Мо худ як хизби тамомъайёрем!
Перомуни мо бешарофатихое сурат мегирад, ки хама далели онро ба хубй медонем, аммо касе салох намедонад дар ин бора дастикам пич-пиче бикунад. Яке аз ин маворид иттифокест, ки бо Хизби Демукроти Точикистон уфтод. Рахбари онро бо такдими дору надори Точикистон ба Русия гирифтанду барои 23 сол равонаи зиндон карданд ва худи хизбро аз дарун тикка-пора карданд ва пораи давлатии онро ба расмият шинохтанд. Дар хар чамъе хоин пайдо мешавад. Хоине, ки хар устухонеро ганимат медонад. Хизби Демукрот хам мустасно набуд. Устухонеро парт карданд ва касе ба сурогаш омад. Хамуро рахбари хизб таъйин карданд ва акнун мехоханд ба зур моликияти хаккаи Хизби Демукроти Мухаммадрузй Искандаровро аз хамрохони бовафояш бигиранду ба рахбари давлатии хизб бидиханд.
Хукуматхои истибдодй дар хама чо ин корро кардаанд ва макомоти Точикистон хатто дар ин маврид ибтикоре ба харч надоданд. Хизби «Растохез»-и Эрони пеш аз 1978 расман хизби мухолифи давлат махсуб мешуд, аммо дар вокеъ рахбари он чирахори охури хукумати салтанатй буд ва мояхточи рузгораш мустакиман аз байтулмоли давлат меомад.
Давлати Точикистон низ, ки аз иттиходи мухолифонаш мисли бед меларзад, аз муддатхо пеш дар садади он баромадааст, ки мухолифонашро чирахори худ кунад. Аз миёни мухолифон хоинонеро бармегузинад ва онхоро ба иншиъоб ё шоха-шоха шудани хизб во медорад ва хизби вокеъиро ба нобудй мекашонад. Албатта, ангушти иттихом ба худи аъзои хизб хам бармегардад. Танхо дар сурати набуди ормони вокеъй метавон як хизбро ин гуна ба вайронй кашонд.
Додгохе дар нохияи Шохмансури Душанбе аз Хизби Демукроти Мухаммадрузй Искандарови дарбанд хостааст, ки мухру мумашро ба Хизби Демукроти давлатии Масъуд Собиров тахвил бидихад. Ва танхо мухру мум на, балки дафтару кулли асосияашро хам. Яъне расман вучуди ХДТ-и Искандаров зери суол рафта буд, акнун вучуди хоричии он низ дар остонаи нобудист. Давлат ба ин хиёл аст, ки замоне ки Искандаров аз зиндон берун меояд, дигар хизби худро пайдо нахохад кард. Аммо кй медонад? Шояд замоне ки Искандаров озод мешавад, дигар ба хизбе ба он сурат ниёзе нахохад буд. Хамин аъмоли гайриинсонии давлат рохи худи давлат ба суи гурро хамвор мекунад.
Додгох рузи 14 май ба хизби Искандаров як мох фурсат дод, ки моликияташро ба Масъуд Собиров тахвил дихад ва бо хамин макулаи Хизби Демукрот баста шавад. Рахматуллох Валиев бо матонати сутуданй таъкид кардааст, ки ин иттифок нахохад уфтод. Аммо то як мохи дигар хохем дид, ки чи гуна табари давлат ба кор хохад уфтод.
Сарнавишти хизбхои демукроту сусиёлист мухолифонро сахт тарсондааст ва хатто бархе (ба вижа Хизби Нахзати Исломй) ошкоро гуфтаанд, ки ба хотири чилавгирй аз вуруди зарбаи табари давлат бар суфуфи хизби худ тарчех медиханд феълан хомуш бимонанд. Дар вокеъ, то ин чо давлат ба хадафи худ расидааст ва хизбхо ба аъзои худ эътимоди сад дарсад надоранд ва фикр мекунанд, ки шояд дар суфуфи онхо низ афроди мухточи устухон бошанд. Дар натича, сукуте, ки давлат ба он ниёз дорад, таъмин мешавад.
Дар ин миён кори рузноманигорони механй заруритар чилва мекунад. Бояд бо ин хакикат канор омад, ки хизбхои сиёсии мо хечкораанд. Хама аз зери сотури давлат гузаштаанд ё аз тарси он сокит мондаанд. Пас бехтар аст тамоми мушкилоту дардисархои чомеъа тавассути рузноманигорон гуфта шавад ва сукуте, ки давлат мехохад, шикаста шавад. Рузноманигорони механй аз ин ба баъд бояд хадиси бадбуи махалгаройиро канор бигзоранд ва ба масоили рузмарра бипардозанд ва тамоми сиёсатхои давлатро бисанчанд ва нукоти галати онро, ки андак нест, зери суол бибаранд.
Давлат барои дур кардани зехни мардум аз масоили доге, ки бар сари кишвар хоил аст, аз тарики нашрияхои вафодори худ дар холи ниходина кардани саратони махалгаройи дар чомеъа аст. Яъне мехоханд коре бикунанд, ки мо чиноятхои давлатро нодида бигирем. Пас бехтар аст беш аз пеш аз ормонхои миллй бигуему бинависем ва давлатро барои бекифоятиаш дар бароварда кардани он ормонхо зери тозиёнаи накд бигирем. Давлат бояд точикй ва дилсузи миллат бошад ва агар нашуд, бояд канор биравад.
No comments:
Post a Comment