Sunday, July 13, 2008

What Happened to BBC Persian Central Asia Magazine?

Бар сари Мачаллаи Осиёи Миёнаи Би Би Си чй омад?

Мачаллаи Осиёи Миёнаи родю Би Би Си, ки аз мохи нувомбри соли 2003 бад-ин су барои шунавандагони бахши форсй дар Точикистон пахш мешуд, рузи 30 жуан (июн)-и гузашта охирин барномаашро пахш карду баста шуд. Ин барнома аз соли 1995 ба баъд дар таркиби барномахои Би Би Си вучуд дошт ва шомили руйдодхои Афгонистон, Точикистон ва соири кишвархои Осиёи Миёна мешуд. Аммо баъдан ба як барномаи 15-дакикайи, сипас нимсоъата ва саранчом 45-дакикаии вижаи Точикистон табдил шуд.

Дар ин бора имруз гуфтугуе доштам барои родю Замона бо Бехрузи Офок – раиси барномахои Осиё ва Укёнусияи бахши чахонии Би Би Си. Нахуст аз у хостам, ки далели таътил шудани Мачаллаи Осиёи Миёнаи Би Би Сиро тавзех дихад:


Бехруз: Барномахои форсии Би Би Си, барномахои куллии мо ба забони форсй, албатта, хамеша дар Точикистон шунаванда дошта ва мардум дар Точикистон метавонистанд ин барномахоро бишнаванд ва бифахманд. Ба хар хол, забони мо яке хаст. Мунтахо чандин сол пеш, ки мо тавонистем бо макомоти Точикистон ба тавофук бирасем ва фиристандахои FM – яке дар шахри Душанбе ва яке дар Хучанд – бигзорем, ба ин фикр уфтодем, ки чун ин фиристандахо он чо хаст ва садои хеле бехтаре хоханд шунид ва ба хар хол, родюи FM родюи хеле хусуситaру шахситару наздиктаре хаст ба шунаванда, мо барномахои рузонае хам дуруст кунем, ки хосси точикхо бошад. Илова бар хамаи дигар барномахои форсии Би Би Си, ки ба хар хол, точикхо мешунаванд. Ва ин барномахо шуруъ шуд. Мунтахо, мутаассифона, муддати кутохе баъд аз ин ки ин барномахо пахш мешуд, макомоти Точикистон назарашонро иваз карданд ва дигар ичоза надоданд, ки мо барномахоямонро руи мавчи FM пахш бикунем. Мо чандин сол машгули музокира будем бо макомоти Точикистон ва мехостем, ки ин барномахо руи FM пахш бишавад. Мунтахо онхо мувофикат накарданд. Ба ин далел теъдоди шунавандахои мо дар Точикистон хеле кам шуд. Бино бар ин, дигар кори басарфае набуд, ки мо хар руз барномаи хоссе барои мардум дар Точикистон дуруст кунем, чунки дигар FM-е надоштем. Ин хаст, ки тасмим гирифтем, барномахои хоссеро, ки барои Точикистон дуруст мекунем, феълан катъ бикунем. Албатта, хамаи барномахои дигари форсй хаст. Мунтахо ба чои он сойт (торнамо)-и форсии точикимонро таквият бикунем, то хамааш ба хатти сириллик бошад, ки мардум дар Точикистон битавонанд бибинанду бихонанд. Ва баъд хам умедворем, ки ба зудй телевизюни форсй хам, ки рохандозй хохад шуд, дар Точикистон бинанда дошта бошад ва албатта, барномахо ва матолибе, ки аз Точикистон меояд, дар он хохад буд ва онхо дастрасй хоханд дошт. Ин ба ин маънй нест, ки мо таъаххудамонро ба Точикистон кам кардаем. Ба хеч вачх. Мо хамчунон мехохем, ки аз Точикистон хар чи бештар ба ин чо иттилоъ бирасад, хабару барномахо аз Точикистон биёяд ва руи родюи форсии мо, руи сойт (торнамо)-и форсии мо ва иншоаллох, телевизюн пахш бишавад. Барои хамаи форсизабонхо ва аз чумла точикхо.

Д: Эхтимолан арзёбии дакике вучуд дошт аз ин ки теъдоди шунавандахои Би Би Си дар Точикистон чанд аст?

Бехруз: Такрибан. Мо охирин арзёбие, ки доштем, замоне буд, ки фикр мекунам ба хамон авоили давраи FM бармегашт. Теъдоди шунаванда хеле кам буд. Яъне теъдоди шунаванда ба нисбати родю кам буд. Ал-он аркомаш дакикан хотирам нест, вале чизе дар худуди ду дарсад буд. Ду дарсади мардум дар Точикистон доштанд ба ин барномахо гуш мекарданд он мавкеъ...

Д: Вале шояд точикхо дар соири кишвархои Шуравии пешин, мисли Русия, Узбакистон ва Казокистон хам гуш медоданд ба барномахо, на?

Бехруз: Хатман. Хатман онхо хам гуш медоданд. Мусалламан, шунаванда дошта. Мунтахо ман агар ба шумо яке-дуто ракам бидихам дар мукоиса... Масалан, дар Афгонистон барномахои мо шаст дарсад шунаванда дорад. Яъне шаст дарсади мардуми Афгонистон, касоне, ки дар синни родю гуш кардан хастанд ва аз 15 сол ба боло син доранд, шаст дарсадашон ба таври мураттаб ба барномахои мо гуш мекунанд. Ё фарз бикунед, ки масалан, дар як кишваре мисли Покистон ё Банглодеш, дар худуди 14-15 дарсади мардум гуш мекунанд. Масалан, дар Хинд мо худуди 20 милюн шунаванда дорем. Албатта, ин худуди ду дарсади чамъияти болиг хаст. Мунтахо чун Хинд кишвари бузургест, ин теъдод хеле зиёд мешавад. Бино бар ин, дар мукоиса бо ин теъдоди шунавандагони мо дар Точикистон хеле зиёд набуд.

Д: Дар Эрон чанд дарсад аст, бибахшед?

Бехруз: Дар Эрон худуди панч дарсад.

Д: Гуфтед, ки онлойн (торнамо) ба хатти сириллик мешавад, дуруст аст? Ё форсй хам хохад буд?

Бехруз: Мо, ба хар хол, онлойни форсимон, ки хаст ва дар он матолиби Точикистон хам хаст. Илова бар он, мо сафхае дорем дар онлойни форсй, ки хосси Точикистон аст ва ин сафха духатта аст. Ва ин маъмулан хам хуб амал намекунад ва одрес (нишонй)-и он чузъе ё зермачмуъае аз барномаи Эрон аст. Ба хар хол, матолиби Точикистонро ба хатту забони форсй барои касоне, ки хатти форсиро рохат мехонанд, хохем дошт. Вале мехохем як сафхаеро хам ба истилох Точик-онлойн дошта бошем, ки сириллик бошад, таквият бишавад, матолиби бештаре дар он бошад ва точикхо ба он дастрасй дошта бошанд.

Д: Дар эъломияе, ки Ондрес Илвес – раиси бахши форсй ва паштуи Би Би Си дар бораи баста шудани Мачаллаи Осиёи Миёна барои кормандони бахш мунташир кард, омада буд, ки дар телевизюни форсии Би Би Си хам барномаи муназзаме дар бораи Точикистон ва барои Точикистон хохад буд. Мехостам бибинам, оё мушаххас хаст, ки ин чи барномае хаст. Оё рузона хохад буд ё хафтагй ё сирфан гузоришхои пароканда ва чудогона, ки ба таври номуназзам пахш хохад шуд?

Бехруз: Дар телевизюни форсй як телевизюн хохад буд. Яъне мо ал-он дар родю ба хар хол барномахои форсй дорем. Ва баъд саъй мекунем, ки баъзе аз ин барномахо бештар мутаваччехи Афгонистон бошад, баъзе аз барномахо мутаваччехи Эрон бошад ва дар мавриди Точикистон барномаи кучаке доштем, ки факат мутаваччехи Точикистон буд. Дар телевизюн мо ин корро наметавонем бикунем. Имконоташро надорем. Вале он як телевизюни форсизабон хохад буд, ки мутаваччехи форсизабонон дар хар се кишвар хохад буд. Ва бино бар ин, Точикистон хам. Матолибе аз Точикистон хохем дошт, ки он факат барои точикхо нахохад буд. Эронихову афгонхо хам ин барномахоро хоханд дид. Хамчунон ки барномахои дигари моро хам точикхо дар Точикистон хоханд дид ва хоханд писандид. Яъне ин ба ин маънй нест, ки мо хар руз як сутуни хос барои Эрон дошта бошем, як мачалла ё барномаи хос барои Афгонистон ва як барномаи хос барои Точикистон. Чизе, ки хохад буд, ин аст, ки мо умедвор хастем, ки дар Точикистон хабарнигор дошта бошем, тахиякунанда дошта бошем ва баста ба ин ки чи кадр битавонанд, матолибе барои мо мураттабан бифиристанд ва мо ин матолибро пахш бикунем. На танхо ахбор, балки барномахои фархангй хам.

Д: Як идда аз шунавандахои Би Би Си дар Точикистон, ки бо ман ва дустонам тамос гирифтанд, дар мавриди баста шудани Мачаллаи Осиёи Миёна норохат буданд ва мегуфтанд, ки ин мавзуъ бар факри иттилоъотии кишвар хохад афзуд. Хамин холо танхо як родю Озодй дар Прог бокй монда, ки барномахои вижаи Точикистон дорад. Ин родю хам феълан дар Точикистон дучори мушкилоте шуда, ки мавзуъи дигарест. Дар холе ки кишвархое чун Эрону Афгонистон ба изофаи расонахои мутаъаддиди дохилишон барномахои мухталиферо хам аз чандин кишвари хоричй дарёфт мекунанд. Ин афрод, ки сухбаташонро мекардам, нигаронанд, ки бо баста шудани Мачаллаи Осиёи Миёна Точикистон дучори факри иттилоъотии бештар хохад шуд. Шумо хам бо ин назар мувофикед?

Бехруз: Албатта, хуб, ман мефахмам ин мавзуъро. Табъан, вакте ки мо як барномаи хосси рузона дорем, ки катъ мешавад, шунавандахои он норохат мешаванд ва эхсоси камбуде дар ин замина мекунанд. Ва ман инро мефахмам. Аммо яке-ду нуктаро ман эхсос намекунам. Аввалан, мо рузона микдори зиёде барномаи форсй дорем, ки хамааш дар Точикистон кобили шунидан хаст ва метавонанд ин шунавандахо ба ин барномахо гуш кунанд. Ба ин маънй нест, ки мо барои Точикистон барнома пахш намекунем. Барнома пахш мекунем. Рузе худудан 4-5 соъат барномаи форсй хаст, ки дар Точикистон шунида мешавад. Мунтахо як барномаи хосси мутамаркизи Точикистон дигар надорем. Ва илло иттилоъоти бисёр-бисёр зиёде дар барномахои мо хаст, ахбори чахонй хаст, ахбори минтакайи хаст, ахбори кишвархо хаст, ахбори худи Точикистон хам хаст. Ва барномахои фархангй-хунарй ва тафрехй, ки дар Точикистон шунавандахои мо метавонанд истифода бикунанд. Хам руи мавчи кутох ва хам руи мавчи мутавассит. Яъне ба ин маънй нест, ки мо барои Точикистон барнома нахохем дошт. Чудо аз он, вакте ки телевизюн рохандозй бишавад, ба телевизюн хам дастрасй хоханд дошт ва умедворем, ки иттилоъоту барномахои бештаре руи сойти интернетй (торнамо) хам дошта бошем. Яъне ман фикр мекунам, ки баъд аз рохандозии телевизюни мо ва баъд аз таквияти сойти сафхаи Точикистони мо, ман фикр мекунам, иддаи бештаре дар Точикистон ба иттилоъоти бештаре дастрасй хоханд дошт, дар мукоиса бо имруз. Дар мачмуъ, микдори иттилоъ ва барномахои Би Би Си, ки ба Точикистон хохад расид ва фикр мекунам, иддаи бинандагону шунавандагону хонандагони мо хеле бештар аз ин хохад буд, ки имруз хаст. Ман фикр мекунам, ду-се сол баъд, агар мо дар Точикистон оморгирй бикунем, хохем дид, ки иддаи бештаре доранд аз Би Би Си истифода мекунанд, то дар мукоиса бо имруз.

Д: Оё ин тахаввулот хеч таъсире руи теъдоди кормандони бахши форсии Би Би Си дар Точикистон нахохад гузошт?

Бехруз: То он чое, ки ман медонам, феълан ба хеч вачх карор нест, ки теъдоди кормандони мо ё микдори коре, ки дар Точикистон тавлид мешавад, тагйир кунад. На.

No comments: