Байте дар зехнам мепечад, ки фикр мекунам дар яке аз охангхои дилнишини Муъини Исфахонй буд:
Ман ба хокистарнишинй одати дерина дорам
Сина моломоли дард, аммо диле бекина дорам
Холо чаро ба ёди ин байт уфтодам? Чун ман хам ба торона (интернет)-нишинй одате дерина дорам ва гох-гудоре торнамохову торнигорхоро мурур мекунам ва назаротамро дар бораи бархе аз онхо менависам. Мусалламан, на аз руи кину гараз, балки ба умеди рузгоре бехтар бо тористони точикистонии рангинтар.
Имшаб барои нахустин бор торнамои «Миллат»-ро ба хубй, ё ба истилохи бархе аз дустон, синчакунон нигаристам.
Пурсиши баланди «Кй шахсият аст?» дар гушаи рости торнамо бедиранг чалби таваччух мекунад. Хуб, кй шахсият аст, Миллати азиз? Нишони Фравахрро мебинам, ки зераш навиштаанд: «Зардушт» (хамин нигораи боло). Пас он нишон шахсият аст ё Ашу Зартушт, ки тасвирашро намебинем? Ростй, тасвири вахшури эрониро ба осонй метавон дар торона пайдо кард, бо чустучуи андак. Пас бехтар аст дастикам тасвири хиёлии у чойгузини нишоне шавад, ки бино ба фалсафаи Зартушт, бартар аз худи уву хар мирои дигарест – порае аз партави ахуройи, ки дар ниходи хар шахсе хаст ва уро ба пешрафту парвозу суъуд савк медихад.
Ба дунболи он билофосила чашмам дубора ба номи Ашу Зартушт хурд: дар маколаи дуввуми сафхаи нахусти торнамо, ки шиъор медихад: «Зардушт точик набуд. Точикон будойи буданд.» Як сардаргумии дигар. Холо ба кадом як аз ин ду навиштаи руи як сафха бовар кунем? Оё Зартушт шахсияти точикон буд ё набуд? Пас ин зидду накиз бофтанхо чаро? Шояд мавзуъро дар даруни матлаб шикофтаанд.
Матлаби нотамомест ба калами Хайриддини Косимй бо огозе дарднок:
«(Посухе чанд ба мақолаи Варқаи Зайниддин "Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин аст" (Миллат, 19 июни 2008).
Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва матраҳ шудани баҳси ҳувияти миллӣ дар миёни мардумони ин қаламрав, бӯҳрони худбартарбинӣ, таҳқиру носазогӯӣ ба қавмҳо ва пайравони ойинҳои мухталиф, душмансозиву бостонгароӣ ба унвони як бидати нораво даромадааст.
Дар ин бӯҳрони маънавӣ гоҳ-гоҳе рӯшанфикрони Тоҷикистон низ ба баёни дидгоҳҳояшон мепардозанд, ки мутаассифона баъзан бо ифротгароии шадиди миллӣ, тавҳину таҳқир ва таҳрифи воқеиятҳо ҳамроҳ аст. Мисоли рӯшани ин навъ мавзеъгирӣ мақолаи Варқаи Зайниддин аст, ки муаллиф аз фарти миллатдӯстӣ бидуни таваҷҷӯҳ ба воқеиятҳо ва далелҳои таърихӣ, поро аз ҳадди одоби баён ва баҳси илмӣ фаротар мениҳад. Ба далели матраҳ намудани баъзе иддаъоҳои бепоя дар шарҳи рӯйдодҳои таърихӣ ва таҳқиру носазогӯӣ ба арзишҳои эътиқодии мусалмонон зарур донистем, ки ба теъдоде аз масъалаҳои матраҳшуда дар мақолаи Варқаи Зайниддин рӯшанӣ андозем.
(Дар шумораи навбатӣ, интизор бошед)»
Анчомаш хам хамин чост.
Албатта, манзур аз «интизор бошед» «мунтазир бошед» аст ва «бидат» хам хамон «бидъат» аст. Ва хадаф аз «поро аз хадди одоби баён ва бахси илмй фаротар менихад» хам лобуд «фаротар аз хадди одоби баёну гайра калам рондан» аст, чун фикр намекунам, ки Варкаи Зайниддин маколаашро бо по навишта бошад. Ё ба хар руй, «по»-и нависанда дар ин матлаб намедонам чи вазифае метавонист дошта бошад. Ин хам аз хурдагирии забонию баёнии мо.
Аммо Х. Косимй истилохи тозаи чолиберо зарб задааст: «бостонгаро». Харчанд равшан нест, ки ин «бостонгаройи» ба чанд сол махдуд мешавад: 4000? 3000? Ва оё алокаи вофир ба 1400 сол пешро хам метавон шомили ин мафхум донист? Аслан, «бостон» аз кучо то ба кучост? Ва «бостонгаро» яъне чй?
Кутохсухан, ин як тикка тири хаданг, ки аз камони Х. Косимй часта, моро дар гирдобе аз пурсишхои бесару тах меандозаду рахо мекунад. Манзур аз чопи он хам норавшан мемонад. Оё танхо ангезаи бозаргонй ва таблиготй боъис шудааст, ки чунин кутохии веросторй дар торнамо сурат бигирад?
Албатта, дар бораи унвони матлаб, ки барои бисёре аз мухотабони точик тавхиномез махсуб мешавад, хануз чизе наметавон гуфт, чун хадафи нависанда аз гузиниши он хамчунон мубхам аст. Дар вокеъ, андаке бояд мунтазир монду дид, ки манзури дакики нависанда аз «точик набудани Зартушт» чй будааст.
То ин фикрхоро мекардам, тасвири «Кй шахсият аст?» аз Фравахр ба Шох Исмоъили Сомонй тагйир кард. Хамон акси маъруфи хиёлии шохи бузургамон, ки шояд барои хама ошно бошад.
Зимнан, бисёр хушхол шудам, ки Бехрузи Забехуллох комгор шудааст китоби нафисеро зери унвони «Хикмати авлиё» дар интишороти «АВЕСТО»-и Точикистон мунташир кунад. Ин матлаби нахусти сафхаи аслй буд, бо аксе аз Бехруз, ки аз торнигори кашанги «Хонаи дил»-аш бардоштаанд.
Матлаби дигаре, ки мебинем, дар бораи дуди мармузи осмони Душанбе аст бо номи «Паёми Худо ба дустдорони форсй». Форсй? Унвон бароям чолибтар аз мухтавои мутараккибаи навишта буд. Аммо дар худи гузориш аз дустдорони форсй хабаре набуд. Сухбат аз хамон озарахши тобистонии 23 жуие (июл) дар осмони Душанбе аст, ки хелехоро дучори вохима карда. Он тасвир барои шуморе номи «Аллох»-ро мучассам кардааст ва барои шуморе дигар калимаи тулонии шаходатро ва барои гурухи севвум номи «Мухаммад»-ро. Аммо аксе, ки дар торнамо мунташир шуда, як харфи бузурги «М»-и русиро нишон медихад, ки дар канораш гирехи печидае медурахшад. Изхори назархо хама яктарафа аст: хама мутмаиннанд, ки шохиди муъчизае илохй шудаанд. Аз хеч донишвар ё донишманде накли кавл нашудааст. Танхо марчаъи «Миллат» дар ин гузориш «коршиносони масоили динй»-анд, ки ба гуфтаи он, муътақиданд чунин зуҳурот ба иловаи ҳодисаи физикӣ будан ҳамзамон амри динӣ низ ҳастанд ва метавонанд баёнгари ҳаққонияти Худованд ҷалла ҷаллолуҳу бошанд.»
Ба хонанда хиссе даст медихад, ки бо торнамои як хизби мазхабй тараф аст, то як нашрияи миллй. Назари рахбари Хизби Нахзати Исломии Точикистон, ки дар хабаргузорихои русй омад, аммо ин чо ба он ишорае нашуда, мантикитар садо медод. Бештари матолиби умдаи сафхаи нахуст марбут ба мазхабанд ва он хам аз дидгохи такбуъдй ва бидуни таваччух ба назароти дигар.
Акси Рахмонро дидам ва фикр кардам, ки шояд ин бор «Миллат» чуръат карда бошад пуписаеро, ки дар мавриди хатти порсй нисори Иброхим Усмон кард, дар хадди кучактаре бо эхтироми ба маротиб бештар дар пешгохи «сарвар» рехта бошад. Чун дар рузи забон Рахмон суханони Иброхим Усмонро бо шиддату хиддати бештар такрор кард ва гуфт, ки Точикистон ба хатти порсй бар нахохад гашт ва ин андеша мутаъаллик ба дасисачуёни хоричист. Иброхим Усмон мавриди хамлаи шадиди «Миллат» вокеъ шуд. Аммо Рахмон, хамон гуна ки интизор мерафт, садои мухолиферо аз «Миллат» нашунид. Ва ин матлаб хам рабте ба забону хат надорад, балке мадхиягунаест дар васфи Рахмон, ки номи хонаводагиашро дар Наврузи 2007 «точикй» кард ва шуморе аз макомот хам ба таклид аз у ин корро карданд. Фехрести макомоте, ки ба номи хонаводагии пешини худ вафодор мондаанд, зери унвони тамасхуромези «Андешаварзон» омадааст.
Эй кош тагйири зохир дар тагйири ботин накше дошт. Ин хам намунае аз тадовуми зохиргаройии мо. Ангор Рахмон бо тарки пасванди «-ов» ба дарки зарурати эхёи хуввияти порсимон расидааст, ки мавриди тамчиди рузноманигорон вокеъ шавад. Ин корро мешуд танхо дар сурате кард, ки дар Рузи Забон аз забони у суханоне дигар бурун мерехтанд ва ояндаи равшанеро барои забони мо пешгуйи мекарданд, на зулмати гусастагй аз решаву пайванди онро.
«Миллат» на танхо дар дифоъ аз дабира (хатт)-и порсй чизе нанавиштааст, балки дар матлабе дигар талвехан (пушида) афродеро накухиш кардааст, ки мавзуъи хатро матрах кардаанд. Дар ин матлаб мехонем:
«Ҳамчунин, маълум нест, ки ошноии мо бо ҷузъиёти ин қонун (Конуни Забон - ЯД) дар чи сатҳ қарор дорад? Масалан, баҳсҳое, ки имрӯз перомуни алифбо сурат мегирад, ҳамин воқеиятро ошкор месозад. Аз ин баҳсҳо чунин тасаввур мешавад, ки ё тарафҳо бо ин Қонун ошно нестанд ва ё ислоҳоте дар он сурат гирифтааст, ки барои ҷомеаи кишвар маълум нест.»
Аз ин изхори назар чунин бармеояд, ки мо як мушт кавдан хастем ва намедонем, ки тибки ислохоти соли 1994 дар Конуни Забон, карор нест мо ба хатти порсй баргардем. Бад-ин гуна, дар пайи изхори назари «сарвари кишварамон» зохиран «Миллат» хам аз мавзеъи каблии худ ба шиддат акибнишинй карда ва аз гуфтахои каблии худ ба хаводорй аз гузори мо ба дабираи порсй сахт пушаймон аст. Умедворам инчунин набошад. Ба хар руй, шумораи баъдии он имруз ин мавзуъро равшантар хохад кард.
No comments:
Post a Comment