Thursday, November 26, 2009

Long Live My Town!

Зинда бод шаҳри ман!

(вижаи хафтаномаи Нигох)

Бӯи хоки ин шаҳрро ҳеч шаҳри дигаре надорад. Ранги дарахтони ин шаҳр чашмнавозтар аст ва садои оби ҷӯйборонаш хушояндтар. Ин шаҳр қасидаи ишқест, ки Худованд ба ҳангоми офаридани мо ба гӯши азал сурудааст ва хоки моро бо меҳр ба ин шаҳр сириштааст.

Сахт дилтанги Душанбе будам ва пас аз ҳудуди се сол дубора ба дидораш расидам. Ҳоло ки азми бозгашт ба Ғарбро дорам, таъми гас (нофорам)-и ғурбат дубора ба комам бармегардад ва медонам, ки рӯзҳои нахусти дурӣ аз зодбум бар ман сахт хоҳад гузашт.

Албатта, Душанбе хеле дигаргун шуда ва дигар он шаҳре нест, ки замоне бо исёни қалбҳои ҷавони мо месохт ва маркази худро бакуллӣ дар ихтиёри шӯри ҷавононаи мо гузошта буд; зери соябони рестурони “Сириус”-аш потуқ (нишастгоҳ)-и мо буд, дар Хонаи синемои он ба мо дарси худшиносӣ медоданд, дар Иттиҳодияи синемогарони он ба таври муназзам бо чеҳраҳои барҷастаи адабу ҳунар ба гуфтугӯ менишастем... Дигар аз ҳеч кадом хабаре нест ва ҳама танҳо дар хотироти мост, ки зиндаанд. Акнун Душанбе барои насли ҷавонтари худ хотира меофаринад; бо сурату сирате дигар.

Перояи нави пойтахт марказро то ҳадди зиёде дигаргун карда: бар рӯи сохтмонҳо ҷомаҳои шишаии тоза кашидаанд ё ба ҷои он сохтмонҳои тоза сохтаанд, ки сад дареғ, ҷавҳари асолаташон пайдо нест ва ғолибан аз зеҳнҳои муқаллид (тақлидкор) берун таровидаанд. Ҳарчанд дар мавориде андак метавон тарҳҳоеро ҳам дид, ки намоёнгари умқи диди меъмори он ҳастанд.

Аммо тағйирот дар сатҳи шаҳр сатҳист ва ба умқ нарасидааст. Чанд сохтмони тозаро мебинем, вале зербино ҳамон аст, ки буд. Дар байни роҳҳо чоҳҳое даҳон гушудаанд, ки заҳмати убур аз онҳо ба ҳафт хони Рустам мемонад. Набуди хутути роҳ, ки ҳадду марзи борикаҳо ё наворҳоро мушаххас кунад, сафар дар ин ҷоддаҳоро хатарноктар ва саҳмгинтар ҷилва медиҳад. Набуди чароғи роҳнамо дар чаҳорроҳҳо қазияро ҷиддитар мекунад. Ва дар он ҷо ҳам ки чароғ мавҷуд аст, вуҷудаш нодида гирифта мешавад ва ҳарҷу марҷи густардаи роҳҳо мусофирону роҳгузарҳоро таҳти фишори асабӣ нигоҳ медорад. Номи Худо пайваста бар сари забонҳои ронандагону сарнишинон ҷорист, то раҳмат бифармояду онҳоро басаломат то ба мақсаду манзилашон бирасонад.

Зоҳиран шароити зиндагии мардум беҳбуд ёфтааст: антенҳои моҳвораии фаровоне аз дару девору боми хонаҳо сар кашидаанд ва мошинҳои гаронқимати хориҷии бештаре дар хиёбонҳо ба чапу рост мешитобанд (ҳарчанд акнун ҳамаи мошинҳо барои кишвари мо хориҷӣ ба шумор меоянд). Аз соҳибони антенҳову мошинҳо мепурсам, ки чи гуна ба беҳбуди вазъи зиндагишон даст ёфтаанд. Рӯ ба самти Русия меоваранду дуруде мефиристанд, ки бозори кори он асбоби маъишаташонро муҳайё кардааст. Пас беҳбуди рӯзгор барои бисёре танҳо бар асари пазируфтани заҳмату хории муҳоҷират муяссар шудааст.

Дар базми арӯсии дӯсте аз муқаррароти тозаи мавсум ба “танзимот” огоҳ мешавам. Домод ба ҷои ин ки аз оҳангҳои маросим лаззат бибарад, машғули шумурдани теъдоди оҳангҳост, то мабодо аз шумори муқаррар фаротар биравад. Нигарон аст, ки шумори мошинҳои корвони арӯсӣ шояд бештар аз чаҳор адад бошад. “Танзим” инро ҳам мамнӯъ кардааст. “Танзим” ба ҳадде таваҷҷуҳамро ба худ ҷалб мекунад, ки мехоҳам онро бештар биомӯзам ва баъдан сари фурсат мулоҳизотамро дар бораи он дар миён бигзорам.

Дӯстони хабарнигорам аз расонаҳои мустақил мегӯянд, ки дигар қарор нест ахбори расмӣ ройгон бошад ва барои дарёфти хабар бояд ба мақомоти мавриди пурсиш маблағи андаке бипардозанд ва мунтазири анҷоми муқаррароти пардохту дарёфт бимонанд, ки боиси деркард (таъхир) дар пахши хабар хоҳад шуд. Ангушти тааҷҷуб ба даҳон ба худ меандешам, ки оё ҷои дигареро дар ҷаҳон суроғ дорем, ки чунин муқаррароти гӯшношунидро пиёда карда бошад? Ба ин мавзӯъ ҳам сари ҳавсалаву фурсат метавон баргашт.

Дубора барқ рафт. Пас ҳамчунон дар Душанбеи азиз ҳастам ва ин сатрҳоро ҳамин ҷо менависам. Барои набуди барқ дигар чӣ баҳонаҳои тоза кашф шудаанд? Оё ҳанӯз панҷ сол ҷанги дохилиро танҳо сабаби ин гирифториҳо медонанд? Ҷанги шумеро, ки аз поёнаш 12 сол гузаштааст, аммо гӯё паёмадҳои он ҳаргиз даст аз сари мо бар нахоҳад дошт. Ё ҳастанд афроде, ки мудирияти бадро далели камбуд ё набуди барқ мешуморанд?

Оре, акнун ҳастанд касоне, ки на танҳо воқеиятҳоро мебинанд, балки ҷуръати баёни он воқеиятҳоро низ дар худ пайдо кардаанд. Дубора нури умед дар чашми ҷавононе сӯ-сӯ мезанад (медурахшад), ки мепиндоранд бо шикастани қолибҳои бешумор барои худу ояндагон зиндагии беҳтареро фароҳам хоҳанд кард. Нуре заиф, аммо қобили дидан. Садое зариф, аммо қобили шунидан. Бозгашти шуълаи умедро ба ин чашмони ҷавон шодбош мегӯям.

3 comments:

bkosimi said...

Бо ташаккур барои моро ба сайри худ аз Душанбешахри азиз инчо даъват кардан. Чанд аксе хам агар гирифта бошед, малол набошад ба тамошои мо гузоред, лутфан.

Миллат дигар ору номус надорад, ки рози аст бар ивази гулом шудану даст ба пастарин, ифлостарин корхо задан сохиби мохвораву чанд мошини фартути истифодашудаи хоричи гардад. Дигар он, ки хонахои бошукух месозанд, бешак аз пули нашъачаллоби аст ва ба майнаи ин гуна афрод сохтани корхонаву истехсолот намегунчад, ба чуз ин ки ин су он су замину хона харида, нарххоро ба 90% мардуми одди осмонбус ва дастнорас кардан.

Танзим худ як масхарабозиест нисбати миллати худ. Мисли он, ки кудакони ноболигро падармодар дар хар кадам назорат мекунанд, миллатро ба чунин дарачаи ноболиги оварда расонидаанд. Хайхот.

Вале, пойни матлаб чолиб буд. Чи нури умед дар чи чашме дида тавонистед? Умедворм, ки ин сирро низ барои мо ошкор менамоед.

Сафар бехатар ва рох сафед бод, Дориюши арчманд!

Anonymous said...

Fikr mekunam, waqte insanhoye ba misli Doriush, meoyand, ba javononi mo hamsuhbat meshavand, ba onho dars meomuzand, hatman dar chashmi in javonon umid huvaydo mesavad, chon takyagohe ehsos mikunand, va dar posux, shumo ham umedvor meshaved chun dar chashmi onho umed mebined...

D said...

Дустон, сипос аз таваччухатон. Сафарнавиштахои Душанбе идома дорад ва ба зудй аксхои фаровоне хамрох бо навиштахо мунташир хохад шуд. Пойдор бошед.