Tuesday, September 23, 2008

The Language of Progress

Забони пешрафт

به دبيره پارسی

Чи вижагихое забони инглисиро забони мудерният карда ва чи гуна метавон забони порсиро забони пешрафт сохт? Китоби нави Дориюши Ошурй талошест барои посух додан ба ин пурсишхо.

Харгиз эхсос кардаед, ки муъодили порсии як вожаи инглисй ба вижа дар мавзуъе илмй маънии мавриди назарро ба дурустй адо намекунад? Ё шояд дорои бори маъноии фузунтар аз мафхуми мавриди назар аст ва дар мавориди фаровони дигар хам ба кор меравад ва диккати мазмунй надорад? Дар натича тарчех медихед ё хамон вожаи бегонаро ба кор бибаред ё дар канори муъодили порсии он паронтез (кавсайн)-е боз кунед. Ин чост, ки ба такалло (дасту по задан)-и забони порсй дар баробари пешрафти илмию фаннии чахони мудерн пай мебарем ва бархе ба фикри сохтану пардохтани вожагоне тоза барои адои маънои вижа меуфтем; вожагоне, ки нудратан чо меуфтанд ва голибан бекорбурд мемонанд.

Дориюши Ошурй дар паи 40 сол омузишу пажухиш китоби кучак, аммо пурмухтавое навишта бо номи «Забони боз», ки магзи каломаш баёни хамин гирифторию парешонии забонхои пешомудерн (вопасмонда)-е чун забони мост ва талошест барои гушудани дархои бастаи он ба руи мудерният (modernity). Манзури Ошурй аз «забони боз» забонест, ки ба руи забонхои фародаст (пешрафта)-и дигар боз аст ва аз онхо мояхои вожагонй ва хатто дастурй мегирад. Забонхои мудерне чун инглисй, фаронсавй ва олмонй забонхоеанд, ки бистари пешрафти мудерниятро густардаанд ва махалли бозтоби дастовардхои илмию фаннии мудерн будаанд. Боз будани ин забонхо марбут ба торихи фарханги Урупост.

Барои намуна, забонхое чун фаронсавй ва инглисй дар тули торихи тахаввулашон аз забонхои таркибй ё чехргард ба забонхои тахлилй табдил шуданд. Яъне мафхумхои тоза дар ин забонхо маъмулан аз рохи сохтани таркибхои вожагонии тоза бо истифода аз захоири бумии онхо сурат намегирад ва вожахо хам дар онхо дар холоти мухталиф тагйири шакл намедихад ё поёнахое намегирад, балки маъно аз тарики назму сомони вожахо иблог мешавад. Аммо боз мондани ин забонхо ба руи забонхои таркибии клоссики юнонй ва лотинй ниёзи густардаи инглисй ва фаронсавй ба вожагони мудернро бароварда сохтааст. Мафхумхои тоза дар ин забонхо ба осонй бо канори хам гузоштани ситок (реша)-хо ва вандхо (пешванду пасвандхо) аз он ду забони бостонй сохта мешаванд ва сипас ба забонхои дигар, аз чумла забонхои «фурудаст» ё ру ба тавсеъа рох меёбанд.

Яке дигар аз далоили ру овардани забонхои фародаст ё пешрафта ба забонхои дигар барои сохтани вожахои нав пархез аз корбурди вожагони худист, ки дорои бори арзишй ва фархангии хос аст. Масалан, вожаи «чашмпизишк» дар забонхои инглисй ва фаронсавй “oculist” (oculiste) аст, баргирифта аз oculus-и лотинй ба маънои «чашм». Дар натича, ин вожа танхо дар мавриди як мафхуми бахусуси илмй ба кор меравад ва аз нихояти диккати мазмунй бархурдор аст. Аз суи дигар, бо истифода аз имкони таркибсозии забони лотинй метавон аз он терм (истилох)-хои илмии тозае чун oculography (чашмнигорй ё илми таъйини мавкеъият ва нахваи харакати чашм)-ро сохт. Барои сифати «чашмй» ё «басарй» низ дар чорчуби илми пизишкй ба хамин шеваи лотин ocular-ро сохтаанд ва дар он аз муъодилхои бумии вожаи «чашм» хабаре нест.

Вуруди вожагони вомгирифта аз забонхои дигар падидаи тозае нест ва дар хамаи забонхои чахон вучуд дорад. Забони порсй хам тайи даврае мавриди хамлаи беамони вожагони арабй вокеъ шуд ва ин юриши вожагонй хатто бар дастури забони порсй то чое асар гузошт. Аммо ба бовари Дориюши Ошурй, забонхои мудерн тавонистанд аз ин робита бо забонхои клоссик барои вожасозии меконикй ва густариши забон ба нахви хоссе ва бо рафтори хоссе бахрабардорй кунанд, дар холе ки дар забони мо вуруди бесарусомони вожагони бегона нудратан мафхумхои тоза ба вучуд оварда ва маъмулан чойгузини вожахои бумй шудааст.

Аз ин ру Дориюши Ошурй, бо ин ки хаводори сарасозии мутлаки забон нест ва онро номумкин медонад, дар айни хол хостори камтар кардани бори вожагони арабй дар забони мост. Зеро порсй беш аз андозаи зарурй аз арабй вом гирифта ва ин хакикат боъиси печидагии бехуда ва аз нафас уфтодани забони порсй шуда ва созукор (меконизм)-хои иштикокй ва таркибии худи забон фаромуш шудааст. Афзун бар ин, акнун забони арабй нест, ки мафхумхои тоза меофаринад ва дари забони мо ба руи забони арабй дастикам сад сол пеш баста шудааст. Ин эътикоди Ошурй дар вожахо ва таркиботи китобаш низ бозтоб ёфтааст: «созмоя» ба чои «унсур», «чехргаштор» ба чои «сарфи асомй», «чудоишпазирй» ба чои «тафкику тамйиз», «бархачаспонй» ба чои «талфик»...

Бад-ин гуна, танхо пешрафти текнулужик нест, ки «чахони севвум»-и моро аз «чахони нахуст» чудо кардааст, балки пешрафти забонии онон ва вопасмондагии мо дар ин замина низ дар ин чудойи сахим будааст. Дориюши Ошурй менависад:

«Шикофи текнулужикро агар намоёнтарин вачхи чудогонагии дунёи мудерн ва пешомудерн ё «тавсеъаёфта» ва «тавсеъанаёфта» бигирем ва чандучуни онро дунбол кунем, ба ин нуктаи асосй мерасем, ки ин шикоф агарчи худро ба сурати нохамтарозии азими сатхи тавононии санъатии тавлиди колохову абзорхо ва сохторхои моддй намоён мекунад, дорои зерсохтхои нопайдои зехнй ва ичтимоъию торихии печидаест; зерсохтхое, ки барои зехни бегона бо онхо бисёр деру душвор кашф ва фахм мешавад. Яке аз пояитарин ва балки пояитарини зерсохтхои он зерсохти забонист.»

Яъне бидуни сомонманд кардани зерсохти забонй дастрасй ба пешрафти илмию фаннй хам душвор ва чи басо номумкин аст. Албатта, Дориюши Ошурй бар ин бовар аст, ки забони форсй тавонистааст то худуде худро бо хостахои зиндагонии мудерн созгор кунад, аммо «набуди диди илмии равшан нисбат ба кулли масъала дахолати пурзури авомили хамситези сиёсию идеулужик ва саранчом, нопойдории сиёсию ичтимоъй дар чигунагии вазъи он асари таъйинкунанда доштааст. Ба иборати дигар, забони миллии мо, агар чашме бино барои нигаристан ба он дошта бошем, ойинаест, ки беш аз хар омили дигар ошуби зехнии чомеъаи эрониро дар бархурд бо мудерният боз метобонад.»

Ин ошуби зехнй дар бархурд бо мудерният дар забони порсии Афгонистон ва Точикистон низ ба гунахои хоссе бозтоб ёфтааст. Дар ин бора гуфтугуе доштам бо Дориюши Ошурй, ки ба зудй дар jadidonline.com мунташир хохад шуд.

1 comment:

footballtj said...

http://kp.ru/daily/24169/380752/