Sunday, July 20, 2008

Ideological Bewilderment

Сардаргумии акидатй

Дар гузашта «бисмиллох»-и нависандагонамон гуфтахои зубдаву багузидаи Ленину Морксу Энгелс буд. Дар ин зубда гузидан (интихоб кардан)-хо гохо ба андозае ифрот ба харч медоданд, ки нависандаву навишта бо хам хандахариши хавос мешуданд. Хатто агар карор буд шумои гиёхшинос дар бораи хосиятхои хиёр (бодиринг) матлабе бинависед, ногузир буд аз миёни даххо чилд китоби паёмоварони кумунисм фармудаеро пайдову пиёда кунед ё бисозед: «Ленин хам дар кудакй аз таъми хуши бодиринг лаззат мебурд». Яъне ба гунае бояд навиштаи худро машруъ мекардед, то аз софй (филтер)-и идеулужии хоким бигзарад ва хамзамон симои паёмоварони кумунисмро барчастатар кунад ва харфхои онхоро, валав ин ки беарзиш бошад, дар зехнхо мехкуб кунад.

Имшаб хам чашмам ба ду матлаб уфтод, ки нависандагонашон дар адои «бисмиллох»-и чадид кушиши фаровон ба харч додаанд. То кунун бароям ба ин андоза равшану мубархан набуд, аммо акнун ба назар мерасад, ки «бисмиллох»-и навин шакл гирифтааст ва он «бисмиллох» ба маънии дакики вожа аст.

Саъидалй Тохиров ва Хотами Хомид дар нашрияи «Нури зиндагй» матлабе навиштаанд зери унвони «Тозагии забон – лахни равони ширин». Чи унвон ва чи мазмуни матлаб хокй аз вахомати вазъияти забони порсй дар кишвари мост. Тасаввур бар ин аст, ки нависандагони чустор бо такя ба офаридахои забоншиносон ва ахли фан ба ин мавзуъ пардохта бошанд. Аммо сарогози навишта таъкиде чиддй аз сарчашмае дигар аст:

«Дар сураи Ахзоби Куръони Мачид омадааст :"... аз Худо битарсед ва сухани дуруст бигуед.»

Зохиран дар ин рузхо, хатто агар бихоханд дар бораи кеши пешини мардумони эронй матлабе бинависанд, бояд аз хамин фурмулбандй ва аз хамин «бисмиллох» кор бигиранд. Дар «Эроншахр» матлаби пурмагзеро хондам, ки он хам, намедонам чаро, бояд чунин огозе медошт:


«Худованди бузург дар Куръони азимушшон чунин фармуда, ки: «Ва лакад баъасно фи кулли умматин расулан ан-иъбуду-л-лоха ва-чтанибу-т-тогут», яъне «Харойина мо фиристодем дар хар кавме паёмбаре, то Худовандро бипарастед ва аз Ахриман ичтиноб варзед» (Сураи «Нахл», ояи 35). Хамчунон дар чойи дигар чунин мефармояд: «Ё маъшар-ал-чинни ва-л-инси а-лам-яътикум русулун минкум якуссуна алай-кум оёти ва юнзируна-кум ликоа явмикум хазо?», яъне «Эй тоифаи девон ва мардумон, оё наомаданд паёмбарон аз шумо, ки оёти маро бар шумо мехонданд ва огохатон мекарданд аз ин рузе, ки шуморо дар пеш аст?» (Сураи «Анъом», ояи 129).»

Тасодуф ин чост, ки кабл аз хондани ин ду чустор дар холи анчом додани пажухише дар бораи хирадманди бузурги садаи 20 Олберт Ойнштойн (Albert Einstein) будам. Аз ин марди хирад матлабе гирам омад, ки соли 1930 дар мачаллаи New York Times мунташир кардааст. Чустори пурмухтавое бо номи «Дин ва дониш». Дар поёни дебочаи ин навишта Ойнштойн менависад:

«Бад-ин гуна мо ба дарки чадиде аз робитаи дониш бо дин мерасем, ки аз тасаввури маъмулии он мутафовит аст. Замоне ки як фард ба ин казия аз зовияи торихй нигох мекунад, бино ба далоили равшан, моил аст дониш ва динро ду ракиби созишнопазир бидонад. Касе, ки ба конуни гайхонии сабабият (иллату маълул – причина и следствие) имон овардааст, кодир нест хатто барои як лахза ин андешаро бипазирад, ки хастие дигар дар чараёни руйдодхо дахолат дорад – мусалламан, агар ин фард фарзияи сабабиятро ба ростй чиддй бигирад. Ин шахс дини тарсу бимро бехуда медонад ва ба хамин андоза ба дини ичтимоъй ё ахлокй эътино намекунад. Худое, ки подошу подафрох (мукофоту мучозот) медихад, барои у кобили тасаввур нест, зеро икдомоти як фардро заруратхои берунй ва дарунй таъйин мекунад ва аз ин ру у наметавонад дар чашми Худованд масъули аъмолаш бошад. Рафтори у мушобехи рафтори ашёи ночунбое будааст, ки чараёне бар он ходис шудааст. Аз ин чост, ки илму донишро ба нодида гирифтани ахлок муттахам мекунанд, аммо ин иттихом шоиста ва мунсифона нест. Рафтори ахлокии як фард бояд ба таври корсоз мубтанй бар хамдилй, омузишу парвариш, равобит ва ниёзхои ичтимоъй бошад; ба пояи мазхабй ниёзе нест. Агар карор аст фарде бо тарси мучозот ва умеди подош пас аз маргаш махор бишавад, вокеъан холати низоре хохад дошт. Аз ин ру ба содагй метавон дарёфт, ки чаро маъбадхову калисохо хамвора алайхи илму дониш чангидаанд ва чонсупорони онро таъкиб кардаанд.»

Бузурге дигар, ки аз казо хамкори ман аст, чанде пеш ба зебойи гуфт: «Дар кишвархои мо ашё сайри табиъии худро тай намекунанд.» Дарки ин чумла тааммули зиёде намехохад. Хамин омехтагихои печопеч ва дар пилаи мазхаб рехтани донишу тафаххус аст, ки монеъ аз ин сайри табиъй мешавад. Аз як су зехни сусиёлистй водор мекунад, ки идеулужиро дар дониш биомезем. Аз суи дигар гирифторихои рузгор мардумро ба тахлукаи чустучуи чойгузине андохтааст. Ва он чойгузин тибки маъмул мазхаб аст. Дар ин миён дониш дар пардаи ибхом мемонад ва пушти садде, ки гузаштан аз он кори содае нест.

2 comments:

Anonymous said...

"Бисмиллох"-и навин ва ба маънои калима ин сайри табиъии мархилаи пасошурави аст.Аз номи хамаи динхо гап зада наметавонам аммо агар максуд аз мазхабу кешу дин Ислом бошад он харгиз бо илму мантик ва тахкику тафаххус мушкиле надорад ва хич вакт хам "илм"-ро дар пардаи ибхом намегузорад. Набояд фаромуш кард, ки дар замони зистани мо точикон дар зери хукуматхои мазхаби мо ба бехтарин кашфиётхои илми дар сохахои мухталиф ноил гаштем ва ин, ки Ибни Сино бо Ал-конун,Фороби бо назарияхои фалсафи ва Беруни бо назарияхои нучумии худ машхури олам гашт, низ мархуни хамон давру замонахост.
Хикмат аз катъу буриди чома нест,
Монеъи илму хунар аммома нест
Чоми, Душанбе

D said...

Чомии гиромй,

Агар ин мавзуъро мешуд дар се-чахор чумлае, ки навиштайи, хулоса кард, олам гулистон мешуд. Намедонам то кучо бо навиштахои Имом Газзолй ошно хастй, ки дакикан хамон бузургонеро, ки ном бурдайи, мушрик ва навиштахои онхоро хилофи ислом медонад. Бастагй дорад ба ин ки аз дин чи бардоште дорй. Дар Куръон вожаи "дониш" (илм) борхо омадааст, аммо агар дар он нек бингарй, манзур аз "дониш" дар ислом дониши мазхабист, на донише, ки мову шумо имруза мешиносем. Аз ин ру бузургони пасоисломии мо хамагй аз зехни танги зохидон гилоя кардаанд ва Синои бузург мегуяд:

Дар дахр чу ман якеву он хам кофар
Пас дар хама дахр як мусалмон набувад

Аз торих хам ки бигзарему ба имруз бингарем, мусалмононро банд дар идеулужй ва ба дур аз пешрафти илмй мебинем. Ин вокеъиятро дар матлабе дигар ба калами дуктур Фаррух Салим аз Покистон ба хубй мушохида кардем.