Sunday, July 27, 2008

Turkey Travelogue. Part 2

Сафарномаи Туркия. Бахши 2

Бале, вуруди бераводид ба кишваре, ки мо ин хама бегонааш медонем, то хадди зиёде мункалибам кард. Ба ёди рузхое уфтодам, ки барои дарёфти раводиди Эрон чи гуна дастбадомони бузургмарде чун Мучтахиди Шабистарй шуда будам ва чи гуна аз марзхои порае аз механам Эрон маро ба берун – ба Туркманистон парт карда буданд. Бо мухри кулуфте руи гузарномаам, ки дигар ичозаи бозгашт ба Эронро надорам.

Аммо Туркия бо огуши боз, бидуни пурсучу ва бозрасихои ошуфтакунанда пазирои мани точик буд. Ворунагии рузгор гохо мабхуткунанда аст.

Пайдо кардани токси дар фурудгохи байнулмилалии Истонбул кори сахте нест. Токсихои зарду сапедранги бешуморе дар баробари дарби хуручй саф баста буданд ва саф хам бо тундй дар харакат буд: мусофирони фаровоне то аз рох мерасиданд, дари яке аз худравхо бозу баста мешуду рох меуфтод ва токсии баъдй чои каблиро мегирифт.

Як нах сигор рохи синаро паймуду савори яке аз токсихо шудам. Бедиранг аз ронанда пурсидам, ки оё кашидани сигор дар худрав ин чо хам мисли Ландан мамнуъ аст. Гуфт: «Оре». Пас аз дакоике чанд ронанда нахи сигореро берун оварду равшан кард ва ба осудагй дудашро аз панчара ба берун фут мекард. Гуфтам: «Магар нагуфтй, ки кашидани сигор дар худрав раво нест?» Гуфт: «Окочон, то дилат мехохад бикаш. Чи касе коре ба кори мо дорад?»

Дарёфтам, ки Туркия хам чун кишвархои мо як пора аз чахони севвум аст, бо конуну коъидахои пуртумтароки бисёре, ки маъмулан хеч кадом ба дурустй риъояту ичро намешавад. Як мушт когаз, ки барои ороиши зохири кишвар ва бозтоби бехтари он барои хорич тахияву тадвин шудаанд, аммо дар дарун арзиши ростине надоранд.

Ичозаи ронанда хам боъис нашуд, ки ба таклид аз у коъидаеро накз кунам ва дар худрав сигор бикашам. Бархе аз чизхо худ ба худ дар зехни нохудогох (подсознание) кудбандй (кодирование) мешавад ва тагйиру дасткории он чандон сода нест.

Сухбати ман ба забони туркй ронандаро ба вачд овард ва бороне аз таърифу тавсифхои газофе бар сару суратам боридан гирифт. Гуфтам: «Нахайр, ба он хубй хам ки фикр мекунй, нест. Чун харгиз дар Туркия набудаам ва имкони гуфтугу ба ин забон маъмулан ба ман даст намедихад.» Ронанда нахуст изхори шубха кард, ки ин нахустин дидори ман аз кишвари уст. Сипас гуфт: «Ба хар хол, туркии ту бехтар аз инглисии ман аст ва бехтар аст туркй сухбат бикунем.»

Бори дигар гурури миллии туркхо чилави чашмхоям мутачассим шуд: ду калом ба забони туркй басанда аст, ки хусни таваччухашонро барангезй.

Аз асолатам чуё шуд. Гуфтам, порсам аз Точикистон. Гуфт: «Магар точикхо туркзабон нестанд?» Дандон руи чигар гузоштаму бо эхтиром посух додам: «Точикхо харгиз туркзабон набудаанд ва дар вокеъ «точик» хамвора ба маънии мухолифи «турк» ба кор рафта ва маъние чуз «порсу эронй» надорад.» Ин сухан барояш тозагй дошт.

Чун аз Точикистон хеч огохии бадардбихур надошт, аз Эрон гуфт. Аз ин ки Эрон чи кишвари бошукух ва мухиммест. Гуфт: «Эрон танхо кишварест, ки бо истиклоли раъй ва бо ифтихору сари баланд дар чахон пои харфу мавзеъи худ устувор истодааст. Дар холе ки Туркияи мо дунболарави Гарб аст. Сиёсатхои моро туркхо на, балки омрикойихо таъйин мекунанд, ки боъиси шармсории мост.»

Дарег мегуфт, ки кишвараш мисли Эрон нафту гоз надорад, то ба неруи худаш муттакй бошад. Ва хатто шак дошт, ки Туркия дар вокеъ фокиди ин сарватхои табиъист. Мегуфт: «Охир чи тавр аст, ки дар ин минтака хамаи кишвархо, хавзаи Халичи Форс, Эрон, Озарбойчон, Казокистон... нафту гоз доранд, аммо Туркия надорад? Хатман мо хам дорем, аммо давлати коромаде нест, ки онхоро пайдо ва истихроч кунад. Аз ин чост, ки мачбурем харфшунав бошем.»

Гуфтам: «Магар ин сиёсати Ототурк набуд, ки мехост Туркияро ба думи Гарб бибандад ва по ба пои Гарб чилав биравад?»

Зохиран ин пурсиш барои як турки Туркия бисёр хассос буд, ки ронанда дар додани посух диранг кард. Посухаш хам чизе чуз «Намедонам, воллох» набуд. Пурсидам, ки назараш дар бораи Ототурк ва зарурати арч гузоштан ба у чист. «Оё дуруст аст, ки шумо мачбур бошед ба касе эхтиром бигзоред? Ва агар, масалан, эълом кардед, ки ин эхтиром ба Ототуркро дар вучуди худ сурог надоред, равонаи додгоху зиндон шавед?»

Гуфт: «Ман муътакидам, ки Ототурк барои миллати мо корхои шоистаи фаровоне кардааст. Агар Камол Пошшо набуд, имруз мо Туркияро хам ба ин шакл надоштем. Аммо ичбор дар эхтиром гузоштан ба уро ман хам дарк намекунам. Ототурк сафхаи заррине аз торихи моро навишт, аммо у дигар моли гузашта аст. Мо бояд ба фикри оянда бошем.»

Пушти чароги сурх таваккуф кард ва ба ногох ба бонуе ишора кард, ки шалворхои почакутох ва ти-шерт (футболка)-и часпида ба тан дошт. Гуфт: «Ин хонумро мебинй? Нималухт аст. Айни омрикойихо! Касе хам ба у коре надорад. Ва холо ба он гуша нигох кун. Он хонуми чодуриро мебинй? Оё хуб нест, ки хар кас бо имону эътикоди худ хуш бошад? Ман, ба ростй, ба озодии интихоби инсон эътикод дорам. Набояд ичборе дар кор бошад.»

Бисёр суханхои баланду зебо. Хушам омад. Аммо дар идомаи сафар мутаваччех шудам, ки ин хамзистй ба зебоие нест, ки ронанда бароям тавсиф кард. Духтарони фарангипуше буданд, ки аз хамлаи исломихо ба хотири пушиш гилоя мекарданд. Мегуфтанд, шумори духтарони хичобй бештар аз гузашта аст, чун духтарон метарсанд, ки хадафи хамлаи мутаъассибони мазхабй вокеъ нашаванд.

Вале шуморе дигар инояти бештари духтарон ба хичобро ба хисоби давлати кунунии Туркия мегузоштанд, ки дорои идеулужии исломист.

Ин мавзуъро намешуд дар рузи нахусти сафар ба Туркия мушикофй кард.

Сафарномаи Туркия. Бахши 1

2 comments:

Anonymous said...

Dariushe aziz dorood
Safarnameye torkiye ra khandam besyar khandani bood . basi lezzat bordam . vali bakhshhaye digarash che shod ?
Vaqean tarnegare shoma ra kheyli doost daram vali hezar afsoos ke dar khandane neveshtehaye cyrilic kond mibasham .
Rasti , shoma takonoon be iran safar nakardid ?
mohammad hoseyn

D said...

Mohammad hoseyne gerami,

Sepas az nazare mehrbaretan. Dust daram sare forsat donbaleye safarnameye Torkiyeam ra benevisam.

be Iran ham safar karde budam va dar aghaze hamin matlab be an esharei dashtam. Ba arj, D