Sunday, August 17, 2008

Image Rummage

Рохе барои бехбуди эътибори кишвар

Ин навишта барои Asia-Plus тахия шудааст
15.08.2008

Вазифаи маркази вокуниш ба хамалоти иттилоъотиро бахши варзиши кишвар ба маротиб бехтар анчом хохад дод.

Дар Иёлоти Муттахидаи Омрико даромади солонаи як баскетболбози хирфайи дастикам 220.000 дулор аст. Миёнгин (хадди миёна)-и он 2.2 милюн дулор аст. Як бозикуни хирфаии футбол дар ин кишвари доро дар хадди мутавассит 795.000 дулор даромад дорад ва поинтарин хадди даромади солонаи у 131.000 дулор аст.

Ин додахо аз як пажухиши Донишгохи Кембричи Бритониёст. Дар ин тахкик даромади варзишкорони хирфайи бо дастмузди солонаи кормандону коргарон мукоиса шудааст. Барои намуна, даромади солонаи як омузгор дар Омрико 38.000 дулор аст. Яъне ин омузгори бечора бояд каме бештар аз 27 сол захмат бикашад, то як милюн дулор даромад дошта бошад. Чаро тафовут бад-ин андоза бузург аст? Чаро дар кишвархои пешрафта ба варзиш ин хама ахамият коиланд?

Дар Чин хам, ки мизбони бозихои олимпики тобистонии имсол аст ва бештарин шумори медолхоро то кунун ба даст овардааст, варзишкорон дастмуздхои калону хангуфте доранд. Масалан, чахор сол пеш эълом шуда буд, ки Тиан Лианг – оббози чинй, ки дар мусобикоти олимпики 2004 баранда шуд, ба чуз аз чоиза дар кишвараш худуди 85.000 дулори дигар дарёфт кардааст. Ин маблагро Идораи варзиши Чин, шахрдорй ва устондорихои кишвар барои кахрамонашон тахия кардаанд. Ачаб нест, ки хамасола хамин кишвархо дар садри чадвали бехтаринхои варзиш карор мегиранд. Дар чадвали бозихои олимпики Пекин хам Чин ва Омрико мутаносибан дар макомхои якум ва дуввум медурахшанд.

Далели аслии ин таваччух, гузашта аз судманд будани варзиш ва зарурати таблиги хар чи бештари он барои омма, боло бурдани обруву эътибори кишвар дар чахон аст. Доштани бештарин теъдоди варзишкорони тавонову мустаъид нишони тавонмандии кишвар ба шумор меояд.

Точикистон ба боло бурдани обруву эътибор, ё ба иборати боби руз, «имич»-и кишвар шадидан ниёз дорад. Дар ин бора махфилхои густарда созмон додаанд ва хатто ниходи вижае барои бехбуд бахшидан ба «имич»-и Точикистон дар расонахо таъсис шудааст. Маркази давлатии вокуниш ба хамалоти иттилоъотй тасмим гирифтааст расонахои хоричиро назорат кунад ва ба хар хамлае, ки ба тасаввури ин марказ, алайхи Точикистон сурат мегирад, вокуниши сареъ нишон дихад. Аз хамин холо метавон гуфт, ки кори ин марказ чандон муассир вокеъ нахохад шуд, чун чанги лафзй ва суханбозихо нест, ки тасвири Точикистонро дар арсаи байнулмилалй зеботар мекунад. Балки вокеъиятхои кишвар аст, ки чи бихохему чи нахохем, дар расонахои чахон бозтоб меёбад.

Ин рузхо номи Казокистон беш аз пеш ба унвони кишвари муваффак дар расонахои чахон чилва мекунад. Далели он танхо пешрафтхои иктисодии он кишвар нест, балки хузури чашмгири он дар арсаи синемо ва варзиш низ хаст. То поёни рузи панчшанбе (14.08.2008) Казокистон бо чахор медол (ду нукра ва ду брунз) бисту хаштумин кишвари муваффак дар бозихои олимпики Пекин буд. Кишвархои пешрафтае чун Утриш (Австрия) ва Суэд (Шветсия) дар чадвал баъд аз Казокистон омадаанд. Равшан аст, ки ин мавкеъият тасвири Казокистон дар арсаи чахониро барчастатар ва пуррангтар мекунад. Точикистон ва Узбакистон хар кадом бо як медоли брунз дар макоми 43-ум карор доранд, ки боз хам чои шукраш бокист. Ин чадвал баёнгари як вокеъият аст: Казокистон бештар аз Узбакистону Точикистон дар арсаи варзиши худ сармоягузорй кардааст ва акнун нуши захматашро мечашад.

Ин хакикатро шуморе аз мардуми Точикистон ба хубй дарёфтаанд. Муллоёр Ёров, раиси шуъбаи «Точиксодиротбонк» дар нохияи Синои Душанбе тасмим гирифтааст ба ифтихори Расул Бокиев – танхо пахлавони точик, ки дар даврони истиклол дар бозихои олимпик ба дарёфти медол сазовор шудааст, хисобе боз кунад. Худи у маблаги аввалияро ба хисоб ворез кардааст ва интизор дорад, ки дигарон хам ба у пайравй кунанд. Чун танхо ташвики варзишкорони комгор аст, ки метавонад дар оянда низ дар мусобикоти чахонй барои Точикистон ифтихор офарад.

Ин икдоми Ёров метавонад корсозтар аз талошхои Маркази вокуниш ба хамалоти иттилоъотй вокеъ шавад ва дар бехбуди обруву эътибори кишвар дар арсаи чахонй таъсири чашмгире гузорад. Хамёрй ва хамдастии давлат ва мардум дар ин замина калиди комгорй хохад буд. Давлат метавонад сармояи лозимро аз рохи таътил кардани ниходхои гайризарурие чун маркази номбурда ба даст оварад ва онро дар арсахое чун варзиш ва хунар ворез кунад.

No comments: