Душанбе хостори истирдоди Додочони Атоуллох аст
Eurasianet.net
Дар холе ки як зимистони нохушоянди дигар барои Точикистон дар рох аст, давлати Эмомъалии Рахмон эхсоси тобу таби бештар мекунад. Макомоти тахти фишори точик талош мекунанд кабл аз огози зимистон душманони худро бикубанд ва дар сурати имкон, онхоро ба хомушй водоранд.
Мардуми Точикистон зимистони гузаштаро дар нихояти камбуди барку хорбор ба сар бурданд. Ба назар мерасад, ки зимистони оянда низ мушобех хохад буд. Макомот аз хамин холо пешгуйи кардаанд, ки мизони бардошти галла имсол худуди 30 дарсад камтар аз соли гузашта хохад буд ва далели аслии он хушксолй ва хучуми малаху хашароти дигар аст. Як зимистони сахти дигар метавонад режими Рахмонро руи яхи нозуке карор дихад.
Давлати Рахмон, ки аз вазъияти хатарнок огох аст, ошкоро талош мекунад алайхи шумори баргузидае аз мухолифони сиёсиаш хамлахои боздоранда анчом дихад. Яке аз ин чехрахо Додочони Атоуллох – сардабири табъидии нашрияи мухолифи Чароги Руз аст. Бино ба маколаи тозае, ки дар рузномаи «Время новостей»-и Русия мунташир шуд, Ягон (вохид)-и кунтрули чиноятхои созмонёфтаи Вазорати кишвар (дохила)-и Точикистон кушиш барои пайгарди Атоуллохро аз сар гирифтааст. Додочони Атоуллох ба даст доштан дар фаъъолиятхои зиддидавлатй муттахам мешавад. Макомот муддаъианд, ки ин рузноманигори 53-сола, ки голибан дар Маскав кор мекунад, дар пахши «иттихомхои тавхиномез алайхи Раисичумхурй ва аъзои давлат» даст дорад ва «сарнагунии хушунатомези низоми конунй дар Точикистон»-ро таблиг мекунад.
Атоуллох аз соли 1992 то кунун дар табъид ба сар мебарад. Нашрияи у тайи солхои ахир ба таври номуназзам чоп мешавад. Аммо эъломи ин хабар, ки Додочони Атоуллох раёсати Хизби Ватандорро ба душ гирифтааст, давлати Рахмонро хашмгин кард.
Макомоти Точикистон аз дербоз мехостанд монеъи фаъъолияти Атоуллох шаванд, аммо Маскав бо фикри бозгардондани у ба Душанбе чандон мувофик набуд; дастикам то ин авохир мувофик набуд. Бино ба навиштаи «Время новостей», дар паи хамлаи Русия ба хоки Гурчистон шароит то хадди зиёде тагйир кард. Акнун ба назар меояд, ки Русия ба манзури чалби химояти хар чи бештар аз мавзеъи диплумотикаш дар Кафкозу Осиёи Миёна мехохад Рахмонро хушнуд нигох дорад.
Нозирон дар Маскав мегуянд, ки то кунун давлати Точикистон дар мавриди шиносоии расмии истиклоли Абхозу Иристон (Осетия)-и Чанубй тавассути Русия хомуш мондааст. Хомушии Душанбе метавонад бо хадафи ба даст овардани хадди аксари суди сиёсй ва иктисодй аз Кремлин сурат гирифта бошад.
Ба гузориши торнамои Нансмит (www.nansmit.tj), Додочони Атоуллох ба хабарнигорон гуфтааст, ки боз кардани парвандаи чинойи алайхи у «пас аз дидори Эмомъалии Рахмон бо Сергей Наришкин – раиси дастгохи Кремлин (дар миёнахои септомбр) мумкин шудааст.» Харчанд имкон дорад, ки Рахмон ва Наришкин дар ин гуфтушунуд мавзуъи мухолифи сарсахту озордихандаи Рахмонро хам баррасй карда бошанд, Итор-Тосс гузориш дод, ки ин мулокот рузи 17 септомбр руи мавзуъи тавсеъаи хамкорихои Точикистону Русия дар заминаи барки обй мутамаркиз буд.
Расонахои Русия мегуянд, ки Кремлин ин бор дархости Душанбе мабнй бар истирдоди Додочони Атоуллохро чиддй гирифтааст. Агар ин иттифок биуфтад, рузноманигори точик метавонад ба 25 сол зиндон махкум шавад.
Додочони Атоуллохро дар соли 2001 макомоти интизомии Русия ба дархости Душанбе боздошт карда буданд. Аммо ду руз баъд аз он Атоуллох озод шуд ва Додситонии кулли Русия моил набуд ин мавзуъро расидагй кунад. Дертар Додситонии кулли Точикистон парвандаи чиноии Атоуллохро баст.
Мохи жуан (июн)-и гузашта Додочони Атоуллох бо фарохони мардум ба нофармонии мадании густарда дар Точикистон ба манзури халъи макомоти кунунй аз кудрат таваччухи давлати Рахмонро дубора ба худ чалб кард. Андаке пас аз он Бобочон Бобохонов – додситони кулли Точикистон Додочони Атоуллохро ба унвони «чинояткор ва теруристи матбуъотй» такбех кард ва гуфт, ки додситонй хостори таъкиби ин рузноманигор аст.
Додочони Атоуллох изхори нигаронй кардааст, ки мумкин аст уро конунан ба Точикистон мустарад накунанд, балки бо огохй ва мувофикати Кремлин «бирабоянд» ва ба таври сирррй ба Душанбе тахвил бидиханд.
Дар гузашта зохиран чунин иттифоке уфтода буд. Махмадрузй Искандаров – рахбари Хизби Демукроти мухолифи давлат, ки мохи оврил (апрел)-и соли 2005 дар Маскав ба таври мармузе нопадид шуд, дертар дар боздоштгохи расмй дар Душанбе падидор шуд.
No comments:
Post a Comment