Thursday, October 16, 2008

Debt-Ridden Farmers Say They Are the Pawns

Дехконон дар гарави давлат

Дейвид Л. Стерн
The New York Times
14 October

Нохияи Шахритус, Точикистон – Фарход кишоварзест дар ин тиккаи пургубори замин дар чануби гарби Точикистон, ки дар баробари марзхои Афгонистону Узбакистон вокеъ аст. У мегуяд, ки дар мавсими киштукори имсол даст ба амале гайримучоз задааст, ки метавонад мучозоти уро дар пай дошта бошад. Вай дар мазраъаи худ дар канори пунбае, ки хар сол мекошт, тарбуз хам коштааст.

Вазъияти кишоварзон дар ин чумхурии факрзадаи хафтмилюнй ба андозае пурмухотира аст, ки Фарход на ичозаи бардоштани аксашро ба мо дод ва на номи хакикиашро. Фарход бими онро дорад, ки макомот махсули замини уро аз байн хоханд бурд, харчанд макомот ба у итминон додаанд, ки имсол метавонад дар полизаш хар он чиро мехохад, бикорад.

Фарход, ки хашт фарзанд дорад, дар холе ки ба радифхои муназзами тарбузхои «милиюнер», «шокира» ва «маэстро» нигох мекунад, мегуяд: «Онхо аз хар су бар мо фишор меоваранд.»

Пунба сарточи зироъати Точикистон аст. Дастикам аз диди давлати ин кишвар чунин аст. Дар вокеъ, ба гуфтаи коршиносони кишоварзй, ин истеъораи шохона бисёр муносиб аст: сомона (систем)-и кишоварзии Точикистон наздик ба низоми феудолист. Ба гуфтаи як макоми урупойи, кишоварзон дар Точикистон «ба монанди барда» завлонаи замин бар пой доранд ва мачбуранд тибки як сомона (систем)-и саршор аз карзхову таъаххуд (ухдадорй)-хо пунба бикоранд.

Аммо инсироф аз дигар анвоъи махсулот ба хотири пунба метавонад зимистони имсол паёмадхои фочеъаборе дошта бошад. Дар паи тобистони хушк Точикистон ва шояд дигар кишвархои Осиёи Миёна дар пешоруи камбуди хорбор (гизо) карор доранд ва созмонхои байнулмилалии имдод доранд ба як бухрони эхтимолй омода мешаванд.

Пунба дар калби иктисоди Точикистон карор дорад ва бино ба гузоришхо, чойгохи фасод хам дар калби иктисоди ин кишвар аст. Ба гуфтаи диплумотхо ва коршиносони саноеъ, ширкатхои мансуб ба афроди наздик ба раисичумхур Эмомъалии Рахмон иктисоди кишварро дар инхисори худ гирифтаанд ва микдори молиёт (андоз)-е, ки ин ширкатхо мепардозанд, 25 дарсади будчеи солонаи кишварро ташкил медихад.

Ин мукаррарот ба чизе, ки Гурухи Байнулмилалии Бухрон дар гузориши соли 2005-и худ «саркубии сиёсй, рукуди иктисодй, бенавоии густарда ва таназзули зистмухитй» номида буд, мусоъидат мекунад.

Ба гуфтаи ин гурух, чараёни чамъоварии пунба дар Точикистон «сода ва хамрох бо бахракашй» аст.

Бо таваччух ба ин ки бисёре аз мардон дар чустучуи корхои мавсимй мачбур ба тарки кишвар шудаанд, давлатхои Точикистон ва Узбакистон ба таври суннатй даххо хазор донишчуву донишомузро, ки бархешон бештар аз 10 сол син надоранд, басеч мекунанд ва ба пунбазорхо мефиристанд.

Барои Фарход, ба монанди дигар кишоварзони точик, дардисар аз нахустин рузи кораш ба унвони як дехкони мустакил огоз гирифт. Се сол пеш колхози махаллй, ки аз замони шуравй ба мерос монда буд, мунхал шуд ва замини онро миёни мардуми махаллй тавзеъ карданд. 16 хектор замин насиби Фарход шуд, аммо у хануз сохиби расмии он махсуб намешавад. Бо ин мазраъа як вом (карз)-и 5000-дулораи колхози пешин ба таври худкор ба души Фарход уфтод.

Хамасола бештари даромади Фарход чихати пардохти хамон вом хазина мешавад, ки як ширкати пунбафурушй мутакаббил шудааст. Ин ширкат доду ситади пунба дар саросари нохияи Шахритусро дар инхисори худ дорад ва хамаи лавозими киштукори Фарходро ба у ба киматхои хангуфт мефурушад ва аммо махсули замини Фарходро ба кимате поинтар аз нархи бозор мехарад.

