Рузгори як рузноманигори точик
Фарходи Пойдор
Хануз суроги догтарин хабархои Точикистонро бояд аз матбуъоти хоричй гирифт. Чун хамчунон аз бозтоби хабархои «хассос» дар матбуъоти мо хабаре нест.
Шояд ман ба унвони хабарнигори як расонаи хоричии мукими Точикистон дасту боли бозтаре дошта бошам ва дар пушиши ин навъ руйдодхо чуръат ба харч медихам. Аммо расонахои дохилии кишвар ба ин озодии амали мо гибта мехуранд (хасад мебаранд).
Сукути матбуъоти дохилй вобаста ба иродаи дастандаркорони он нест. Далели аслии он тарс аз пардохтан ба мавзуъотест, ки ба гунае бо сиёсати давлат ва рахбари давлат ва хонаводаи у гирех мехурад. Хабарнигорон ин тарсро аз чанги дохилии панчсола (1992-1997) ба ирс бурдаанд.
Харчанд аз поёни чанг 11 сол мегузарад, аммо хотироти катли рузноманигорони саршиносе чун Мухйиддини Олимпур, Хайдаршох, Чумъахон Хотамй, Отахон Латифй ва дар кул беш аз 70 хабарнигор таи он солхои хунин хануз дар зехни мо тоза аст ва хукумате, ки дар паи он чанг сари кор омад, хамчунон бокист.
Бо истикрори сулху субот нахваи фуру нишондани садои рузноманигорон иваз шуд. Ин чо аз ду руйдод ёдовар мешавам.
Дар тобистони соли 2006 адами баргузории кунсерти Ораш – овозхони эронии мукими Урупо дар Душанбе дар рузи мавъид боъиси бурузи нооромихои ичтимоъй шуд. Мо дар ин бора гузориш тахия ва пахш кардем ва чанд акс аз бесарусомониро дар торнамо мунташир кардем. Баъд аз он мачбур будем барои такрибан се мох ба пурсишхои мукаррари маъмурони додситонй посух бидихем, ки он аксро кй гирифта буд ва чи гуна он ба матбуъоти Душанбе дарз кард. Хушбахтона, кормаон ба додгох накашид, аммо муваззаф будем хафтае се то чахор бор кори дафтарро рахо кунем ва дар дафтари истинтоки додситонй хозир шавем.
Руйдоди дигар хам такрибан мушобех аст. Дар баробари сохтмони додгох чанд тан норозй овезахо дар даст шиъор медоданд ва додрасонеро ба ришвахорй ва судури хукмхои номунсифона муттахам мекарданд. Боз хам гузориши мо хамрох бо акс дар торнамо мунташир шуд ва дардисари тозае барои мо офарид. Барои муддате дигар тахти фишори борони суолхои додрасхо карор доштем: «Шумо аз кучо медонистед, ки карор аст ин одамон дар баробари додгох гирди хам оянд? Кй ба шумо хабар дода буд? Шояд аслан худи шумо созмондихандаи эътирозот бошед? Шумо оё мухолифи оромиш дар кишвар хастед?» ва гайра.
Фишору пурсучуи мутаъокиби пушиши руйдодхои кишвар хабарнигорро бимнок мекунад ва уро во медорад, ки дигар дар паи анчоми рисолати худ набошад, балки бо пахшу нашри матолиби бехосият ва бедардисар кори худро идома дихад. Дар натича, дар миёни рузнонманигорони Точикистон падидаи худсонсуриро метавон беш аз пеш мушохида кард. Хабарнигор метавонад аз як руйдод ба хубй огох бошад, аммо тарчех медихад онро дар дафтари хотироташ бинависад, на дар рузнома.
Нашрияхое ба монанди «Неруи сухан» ва «Рузи нав» талош карданд тилисми тарсро бишкананд ва матолиби номутаъориф (гайриъодй)-е мунташир карданд. Пас аз муддате яке пас аз дигаре баста шуданд. Хеч чопхонаи кишвар хозир ба интишори ин хафтаномахо набуд ва чопхонае хам ки чуръат кард мутамарридона онхоро чоп кунад, баста шуд. Дар паи он аксари нашрияхо хавзаи фаъъолияти худро ба дур аз сиёсат ё ба дур аз хукумат таъйин карданд. Мутаъокибан шумори хонандагони нашрияхо низ кохиш ёфт ва акнун тирожи хамаи нашрияхои Точикистон зери 10 хазор нусха аст. Далели он ручуъи камтари хафтаномахо ба масоил ва мавзуъоти мухимми руз аст.
Касодии бозори матбуъот дастмузди рузноманигоронро низ ночиз кардааст. Имруза миёнгини даромади як рузноманигори дохилй дар Точикистон зери 250 дулор дар мох аст, ки барои зиндагии мутавассит кофй нест.
Ниходхои давлатй бино ба дастури раёсати чумхурй нишастхои семохона баргузор мекунанд ва агар дар хилоли ин се мох бо мавзуъе ба вазоратхонае мурочеъа кунам ва дунболи посухи пурсише бошам, маъмулан посух ин аст, ки хамаи масоил дар нишасти хабарй баррасй шуда ва то нишасти оянда бояд мунтазир бимонам. Гох гирифтани таъйиди як хабари кучак рузи маро шаб мекунад. Ин авзоъ бо худуди 17то 18 сол пеш кобили мукоиса нест; замоне ки вазирону вакилонро мешуд ба рохатй дар баробари дурбин ё руи сафахоти рузнома ба чолиш кашид ва мучозоте хам надид.
Акнун Точикистон пур аз муъзалотест, ки бахсу баррасй мехохад. Аммо ононе, ки мехоханд аз вокеъияти умур огох бошанд, мачбуранд ба манобеъи интернетй ва расонахои хоричй мутавассил шаванд.
Тарс ва худсонсурй мухтасси рузноманигорон нест. Борхо намояндагони мачлис ва макомоти баландпоя пас аз гуфтугу бо ман хохиш кардаанд, фалон бахши сухбаташонро хазф кунам, то барояшон дардисар насозад. Он бахши гуфтугу голибан ховии интикоди талвехй (пушида) аз макомоти болотар буд.
То замоне ки ин тарс бокист, орзуи озодии матбуъот барои Точикистон гайривокеъбинона аст.
Ёддошти Як Дарвеш: Ин навиштаро имруз дар миёни «когаз»-хои дичитолам пайдо кардам. Аз дарёфташ замоне гузаштааст, аммо авзоъ хамон аст, ки буд.
No comments:
Post a Comment