Thursday, May 21, 2020

Куруно ва кӯдакон; Ончи бояд бидонем


(Манбаъ: БиБиСӣ)

Дар Инглистон рӯзи 01.06.20 баъзе бачаҳо ба мадраса бозмегарданд, дар ҳоле ки ҳанӯз нақши кӯдакон ва мадрасаҳо дар ин ҳамагирии ҷаҳонӣ комилан маълум нест. Кӯдакон ҳам ба куруно мубтало мешаванд, вале беморишон банудрат (бисёр кам) вахим (хатарнок) мешавад ва маълум нест то чи ҳад метавонанд ин вирусро ба якдигар ё бузургсолон, бахусус коркунони мадраса мунтақил кунанд.


Оё кӯдакон ҳам ба куруно мубтало мешаванд?

Акнун мушаххас шуда, ки афроди солманд бештар дар хатари куруно ҳастанд. Баррасии як муассисаи хайрия нишон додааст, то 24 оврил (камтар аз як моҳ пеш) дар Инглистон, Велз ва Ирланди Шимолӣ миёнгини синни афроде, ки дар бахши муроқибатҳои вежа (“реанимация”) бистарӣ шудаанд, 60 сол будааст. Пруфесур Одилиё Ворис (Prof. Adilia Warris), мутахассиси бемориҳои ъуфунӣ (“инфекционные заболевания”)-и кӯдакон дар Донишгоҳи Эксетер мегӯяд: “То ба ҳол байни як то панҷ дарсад аз мубталоёни собитшудаи куруно кӯдакон будаанд. Беморӣ дар онҳо хафифтар (сабуктар) ва марг бисёр нодир аст”.


Кӯдакон пахшкунанда ҳастанд ё абарпахшкунанда?

Кӯдакон абарпахшкунандаҳои бемориҳои дигар, монанди онфлуонзо (зуком) ҳастанд. Онҳо яке аз гурӯҳҳои осебпазир дар ибтило ба онфлуонзо ҳастанд, вале ба назар мерасад, вақте ба куруно мубтало мешаванд, беморишон вахим (бисёр хатарнок) намешавад. Суоли муҳим ин аст, ки кӯдакон, ҳатто агар худашон бемор нашаванд, чиқадр метавонанд ноқили вирус бошанд ва онро пахш кунанд.

Ҳанӯз маълум нест, афроди олуда ба вирус, ки ъалоим (нишонаҳо)-и беморӣ надоранд ё онҳое, ки бемории хафиф (сабук)-е доранд, то чи ҳад онро сироят медиҳанд. Вируси куруно ҳам монанди вируси онфлуонзо мунтақил мешавад; аз роҳи танаффуси қатракҳои ҳовии вирус, ки бо сурфаву ъатса пахш мешавад ё даст задан ба ашёи олуда, монанди худкор (“авторучка”) ва дастгираи дар. Аз ин рӯ риъояти ду метр фосила бо дигарон ва шустани даст пеш аз ламси сурат (даст задан ба рӯй) ё хурдани ғизо хатари интиқоли вируси куруноро коҳиш медиҳад, аммо риъояти ин корҳои пешгирона ҳатто барои бузургсолон ҳам осон нест.

Пруфесур Матйу Иснейп (Matthew Snape) дар Донишгоҳи Оксфурд таҳқиқи ҷадидеро оғоз карда дар бораи теъдод кӯдакону навҷавононе, ки ба куруно олуда шуда ва дар муқобили он масуният (иммунитет) пайдо кардаанд. Ӯ мегӯяд:

“Ин ки оё бачаҳо пахшкунандаи куруно ҳастанд ё на, яке аз ношинохтаҳои пуршумори мо дар бораи ин ҳамагирӣ аст. Посух ба ин суол барои дарки наҳваи мудирияти беморӣ ва замони бозгушоии мадрасаҳо муҳим аст”.


Чиро дар Инглистон ибтидо бачаҳо ба мадраса бармегарданд?

Тибқи дастурулъамали давлат, бозгушоии мадрасаҳо бо донишомӯзони пешдабистонӣ, клоси аввал ва клоси шашум оғоз мешавад. Ба далели ин ки

- ин кӯдакон ниёзҳои омӯзишии муҳимме доранд:

- дар сурати беморӣ баъид аст (эҳтимолаш кам аст, ки) кӯдакони камсинну сол ҳолашон вахим (бисёр бад) шавад;

- кӯдакони бузургтар тамосҳои бештаре хориҷ аз мадраса доранд, ки хатари бузурге дар интиқоли вирус маҳсуб мешавад;

- кӯдакони бузургтар маъмулан беҳтар қодир ба ёдгирӣ дар хона ҳастанд.


Оё бачаҳо дар мадраса бояд моск бизананд?

