Точикистони гумшудаи Бозор
(вижаи хафтаномаи Нигох)
Чорч Орвелл, нависандаи инглисии ќарни 20 дар соли 1948 китобе навишт бо номи «1984», ки дар он тасаввури худро аз як чомеаи мустабид дар оянда баён карда буд. Вай дар хамон солхо ихтироъи чизе ба монанди Интернет ва насби дурбинхои мадорбаста дар сатхи шахрхои як кишвари истибдодиро вахшурона пешгуй карда буд. Имруза на танхо дар кишвархои мустабид, балки дар пешрафтатарин ва гуё озодтарин кишвархои чахон, аз чумла дар Бритониёи Орвелл, аз Интернет ва дурбинхои мадорбаста ба унвони абзори эъмоли контрол истифода мешавад.
Дар Точикистон аз ин даст пешгуихои вахшурона андак доштем ва маъруфтарини он шеъри «Пас аз мо»-и Бозор Сорбир аст, ки дар дахаи 1970, дар авчи чахонгирии импротурии сурх, суќуту хиффату хории он ва пешвоёни он дар ояндаи наздикро пешгуй карда буд.
Аммо касе наметавонист пешгуй кунад, ки худи Бозор Собир рузе-рузгоре ба пешвоёни импротурии сурх руи иноят хохад овард, мухолифони ононро нафрин хохад кард ва бо надомату пушаймонй аз хусумати пешини худ алайхи саромадони режими коммунистй ба ёду равони онон дуруд хохад фиристод.
Имруз, ки марди часури шеъри точик 71-сола мешавад, дубора бисёре ба ин пурсиш баргаштаанд, ки чи гуна метавон бевафоии аќидатии устодро тавчех кард. Кадом сухани у ќобили эътимодтар буд? Безории у аз истибдоди шуравй ё дилтангии у ба низоми ленинй?
Бо муруре бар суханони дирузу имрузи Бозор Собир метавон итминон хосил кард, ки хам безорй ва хам дилтангии у самимонаву ростинанд. У дар гузашта ба хамон андоза аз Ленин безор буд, ки имруз дилтанги уст. Мисли як шогирди шуху бозигуши мактаб, ки аз омузгори сахтгири худ дили хуше надорад, аммо то мактабро тарк мекунаду ба чойгохе мерасад, забон ба сипосгузорй аз омузгори сахтгираш мегушояд. Бозор Собир шогириди бозигушу дилтанги мактаби шуравист.
Солхо зиндагй дар гурбат ва ламси воќеъиятхои дурушти гурбати Гарб устодро озурдаву ошуфта кардааст. Дар воќеъ, зиндагй дар Гарб то хадди бисёр зиёде далели навишта шудани «Сармоя»-и Марксро ташреху тавчех мекунад: дар он чо аз омузишу дармони ройгон хабаре нест ва ихтилофи табаќотй бедод мекунад. Ба вижа барои як мухочир аз «чахони севвум» ин ихтилоф махсустару малмустар аст ва зиндагй чаббортар. Шояд бархурди устоди мухочир бо ин сахтихо буд, ки уро ба бандаи шокиру сипосгузори Ленин табдил кард. На дубора, балки барои нахустин бор. На ба зур, балки ихтиёран. Аммо бо чандин сол таъхир.
Аммо чаро хатто он сахтихо боис намешавад, ки Бозор Собир ба кишвари худ баргардад? Оё ба ростй устод ба ин сухан имон надорад, ки «хоки Ватан аз тахти Сулаймон бехтар?»
Бозор Собир тайи ин солхо борхо ба зодбумаш омад, аммо мондагор нашуд. Шояд омада буд, ки бимонад, аммо худро дар хонаи худ наёфт. Дигар Точикистон он кишваре набуд, ки Бозор Собир онро тарк карда буд. Сурату сирати шахраш иваз шуда буд ва огуши бози он беминнат набуд. Бозор Собир Точикистонашро гум кард ва Точикистон Бозорашро. Шояд устод худро дар ватани хеш гарибтар ёфту мухочиратро бедагдагатар. Аммо ба хар руй у тарчех дод ба мухочирати хоркунанда тан дихаду ху бигирад ва Точикистонро ба сохибони наваш бибахшад.
Бозор Собир, ки аз ростгутарину содиќтарини суханварони ахди худ аст, эхсоси барахнае дорад; хисси иштиёќи у ба андозаи хисси инзичор (безорй)-и у табиию ростин аст. Дар яке аз сухбатхои телефонй бо устод то сухан аз Точикистон ба миён овардам, гуфт, сухбаташро накун, ки намефорад. Озурдагии Бозор Собир аз мардуму зодбумаш бепирояву урён чорй буд. Дили устод танги Точикистон хаст, аммо у пазмони Точикистон худ аст. Точикистоне, ки бо хамаи дуруштихояш тудахои пуёву бедоре дошт ё дастикам умеди бедорй дошт. Точикистоне, ки дар айни тангдастй обистани шукуфой буд. Точикистоне, ки Бозорро бо тамоми бетахаммулихояш тахаммул мекард. Точикистоне, ки партави офтоби фардояш аз равзанаи кучакаш метобид. Бозор он Точикистонро гум кардааст ва дилаш барои он Точикистон танги танг аст. Шахри Бозор хатто пушти «пардаи оханин» равзанае дошт. Аммо акнун гуй деворхои ин шахр баландтар шудаанд ва садо дар миёни ин деворхо фурухуфтатар аз пеш шудааст. «Пас аз мо»-и Бозор ба вуќуъ пайваст, аммо ба бадтарин шеваи мумкин ба вуќуъ пайваст ва худи уро гурезон кард.
Шояд, агар умеду умедворй ба ќалби шоири мухочири мо баргардад, «Пас аз мо»-и вахшуронаи дигаре аз ќалами у битаровад ва Точикистони пур аз шури умеду озодии уро дубора дар зехнхои хастаи имрузиён зинда кунад.
No comments:
Post a Comment