Равони кухани Эрон. Бахши 4
Маргарит дел Гидис
(National Geographic; August 2008)
Кеши шахсияти Фирдавсй
Аммо эрониён забони порсиро рахо накарданд. Забони миллй то хадде бо вожагони тозй (арабй) олуда шуд, аммо решаи он хамчунон порсии бостон аст. Марде, ки мунчй (начотдиханда)-и забон ва торихи Эрони бостон аз чанги фаромушй махсуб мешавад, Фирдавсй – шоъири садаи дахи мелодист. Фирдавсй Хумер (Homer)-и Эрон аст.
Эрониён шоъирони худро мепарастанд – дар ин миён метавон аз Румй (Чалолиддини Балхй), Саъдй, Умари Хайём ва Хофиз ном бурд. (Гуфта мешавад, ки девони Хофиз рохнамои мардум дар умури ишку зиндагист ва дар ин замина агар бартар нест, камтар аз Куръон хам дониста намешавад).
Замоне ки мардум зери ситами мухочиме наврасида буданд ва наметавонистанд бидуни паёмади бад изхори назар кунанд, шоъирон ин корро мекарданд. Онхо назароти худу мардумро дар кабои зебои шеър мохирона мепечонданд ва ироа медоданд. Бостоншинос Юсуф мегуяд: «Баъзан онхоро эъдом (катл) мекарданд, аммо ин хам забони шоъиронро набаст.» Акнун, ки дар Эрон кавмхои гайрипорсй хам бо забонхои худ ба сар мебаранд (ба монанди туркманхо, арабхо, озарихо, балучхо, курдхо ва гайра), ба гуфтаи Юсуф, «хануз хама форсй баладанд ва форсй яке аз кухантарин забонхои зиндаи чахон аст».
Кахрамон-шоъир Фирдавсй мусалмони бериёе буд, ки аз нуфузи арабхо озурда буд, сй сол шеър навишт ва аз вожахои тозй (арабй) хадди акалли истифодаро кард ва навиштаи худро «Шохнома» номид – Китоби Шохон. Ин китоби сутург саршор аз чангу ихтилофот ва мочарохои 50 силсилаи шохии эронист – расидани онхо ба точу тахт, марги онхо, канорагирихои фаровони онхо ва сарнагунии ичборишон – ва саранчом бо фатхи Эрон аз суи арабхо ба сар мерасад, ки чун фочеъае бузург тасвир шудааст.
Сутудатарин кахрамони Шохнома Рустам аст, ки чавонмардест пур аз шуру шахомату дурустй, мунчй (начотдиханда)-и миллат ва, ба гуфтаи Дик Дейвис, устоди порсй дар Донишгохи Охайои Омрико, ки Шохномаро ба инглисй баргардондааст, «кахрамони найрангбоз». Вай гуфт: «Достонхои Рустам устурахои онхост. Эрониён худро хамин гуна мебинанд.»
Дар ин достонхо шохони ситезачу ва пахлавононро мебинем ва такрибан хамеша пахлавонон аз лихози ахлокй бартару сартар аз фармонравоёнашон тарсим шудаанд. Мардони солеху дурусткор, ки зери сайтараи хукумате бесалохияту бекифоят зиндагиву хидмат мекарданд. Дар ин достонхо ангора (идея)-е мавч мезанад, ки афроди солеху хушахлок, ки гумон меравад барои хукумат кардан муносибтаранд, дакикан афродеанд, ки аз хукумат кардан икрох доранд ва ба чои тарчех медиханд худашонро вакфи рафъи нигаронихои умдаи башарият кунанд: сиришти хирад, сарнавишти равони башарй ва гайри кобили фахм будани ахдофи Кирдгор.
Шохномаи аслй муддатхост, ки аз миён рафтааст ва хар чи монда, нусхахое аз асли он аст, аз чумла нусхае кадимй дар музеи Кохи Гулистони Техрон. Бонуи хушруи чавоне бо номи Бехнози Табрезй, ки сарпарасти ин музе аст, мизи бузургеро пок кард ва руи он порчае сабз густард. У аз даруни як ганча дар утоки багалии зиддигулула, ки бо ожир (шайпур; дастгохи хушдор)-и оташсузй ва заминларза ва кунтрули чавв мучаххаз буд, чаъбаи сиёхеро бурн овард. Руи порчаи сабзи намадй тиккае махмали сурх пахн кард, чун эрониён дуст доранд, агар метавонанд, пеш аз анчоми хар коре маросими кучаке анчом диханд. Ман мачбур будам моски чаррохй бар рухсорам бикашам, то дастнавис аз оби паррони дахони ман ва чиголишу гилзати нафаси ман эмин бимонад. Бехноз дасткашхои пунбаии сапед ба дастонаш кашид. Вай нарм-нармак китобро аз чаъбааш бардошт. Ин дастнавис ба атрофи соли 1430 бармегардад. Бехноз мухтотона сафхахои китобро бо нуки ангуштонаш мегардонд ва ман бо заррабин 22 тасвири онро мурур кардам. Тасвирхое аз сахнахое, ки бунияи хофизаи фархангии эрониёнро такшил медихад – касе баста бар танаи дарахт дар интизори сарнавишт; Рустами ноогох дар холи куштани писараш Сухроб дар набард; мардони аспсавор, ки ба суи мухочимони пилсавор найза меандозанд – хама ба диккат тарсим ва рангомезй шуда буданд. Ранг аз сангхои хурдшудаи рангин бо афзудани моеъи гулбаргхо тахия шуда буд. Рангхои сангин.
Гуфта мешавад, ки дар куча-хиёбонхои Эрон хар касе, сарфи назар аз сатхи тахсилоташ, метавонад чанд байтеро аз Фирдавсй аз бар бихонад ва маъмулан дар донишгоххо ё дар манзилхои шахсй ё дар чойхонахои эронй, ба монанди чойхонаи мавсум ба Озарй дар чануби Техрон, махфилхои Шохномахонй баргузор мекунанд. Деворхо бо сахнахое аз Шохнома мунаккаш буд. Ва яке аз онхо сахнаи «куштани Рустам Сухробро» буд. Наккол ба танхойи достонро бо ифода мехонд, сипас хунёгарон мусикии суннатй менавохтанд ва овоз мехонданд. Суруд дар бораи ишк ба махбубаи заминй ё ишк ба Аллох буд. Мардум пушти мизхои дароз канори хам нишаста буданду сигорхои кутохи «Бахман»-ашонро мекашиданд ва навозандагонро ташвик мекарданд. Кафи солунро количахои эронй пушонда буданд. Пешхидматхо хурмову ширинй тавзеъ карданд ва дар ливонхои зарифи кучак бо кошуке канори он чойи доданд. Ба дунболи он кабобу дугу туршй ва солоди чугундур (лаблабу) оварданд. Кудакон руи мизхо раксиданд ва бузургсолон даст заданду бо телефунхои хамрох акси онхоро бардоштанд.
Бахшхои пешин:
Равони кухани Эрон. Бахши якум
Равони кухани Эрон. Бахши дуввум
Равони кухани Эрон. Бахши севвум
No comments:
Post a Comment