Du Roman de Désert au prix de Nobel
Аз "Сахро" то Нубел
به دبيره پارسی
Чоизаи адабиёти Нубели имсолро Жон-Морй Густов Лу Клезиу (Jean-Marie Gustave Le Clezio) – достоннависи фаронсавии шастухаштсола бурд, ки ба гуфтаи Окодемии Нубели Суэд (Шветсия), «нависандаи азиматхои тоза, мочарочуихои шоъирона ва вачду хулсаи нафсонй» аст. Ин маросим имруз (09.10.08) дар шахри Стукхулм (Stockholm)-и Суэд (Шветсия) баргузор шуд ва то лахзаи эъломи номи баранда касе аз кй будани у огох набуд.
Китобе, ки Лу Клезиуро ба маснади шухрат нишонд, достони «Сахро»-и уст, ки соли 1980 мунташир шуд. Окодемии Нубел дар муъаррифии ин достони Лу Клезиу навиштааст, ки он «ховии тасвирхое мучаллал аз фарханги барбодрафтаи сахрои Офрикои Шимолист, ки дар такобул бо тасвирхое аз Фарангистон аз диди мухочирони нохонда карор дорад.»
Жон-Морй Густов Лу Клезиу рузи 13 оврил (апрел)-и соли 1940 дар шахри Ниси Фаронса ба дунё омад ва дар хаштсолагй бо хонаводааш ба Ничерия накли макон кард. Пас аз бозгашт ба Фаронса ва фарогат аз тахсил дар Донишгохи Адабиёти Нис ба унвони омузгор ба Иёлоти Муттахидаи Омрико сафар кард. Лу Клезиу дар тули зиндагиаш дар кишвархои мухталиф сукно гузидааст ва ин мусофиратхо дар осори у бозтоб ёфтаанд. Ишки у ба сафару чобачойи ва огохиаш аз фархангхои гуногун дар осораш мавч мезанад. Вай хидмати низом-вазифа (сарбозй)-ашро ба унвони муъаллим дар Донишгохи Буддоии Бонкук (Бангкок) ва Донишгохи Мекзику-ситй анчом додааст. Лу Клезиу чахор соли зиндагиашро дар канори кабилахои сурхпусти Пономо сипарй карда ва ба минтакахои мухталифи Мекзик ва Иёлоти Муттахида ва Конодо ва чазирахои укёнуси Хинд сафар кардааст.
Нахустин достони Лу Клезиу бо номи Le Proces-Verbal (Бозчуйи) дар синни 23-солагй уро дар Фаронса машхур кард ва нахустин чоизаи миллиро барои у ба армугон овард. То кунун Лу Клезиу худуди сй унвон китоб мунташир карда, ки шомили достонхои кутоху баланд ва тарчума мешавад. Лу Клезиу дар канори достоннависй дар донишгох адабиёти фаронсавй тадрис мекунад, бар осори дигарон накд менависад ва дар холи мутолеъа ва тахкики фархангхои гуногуни сурхпустони Омрико дар гузашта ва хол аст.
Дар огози рох Лу Клезиу бештар ба мавзуъхои марбут ба чунун, забон ва имло мепардохт ва осиёна шевахои тозаи навиштанро тачруба мекард. Аммо дар авохири дахаи 1970 Лу Клезиу он шеваро канор гузошт ва ба мавзуъоти мутаъорифе чун кудакй, навчавонй ва мусофират ру овард ва бад-ин гуна бар шумори хонандагонаш афзуд.
Бино ба назарсанчии мачаллаи адабии «Лир», чопи Фаронса, хатто 14 сол пеш 13 дарсади хонандагони ин мачалла муътакид буданд, ки Жон-Морй Лу Клезиу бехтарин нависандаи фаронсавизабони зинда аст.
Яке аз ачдоди Лу Клезиу дар паи Инкилоби Фаронса ба чазираи Мурис дар хавзаи укёнуси Хинд мухочират карда буд. Лу Клезиу ин бурха аз торихи хонадонашро арч мегузорад ва хисси пайванди танготанге бо чазираи Мурис дорад. Ба хадде, ки мегуяд, эхсос мекунад, ки аз решаи аслии худ канда шуда ва дар фазое бегона бузург шудааст.
Бо ин ки тахсилоти Лу Клезиу умдатан ба забони фаронсавй буда, у бар инглисй хам тасаллути комил дорад ва баъзан тарчех медихад назари худро ба инглисй баён кунад. У муддате дар шахрхои Ландан, Бристул ва Боси Бритониё низ зиндагй кардааст.
Лу Клезиу марди шикастанафсу хачулест, ки нудратан аз зиндагии хусусиаш сухбат мекунад ва моил аст, ки китобхояш танхо забони баёнаш бошад.
Мухимтарин пурсишхои башарият мехвари офаридахои Лу Клезиуст: зистан барои чй? Мурдан барои чй? Миёни фард ва чахони физикй ва назми ичтимоъй ва забон чй пайванде хаст?
Лу Клезиу ба шеваи Жон Жок Руссу дар хасрати асолатхо ва решахо метапад ва аз ин ки зери хар никобе на чехраи асил ё хакикат, балки никобе дигарро меёбад, малул аст.
Табиъат барои у бузургтарин муъаммои гетй аст, ки то кунун хакикати он шикофта нашудааст. Дар вокеъ, Жон-Морй Густов Лу Клезиу низ ба монанди бисёре аз файласуфони асри чадид хамчунон дар холи эътироф ба ачзу нотавонии башар дар кашфи хакикати нихойи аст.
Лу Клезиу дар гуфтугуе, ки кабл аз дарёфти чоизаи Нубел бо торнамои Diplomatie-и Фаронса анчом дода буд, гуфт: «Мо дигар он кадр густох нестем, ки бовар кунем як достон метавонад чахонро иваз кунад. Дар рузгори Сортр ба ин хиёл буданд. Имруза нависандагон метавонанд сирфан нотавонии сиёсии худро руи когаз биёваранд... Адабиёти муъосир адабиёти навмедй аст.»
Дар посух ба ин пурсиш, ки агар чоизаи Нубел ба у таъаллук бигирад, дар маросими эътои он чй хохад гуфт, Лу Клезиу мегуяд: «Дар мавриди чоизаи Нубел мутмаин нестам, аммо медонам, ки дар хузури ом чи мехохам бигуям. Мехохам дар бораи чанге сухбат кунам, ки кудаконро мекушад. Барои ман ин бадтарин чизи даврони мост. Адабиёт хам бояд василае бошад барои ёдоварии ин фочеъа ва чалби таваччухи умум ба он. Ахиран дар Порис барои махкум кардани ин хакикат, ки занон дар Афгонистон озод нестанд, хамаи мучассамахои занро пардапуш карданд, ки кори хубе буд. Ба хамин шева мо бояд чои калби хамаи тандисхои кудакон лаккаи сурх бикашем, то ёдовари он бошад, ки хар он дар гушае аз Фаластин, Омрикои Чанубй ё Офрико кудаке ба зарби гулула кушта мешавад. Ва касе дар ин бора чизе намегуяд!»
No comments:
Post a Comment