Wednesday, August 06, 2008

Poll: 'Allah' on the Sky

«Пайдоиш»-и навиштаи «Аллох» дар осмони Душанбе чй буд?

27 раъй

Нишонаи илохй: 16 (59%)
Хурофот: 7 (25%)
Навишта «Аллох» набуд: 2 (7%)
Дигар: 2 (7%)

Дустоне, ки дар он дуду абрхои осмонй номи "Аллох"-ро дидаанд, лутфан бо нигохе ба акси боло ва дигар тасвирхои марбутаи мавчуд дар Интернет тавзех бидиханд, ки вожаи "Аллох"-ро кучои он мебинанд. То бибинем, ки ин гуфта хурофа аст ё бовари мубтанй бар илм. Хомушии дустон нотавонй дар тавчехи мавзеъ талаккй хохад шуд ва ин мавзуъро мустакиман бо хурофот пайванд хохад дод. Сипос.

Матлаби муртабит

6 comments:

footballTJ said...

Charo Shumo har nazarsanjii digaratonro biduni sharh megzored va in nazarsanjiyatnro sharh doded? Va boz dar tashrehatn nazari aksariyatro zeri shubha burded?

D said...

Ин посухи пурсиш набуд, footballtj-и гиромй.

Чопи матолиб тартиби бахусусе надорад ва Як Дарвеш танхо тобеъи мантик аст. Хар чизе, ки ташрехи бештар мехохад, мавриди пурсучуи бештар вокеъ хохад шуд.

Холо агар барои таъйиди диди аксарият назаре дорй, бифармо.

D said...

Чиддан барои ман нафси ин бовар чолиб аст. Мухйиддин Кабирй хам дар таъйини сиришти он тахаввулоти самовй ин хама котеъият ба харч надода буд. Барои ман ба ростй чолиб аст, ки вожахои мукаддасро кучои ин тасвир ё тасвирхои дигар аз ин ходиса дидаанд.

Anonymous said...

Ба назар мерасад, нависандаи "Аллох" дар осмони Точикистон мисли точикхо дар хатти форси камсавод буда ва галат навиштааст!

Odina said...

Бародарони Гироми! Дар бораи чизе, ки дониши мукаммал надоред, бехтар аст бахс накунед ва ба руи хеш оби шармсори нарезед. Хар кас озод аст дар мавриди ин ходисаи табии мулохизаи хешро дошта бошад. Бинобар ин раво нест ки бар хиссиётхои динии мардум латма бизанем ва танхо умеди онхоро аз умки дилашон махв намоем. Онхое, ки бо дониши заминиашон лофи хамадониро мезананд, бояд бидонанд ки дар табиат чизхое хаст, ки назирашонро дар хоби шабашон хам надидаанд, бояд огох бошанд, ки самуми халокат дар гузар асту вартаи балову мусибат дар пеш.

D said...

Одинаи гиромй.

Ба чои такрори хушдорхое, ки дар масчидхо аз забони бархе аз охундхо метавон шунид, лутфан бар пояи мантик биандеш. Нахуст, хеч як аз он шамоил навиштаи арабии "Аллох" набуд. Чаро бояд ба зур як дуругро дар зехнхо бикубем? Сониян, хатто агар буд, боз хам бар пояи донишу мантик бояд талош карду дид, ки маншаъи он чи будааст. Дар хар сурате бояд мантику дониш рохнамои мо бошад ва ин танхо чизест, ки моро аз соири хайвонхо мутамоиз мекунад.