Wednesday, July 30, 2008

Rahmon Creates Dilemma for Millat

Рахмон «Миллат»-ро дар дуроха карор дод

Зохиран, Эмомъалии Рахмон ба бахси хатти порсй нуктаи таммат гузоштааст. Аммо танхо зохиран. Ин бахс хамчунон дунбола хохад дошт, то замоне ки мо ба дабираи худй баргардем. Ба умеди Худо, он руз хам хохад расид.

Аммо нуктае, ки торнигори тозаи "Ойина" руи он ангушт гузоштааст, бароям чолиб аст. Навиштаи Рахматкарими Давлатро дар шумораи каблии «Миллат» хондам ва лаззат бурдам. Дар бораи мавзеъи Иброхим Усмон ва мухолифати у бо бозгашти точикон ба дабираи порсй посухи обдоре дод. Даст меразод!

Аммо акнун ки «сарвари кишварамон мухтарам Эмомъалии Рахмон» дар ин бора назари мушобехе додааст, чаро «Миллат» хомуш аст? Оё намешавад хамон далоилро бо баёне муаддабонатар (бо таваччух ба макоми Рахмон, ки шояд барои бархе мухим бошад) бозчоп кард? Оё наметавон ахамияти бозгашт ба дабираи худиро барои раисичумхурии мо, ки нигарони бесавод мондани худ дар сурати пазириши дабираи порсист, тафхим кард?

Дастикам ба он садрнишин бигуед, ки метавонад то охирин дами салтанаташ ба хамин хатти ачак-вачакии сириллик бинависад, аммо ичоза дихад, ки миллат аз неъмати хар ду хат бархравар бошанд ва як давраи духаттиро таъйин кунад, ки ба гузори тамому комили мо ба дабираи порсй бианчомад. Шумо, ки ба гуши «сарвар» наздиктаред, чаро намесуроед?

Агар хадаф хидмат ба миллат аст, ин аз мухимтарин вазифахои шумост. Пас лутфан камари химматро сахт бибандед, чуръатро дар нихонхонаи калб сурог бигиред ва матлабе дигар бинависед, то шояд Рахмон хам мутакоъид шавад. Албатта, медонам, ки душномхое, ки нисори Иброхим Усмон кардед (ва сазовораш хаст), наметавонад дар он матлаб бигунчад. Харчанд дар сурати тафаввуки виждон метавонад бигунчад. Аммо ба хар руй, акибнишинии ошкори шумо дар ин замина то хадди зиёде хандадор ва риккатангез хохад буд.

Чашмбарохи навиштаи шумо хастем.

No comments: