Паёмади эхтимолии эътирози Сайёфи Мизроб алайхи родю Озодй дар Точикистон:
37 раъй
______________________
Афзоиши фишор бар родю Озодй: 16 (43%)
Фишор бар хамаи расонахои хоричй: 14 (37%)
Баста шудани родю Озодй дар Точикистон: 2 (5%)
Хеч: 5 (13%)
Дигар: 0
1 comment:
Инҳо пайомадҳои намоён ва кӯтоҳмуддати ҳодиса мебошанд. Ба зудӣ бартараф хоҳанд шуд. Радёи Озодӣ моли Амрикост ва ба шуниди банда ҳоло сафорати Амрико низ ба казия рогиб шудааст ва хеле зуд, афродеро дар хукумати Точикистон, ки ин ҳодисаро пушиши сиёсӣ додаанд, бар хари худшон хохад нишонд.
Афокиби дигари вокеа мухимтар аст, бахусус ки ин пайомадхо ба назар намоён нестанд.
1. Журналисти миёнахоле бо номи Сайёфи Мизроб бо хамин ходиса "аз байн хохад рафт". Гумон аст дигар касе ба навиштахои ин шахс бовар кунад. Касе ки, ба эътирофи худаш 12 сол хиёнат кардааст ва дуруг навиштааст, мавриди эътимоди хеч хонандае карор нахохад гирифт.
2. Кушиши хукумат дар казия, ба монанди казияхои дигар -- ахзоби сиёсӣ, мухочирони корй дар Русия ва гайра ба тафрикаангезӣ миёни журналистони точик, ки шуморашон чандон беш нест, сабаб мегардад. Ин чудоӣ метавонад на танхо аз рӯи истеъдод, афкор, мардумпарастӣ, озодии сухан, балки аз руи махалхо низ ба вукӯъ пайваста, вартаеро, ки харзаномахои "Миллат" ва "Фараж" кандаанд вусъат хохад дод.
3. Бо сабаби намоишхои паёпайи Шабакаи Аввал ва таваччухи хамаи расонахои кишвар ба ин ходиса барои Радё Озодй таблиги беназире ба амал омад ва мукобил гузоштани ин расона бо хукумати Рахмонй обруи онро дар чашми садхо хазор нафаре, ки аз мавчудияти радё Озодй хабаре надоштанд, шумори мухлисони радё Озодиро ба маротиб боло хохад бурд.
4. Барои журналистони чавон масъалаи интихоб миёни мафхумхои хакикат ва миллат, кишвар ва виждон, хукумати махалгаро ва халки кашшок пеш хохад омад. Бештарини онхо ба мафхумхои хакикат, виждон, озодии инсон ва гами мардум чалб хоханд шуд.
Тавре мебинем, авокиби "худсузй"-и як журналистча чандон бад хам нест ва бояд уро такдир кард.
Post a Comment