Бас аст ҷазира будан! Кай уқёнус мешавем?
(вижаи сутуни "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)
Дар “Ногуфтаниҳо”-и ҳафтаи гузашта аз хонаводае ҳикоят кардам, ки солҳост дар Бритониё ба сар мебаранд ва дар густариши фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвар ва дар паҳнаи маҷозии Интернет санги тамом гузоштаанд. Ба ҳадде дар ин замина хидмат кардаанд, ки гумон аст ҳеч сафорати Тоҷикистон дар ҳеҷ гӯша аз ҷаҳон карда бошад. Хонаводаи Ориё, тоҷикони зодаи кишваре, ки зарфи беш аз 200 соли ахир бо номи “Афғонистон” шинохта мешавад ва тайи ҳафт даҳаи ахир ҳамаи шаҳрвандони он расман “афғон” ном гирифтаанд.
Аммо хонаводаи Ориё ва ҳазорон тоҷики афғонистонии дигар номи кишвари худро бо икроҳ ба забон меоваранд ва ҳаргиз ҳам худро “афғон” муъаррифӣ намекунанд. Оқибати ҳувияти таҳмилӣ наметавонист чизе ҷуз ин бошад. Ҳарчанд бар сари мо кӯбиданд, шӯравӣ аз мо сохта нашуд. Ҳарчанд ҳамқавмони моро дар он сӯи об водоштанд, “афғон” нашуданд. Чаро? Чун “афғон” мутародиф (синоним)-и “паштун” аст ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки аз замони ҷудоии ин пора аз хоки Хуросон аз баданаи Эрон (1747) то кунун ғолибан афғонҳо, яъне паштунҳо бар он ҳукумат кардаанд, кишвар “Афғонистон” ном гирифт. Сипас ба тақлид аз кишварҳое чун Эрону Омрико саъй карданд ҳувияти “афғонӣ”-ро ба ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар бичаспонанд.
Аммо сардамдорони сиёсати “афғонсозӣ” ин мавриди зарифро фаромӯш карда буданд, ки миёни ҳувиятҳои “эронӣ”-ю “омрикоӣ” ва “афғонӣ” тафовути асосие ҳаст. Дуи аввал аз номи кишварҳо бармеоянд (Эрон ва Омрико), на номи қавм. Яъне мо қавме бо номи “эрон” ё “омрико” надорем. Аз ин рӯ касоне, ки дар он кишварҳо ба дунё меоянд, ба худии худ бо гирифтани пасванди нисбати “-ӣ” “эронӣ” ва “омрикоӣ” унвон мешаванд.
Аммо ин маврид дар бораи Афғонистон сидқ намекунад. “Афғон” номи кишвар нест, балки мутародифи номи қавми паштун аст. Аз ин рӯ таҳмили номи “афғон” бар ҳамаи оҳоди миллат чизе ба ҷуз фошизми қавмӣ ё шовинизм нест. Ин ба он мемонад, ки ҳукумати мо аз фардо эълом кунад, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон “тоҷик”-анд. Шабеҳи коре, ки давлатҳои шовинисти узбак дар тӯли солҳои шӯравӣ ва пас аз он анҷом доданд ва шумори зиёде аз тоҷикҳо ва намояндагони қавмҳои дигарро “узбак” номнавис карданд.
Аз ин рӯ тоҷикони нажодае чун хонаводаи Ориё, ки дигар ҳозир нестанд ҳувияти таҳмилиро таҳаммул кунанд, тарҷеҳ медиҳанд худро аҳли Хуросон ё Тоҷикистон муъаррифӣ кунанд. Он идда аз ғайрипаштунҳое, ки бо истилоҳи “Афғонистон” мушкиле надоранд, маъмулан худро ба унвони “афғонистонӣ” мешиносонанд. Дар натиҷа корбурди истилоҳи “афғон” ба маънои “афғонистонӣ” рӯ ба коҳиш аст ва шояд дар оянда ин гароиш ва худшиносии қавмии ғайрипаштунҳо боъиси ҳазфи банди “афғонияти мардуми Афғонистон” аз Қонуни Асосии он кишвар шавад.
Беҳзоди Ориё, ки ҳафтаи гузашта батафсил дар борааш навишта будам, мегӯяд:
“Ман хеле аз мардуми Афғонистонро мешиносам, ки ҳамагӣ ошиқи Тоҷикистон ҳастанд. Тасаввури ман аз мардуми Тоҷикистон ва худамон ин аст, ки ҳарчанд мо ду чашм ҳастем, аммо дар рӯи як чеҳра ҳастем. Мо яке ҳастем. Ҳеч фарқе миёни Тоҷикистону Афғонистону Эрон намебинам.”
Мегӯяд, борҳо дар Тоҷикистон буда ва хушнуд аст, ки дар он ҷо ҳам ҳамандешоне дорад, ки миёни худ ва ӯ тафовуте қоил нестанд. Танҳо нохушнудии ӯ масъалаи дур мондани мардуми Тоҷикистон аз хатти порсист, ки ба бовари Беҳзод, калиди дари ганҷинаи порсист ва бидуни он роҳи дарозеро дар водии порсӣ наметавон паймуд.
Ба акси Эмомалии Раҳмон дар утоқи нишемани Беҳзод дар Ландан ишора мекунаму мегӯям, ки тағйири хат ва бозгашти тоҷикон ба ҳувияти порсии ростини хеш ба иродаи ин оқо вобаста аст. Бино ба тозатарин суханрониҳои марбутаи раисиҷумҳур, ӯ чандон моил ба бозгашт ба хатти порсӣ нест. Беҳзод бо эҳтиром ба портреи раисиҷумҳур нигоҳ мекунаду мегӯяд, мутмаин аст, ки рӯзе Эмомалии Раҳмон ин хидмати бузургро барои мардуми кишвараш анҷом хоҳад дод ва роҳи донишу боландагиро ба рӯи Тоҷикистон хоҳад гушуд.
Мегӯяд, хатти порсӣ Тоҷикистонро аз гирифториҳои фаровоне наҷот хоҳад дод ва танҳо бо пайвастан ба ҳарими порсист, ки ҳувияти тоҷикӣ қавому истеҳком хоҳад ёфт. Ҷазирае кӯчак дар дили уқёнусе паҳновар дер намепояд. Пас бояд бузург шуд. Пайвастан ба хатти порсӣ ба монанди табдили як ҷазираи кӯчак ба уқёнусе паҳновар аст, ки дигар хатари нобудӣ таҳдидаш намекунад.
Ёддошт: Дар ин навиштор, ки имруз дар хафтаномаи "Нигох" мунташир шуд, вожаи "узбак" ба шакли галати "узбек" чоп шудааст. Як Дарвеш ба хафтаномаи мазбур маротиби озурдагии худ аз вукуъи ин галатро иброз мекунад.
Дар аксхо: Бехзоди Ориё ва утоки нишеманаш бо пуртреи Рахмон.
No comments:
Post a Comment