Гуфтугуи телефунй бо Додочони Атоуллох дар Порис
Додочон: Ал-он ман дар Порис хастам. Рузе, ки ман меомадам, аз манзил то фурудгох як гурух дустони олмонй, аз чумла аз Шабакаи аввали телевизюни Олмон маро то фурудгох гусел карданд ва то парвози хавопаймо дар фурудгох монданд. Ин як дастгирии маънавй буд ва талоше буд, ки агар хукумат ё нерухои амниятию интизомии Точикистон максади баде доштанд, ё дар Русия, муваффак нашаванд.
Пурсиш: Дар сухбатхои гузаштаи шумо бо расонахо баъд аз боз шудани парвандаи чиноии тоза алайхи шумо эхсос мешуд, ки шумо як андоза нигарон хастед. Дуруст аст?
Додочон: Бале.
Пурсиш: Пас чи тавр шумо чуръат кардед ба фурудгох биравед?
Додочон: То эъломи хабари боз кардани парвандаи чинойи аз Точикистон борхо хабар расида буд, ки гуруххои махсус ба Маскав омадаанд ва маро чустучу мекунанд. Тайи ду мохи ахир зиндагии ман зиндагии пинхонй буд. Хатто чои зистамро иваз карда будам ва кушиш мекардам, ки дар шахр камтар пайдо шавам. Вале гайр аз берун омадан аз Маскав дигар илоче надоштам. Чун мо медонем, ки дар Маскав нерухои амниятию интизомии Точикистон худашонро бидуни чазо эхсос мекунанд ва хар коре мехоханд мекунанд. Одамрубойи барояшон як кори одй ё суннат шудааст.
Пурсиш: Шумо аз фурудгох бидуни мушкил рад шудед ва касе чилави шуморо нагирифт?
Додочон: На. Дар фурудгох хам шояд будани кормандони телевизюни Олмон, ки бо дурбин филмбардорй мекарданд, кумак кард. То гузаштани ман аз гумруку марз ва то замони парвоз дар фурудгох буданду филмбардорй мекарданд. Билет хам дар огоз ба номи каси дигар буд. Ман онро дар фурудгох тагйир додам. Чун намехостам пеш аз парвоз номам дар компютерхо зохир шавад.
Пурсиш: Олмонихоро шумо даъват карда будед, то шуморо хамрохй кунанд?
Додочон: На. Вакте ки Руйтерзу Ассошиэйтед Прессу дигар расонахо хабар дода буданд, онхо огох шуданд. Баъдан ба ман ваъда карданд, ки хар кумакеро, ки лозим аст, хохем кард, то туро ин чо расман боздошт накунанд. Дар гузарнома (травел документ)-и олмонии ман ба забонхои инглисй, олмонй ва фаронсавй навишта шудааст, ки ба асоси конвенсиюни Созмони Милал аз июли 1951 хеч кишваре хак надорад, ки маро ба кишваре дигар супорад.
Пурсиш: Хелехо интизор доштанд, ки шумо ба Олмон хохед рафт. Чун дар Олмон хакки панохандагй доред ва мадраки олмонй дар дастатон доред. Вале шумо холо дар Порис хастед...
Додочон: Бале, ин хам ба хотири бехатарй буд. Мо гумон мекардем, ки шояд онхо интизор дошта бошанд, ки ман аз парвозхои Олмон истифода мекунам... Хамбург, Берлин ё шахри дигари Олмон. Вале ман ба манзури ин ки онхоро гумрох кунам, ба Порис омадам. Ман пештар хам диду боздидхоеро дар Порис барномарезй карда будам.
Пурсиш: Оё ин диду боздидхо хама марбут ба Точикистон аст?
Додочон: Бале. Бо баъзе сиёсатмадорон, диплумотхо, хабарнигорон, созмонхои гайридавлатии Фаронса. Баъд аз ин ният дорам, ки ба Вйян сафар кунам, баъд аз Вйян ба Бруксел, баъд ба Хамбург.
Пурсиш: Шояд дар Хамбург мондагор шавед, на?
Додочон: Бале. Шояд як муддат, то ин сарусадохо хомуш шаванд, дар Хамбург бошам.
Пурсиш: Ба назари худи шумо, чаро давлат якбора тасмим гирифт, ки парвандаи чинойии тоза боз кунад алайхи шумо?
Додочон: Ба назари ман, далели аслии он тарс ва танхо тарс аст. Зимистони соли гузашта Точикистон як деги чушидаро ба ёд меоварад. Агар ёдатон бошад, аввалин бор дар соли гузашта чандин гирдихамойии кучак баргузор шуд, занону пирмардон эътироз карданд, тазохуроте, ки дар шахрхои гуногуни Точикистон, дар Душанбе баргузор шуданд, махсусан эътирозе, ки дар Бадахшон анчом гирифт ва давлат чи кадр талош кард чилави онро бигирад... Сабаби дигари он марбут ба харакати «Ватандор» аст. Онхо гумон мекарданд, ки дар паси хар як эътирозу тазохурот «Ватандор» меистад. Вокеъан, бисёр одамони машхури Точикистон, аз чумла аз хукумат, вазирон, вазирони собик ё фармондехони собик, хабарнигорон ва рахбарони харакатхои сиёсиро ба кумитаи амнияти миллй даъват мекарданд ва мепурсиданд, ки оё бо Додочони Атоуллох робитае доред ё на, бо у хамрох хастед ё на...
Пурсиш: Оё нигаронихои онхо вокеъият дошт? Оё шумо вокеъан дар он ходисахо даст доштед?
Додочон: На, ман аслан ба ин чизхо дахл надоштам. Вале мусохибахо дар рузномахо, ба вижа дар матбуъоти хорича ва Русия онхоро сахт тарсонда буд. Ва хамин эхсоси тарс инхоро мачбур карда буд, ки ба ин кор даст зананд. Дуввум ин ки, ба гумони ман, вактхои ахир робитахо миёни Рахмон ва Маскав дорад дубора баркарор мешавад. Шояд касе аз суи Маскав ба Рахмон ваъдаи боздошти маро дода бошад. Агар ин тавр намешуд, хукумати Точикистон пешакй бо ихтиёри худаш ба рузноманигорон хабар намедод, ки мо парвандаи чинойи боз кардем ва рузхои наздик фалониро ба Точикистон мебиёранд...
Пурсиш: Ва холо касд доред чи кор бикунед? Хамон барномахоеро, ки доштед, идома хохед дод ё на?
Додочон: Хатман. Аммо мехохам дар идомаи сухбати каблй бигуям, ки матбуъоти Точикистон баъд аз як давраи хомушй таи як соли ахир каме часорат пайдо карда буд, хам дар хорич ва хам дар дохил хабарнигорон ба баррасии мавзуъхои магу пардохтанд, аз чумла ба хонаводаи президент, чанчолхои хонаводагии президент, фасод дар сатхи боло, додгохи Ландан, ки хукумати Точикистон факат барои вакилони мудофеъаш 140 милюн дулор сарф кардааст, дар холе ки аз кишвархову созмонхо 20 милюну 30 милюн гадойи мекунад... Ин чизхо вакте ки дар матбуъот пайдо шуданд, боз кардани парванда алайхи ман хушдоре ба хабарнигорони даруну берун буд, ки дасти мо дароз аст ва то шумо хам мерасад.
Дар ин маврид ки оё фаъъолиятхои худамро идома хохам дод ё на, вокеъан, ман вокуниши хукумати Точикистонро интизор доштам, ки бархурди он бо хар инсони халлок ва озодандеш хамин аст. Хукумате, ки вакте ки ба сари кудрат омад, хабарнигоронро душмани худ дониста буд. Дар пеши назари ман хануз чехраи он хафтод нафар хабарнигори точик, ки дар ахди салтанати Рахмон ба катл расиданд, хаст. Ё он хабарнигороне, ки хонаву дари худро тарк карда ба кишвархои дигари дунё сафар карданд, бехтарин журналистони точик, журналистоне, ки вокеъан хам хунар доштанд, хам озодандеш буданд, Точикистонро тарк карданд. Ин идомаи хамон сиёсат ва муносибати хукумати диктотурии Точикистон бо демукросй, озодии сухан, озодандешй ва озодй аст.
Пурсиш: Вале оё фикр мекунед, ки аз Фаронса ё Олмон садои шумо ба гуши Душанбе хохад расид ва иртиботи шумо бо мардум дар Точикистон хифз хохад шуд?
Додочон: Вокеъан, садои мо аз Урупо ба Точикистон камтар мерасад ва аз Русия зудтару бештар. Чунки дар Русия беш аз 2 милюн шахрванди Точикистон кору зиндагй мекунанд. Яъне такрибан ними ахолии фаъъоли Точикистон. Омузгорону табибону мухандисон ва одамоне, ки метавонистанд асоси як харакати муковиматро ташкил кунанд. Тарси хукумат хам хамин буд, ки ман дар Русия хастам ва мустакиман бо диаспораи точикй ва мардуми Точикистон робита дорам. Дигар ин ки байни Точикистону Русия режими бидуни виза (раводид) амал мекунад ва бисёр одамон меомаданду мерафтанд ва мо бо онхо дидор доштем. Ба назари ман, аз хамин диду боздидхои мо дар Маскав бо сиёсатмадорони Точикистон, хатто бо одамоне, ки дар хукумати Точикистон кор мекунанд, Рахмон огох буд ва ба хамин хотир парвандаи чинойи гушод. Инхо соли гузашта такрибан ним сол наздиктарин одамони Рахмон бо ман гуфтушунуд доштанд, дар бораи бозгашт ба Точикистон. Яъне таслим шудан ва як маком гирифтан ё ба кимати гарон барои онхо фурухта шудан ва ба дахон куфли хомушй задан. Вакте ки ин чизхо амалй нашуд, инхо ин рохро пеш гирифтанд. Бадтар аз хама ин аст, ки ба «Чароги руз» аз доирахои расмй ва ниходхои амниятию интизомии Точикистон ахбор медоданд ва асрору розхои нихони хукуматро мегуфтанд. Хукумат, аз чумла додситони кул Бобочон Бобохонов гуфтааст, ки «Ин вазифаи нангу номуси мост, ки хатман уро дастгир кунем».
Таи 17 сол муносибати Рахмон бо дигарандешон ва мухолифон, бо одамоне, ки зери дафи у намераксиданд, хамин буд, ки ё хабсашон мекард ё ба катл мерасонд ё мачбур мекард, ки тарки ватан кунанд. У хануз аз ин сиёсаташ даст накашидааст. Вале у бехабар аст, ки косаи сабри мардуми Точикистон хам лабрез шуд. Дигар онхо наметавонанд, ки дах ё бист ё хабдах соли дигар ин режимро тахаммул кунанд.
Рахмон имруз перохани «демукротик» ба бар кардааст ва бо кишвархои урупойи хам бозй мекунад. Ва худашро комилан масун ва мучозотнопазир медонад. Худаш шоху табъаш вазир аст. Рахмон чун як хунарпеша дар сахнаи сиёсат хам Русияро гул мезанад, хам Урупову Омрикоро ва факат сиёсати худашро пеш мебарад. Рухи мардум хам дигар шикаста шуд ва дигар ба демукросй, озодии сухан ва озодй, ки замоне дар Точикистон мардум сахт мегаравиданд ва хатто ба хотири озодй бахше аз мардум, аз чумла чавонони Точикистон, донишомузон, равшанфикрон дар хамин рох чони худашонро курбон карданд. Вале имруз гуё хамаи он руйдодхо фаромуш шудааст.
Бадбахтии дигар ин аст, ки агар бокимондаи нерухои демукрот дар Точикистон шикаст хуранд, имкони сад дарсади вуруди Толибони точикй ба арсаи сиёсат ё пирузии онхо вучуд дорад. Ин як насли гумшуда аст. Онхое, ки 30, 35, 40, 45 сол доранд, метавонистанд, ки дар хукумати Точикистон бехтарин вазиру узви порлумону сиёсатмадор бошанд. Аммо мардум дар бораи инхо аслан огохй надоранд. Чун дар кишваре, ки демукросй нест ва диктотурй хаст, аз вучуди ин гуна хубрагону зубдагони ноъайёни миллат мардум огох нестанд. Зеро мардум аз тарики матбуъоти озод, аз трибуни порлумон, гирдихамойи шахсияту зарфияти ин ё он сиёсатмадорро мешиносанд ва арзёбй мекунанд.
No comments:
Post a Comment