Sunday, August 10, 2008

North Korean Striker Punished

Мучозоти бозикунони футбол

Чое Мйонг - мухочими тими футболи Куреи Шимолй, ки бар рухсори Даврончон Тухтасунов – бозикуни тими футболи Точикистон туф карда буд, аз суи Кунфедеросиюни Футболи Осиё сахт мучозот шудааст. У ба хотири рафтори беандоза густохона ва бадаш дар бозии рузи панчшанбеи гузашта бо Точикистон аз ширкат дар шаш бозии байнулмилалй манъ шуда ва ба маблаги 3000 дулор чарима шудааст.

Шарики у Пак Нам-чол хам, ки дар тули он бозй корти сурх гирифта буд, аз ширкат дар як бозй манъ шудааст.

Даврончон Тухтасунов хам бемучозот намонд. Вай ба хотири зарба задан ба сари Йун Йонг-ил, бозикуни тими Куреи Шимолй, дар поёни бозй ба хангоми фишурдани дасти хамдигар, аз ширкат дар ду бозии оянда канор хохад монд. Ин хабарро имруз Кунфедеросиюни Футболи Осиё дар Хинд эълом кард.

Пас ду бозикуни тими Куреи Шимолй ва як бозикуни мо дар бозихои нихоии Чоми Чолиши Осиё ширкат нахоханд кард.

Карор буд тимхои Точикистону Хинд имруз ба масофи якдигар бираванд. Аммо хавои номусоъид боъис шуд, ки мусобика дар шахри Хайдаробод ба баъд мавкул шавад. Имруз эълом шуд, ки рузи чахоршанбеи оянда (13 ут – август) тими мизбони Хинд бо Точикистон дар шахри Дехлии Нав ба ракобат хохад пардохт. Барандаи ин бозй дар мусобикоти Чоми Осиё дар соли 2011 ширкат хохад кард.

Тимхои Куреи Шимолй ва Мйонмор (Бирма) низ хамон руз барои дастёбй ба макоми севвуми мусобикот бо хам ба майдон хоханд рафт.

Акс аз Футболи Точикистон

3 comments:

Anonymous said...

Doriyushi aziz!

Guzorishoi khele oli, navishtahoi toza va jolib. Yak jahon sipos.

Ahror Kosimi dodari az hama khurdii man (kenja) ast. U beshtar dar www.tajikam.com fa'ol ast va az fa'oliyati shumo ogoh va pushtiboni sakht ast. ;-)

Dar omadi gap, mo yak guruh javonon holo Anjumani Javononi Tojik-ro ta'sis doda istodaem. Ba nazdiki tornomai mo arzi vujud khohad kard va mutmainam, ki shumo niz ba in tashabbusi mo hamrohu hamkor khohed shud.

Tansihatu piruz boshed, dustam!

-- Botur Kosimi
bqossimi@gmail.com
www.bkosimi.wordpress.com

D said...

Ботури гиромй,

Сипос аз лутфи бедарег. Тасаввури ман хам ин буд, ки миёни шумо ва Ахрори гиромй пайванде хаст, чун хар ду бо сириште пок ва диде миллй мутамоиз хастед.

Барои хар дуи шумо сарбаландию шодкомй мехохам ва чашмбарохи торнамои Чавонони Точик хастам.

Бо арч
D

D said...

Зимнан, навиштаи охирро ба чои Футболи Точикистон мунташир кардам. Footballtj-и гиромй, ки торнигори пуру паймоне созмон додааст, имруз бар фарози Укёнуси Атлас дар парвоз аст ва шояд то яке-ду рузи дигар дар рох бошад. Сипас тамоми навгонихои футболро дигарбора аз тарики он торнигор дунбол хохем кард.