Нурсултон, яъне Қазоқистон
(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Нурсултон Назарбоев пирӯз шуд! Хабари тозае набуд ангор. Чун ҳама гӯё медонистанд ва ҳатм доштанд, ки раҳбари Қазоқистон аз сари тахташ такон нахоҳад хурд ва барои панҷ соли дигар ҳукумат хоҳад кард. Тоза, агар бихоҳад, баъд аз он ҳам сари қудрат мемонад. Чун ислоҳоти Қонуни Асосии Қазоқистон дар соли 2007 танҳо ба шахси Нурсултон Назарбоев иҷоза додааст, ки то дилаш мехоҳад, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад шавад ва, табъан, баранда шавад. Афроди дигар иҷоза надоранд бештар аз ду давраи панҷсолаи паиҳам бар курсии раёсати ҷумҳурӣ бимонанд.
Аммо ин бор дар натиҷаҳои муқаддамотии раъйгирӣ, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, аз шахси худаш ҳам пешӣ гирифт. Дар интихоботи соли 2005 91.2 дарсади раъйҳо ба ӯ таъаллуқ гирифт ва дар интихоботи рӯзи якшанбе гӯё 95.5 дарсади мардум ба ӯ раъй дода буданд. Ва дар ҳоле ки ҳизбу созмонҳои мухолифи давлат интихоботро таҳрим карда буданд, бино ба гузоришҳои расмӣ, мизони мушорикати мардум 89.9 дарсад будааст, ки рақами беандоза болост. Бигзарем аз ин ки дар Қазоқистон ҳам донишҷӯёну кормандони идорӣ маҷбур будаанд пои сандуқҳои раъй бираванд, вагарна танбеҳ мешудаанд (бино ба шаҳодати ононе, ки бо хабаргузориҳо суҳбат кардаанд). Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ( ки ҳамин чанде пеш Қазоқистон раёсаташро ба уҳда дошт) билофосила интихоботро ношаффоф ва номунсифона донистанд ва аз мавридҳои фаровони нақзи ҳуқуқи раъйдиҳандагон гузориш доданд.
Аммо Назарбоев бо пешбинии таъаҷҷуби афкори умумии Ғарб аз ин рақамҳои осмонӣ бедиранг эълом кард: “Мусалламан, барои кишварҳои ғарбӣ ин як ҳангома аст. Дар кишварҳои дигар интихобот мардумро ба эътилофҳои ҳизбии мухталиф бахш мекунад, вале мо муттаҳидем. Дар ҳоле ки ҷаҳон шоҳиди хунрезиҳо ва ихтилофоти қавмист, ҳамаи гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ дар Қазоқистон чун як пайкар муттаҳиду мунсаҷиманд”. Ин суханони ғаррои раҳбари 70-соларо фарёдҳои “Нурсултон! Қазоқистон!”-и садҳо тан аз ҳаводоронаш ҳамроҳӣ мекарданд; гӯӣ номи “Нурсултон” мутародиф (синоним)-и номи кишвараш шудааст.
Онҳое, ки ба Қазоқистон сафар кардаанд, шояд ин фарёдҳоро шигифтангез надонанд. Дар гӯшаву канори ин кишвар метавон шиъорҳои фаровонеро дид, аз қабили “Назарбоев – дувумин хуршеди фурӯзон дар осмони мо!” ва кеши шахсияти шарқӣ дар саросари шаҳру биёбонҳои Қазоқистон мавҷ мезанад. Ва эътирози озодихоҳони қазоқ ба ин кеши шахсиятро банудрат мешунавем. Чаро?
Шояд ба хотири ин ҳақиқат бошад, ки Қазоқистон мураффаҳтарин кишвари минтақа аст. Агар бо таваҷҷуҳ ба омори Ожонси Иттилоъоти Марказӣ (CIA)-и Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, тавлидоти нохолиси миллии сарона (валовый национальный продукт – рус.)-и Қазоқистонро бо дигар кишварҳои Осиёи Миёна муқоиса кунем, мутаваҷҷеҳи тафовути сатҳи зиндагӣ дар он кишвар мешавем. Тавлидоти нохолиси миллии саронаи Қазоқистон дар соли 2010 ба миқдори 12.800 дулор баровард шудааст. Ин рақам дар Тоҷикистон 2000 дулор, дар Қирғизистон 2200 дулор, дар Узбакистон 3100 дулор ва дар Туркманистон 7400 дулор аст. Пас барои соири кишварҳои минтақа хеле мондааст, то ба марҳилаи рушди иқтисодии Қазоқистон бирасанд. Мизони рушди иқтисодии кишвари Назарбоев тайи солҳои 2000 то 2007 беш аз 9 дарсад буд ва пас аз уфте андак, акнун дубора ба 8.5 дарсад расидааст. Ва Қазоқистон бештар аз ҳар кишвари дигар дар минтақа таваҷҷуҳи сармоягузорони ғарбиро ба худ ҷалб кардааст. Кӯтоҳсухан, Қазоқистон нисбат ба ҳар кишвари дигари минтақа вазъияти бамаротиб беҳтари иқтисодӣ ва рифоҳӣ дорад. Ва мардуми қазоқ ҳамаи ин комгориҳоро ба ҳисоби раҳбарашон мегузоранд ва ҳатто агар интихобот мунсифонаву озод баргузор мешуд, ба бовари коршиносон, боз ҳам Нурсултон Назарбоев аз ин масоф баранда берун меомад.
Вале дар ин қиёсу ҳамгузориҳо, афзун бар маҳорати раҳбарии Назарбоев, омилҳои дигарро ҳам бояд дар назар дошт. Назарбоев, ки соли 1991 пеш аз фурӯпошии Шӯравӣ ба раёсати ҷумҳурии Қазоқистон омад, кишваре паҳновар ва ғаниро ба ирс бурд. Қазоқистон бо 15 милюн ҷамъияташ (ду баробари ҷамъияти Тоҷикистон) беш аз ду милюну 700 ҳазор килуметри мураббаъ масоҳат дорад, ки тақрибан 20 баробар бузургтар аз хоки Тоҷикистон аст. Ва ин хок, гузашта аз нафту гози пурхаридор, маъданҳои урониюм, мис ва рӯй дорад. Хулоса, ҳар раҳбаре бо дирояте ҳарчанд андак метавонист ин кишварро ба вазъияте бирасонад, ки имрӯз мебинем. Аммо ин нукот барои як раъйдиҳандаи одӣ матраҳ нест. Ӯ Назарбоевро ба унвони раҳоибахши миллат мебинад ва ҳамӯро танҳо раҳбари сазовори миллат медонад.
Аммо раҳбари ҳафтодсолаи Қазоқистон бо вуҷуди маҳбубияташ наметавонад ҷовидона бимонад. Дар интихоботи рӯзи якшанбе, ки се рақиби Назарбоев ҳамагӣ аз ҳаводорони худаш буданд ва ҳатто яке аз онҳо (Мэлс Елеусизов) изъон кард, ки ба тарафдорӣ аз Назарбоев раъй додааст, ҳеч шахсияте набуд, ки ба унвони раҳбари баъдӣ матраҳ шавад. Чунин вазъияте барои ҳар кишвари мудерн бояд нигаронкунанда бошад. Дар кишваре, ки ҳамаи раҳбарони билқувваи баъдӣ ба ҳошия ронда шудаанд, пас аз даргузашти раҳбари феълӣ маъмулан бесарусомонӣ ва сардаргумии мумтадде рух медиҳад. Магар ин ки мардуми он кишвар ҳам ба шеваи арабҳо якбора бедор шаванд, ки он ҳам метавонад паёмадҳои мушобеҳе дошта бошад.
No comments:
Post a Comment