Замоне ки риъояти фосилаи иҷтимоъӣ сахт аст, пӯшондани сурат (рӯй) метавонад эҳтимоли интиқоли вирусро поин оварад. Бо ин ҳол, давлат истифода аз москро дар мадрасаҳои Бритониё тавсия намекунад. Тибқи тавсияи давлат, истифода аз моск бидуни кумак гирифтан аз дигарон барои кӯдакон мумкин аст сахт бошад. Бино бар ин, беҳтар аст бар шустани даст ва соири иқдомоти беҳдоштӣ таъкид шавад.


Оё кӯдакон масун (эмин) ҳастанд?

Яке аз суолҳои муҳим дар бораи куруно ин аст, ки чиро бачаҳо маъмулан ъаломат надоранд ё ъаломатҳои хафиф (сабук)-е доранд. Яке аз назарияҳои ин аст, ки шояд рия (шуш)-и онҳо гирандаи камтаре дорад. Ҳамон гирандае, ки вируси куруно аз тариқи он вориди силлул (ҳуҷайра) мешавад. Вале ҳанӯз шавоҳиди кофӣ барои исботи он вуҷуд надорад.

Гузоришҳо нишон медиҳад, беморӣ дар теъдоди бисёр каме аз кӯдакони олуда ба вируси куруно вахим мешавад ва системи эминишон вокуниши илтиҳобӣ (“воспалительная реакция”)-и шадиде нишон медиҳад.


Оё ин беморӣ шабеҳи сандруми Ковозокӣ (Kawasaki syndrome) аст?

Беморие шабеҳи сандруми Ковозокӣ дар бархе кӯдакон дида шудааст. Ковозокӣ ба рагҳо ҳамла мекунад ва боъиси таби боло, фишори хуни поин, бусуроти пӯстӣ (ҷӯш задану обила кардани пӯст) ва тангии нафас мешавад, ки метавонад боъиси марг шавад.

Ин сандрум шабеҳи вокуниши илтиҳобии шадиди системи эминӣ аст, ки ба он “тӯфони Ситукин” (Cytokine storm; цитокиновый шторм) мегӯянд ва дар мубталоёни куруно, ки ҳолашон бисёр бад мешавад, рух медиҳад. Дар ин маворид вокуниши системи эминӣ беш аз худи вирус вазъи беморро вахим мекунад.

Аммо ин сандрум дар кӯдакон нодир аст. Пруфесур Рузолинд Исмит (Rosalind Smyth), фавқитахассуси бемории танаффуси кӯдакон, мегӯяд: “Мо бояд бадиққат кӯдаконеро, ки куруно ва бемории илтиҳобии чандсистемӣ доранд, баррасӣ кунем ва бибинем, оё ин ношӣ аз куруно буда ё на”.


Чи замоне ба дармони фаврӣ ниёз аст?

Маъмулан куруно дар кӯдакон хатарнок нест. Агар фарзанди шумо нохуш аст, ба эҳтимоли зиёд мубтало ба куруно нест.

Колеҷи салтанатии кӯдакону навзодон ба падару модарҳо тавсия мекунад, билофосила бо уржонс (ёрии таъҷилӣ) тамос бигиранд, агар фарзандашон:

- рангпарида шуда, пӯсташ лаккадор шуда ва баданаш бисёр сард аст;

- вақфаи танаффусӣ дорад (канда-канда нафас мекашад), танаффусаш номуназзам аст ё басахтӣ нафас мекашад;

- мушкили ҷиддии танаффусӣ дорад, бисёр беқарор аст ё ба чизе ъаксулъамал нишон намедиҳад:

- лабҳояш кабуд шуда;

- дучори ташаннуҷ (“судороги”) шуда;

- беш аз ҳад музтарибу парешон аст, бевақфа (беист) гиря мекунад, гиҷу бисёр хоболуд шуда (наметавон бедораш кард) ё ба чизе ъаксулъамал нишон намедиҳад;

- лаккаҳое рӯи пӯсташ зоҳир шуда, ки бо фишор аз байн намеравад (озмоиши ливон ё истакон)

- дучори дарди байза (хоя) шудааст (бахусус дар писарони навҷавон)

- бемории заминаӣ (“первопричинное патологическое состояние”) дорад.

Бемориҳои заминаӣ муҳим аст ва ба син рабте надорад. Барои намуна, дар Бритониё ҳудуди 5.5 милюн тан дар синҳои мухталиф осм (“астма”) доранд. Ибтило ба куруно хатари вахим (бадтар) шудани ин бемориро боло мебарад. Кӯдакони мубтало ба бемориҳои заминаӣ бисёр осебпазир ҳастанд ва мумкин аст ба ибтило ба куруно ҳоли онҳоро вахим кунад. Ба ҳамин далел тавсия мешавад ин кӯдакон дар хона бимонанд, то аз сирояти вирус дар амон бошанд.

No comments: