Шумораи мохи ут (август)-и мачаллаи National Geographic ба ду чихат бароям чолиб буд. Нахуст ин ки акси руи чилди он тасвире аз Дориюши Хахоманишист ва дар бораи Эрони имруз ва руйкарди он ба гузаштаи пуршукухи кишвар матлаби чолибе дар он хаст, хамрох бо накшаи бузурге аз Эрони ахди Хахоманишиён. Порахое аз ин матлаби дарозро (шояд хам хамаи онро) баъдан дар Як Дарвеш ба забони порсй хохед хонд.
Далели дуввум ин ки дар хамин шумораи мачалла маколаи хондании дигаре хаст дар бораи шахри Маскав, ки акнун аз гаронтарин шахрхои чахон ба шумор меояд. Мартин Круз Смит ба зебойи чигунагии суъуди Маскав ба ин маком ва гузори он аз сусиёлисм ба сармоядориро тавсиф мекунад. Аммо дар ин навишта хам зикре аз мо (точикон) рафтааст.
Порахои марбут ба точиконро аз маколаи «Маскав харгиз намехобад» (Moscow Never Sleeps) хамин чо меоварам:
«(Дар хиёбонхои Маскав) хар навъ чехраеро метавон дид. Аз укроинихои чашмобй гирифта то мардони шохингунаи кафкозй, узбакони токидор, мугулхо ва ба вижа точикхо. Бумби соъатии демугрофики Русия марбут ба кохиши теъдоди нуфуси русхо ва рахнаи шумори физояндаи точикхо ба ин кишвар аст. Точикхо дар Русия ба унвони афроди хушёру кушо маъруфанд, ки хозиранд шуглхоеро бипазиранд, ки русхо намеписанданд.»
Дар идомаи матлаб намунае чанд аз майхорагию бадмастии русхо омадааст. Сипас нависанда хамрох бо дусташ (Саша) дар хиёбонхои Маскав парса мезананд.
«Мо ба соясори пушти истгохи метру расидем, ки махалли низоъи ду дорудаста буд: русхо дар баробари точикхо. Хар гурух худуди хашт узв дошт, ки аз дах то бист сол син доштанд. Корде ба чашм намерасид. Аммо як чавони точик як русро ба замин кашида буд ва сарашро мухкам ба бетун мекубид.
Саша аз ман хост, ки аз чоям такон нахурам ва худаш ба танхойи ба махалли пархош рафт. Точик лахзае даст аз задан бардошт ва дар холе ки мушти гиреххурдааш дар хаво муъаллак буд, талош мекард бифахмад, ки ин одами фузул кист. Руси уфтода сари дарбу догонашро аз замин бардошт ва у хам мекушид дарёбад, ки мудохилагар кист. Садои Саша ба гушам расид, ки ба забони русй чизе шабехи инро гуфт: «Пароканда шаведу ба хонахоятон равед». Вале ин дорудастахо дар хонаи худ буданд. Хар ду тараф хам он минтакаро хонаи худ медонистанд. Мушкил хамин чо буд. Ва танхо касе, ки онхо бештар аз тарафи мукобилашон аз у мутанаффир буданд, як фарди бегонаи мудохилагар буд.
Онхо бегунох набуданд. Онхо бо маводди мухаддир сарукор доштанд, мастхоро горат мекарданд ва бар сари хар касе, ки танхову бедифоъ гирашон меомад, балохое меоварданд. Чавони точик кулохи намадиашро аз замин бардошт ва ман фавран ба ёди кахрамони филми «Гурба дар кулох» (The Cat in the Hat) уфтодам. Чавони рус руи по истод. Ба назарам омад, ки як фарди носипос аст. Ин бор худамро дар филми «Харрии касиф» (Dirty Harry) тасаввур кардам. Оё Саша бо худ силох дошт? Оё авбошон эхсоси хушшонсй карданд? Вокеъан?
Шояд шабе дигар. Онхо дар иваз туршруёна акибнишинй карданд. Ман метавонистам ба осонй туъмаи онхо шавам, аммо зохиран бо Саша аслан намешуд сар ба сар гузошт. «Гурба дар Кулох» бо арзи эхтиром ба Саша уро «бародар» хитоб кард, гу ин ки бори дигар якдигарро хоханд дид.
Зимнан, дар камарбанди Саша вокеъан туфанге хамоил буд, ки мояи ифтихори уст. Чун онро ба унвони чоиза ба хотири хадамоти шоён ба у такдим кардаанд. Дар як суи коби силох номи у хак шудааст. У аслан моил нест аз он кор бигирад.»
No comments:
Post a Comment