Thursday, October 02, 2008

Tajikistan Hopes Water Will Power Its Ambitions

Обу шодобй

Дейвид Л. Стерн
The New York Times


НОРАК, Точикистон – Навиштаи болои тунели обанбори азими Норак дар чануби маркази Точикистон муъчаз аст: «Об хаёт аст». Оби сарду кафккардаи руди Вахш, ки аз зери тунел мешитобад, гуё таъкиди дидорй (басарй)-и ин навишта аст.

Дар Точикистон, ки сарчашмаи беш аз 40 дарсади обхои Осиёи Миёна аст, ин гуфта сирфан як шиъори пешипоуфтода нест. Ин кишвари кухистонй аз саноеъ ва манобеъи табиъие, ки хамсоягонаш доранд, махрум аст. Об аз маъдуди манобеъест, ки Точикистон ба фаровонй дорад.

Аз ин ру раисичумхурй Эмомъалии Рахмон умедхои иктисодии Точикистон ва шояд хатто мавчудияти сиёсии мудовими онро бо зарфияти барки обии кишвар пайванд додааст.

Се тарх дар ин замина ё мавриди ичрост ё дар дасти баррасист. Аз чумла тархи Рогун – неругохи гулосое, ки болотар аз Норак, дар имтидоди руди Вахш карор дорад. Макомоти точик изхори умедворй кардаанд, ки беш аз 20 адад неругохи обй ва садд бисозанд.

Аммо барои расидан ба ин орзу мавонеъи бузургеро бояд пушти сар кард. Точикистон дар минтакаи ларзахез вокеъ аст ва обанборхо бояд тавре сохта шаванд, ки заминларзахоро тоб оваранд. Интизор меравад макомот асароти зистмухитии эхтимолии ин тарххоро биомузанд, то мабодо гиёхону чондорони минтака дар маърази хатар карор бигиранд.

Афзун бар ин, давлати Точикистон, ки зери бори гарони бидехй (карз) хам шудааст, бояд сармояи хоричии хангуфтеро пайдо кунад, то неругоххоро бисозад. Рузи чахоршанбе кишвари Чин дар мавриди сохтани неругохи 300-милюн-дулораи Нуробод-2 бо зарфияти 160 то 220 меговот мувофикат кард. Аммо ба гуфтаи макомоти точик, эхдоси Рогун ба танхойи 3.2 милёрд дулор хазина хохад дошт.

Аз суи дигар, мумкин аст ин тарххо дар даштхои Осиёи Миёна сиёсати обро печидатар кунад. Кишвархои болообу поиноби минтака пайваста дар мавриди нахваи истифода аз об бо хам мучодила доштаанд.

Дар ин чо майдонхои пахновари пунба обёрй мешавад. Пунба аз мухимтарин сарчашмахои даромади ин сарзамини умдатан кишоварзист. Норак, ки бо 300 метр баландй баландтарин садди чахон аст ва аз тарххои обрумандонаи Иттиходи Шуравй махсуб мешуд, барои бештари чамъияти хафтмилюнаи Точикистон маънои нуру равшанойи ва гармову сармост. Чун такрибан хамаи ниёзи кишвар ба энержй тавассути хамин неругох бароварда мешавад. Норак хамчунин ба корхонаи алюминиюми Талко – бузургтарин муассисаи санъатии кишвар барки арзон медихад.

Он гуна ки пешбинй шуда, карор аст садди Рогун 30 метр баландтар аз садди Норак бошад.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносону диплумотхои гарбй, ки бо таваччух ба хассосияти мавзуъ нахостанд номашон зикр шавад, харчанд дар холи хозир авзоъ нисбатан басомон ба назар мерасад, мумкин аст дар оянда Точикистон ба як кишвари нокому варшикаста мубаддал шавад. Кишвар хануз аз балоёи чанги дохилии дах сол пеш ба куллй рахо нашудааст. Ганчинаи давлат такрибан холист ва давлат кодир нест ниёзхои аввалияи мардумашро бароварда кунад.

Зимистони гузашта, замоне ки дамои хавои зери сифр дарача фишори азимеро бар неругохи Норак эъмол кард ва саранчом онро ба хок нишонд ва кишварро гирифтори сармову торикй кард, вазъияти ногувори давлат комилан ошкор шуд. Аз диди макомоти гарбй, ки дар Точикистон кор мекунанд, вазъияти изтирории соли гузашта нокоромадии давлатро бармало кард.

Як корманди як созмони гайридавлатии омрикойи, ки салохияти сухбат бо расонахоро надошт ва тарчех дод номаш зикр нашавад, гуфт: «Далели аслии он бухрон сармои зимистон набуд. Сармо шароити бухронро фарохам кард, аммо далели бурузи бухрон суимудирият (мудирияти бад)-и музмин (хроникй) буд.»

Давлати Рахмон умедвор аст, ки хамаи гирифторихои марбут ба барки Точикистон бо сохтани обанборхои нав бартараф шавад. Неругоххои нав на танхо ниёзи Точикистон ба баркро таъмин хохад кард, балки ба кишвар имкон хохад дод, ки неруи баркро ба хорич содир кунад.

Чон Морган – як макоми созмони имдодрасонии омрикойии Usaid ва коршиноси энержй гуфт: «Ин идеи хуб аст – неруи обй аз маъдуди манобеъест, ки Точикистон дар ихтиёр дорад ва метавонад аз он бахрабардорй кунад. Барки Точикистон метавонад ба Афгонистону Покистон хам содир шавад, ки хар ду ба энержй ниёз доранд; ва хамин тавр ба дигар кишвархои Осиёи Миёна.»

Барои намуна, ба гуфтаи макомоти неругохи Рогун, ин неругох худуди 13 милёрд килувот соъат барк дар сол тавлид хохад кард, ки бо беш аз 80 дарсад аз миёнгини масрафи солонаи кишвар баробар аст. Зимистони гузашта неругохи Сангтуда-1 огоз ба кор кард. Харчанд он муваффак нашуд гирехи бухрони энержиро бигушояд, аммо дар кутохмуддат ин неругох метавонад бахше аз таклифи гарони таъмини энержиро анчом дихад.

Аммо сармоягузорони хоричй дар мавриди Точикистон бадгумон шудаанд. Дар холе ки сармоягузорони инфиродй рискпазиртаранд, созмонхои дихишгар (кумаккунанда) ва бонкхо бо мулохизаву эхтиёти бештар бо Точикистон бархурд мекунанд. Гузашта аз нокоромадй ва фасоди роич дар давлат, ки дар чараёни бухрони зимистони гузашта ошкор шуд, Сандуки Байнулмилалии Пул ахиран эълом кард, ки дар зарфи дах соли гузашта Точикистон шаш бор дар бораи захоири молиаш гузориши галат додааст. Давлат аз мардуми Точикистон хостааст, ки довталабона дастмузди якмохаи худро ба сандуки эхдоси неругох ворез кунанд. Аз ин рох метавон 10 милюн дулор чамъоварй кард.

Мушкилоти марбут ба об низ бояд халлу фасл шавад. Ихтилофи дидгоххои кишвархои Осиёи Миёна дар мавриди чигунагии таксими оби минтака аз печидагй ва зарфияти низоъофаринии шабехи мушкили об дар Ховари Миёна бархурдор аст. Кишвархои поиноб, ба вижа Узбакистон, мусиррона бо накшахои Точикистон барои эхдоси неругоххо мухолифат кардаанд. Ба гуфтаи тахлилгарони гарбии умури диплумотик, ин ду кишвар саргарми чанги сарди эъломнашудае хастанд.

Узбакхо, ки ба хотири пунбазорхои васеъашон ба оби фаровон ниёз доранд, мегуянд, ки обанборхо бо анбоштани об дар тобистон ва рахо кардани он барои тавлиди барк дар зимистон чараёни об дар минтакаро мухтал хоханд кард.

Макомоти точик муътакиданд, ки баръакси ин казия сидк мекунад ва обанборхо тавзеъи обро ба нахви бехтаре танзим хоханд кард: об дар зимистон анбошта ва тобистонхо рахо хохад шуд.

Ба бовари бархе дигар аз тахлилгарон, Узбакистон, ки ба Точикистон барк содир мекунад, намехохад ахрум (фишанг)-и фишор бар хамсоягонашро аз даст дихад.

Як диплумоти гарбй дар шахри Душанбе гуфт: «Казия аз ин карор аст, ки хар андоза шумори неругоххо дар Точикистон бештар шавад, кунтрули точикхо бар оби минтака афзоиш хохад ёфт ва ин чизест, ки узбакхо аз он бим доранд.»

No comments: