Tuesday, May 27, 2008

Tajikistan: The Land of Rumours

Точикистон – кишваре шоеъапарвар

Шояд Точикистонро бишавад роздортарин кишвари чахон унвон кард. Мочарохои хаячонангезе сари забони мардум меуфтад ва пас аз муддате худамон хам намефахмем, ки он мочарохо чи гуна аз сари забонхо уфтод. Ангор на ангор.

Сухбат аз катли чехрахои барчастаи точик нест, ки котилонашон харгиз ошкор нашуданд. Достони хамин яке-ду соли ахирро мегуям. Масалан, замоне буд, ки хама ба миш-миш дар бораи барканории карибулвукуъи Махмадсаъид Убайдуллоев – шахрдори Душанбе ва раиси Мачлиси Миллй уфтода буданд. Обхо аз осиёб уфтод, аммо на иттифоке уфтоду на Убайдуллоев аз курсиаш.

Як чосуси рус, ки зохиран бо оромиши виждон дар гушаи динче аз Омрико ба сар мебарад, яке аз чехрахои сиёсии точикро ошкоро хамкори худ номид. Ба гуфтаи у, Рашид Олимов – намояндаи пешини мо дар Созмони Милал ва сафири кунунй дар Чин, тахти лакаби «Амир» иттилоъоти мавриди ниёзи Русия дар мавриди Точикистонро фарохам мекардааст. Ин иттихом (агар вокеъияташ надонем) дар китобу рузномахо мунташир шуд. Олимов телефуни махалли корашро руи паёмгири чинй гузошту барои муддати мадиде нопадид шуд. Шояд ба умеди ин ки шоеъот фуру нишинад. Умедаш абас набуд. Аз он шоеъот хам дигар хабаре нест, бо ин ки посухе ба пурсишхои бешумор дода нашуд. Хамчунон Олимови мо дар Пекин гашт мезанаду чои чинй менушад ва ба аморати худ идома медихад.

Тозатарин шоеъа хам, ки хануз нимачон аст, дар мархилаи нисён карор дорад. Шояд пас аз яке-ду хафтаи дигар миллат ба куллй ёдашон биравад, ки Хасан Саъдуллоев (Асадуллохзода) ном касе аз абармардони иктисоди Точикистон буд. Касе буд, ки ба хотири пайванди танготангаш бо хонадони раисичумхурй ба маснаде боло расид ва то метавонист, чайбашро пур кард; ба хадде пур кард, ки ба гуфтаи огохони хол, дигар худи саробони дору надораш (раисичумхурй) ба тахлука уфтод. Ва ба андозае чайбаш анбошта шуд, ки боз хам ба гуфтаи огохони амр, орзухои баландпарвозонааш авч гирифт ва ба фикри точу тахт уфтод. Баъд чй шуд? Дигар хамааш шоеъа аст ва шояд рузе ба монанди шоеъоти дигар фаромуш шавад.

Аммо хазорон фарсанг дуртар аз Точикистон афроде хастанд, ки ин шоеъотро чиддй мегиранд ва хамчунон бо чидду чахд дар паи кандукови он хастанд. Ба монанди Чонатан Манторп аз рузномаи The Vancouver Sun-и Конодо, ки бо котеъияти шигифтангез ба хамаи шоеъот мухри таъйид гузоштааст ва нокомихои ахири Хасан Саъдуллоевро якояк баршумурдааст. Ду мавриди тавкифи родю «Имруз»-и Саъдуллоев хам аз каламаш науфтодааст. Родюи «Имруз»-ро танхо истгохи родюии демукротик дар Точикистони мустабид медонад, ки пас аз ду-се бонги «бедор шав!» билофосила хафа шуд. Чонатан хатто тардид надорад, ки Саъдуллоевро куштаанд. Дар мавриди котили он хам шакке надорад: Рустами Рахмон.

Аммо Точикистон тарчех медихад сари ин казия сарпуше гунда биравад ва фаромуш шавад. Мисли хар шоеъаи дигаре. Лаби давлат дар ин маврид мухру мум аст. Факат наздикони шуглии Саъдуллоев ба такрор мегуянд, ки раиси Ориёнбонк хамчунон зиндаву солим аст ва дар камоли хушй дар чаласоти бонк хозир мешавад. Аммо ин хам шоеъае беш нест. Чун мардум шахси мавриди назарро бо ду чашми сар надидаанд, ки бигуянд дар чи хол аст. Ва агар хубу хуш аст, дар канори гарданаш чои захме хаст ё нест?

Танхо кишвархои мустабид маъмани шоеъасозонанд. Дар кишвархои озод ба шоеъот мачол намедиханд, ки шоху барг дарбиёранд. Аммо дар Точикистон агар касе сурфа кунад, шоеъаи гузиданаш даври кишвар хохад печид ва агар бигузад шоеъаи р...наш. Ин аз боризтарин нишонахои як кишвари баставу дармонда аст. Кишваре шоеъапарвар.

Зимнан, аз мохи оянда кимати об хам ду баробар мешавад. Ин яке дигар шоеъа нест. Чун мавзуъи пулу суд матрах аст. Чайбхоятонро хуб биполед, ки вокеъияти ноб аст. Шоеъа чизест, ки барои давлати Точикистон суд надорад ва чи басо, ки зиёнбор аст. Аз ин ру барои хамеша дар холати шоеъа мемонад.

Аммо хамин шоеъот аст, ки дар нихоят сахттарин зарбаро ба давлатхои худкома мезанад. Умедворам шоеъаи марги фачеъи Саъдуллоев дуруг бошад. Аммо хатто агар он дуруг бошад, зарбаи гурезнопазир бар пайкари давлат муддатхост, ки ворид шуда. То набошад чизаке мардум нагуянд чизхо. Бо пайдоиши шоеъаи набарди кудрат дар хонадони хоким нанги ношустание бар пешонии ин хонадон нишаст ва аз хурмати он дар миёни тудахо кост. Ин яке хам дигар шоеъа нест. Чизест, ки паёмадашро хохем дид.
__________________________

Sadullaev Rumours Poll
Асари шоеъот дар бораи марги Хасан Саъдуллоев:

17 раъй

Кохиши эътибори давлат: 3 (17%)
Кохиши эътимод ба давлат: 2 (11%)
Афзоиши хашм алайхи давлат: 8 (47 %)
Дигар: 1 (5%)
Хеч: 3 (17%)

No comments: