Ҳукумати нодинӣ дар қиболи ҳукумати ъақидатӣ
(дар ҳошияи як баҳси фейсбукӣ - гурӯҳи "Тоҷикистони Навин")
Дар тӯли торих дидаем, ки дин абзори расидан ба қудрат буда, чун бо истифода аз он мешавад тӯдаҳоро ҷамеъ ва мутеъ кард ва баосонӣ бар онҳо ҳукм ронд. Аммо ононе, ки мутеъи раҳнамудҳои он набошанд ё дину роҳу равиши худро дошта бошанд ё раҳо аз мақулаи дину диндорӣ бошанд, дар ин ҳоза (ҷомеъа) ҷой надоранд ва бояд табъиз шаванд ё ронда шаванд ё бимиранд.
Дар
ҳоле ки ҳукумати ҷудо аз дин метавонад заминаро барои зиндагӣ ва рушди
пайравони ҳамаи динҳо ва афроди фориғ аз дин фароҳам кунад. Сиришти бисёре аз
динҳо тамомиятхоҳист, ба гунае ки гаравондани ҳамаи афроди башар ба сӯи худро
ҷузъи аҳдофашон медонанд. Дуруст ба монанди кумунисм, ки ҷаҳони навинро
ҷаҳони батамом кумунист тарсим мекард. Ин аз вижагиҳои дидгоҳҳои тамомиятхоҳ
аст, ки гунагунагии афроди башарро нодида мегиранд ва башарро дом (чорпо) фарз
мекунанд ва ҳокимро як чӯпон.
Аммо боз ҳам дар тӯли торих мебинем, ки тамоми
идеулужиҳои тамомиятхоҳ, ки ба ҳарими хусусии одамон таъарруз мекунанд,
барканда шудаанду мешаванд. Чун инсон бо такя ба мавҳибати парвардигории андешидан
ва кунҷковӣ ҳамвора дунболи роҳҳои беҳтару бартаре барои фаргашт (такомул)
будааст. Ва ҳеч фарқе ҳам намекунад, ки ҳазорон бор ин ё он дин батаъкид фарёд cар диҳад, ки дигар ҳеч роҳе барои зистани шоиста нест, ҷуз он ки ман мегӯям. Ин
навъ бархурди такбуъдӣ ҳамвора шикаст хурдааст, чун хилофи сиришти инсон аст.
Акнун бар пояи намунаҳо бисанҷем, ки кадом як аз ин ду шеваи ҳукумат мусмир
ба самар ё судманд воқеъ шудааcт. Дар ҷаҳони дониши мудерн Омрико ҳарфи аввалу
охирро мезанад. Чаро? Чун зиндагӣ дар он кишвар машрут ба пазириши
дидгоҳҳои дине вижа нест. Чунончи бахши қобили мулоҳизаи донишмандони мухтареъ
дар он кишвар яҳудӣ, мусалмон, бедин ва ғайримасеҳӣ ҳастанд, аммо бар донистаҳо
ва беҳзистии халқи Худо афзудаанд (Таъкиди ман бар донишмандон аст, ки аз фазои
мусоъид ба рушд дар як ҷомеъаи ғайридинӣ баҳра бурдаанд, на сиёсатмадорон).
Бахши бузурге аз ин донишмандону пизишкони омрикоӣ эронӣ ҳастанд; чи мусалмону
чи яҳудию баҳоию зартуштӣ; афроде, ки натавонистаанд зери йӯғи абардине дар кишвари худ
кору зиндагӣ кунанд ва ба Омрико паноҳ бурдаанд. Чи басо дидгоҳҳои ъилмии онон
бо дидгоҳҳои пазируфташуда тавассути ҳукумати динии Эрон намехондааст. Дар ин
миён чи касе бурдаасту кӣ бохтааст? Мусалламан, агар ҳамаи ин донишмандону
пизишкон аз шароити мусоъид ба рушду зиндагӣ бархурдор мебуданд, сар ба саҳрои
ғурбат намезаданд. Ва агар дасти зӯри ҳукумати динӣ аз сари миллати Эрон
баруфтад, ҳаминҳо ҳастанд, ки боз хоҳанд гашт ва Эронро ба кишваре бамаротиб
пешрафтатару шукуфотар табдил хоҳанд кард. Чун милоки аслӣ барои ингуна
арзёбиҳо бояд доноӣ, шукуфоӣ ва беҳзистии ҷомеъа бошад, на ҳукумати дидгоҳҳое,
ки мо ба он ъишқ меварзем.
Намунаи дигар аз таҳаммули дидгоҳҳои динии гуногун аст. Ҳазорон мусалмони
диндор аз дасти ҷабру ситами ҳукуматҳои динишон гурехтаанду ба ҳамин
“кофаристон”-и Ғарб паноҳ бурдаанд. Ҳамаи манотиқи мусалмоннишин масҷид доранд
ва одинаҳо шулӯғтар аз ҳамеша ҳастанд, чун аксаран мехоҳанд савоби ъибодатро
дар ҷамоъат бибаранд. Манотиқи яҳудинишин ҳатман каниса доранд, ҳиндуҳо мандир
доранд, сикҳо гурдворо доранд, зартуштиён дарби меҳр доранд... Аммо ҳузури
мусалмонон чашмгиртар аст. На танҳо дар ниёишгоҳҳо, балки дар хиёбонҳо ҳам.
Мусалмонон бо пӯшишу намое мазҳабӣ рӯбарӯи истгоҳҳои метру бо баландгӯ
донистаҳои худ аз исломро ба гӯши мардуми шаҳр фарёд мезананд ва масеҳиёну
номусалмононро ба оғӯши ислом фаро мехонанд. Гоҳ баёнияҳои тундравонае ҳам чун
“ҳамаи шумо бояд мусалмон шавед, вагарна дар оташи ину он дунё хоҳед сӯхт!”-ро
ҷор мезананд. Ҳатто як бор надидаам, ки пулис музоҳими таблиғоти мазҳабии он
бародарон шуда бошад.
Аксари ин афрод зодаи як кишвари мусалмон ҳастанд ва
маҷбур ба фирор шудаанд. Ғарб ба онҳо паноҳ дода, хонаву дар дода, иҷораи
хонаро давлати “кофар” мепардозад, пули парваришу омӯзиши фарзандони бисёри ин
хонаводаҳоро давлат мепардозад... Хулоса, камоли одоби меҳмондориро баҷо
меоварад ва дар посух нафрину тавҳин мешунавад, аммо тоб меоварад, чун пойбанди
ахлоқу усулест, ки хиради башаре пешрафта бар ӯ дикта мекунад.
Дар паи 11 септомбр
яке аз ин мубаллиғон (Имом Ҳамза) ба кишвари худаш мустарад шуд, чун дар масҷид
мусалмононро ба қатли масеҳиён даъват мекард. Ин оқо бо чанд зану чандин
фарзандаш аз давлати Бритониё кумак мегирифт ва танҳо кораш имомат дар масҷиди
Финсберӣ Порки Ландан буд. Ҳангоме ки мехостанд ӯро ба Миср мустарад кунанд,
мегуфт: Лутфан ин корро накунед, чун онҷо манро хоҳанд кушт. Гуфтанд: Ту ки
мардумро ба куштори инглисиҳову масеҳиён фаро мехонӣ, чаро нигарони мурдани
худат ҳастӣ? Ин пурсишу посух чеҳраи кареҳи таъассубро барҷаста мекард, ки
пойбанди ҳеч навъ ахлоқе нест ва ба қавли бузурге, фосила аз таъассуб то фошисм
як гом беш нест.
Ба ҳар рӯй, агар қонуни Бритониёро ба дасти Имом Ҳамза вогузор
мекарданд, бояд ҳамаи номусалмонон кушта мешуданд, то ӯ битавонад ҳукумати
динии мавриди писанди худро пиёда кунад. Ин танҳо як намуна аст ва баёнгари
ҳама навъ ҳукуматҳои динӣ нест ва ҳамаи ҳаводорони ҳукуматҳои динӣ хостори
куштани мухолифонашон намешаванд. Аммо ҳар ҳукумати диние саранҷом ҳадафаш бо
орзуи нобудии физикӣ ё ъақидатии мухолифонаш гиреҳ мехурад ва монеъи бузурге
дар баробари рушди ҷомеъаи инсонист.
Бидуни ду нерӯи баҳамзидд ҳатто як ломп равшан намешавад. Тақобулу таъомули
нерӯҳои мусбату манфӣ дар кунҳи офариниш нуҳуфта аст ва дар тамоми рухдодҳои
физикӣ мушоҳида мешавад. Чаро давлати Тоҷикистон бад-ин андоза вопасмонда аст
ва ҳеч нест, ки андаке пеш биравад? Чун ба нерӯи мухолифаш маҷол намедиҳад, ки
дам бизанад. Дар натиҷа кунишу вокунише миёни нерӯи мусбату манфӣ сурат
намегирад, ки лозимаи вуҷуд ва бақост. Ҳукумати динӣ ҳам аз ҳукумати Раҳмон
тафовути чандоне нахоҳад дошт, фақат аз он бари хатт хоҳад уфтод. Ҳукуматҳои
тамомиятхоҳ мухолифатро тоб намеоваранд, аз ин рӯ ҳам фосид мешаванду
бармеуфтанд. Мисли обе, ки кунишу вокуниши молекулҳоро бохта бошад ва табдил ба
мурдоб шавад.
Ва ин ҳикматро ҳам борҳо шунидаему такрор кардаем, ки “меваи мамнӯъа
ширинтар аст”. Бароянди мантиқии онро ба чашми сар дар зиндагӣ дидаем. Сиришти
инсон чунин аст, ки аз ончи бо зӯру иҷбор бар ӯ таҳмил шавад, гурезон аст ва ба
он чи ки бо зӯру иҷбор аз ӯ биситонанд, моилтар аст. Намунаи боризаш Эрон аст,
ки пеш аз инқилоб ҷомеъае мусалмонтару намозхонтар дошт ва дар тӯли 33 соли
ҳукумати мазҳабӣ ба ҷомеъае гурезон аз мазҳаб табдил шудааст. Аз сӯи дигар,
давлати Тоҷикистон барои ҳифзи қудрати худ дар ҳоли маҳдуд кардани дастрасӣ ба
масҷидҳо ва риъояти одобу русуми исломист, аммо дар посух гароиши мардум ба
масҷидҳо ва одобу русуми исломӣ дар ҷомеъа фузунӣ мегирад. Ин воқеъият ҳам
тобеъи ҳамон қонуни физикии кунишу вокуниш аст. Кумунисм ҳам замоне мурд, ки
сари қудрат омад. Пас ҳимоят аз ҳукумати динӣ, ба таври талвеҳӣ ва нохудогоҳ
ҳимоят аз заволи он мактаб аст.
No comments:
Post a Comment