Тахти чунин шароите кишоварзон хамеша ниёзманданд ва харгиз пули накд ба дасташон намерасад. Фарход ва дигарон мегуянд, ки хар чи пуле дар меоваранд, барои гизову дигар маводди мавриди ниёзи аввалия масраф мешавад. Ва чун онхо пули накд дар даст надоранд, мачбуранд лавозимашонро аз ширкати пунба ба киматхои осмонй бихаранд.

Фарход мегуяд: «Онхо ба мо пул медиханд, аммо танхо 14 мох баъд, пас аз фурухтани пунба пул ба мо мерасад. Хамасола бидехй (карз)-и мо бештару бештар мешавад.»

Ба гуфтаи коршиносони гарбй, ки нахостанд номашон зикр шавад (чун ба мушорикати макомоти точик ниёз доранд), давлат бо ширкатхои пунбафурушй хамкорй мекунад. То чанде пеш макомот як конуни нонавиштаро эъмол карда буданд, ки аз кишоварзон такозо мекард, то 80-90 дарсади заминашонро ба кишти пунба ихтисос диханд. Вакте ки кишоварзон талош кардаанд чизи дигаре бикоранд, макомот ва ширкатхо бо бастани иттихоми накзи карордод ба дехконхо заминхои киштаи онхоро шухм задаанд. Ин достонро худи дехконон таъриф мекунанд.

Дар авоили имсол, замоне ки ошкор шуд, ки давлати Точикистон захоири арзии вокеъии худро аз Сандуки Байнулмилалии Пул пушида нигох доштааст, то 240 милюн дулор кумаки хоричиро ба ширкатхои пунбафурушй ихтисос дихад, ахамияти пунба барои иктисоди Точикистон барчаста шуд.

Ин чанчол замоне иттифок уфтод, ки Точикистон дар чанги зимистон дасту по мезад ва бухрони набуди гармиву барк кишварро фалач карда буд. Бисёре аз коршиносони гарбй он бухронро нишоне аз беъурзагй ва бекифоятии давлати Точикистон арзёбй карданд. Дар паи чанги дохилии фалачкунанда дар дахаи 1990 дихишгарон (кумаккунандагон)-и байнулмилалй садхо милюн дулорро ба ин кишвар ворез карданд, аммо акнун ба ин хатти машй бо дидаи тардид менигаранд.

Карлос Пинеруа, як макоми Сандуки Байнулмилалии Пул, ки дар гузашта масъули барномахои марбут ба Точикистон буд, дар як гуфтугуи телефунй гуфт, ки точикхо бояд акнун захмати бештар бикашанд, то эътимоди аздастрафтаи байнулмилалиро дубора ба даст оваранд.

Бо ишора ба ин мавзуъ, ки точикхо таи беш аз дах соли ахир борхо ба Сандуки Байнулмилалии Пул дуруг гуфтаанд, окои Пинеруа афзуд: «Мо бояд бибинем, ки чи гуна метавон ба ин кишвар кумак кард. Точикистон узви Сандуки Байнулмилалии Пул аст, аммо тахсиси пул ба ин кишвар кори бисёр душворе хохад буд.»

Акнун ки захирахои арзии Точикистон ба сифр наздик шудааст, ин кишвар нисбат ба таконхои иктисодй, ба монанди бухрони эътиборй (кредитй)-и кунунй, бисёр осебпазиртар аст. Нокоромадии давлат ва фасоди фарогири давлатй тасвирро боз хам печидатар мекунад.

Яке аз намунахои боризи он сарнавишти Муродъалии Алимардон, раиси пешини бонки марказист, ки дар калби чанчоли бидехй (карз) карор дошт. Окои Алимардон на танхо аз макомаш барканор нашуд, балки иртикои маком ёфт ва муъовини нахуствазир шуд ва ислохоти кишоварзй хам тахти тасаддии у карор гирифт.

Имсол давлати Точикистон фармонеро содир кард ва ба кишоварзон замонат дод, ки метавонанд дар заминхои худ хар чиро дуст доранд, бикоранд. Фарход мегуяд, дар 12 хектор аз 16 хектор заминаш пунба коштааст ва дар бокимондаи мазраъа базрхои дигар.

Дехконони дигар мегуянд, ки хадди нисоб (квота)-и пунба сари чои худ бокист, харчанд акнун он камтар аст ва худуди 70 дарсади мазореъро ташкил медихад.

Аммо андак касе дар ин чо ба фармони давлат эътимод дорад. Фарход мегуяд: «То кунун онхо аз тарбузхои ман эроде нагирифтаанд, аммо бояд мунтазир монду дид, ки чи хохад шуд.»

МУРТАБИТ:
Обу шодобй

No comments: