Tuesday, October 07, 2008

Exiled Opposition Leader Flees Russia

Kambiz Arman
EurasiaNet

06 October 2008

in English
на русском

Додочони Атоуллох – сардабири табъидии як нашрияи мухолифи давлати Точикистон ва рахбари чунбиши «Ватандор», бо бими ин ки Русия дархости истирдоди Точикистонро хохад пазируфт, Маскавро ба касди Порис тарк кардааст.

Атоуллох дар гуфтугу бо хабарнигори EurasiaNet гуфт, ки маъмурони амниятии Точикистон вориди Маскав шуда буданд, то уро боздошт кунанд. Макомот дар Душанбе дастури боздошти уро дар авохири мохи септомбр (сентябр) содир карданд, ки бино бар он Атоуллох ба пахши тухмату ихонат алайхи раисичумхурй Эмомъалии Рахмон ва анчоми фаъъолиятхои зиддидавлатй муттахам шудааст.

Додочони Атоуллох пас аз вуруд ба Порис изхори хушхолй кард, ки акнун ба саломат дар Урупост. Доштани санади мусофиратии олмонй парвози Атоуллохро осонтар карда буд. У он санадро дар соли 2001 хамрох бо хакки икомат дар Олмон дарёфт кард. Макомоти Русия монеъи парвози ахири у ба Порис нашуданд. Худи у бар ин гумон аст, ки хузури як тим аз як шабакаи телевизюнии Олмон, ки нахваи хуручи у аз Маскавро филмбардорй мекард, ба берун омадани у аз хоки Русия мусоъидат кардааст.

Шояд тасмими у мабнй бар тарки Русия дар арзи чанд дакика иттихоз шуда бошад, аммо ба гуфтаи Атоуллох, хамин ки макомоти Точикистон ба фикри тачдиди талошхо барои бозпас овардани у ба Душанбе уфтоданд, у ба фикри тарки сареъи хоки Русия уфтод. Вай гуфт: «Ман чанд мулокот бо сиёсатмадорон, диплумотхо, рузноманигорон ва созмонхои гайридавлатии Фаронсаро аз пеш барномарезй карда будам, то бо хам масоили марбут ба Точикистонро баррасй кунем.»

Ба эхтимоли зиёд, Фаронса барои Атоуллох як кишвари тронзит аст. Вай касд дорад ба зудй ба шахри Хомбург сафар кунад ва дар он чо мунтазири фуру нишастани «туфон»-и Маскав бимонад.

Атоуллох умедвор аст, ки дар ояндаи на чандон дур ба Маскав баргардад. Чун точикхо нисбатан осонтар ба Маскав сафар мекунанд ва будубоши у ба унвони як фаъъоли мухолифони точик дар пойтахти Русия корсозтар аст.

Додочони Атоуллох гуфт: «Будани ман дар Урупо чанд ишкол дорад. Нахуст ин ки садои мо аз Урупо ба Точикистон дертар мерасад, то аз Русия. Садхо хазор мухочири точик дар Русия кору зиндагй мекунанд. Дар миёни онхо омузгорон, пизишкон, мухандисон ва дигар афроди хирфайи хастанд. Ин афрод метавонанд сутунмухраи як чунбиши муковиматро шакл диханд. Аз ин ру хукумати Точикистон аз икомати ман дар Русия бим дошт. Ман дар Маскав бо мухочирони точик пайванди мустаким доштам.»

Додочони Атоуллох ошкор кард, ки намояндагони давлати Рахмон дар соли 2007 бо у дар тамос будаанд, то шояд бо хам ба як муъомилаи сиёсй даст ёбанд. Вай гуфт: «Соли гузашта наздиктарин афроди Рахмон бо ман такрибан ним сол гуфтушунуд карданд. Онхо кушиш карданд маро мутакоъид бикунанд, ки ба Точикистон баргардам ва як маком бигирам ё дар изои пули калоне фурухта шавам ва куфли хомушй бар лабонам биовезам. Пас аз ин ки ман ин такозоро рад кардам, онхо парвандаи чинойии маро аз сар гирифтанд.»

Ин чехраи мухолифи точик бо хамлаи лафзй ба давлати Рахмон таъкид кард, ки агар барои аз байн бурдани фишори шадиди ичтимоъй ва иктисодй дар Точикистон тагйироте анчом нагирад, кишвар метавонад дучори бесуботй шавад. Атоуллох муддаъй шуд, ки ин шароит эхтимоли бурузи «Толибони точик» барои пур кардани халаъи рахбариро падид овардааст.

Додочони Атоуллох афзуд, ки талоши Рахмон барои хифзи кудрат дар кабзаи худ рушди насли чадиди рахбаронро, ки метавонистанд кишварро ба суи шукуфоии иктисодй рохнамойи кунанд, аким ва хунсо кардааст. Атоуллох бо ишора ба афроди 30 то 40-у андсола гуфт: «Ин як насли гумшуда аст. Дар миёни онхо чавонони хибрае хастанд, ки метавонистанд бехтарин вазирон, аъзои порлумон ва сиёсатмадорони мо бошанд. Аммо касе онхоро намешиносад. Чун дар хар диктотурие мардум аз ганчхои нихони худ ноогоханд.»

Ёддошти сардабир: Комбизи Ормон тахаллуси як рузноманигори точик аст.

3 comments:

Набиюллохи Суннатй said...

Дуруд нисори Шумо Дориюш!!!
Бисёр мехостем аз Додочони Атовулло ва чй гунаба сар бурдани у дар Фаронсаро дар торнамоямон инъикос намоем. Агар имконият доред ва ё худ агар донед, хохиш мекунам намбаи тилфуни окои Атовулоро ба мо бинвисед. nabsunnati@gmail.com
Дарвокеъ, хохиш мекунем ба торнамои мо сар бизанед ва барои мо як маслахат бидихед. Агар вакт доред дар торнамои зебоятон торнамои чадиди моро муаррифи кунед.

Бо арч Набиюллохи Суннатй.
Хучанд

Суннатй said...

Дуруд нисори Шумо Дориюш!!!
Бисёр мехостем аз Додочони Атовулло ва чй гунаба сар бурдани у дар Фаронсаро дар торнамоямон инъикос намоем. Агар имконият доред ва ё худ агар донед, хохиш мекунам намбаи тилфуни окои Атовулоро ба мо бинвисед. nabsunnati@gmail.com
Дарвокеъ, хохиш мекунем ба торнамои мо сар бизанед ва барои мо як маслахат бидихед. Агар вакт доред дар торнамои зебоятон торнамои чадиди моро муаррифи кунед.

Бо арч Набиюллохи Суннатй.
Хучанд

hakikat said...

Салом ба мардуми миллати точик...
Дар ин сайт фикру андешахои баъзе шахсонро хонда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки онхо аз рушду нумуи Точикистон бехабаранд ё дину имон надоранд. Пеш аз харф задан бояд андеша кунед, ки ин сайти чахонист ва аз он хамаи миллатхои чахон истифода мебаранд ва ба чахониён асли холро гуфтан лозим аст.
Барои як беватан, як беномуси миллат (Додочон Атовуллоев) шуда, баъзе шахсоне, ки барои миллати точик чонашонро сари даст бароварда хизмат кардаанд ва шабу руз бахри тинчиву осоиштагии миллати точик ва барои равнаку ривочи Точикистону точикистониён захмат мекашанд, чунин суханхою акидахои кабех гуфтан аз инсоф берун аст.
Хамагон медонанд, ки Д.Атовуллоев дар Точикистон як нихолро сабз накардааст ва барои миллату ватанаш ягон хел кори хайре накардааст.
Шахрвандони азиз! Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоем, ки вакте ки бо интернет кор мекунед, аввал фикр карда, баъд сухан ронед. Ин суханони Шуморо дар тамоми чахон мехонанд ва дар бораи «Халки Точик» ва Точикистон хулосабардори менамоянд. Д.Атовуллоев худро таъриф мекунад, ки ду-се маълумоти оли дораду вале бесаводона ва гапхои кабеху беасосро навишта дар интернет чой медихад.
Як мисрае аз гуфтахои бузургон:
Амири беватан зору хакир аст,
Гадо, гар дар ватан мирад, амир аст.
Бинобар хамин, чанд далеле хаст, ки Ватандор набудани Д.Атовуллоевро нишон медихад:
- Д.Атовуллоев шахрвандии Олмонро дорад.
- Д.Атовуллоев дар Точикистон зиёда аз 10 сол набуд.
- Д.Атовуллоев хамаи навиштахои дуругу тахкиромезро баъд аз он менависад ва пахш мекунад, ки аз душманони миллати мо «ГРАНТ» мегирад, ва барои он ки боз ба у пул диханд, у бардуруг менависад, зеро агар ба онхое, ки «ГРАНТ» медиханд, хисобот насупорад, дигар маблаг намедиханд.
- Хамфикрхои худро миёни зиёиёни точик ва берун аз худуди Точикистон надорад. Хама аз у ру гардонидаанд.
- Дар худи Точикистон гайр аз чанд нафар махалгаро уро касе дастгири намекунад.
- Шукри Худо, ки дар Точикистон сарваре хаст, ки фарзанди точик, аз худи Точикистон мебошад ва барои бехбудии ватану миллати точик шабу руз кушиш ба харч медихад.
Дар тули 19-соли мустакилият Точикистон ба бехбудихои назаррас ноил гашта, руй ба таракки оварда истодааст, ки ин хама меваи мустакилият, вахдат, ягонагии миллати точик буда, аз як гардан сар бароварда бо мехнати халоли худ мо ин пешравихоро муддао сохтем. Беш аз хама хизмати беназири сарвари давлатамон Чаноби Оли Эмомали Рахмон аст, ки таи солхои сипаригашта ба халку ватанамон хизмати бехамто карда истодааст.
Д.Атовуллоев бо ин шиору навиштачоти тахкиромезаш тинчиву осоиштагии мардуми точикро халалдор месозад ва осоиштагии ватани азизамонро намехохад.
Оё у метавонад мардуми сулхпарвари моро бифахмад?
Аз махалбозихо ва маълумотхои бардуруг мардум хаста шудаанд!