Хамвандони нави торнигористони мо
Муддатест, ки мехохам вуруди ду торнигори нозанин ба Торнигористони точикро ба мову шумо шодбош бигуям, аммо зохиран фурсати он хамин имшаб аст.
«Чароги рузгор» дар мухити кучаки мо ибтикорест тоза. Набиюллохи Суннатй бо гирди хам овардани рузноманигорони чавону кухнакор талош кардааст чои холии рузномахои точикй дар фазои интернетиро пур кунад. Матлабхои ин торнигор ба калами афроди гуногун таъаллук дорад, ки хондани онро чолибтар мекунад. Аз навиштахои чавонон аз ин чумлаи Фирдавси Аъзам хушам омад, ки мегуяд: «Агар Садриддин Айнй зинда мебуд, шояд ҳатман аз рузгори донишчуёни имрузй повести хубе бо номи «Ғуломони безанчири асри 21» менавишт.» Манзур донишчуёне, ки дар пунбазорхо комат мешикананд.
Дар «Чароги рузгор» тасвирхои диданй хам хаст. Ба монанди портреи азими Рахмон дар хиёбони Камоли Хучандии шахри Хучанд, ки чандин хонаи як сохтмонро аз нур махрум кардааст. Чун ин тоблу ба сабки шуравй дуруст руи панчарахои як сохтмон насб шудааст. Рахбаре, ки на танхо ба мардум нур намедихад, балки нури табиъиро хам аз мардумаш дарег медорад...
Барои «Чароги рузгор» равшаноию равшангарй таманно дорам.
Торнигори дигар «Сухансаро»-и Мусофир аст, ки меъодгохи зебои дусторони дурри дарист. Албатта, агар бо дабираи порсй миёнаи хубе дошта бошед. Чакомахои Мусофир хамагй буи механ медихад ва саршор аз дарди бепоёни ин миллати овора аст. Мусофир берахмона лояи хобу хиёлро аз перомуни рузгори мо меканад ва намои лухту урёни онро намудор мекунад:
Ва зиндагй хиёл буд, фасона буд
Зи хештан гурехтан ва сохтан ба нагмаи замона буд
Ва дустиву дустону дуст доштан
Хама, хама бахона буд, бахона буд
Ва вакти ракси руспии зиндагй
Садояки хазини шеъри ман тарона буд
Дар ибтидо замину осмону одамон
Ба чашми содабини ман
Намои шоъирона буд
Ва акли фозилона буд
Ва фазли окилона буд
Ва ишки содикона буд
Ва сидки ошикона буд
Кунун ки тай намудаам тамоми он тарику роххо
Китоби зиндагии ман шуда китоби иштибоххо...
Умедворам, ки рохи Мусофир ба дур аз чоххо бошад ва зури каломаш хамсанги зури сипоххо бошад ва пайваста шиканандаи хумори шоххо бошад.
Кудуми хар ду руи чашм.
No comments:
Post a Comment