёбонҳо рехт. Ва ҳатто ҷашнҳои фаромӯшшудае чун Сада ва Меҳргон дар хиёбонҳои Душанбеву Хуҷанд роҳ уфтод. Ихтиёроте, ки Горбачёв ба ҷумҳуриҳо дода буд, боъис шуд, ки забонҳои бумӣ ба расмият бирасанд ва дар ин фароянд Тоҷикистон пешгом буд, ки соли 1989 дар паи тазоҳуроти мардум забони форсии тоҷикиро ба унвони забони расмии ҷумҳурӣ ҷойгузини забони русӣ кард.

Аз ин ҷост, ки Горбачёв дар миёни русҳо мухолифони бештаре дорад. Маҳдудияти доманаи корбурди забони русӣ фурсатҳои шуғлии рустаборон дар ҷумҳуриҳои Болтик, Осиёи Миёна ва Қафқозро ҳам маҳдуд кард. Дигар мақому манзалати русҳо мисли собиқ набуд. Барои намуна, Суруди Миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон, ки Абулқосим Лоҳутии Кирмоншоҳӣ соли 1946 навишта буд, бо ин мисраъҳо оғоз мешавад:

Чу дасти рус
Мадад намуд,
Бародарии халқи совет устувор шуд,
Ситораи ҳаёти мо шарорабор шуд…

Ба ҳоли таб
Даруни шаб
Садои раъди давлати Ленин расид
Зи барқи байрақаш сиёҳии ситам парид…

Бо фурӯпошии Шӯравӣ, ки ҳосили нохостаи талошҳои Горбачёв буд, табъан Суруди Миллии Тоҷикистон бознависӣ шуд. Гулназар, шоъири мардумии Тоҷикистон, дар суруди нав бедории худшиносии миллии тоҷикҳоро бозтоб медод:

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод.
Саъодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан!
Тоҷикистони озоди ман!

Дар ин маврид ҳам шакке нест, ки ҷумҳуриҳои шӯравии пешин истиқлоли тақрибан муфту беранҷи худро мадйуни Михаил Горбачёв ҳастанд. Горбачёв акнун фурӯпошии Шӯравиро “мусибате бузург” медонад ва мегӯяд, ки ислоҳоти ӯ, дар воқеъ, барои бақои Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом гирифта буд. Аммо ба қавли худи ӯ, Ҳизби Кумунист “дар имтиҳони демукросӣ ва озодӣ ноком шуд”; яъне бори озодӣ ва демукросиро тоб наоварад.

Горбачёв дар мусоҳибаҳои мухталиф ва дар китоби хотироташ “Танҳо бо худ” (“Наедине с собой”) таъкид карда, ки ба ҳеч рӯй аз ислоҳоте, ки анҷом дод ва ҷаҳонро дигаргун кард, пушаймон нест, аммо таассуф аз он мехурад, ки чорае барои бақо ва давоми Иттиҳоди Шӯравӣ дигар намонда буд.

Михаил Горбачёв, ки акнун раиси Бунёди байнулмилалии мутолеъоти иҷтимоъӣ-иқтисодӣ ва сиёсии “Горбачёв” аст, нахустин раҳбари Иттиҳоди Шӯравист, ки ҳаштодсолагиашро ҷашн мегирад. Раҳбарони дигари Шӯравӣ на умре бад-ин дарозӣ доштанд ва на таҳаввулоте эҷод карданд, ки ҷаҳонро дигаргун карда бошад. Мизону миқёси таҳаввулоти давраи Горбачёвро шояд битавон танҳо бо инқилоби Уктубри Ленин муқоиса кард.

Михаил Горбачёв, ки соли 1991 ҷоизаи сулҳи Нубелро бурд, дар миёни сиёсатмадорони ғарбӣ беандоза маҳбуб аст ва бо раҳбарони феълии бисёре аз ин кишварҳо равобити дӯстона дорад. Қарор аст рӯзи 30 морс (март) дар толори салтанатии Олберт Ҳолли Ландан кунсерти бошукӯҳе бо номи “Горбӣ-80” ба ифтихори ҳаштодсолагии ислоҳгари бузург бо ҳузури сиёсатмадорони баландпоя ва ситораҳои ҳунари мусиқӣ баргузор шавад. Ва аммо рӯзи дувуми морс (март), ки зодрӯзи Горбачёв аст, дӯстони ӯ дар шаҳри Маскав ҷашне бузург тадорук дидаанд.

Дар гузориши мусаввари ин матлаб муруре дорем бар зиндагии Михаил Горбачёв:

3 comments:

Рустам said...

Салом ман Рустам, мехостам бо Шумо хамкори кунам , сомонаи ман http://www.rustam.okis.ru
Мехостам маводхои Шуморо ба сомонаи худ чойгир кунам Шумо рози хастед?

D said...

Дуруд, Рустами гиромӣ. Сипос аз паёматон. Шумо метавонед аз ҳамаи матлабҳои ин торнамо бо зикри манбаъ истифода кунед. Поянда бошед.

Рустам said...

Рахмат бисёр шод шудам...