Нашрияхои Точикистон ба хадде кобили пешбинй шудаанд, ки кофист ба ман бигуед мусохибае бо фулонй чоп шудааст ва ман бидуни огохии каблй бароятон хохам гуфт, ки он мусохиба метавонад дар кадом нашрияи Точикистон мунташир шуда бошад. Барои намуна, агар яке-ду сафха аз як нашрия ба Иброхим Усмон ихтисос дорад, бедиранг метавон хадс зад, ки он дар «Фараж» бояд чоп шуда бошад. Агар кахрамони мусохиба Масъуд Собиров аст, билофосила мешавад гумон бурд, ки трибунаш хатман бояд «Миллат» буда бошад. Чолиб ин чост, ки тайи хафтаи равон хар ду зохиран чизхое барои гуфтан доштаанд ва мусалламан, аз трибунхои маъмулии худ кор гирифтаанд.
Хадиси Собировро, ки муътакид аст чинохи давлатии Хизби Демукрот «шаш хазор узв дорад», борхо гуфтаем. Бимонад, ки аз 4500 узви Хизби муттахидаи демукрот чи гуна 6000 берун омадаанду хизби худро сохтаанд. Шояд ба ин бовари окои Собиров дар фурсате дигар баргардем. Бехтар аст акнун ба сухбатхои Иброхим Усмон бипардозем, ки маълум нест бар чй мабно ва ба далели кадом офаридае «олими сол»-и кишвар унвон шуда буд ва мавриди истехзои бархе карор гирифт. Барои ман, бисёре аз гуфтахои у хукми куфр дар киболи хуввияти забонй ва миллии точиконро дорад.
Саъй мекунам дидгохам дар бораи изхороти Иброхим Усмон ба дур аз бардоштам аз ин рузноманигор дар даврони навчавониам баён шавад. Фарз мекунем, ки ман эшонро ба хубй намешиносам ва танхо ба сухбатхое иктифо мекунем, ки Усмон дар гуфтугуяш бо «Фараж» ба миён овардааст.
Шир сапед аст
Сухбат аз бадехиёт огоз мешавад. «Вазирй касб нест, журналистика касб аст». Манзур аз «касб» косибии бозор нест, балки хирфаи рузноманигорист. Дар паи он Усмон талош мекунад барои хирфаи рузноманигорй хатхои кирмиз ва худудеро таъйин кунад, ки ба назари худи у, бояд аз суи як рузноманигори ростин муроъот шавад. Бо хондани матни мусохиба тасаввури ман ин буд, ки хануз хафдах солам аст ва пушти мизи донишчуйи дар як донишгохи шуравй нишастааму устод бароям «хакикати инкорнопазир»-и кумунистиро тавзех медихад. Аммо медонем, ки акнун дар дунёе дигар зиндагй мекунем. Дарег, ки бархе ба монанди Иброхим Усмон дар хами кучаи бунбасти кумунисм гир кардаанд ва бо чидду чахд сарашонро зери хок мекунанд, то вокеъиятхои атрофи худро набинанд.
Иброхим Усмон мухофизакорона таъкид бар баёни дерину махбуби худ дорад:
«Журналистоне, ки портфели калон доранд, калами нагз доранд, калами рангаш нагз доранд, когази нагзро ёфта хариданашон мумкин, кор фармуданашон мумкин, аммо журналист нестанд.»
Чи гуна метавон ба эшон тафхим кард, ки ин баён ба торих пайвастааст? «Портфел» кадом аст? Дар забони порсй (ки ба бовари у «точикй» аст) калам хушранг мешавад, бофти таркиби «калами рангаш нагз» пок туркист ва бо забони мо миёнае надорад. Каламу когазро наметавон «кор фармуд», онхоро мешавад ба кор бурд. Аз саропои матни мусохиба метавон эрод гирифт, аммо мо ин кутохихоро ба хисоби зинда будани сухбат ва нахваи баёни муховараии устоди журнолисми точик мегузорем ва ба магзи сухбатхояш бармегардем.
Сурху сиёхи пиндор
Иброхим Усмон дунёро хануз бо рангхои сурху сиёх мебинад ва аз фармудае ёд мекунад, ки
«дар кишвархои капиталистй агар матбуот ба якдигараш игво накунад, рузашро гузаронида наметавонад, чунки идоракунандааш гуногун аст» ва меафзояд, ки «дар мо хамин рухия ба вучуд омад».
Чандин соли зиндагй дар чанд кишвари «капиталистй» барои ман маънии ин иддаъоро ошкор накардааст. Харгиз шохиди шох ба шох шудани, масалан, “Independent”-и Ландан бо “Guardian” набудаам. Аммо ин ки хафтаномахои Точикистон акнун ба харбаномахои сардабиронашон табдил шудаанд, сирфан ба кишвари пора-пораи мо ва тафаккури махалгароёнаи сардабирони он марбут мешавад ва исботи пайванди он бо дунёи сармоядорй тахайюли ганитар мехохад.
Пиндошти Иброхим Усмон аз «иттиходи журналистон» хам кумунистист. У мегуяд:
«Пештар барои он журналистон муттахид буданд, ки Иттифоки журналистон имконияти ба журналистон хона додан дошт, имконияти бустонсаро (дача) додан дошт, имконияти ба истирохат фиристодан дошт, имконияти ба одамхои дармонда ёрй расондан дошт. Яъне вай иттифоки пулдор буд. Хозир Акбаралй Сатторов гайрати бештар дорад, ки хамон холатро баркарор кунад. Ман гумон дорам, ки шояд ба чизе муваффак, шаванд. Лекин холо, хозир ин иттифок дар холати эхёшавй асту бас.»
Маъмулан вазифаи иттиходияхои синфй химоят аз хукуки аъзои он аст, на фарохам овардани асбоби айшу нуш ва бустонсарову тафарручгох барои аъзои он. Аммо хамин маврид аз вазифахои калидии Иттиходияи рузноманигорони даврони шуравй ба шумор меомад ва худи иттиходия дар поймол кардани хукуки рузноманигорон накши мустаким дошт ва озодии баёнро дар чорчуби махдуде карор дода буд ва агар як узви ин иттиходия харфе хилофи давлат ва усули танги эъломшуда мегуфт, худи иттиходия ба хисобаш мерасид ва рузгори он узви бечораро сиёх мекард. Чунин иттиходияе, ки дар вокеъ абзори эъмоли нуфузи давлат аст, барои кору эчоди аъзои он башиддат зиёнбор аст ва бехтар аст харгиз дубора эхё нашавад.
Идомаи гуфтугу ошкор мекунад, ки манзури Иброхим Усмон аз он иттиходия дакикан хамон «профсоюз»-и шуравист, ки нозири ичрои шуморе усули забонию сиёсист. Холо ки иттиходияи рузноманигорон кодир ба ичрои ин кор нест, Усмон пешниход мекунад, ки як кумитаи истилохоти вобаста ба Фархангистони улум ё хукумати Точикистон дар ичрои он бикушад. Яъне дасти зури давлат мустакиман бар сари рузноманигорони кишвар хоил шавад ва истилохотеро, ки Иброхим Усмон аз онхо хушаш меояд, дубора роич кунад.
Мушкили Усмон бо "нахуствазир"
Иброхим Усмон бо вожаи «нахуствазир» мушкил дорад ва мегуяд:
«Масалан, дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон вазифа «сарвазир» навишта шудааст, матбуоти мо «нахуствазир» менависад. Комитети истилохот талаб бояд кунад то меъёрхоро риоя кунанд. Хозир, хамин чизро аслан аз матбуоти мо суд бояд талаб кунад, ки чаро ту Конститутсияро вайрон мекунй? Макоми кабулшуда дар Точикистон сарвазир аст.»
Агар мусохиби Иброхим Усмон аз чуръати кофй бархурдор буд, метавонист аз у бипурсад: «Шумо, ки ин хама пойбанди харфи конун хастед, чи гуна аз вожаи «Конститутсия» кор мегиред, дар холе ки ин вожа дар забони мо расман мурдааст?»
Иброхим Усмон далели танаффураш аз вожаи «нахуствазир»-ро ин гуна тавзех медихад:
«Эронихо калимаи «сар»-ро хеле кам истифода мебаранд. Дар забони точикй бо «cap» такрибан хазорто калима огоз мешавад. Сармакола, сармухаррир ва гайра хоказо.»
Пас мушкил худи вожа нест, балки маншаъи он аст. Хатто агар бипазирем, ки «эронихо калимаи «сар»-ро хеле кам истифода мебаранд», наметавон мункири ин вокеъият буд, ки дар мавриди забон эронихо аз сари худ бештар кор мегиранд ва баёнашон аз сару забоне бармеояд, ки медонад чй мегуяд. Аммо ин иддаъо харфи муфте беш нест. Вожахое чун сардабир (ки порситар аз «сармухаррир»-и Усмон аст), сармакола, саррасид, саршуморй, сармоя, сарпизишк, саркор, сарпойи дар Эрон корбурди фаровон дорад. Пас ин яке аз мавориди пахши дуруг аст, ки Иброхим Усмон зохиран нигарони ривочи он дар матбуъоти Точикистон аст. Албатта, шояд он амдй хам набошад, балки аз ноогохии устоди рузноманигорони точик бармеояд.
Порсиситезй ба шеваи Хуррам
Усмон муътакид аст, ки рузноманигорони точик хакки конунии чойгузинии вожаи «судя» бо «козй» ва «суд» бо «додгох»-ро надоранд ва мегуяд, ки хамон вожахои бегона бояд дар забони мо роич бошанд. Аммо агар хамин «конуншиканй»-и рузноманигорон набуд, имруз бояд ба «чумхурй» «республика» ва ба «донишгох» «университет» мегуфтем. Усмон ба чои ин ки хостори ислохи забони конун шавад, аз рузноманигорон мехохад галатхои мусталах дар забони конунхоро бипазиранд.
Порае аз сухбати Иброхим Усмонро хиёнат ба забони порсии точикй медонам:
«Афгонистонро дидед, «Пухантун»-ро як кас донишгох гуфтааст, кариб ки истифодаи забони дариро манъ мекарданд. Чаро истилохи «Пухантун»-ро ту ба шакли донишгох, истифода бурдй гуфтанд. Он чй ки расмй шудааст, хамонро талаб карданамон даркор аст. Мутаассифона, хамин корро намекунем.»
Пас ин око бо вазири фарханги паштуни Афгонистон хамдард аст ва мехохад хамон рафтори аблахона бо забони порсй дар Точикистон сурат бигирад. Абдулкарими Хуррам худ сохиби забони порсй нест ва хакки он изхори назарро надошт. Ва албатта, он галати Хуррам вокуниши воруна (баръакс)-ро барангехт ва акнун такрибан хеч рузноманигори порсизабоне дар Афгонистон аз вожаи «пухантун» ба чои «донишгох» кор намегирад. «Донишгох» роичтар шуд. Ва аслан харфи «мамнуъияти забони дарй» дар Афгонистон матрах набуд. Касе чуръат надорад ин харфи музахрафро дар кишвари хамзабон матрах кунад, чун порсй забони аксарияти мардуми он кишвар аст. Ин яке дигар аз мавориди пахши дуруг дар мусохибаи Иброхим Усмон буд.
Пешниход ба Иброхим Усмон
Ба тамоми гуфтахои Иброхим Усмон дар ин мусохиба мешавад эрод гирифт; ба интикодаш аз рузноманигорони «Озодй» ва Би-Би-Си хам ки далели он чизе чуз нотавонбинй нест; ба нигарониаш аз рушди журнолисми интернетй дар миёни точикон низ. Шояд сари фурсат ба идомаи суханони Усмон баргардем, ки саршор аз нигаронии у аз бохтани чойгохи пешинаш аст.
Ба устоди рузноманигорони Точикистон пешниходи худашро пас медихам. Эшон бар ин бовар аст, ки рузноманигорони точик бояд забони модарии худро ба хубй фаро бигиранд. Харфи дуруст аст. Аммо Усмон дар ин маврид мустасно нест ва хатман бояд забони модариашро бозомузй кунад ва мутаваччехи ин хакикат шавад, ки забон рокид нест, балки пуёст. Тарафдорони рукуди забонй навмед хоханд шуд, чун харгиз хостахои онхо дар тули торих бароварда нашудааст.
Назархои «коршиносона»-и Усмон дар бораи забони порсии точикй хам бехтар аст пеши худи у бимонад ва обруи точиконро бештар аз ин набарад. Забони порсй мутаъаллик ба дастикам се кишвари чахон аст ва хеч кишваре хак надорад ба танхойи дар бораи сарнавишти он тасмим бигирад. Забон сайри такомулии худро тай хохад кард ва конунхои масхара наметавонанд чилави рушди онро бигиранд.
Медонам, ки ислохи забон барои бисёре аз «олимон»-и Точикистон хушоянд нест, чун навиштахои «олимона»-и онхо дар бораи нуктаву вергул ва «бандаки саволии –мй» ва чойгохи онхо дар забонро накш бар об хохад кард. Аммо агар хобем, бехтар аст бедор шавем, чашмонамонро сахт бимолему дарёбем, ки он навиштахо хамагй муддатхо пеш накш бар об шудаанд ва дигар ба забони маснуъии «адабии хозираи точик» ниёзе нест. Забони мо порсист ва порситар хам хохад шуд.
Ман хозирам бипазирам, ки бо афроде чун Иброхим Усмон иртиботи забонии мо катъ шудааст ва у, ба унвони мункири хуввияти забони модарии мо, барои ман як хоричй махсуб мешавад. Бо ин ки мо хамдигарро хануз бидуни мутарчим мефахмем. Вале Усмон забони манро бегона медонад ва ман сохтори забони у ва пофишориаш ба идомаи истифода аз ачзоъи бегона дар забонамонро бегона медонам. Ва аммо:
Хар касе, к-у дур монд аз асли хеш,
Боз чуяд рузгори васли хеш.
4 comments:
Устод Усмон мисли Турдыхон Бердыева (ба ибораи рахмати Муминов-муовини декани факултаи шаркшиноси "Бердыгул Турдыхон"), ки дар як маколаи пурхарзааш навишта исрор карда буд, ки мо бояд ба чои ибораи "богчаи кудакон" вожаи "ясли"-ро нигох дорем, забондонию савияи баланди олимии худро нишон додаанд.
Маладеес, Иброхим-ака маладес!
Хазор ташаккур ба акаи Фаридун!
Аз Устод Муъминов ед карданд.
Устод Бузургтарин Устод ва Омузгоранд! Едашон ба хайр бод! Чояшон Чаннат бошад!
Бадбахтона ё хушбахтона ин устодонро намешиносам, вале ба назарам якояки онхо корхои хуб хам кардаанд.
Масалан, посухи дандоншикани Иброхим Усмон ба Гога Хидоятов, ки миллати точикро авлоди бардагони форси мухочир номидааст. Ин кори неки Усмон аст.
Як маколаи хуби Турдихон Бердиеваро дар бораи вожахои порсй, ки ба арабй гузашта боз ба мо баргаштаанд, хондаам. Хеле чашмони маро боз карда буд, ки на хар вожаи арабй дар забони имрузаи мо арзанда пархез аст. Бархе аз вожахое ки мо арабй мепиндорем, арабхо аз мо вом гирифтаанд.
Ба ростй, радди иддаъои музахрафи насли бардагони порс будани точикон кори хубест. Аммо таъкид бар зарурати бардагии точикон ба забону хуввияти русизадаи кумунистй он кори некро хунсо мекунад. Мушкили ман бо Иброхим Усмон хамвора бар сари хуввияти миллй ва ростй будааст. Эшон одати ачибе ба тахрифи вокеъиятхо дорад, то бегонапарастй ва порсиситезии худро тавчех кунад. У порсй, дарй ва точикиро се забони чудогона медонад, ки боризтарин нишонаи бемории бегонапарастист ва оризахои фаровони дигарро дар пай дорад. Намунааш хам хамин химояти гайримустаким аз Хуррам аст.
Post a Comment