Monday, May 05, 2008

There Was a Time


Назарсанчии ахири Як Дарвеш хокй аз навмедии раъйдихандагон буд. 50% бар ин боваранд, ки точикони Узбакистон узбак хоханд шуд. Яъне мо милюнхо тан аз хохарону бародарони худро аз даст додаем? Ё дорем аз даст медихем? Рохе барои начоташон хаст? Ва агар рохе хасту мо аз он кор намегирем, посухи наслхои ояндаро чи гуна бидихем? Ин иттифок чилави чашмони мову шумо меуфтад. Моли гузашта нест. Узбакистон хануз милюнхо точик дорад, ки шуморашон аз точикони Точикистон бештар аст.

Ёдам меояд, ки соли 1989, замоне ки дар мадрасаи миёна мехондам, марди шарифе рохнамои мо шуд: Насибчони Амонй. У достони хамкавмони навчавони мо дар Узбакистонро бароямон хикоят кард. Аз ниёзи онхо ба китобхои точикй гуфт. Хамсари эшон (Амонова) омузгори забони олмонии мо буд; як бонуи фархехта ва бисёр мухтарам, ки бо ин ки асолатан узбак хастанд, ба забони порсй бо лахне зебо ва фасех сухбат мекунанд. Хамон чо буд, ки аз мазикаи фархангии хамкавмонамон дар Узбакистон огох шудам. Аз ин ки точикони Узбакистон мачбуранд дар мадорис ба забони гайр дарс бихонанд. Барои мо ин мушкил гайри кобили тасаввур буд.

Китобхои наву кухнаи бисёреро таланбор кардему савори катор шудем. Насибчон Амонй ва бону Амонова рохнамои мо буданд. Бо шуру шавк самти Бухоро рох пеш гирифтем. Дар катор пайваста аз сурудаи Мирсаъид Миршакар ёдовар мешудем:

Набароед аз вагон,
Москва не ин, Когон!

Ва хамон Когон максади дакики мо буд. Ва дакиктар аз он рустои Зерободи Когон.

Дар поёнаи Когон моро бо духулу карно пешвоз гирифтанд. Бо нону намаку гулу тарона. Зеботарин лахзаи даврони навчавониам хамон чо шакл гирифт. Дидор бо худии дурмонда пас аз солхо интизоре, ки аз бас мунтазираш мондем, фаромуш шуда буд.

Лахчаи ширини зерободихо чунон писандам омад, ки барои муддатхо мани лахчапазир ба хамон гуиш сухбат мекардам. Тамоми рустои Зеробод бародару хохари ман шуда буданд. Ва хатто наздик буд пас аз чанд сол домоди зерободихо шавам, ки нашуд. Чизе, ки манро шефтаи ин русто кард, поймардии точиконаи бошандогонаш буд. Бо вучуди дахсолахо тадрис ба забони узбакй бошандагони Зеробод якояк хамчунон ба порсй сухбат мекарданд ва чи порсии ширине!

Мо яке-дуто на, балки даххо чаъба китоб бо худ оварда будем ва мадрасаи русто, ки то вуруди мо узбакй буд, пас аз он точикй шуд. Донишомузони хамаи клосхо китобхои мавриди ниёзи худро ба забони порсии точикй доштанд. Русто хам ки комилан точикнишин буд. Шодии рустоиёнро хадду худуде набуд. Як навъ таваллуди дубораи фархангй, ки бо талоши Насибчон Амонй ва хамсари азизи эшон муяссар шуд.

Дар паи он рафтуомади миёни душанбеихову зерободихо авч гирифт. Онхо ба хонахои мо меомаданду мо ба хонахои онхо мерафтем. Шуморе хам омаданд, ки дар Душанбе идомаи тахсил бидиханд.

Аммо дарег. Пас аз чанд сол шунидам, ки мадрасаи Зеробод дубора ба узбакй баргаштааст. Яъне як рустои пок точикй дар хошияи Бухоро мачбур аст ба забони ачнабй дарс бихонад. Танхо тасаввури ин холат манро ба марзи девонагй мекашонад.

Вале девонагй чораи кор нест. Дубора бояд амонивор вориди харими точикони Узбакистон шуд ва дониши порсиро барояшон ба армугон бурд. Албатта, замона акнун басо номард аст. Аммо агар тарс аз номардии замона монеъи кори мо бошад, бими бештари раъйдихандагони Як Дарвеш вокеъй хохад шуд ва точикони азизи Узбакистон хуввияти порсии худро пок аз даст хоханд дод.

Бисёр дуст дорам аз дустон бишнавам, ки чи рохкореро пешниход мекунанд. Чи мешавад кард? Чи гуна метавон аз марги фарханги порсй дар Узбакистон чилавгирй кард? Онхо бегона нестанд. Онхо мо хастем, ки дар харими султае бегона уфтодаем. Оё барои онхо рохе ба суи фарханги худй хаст?

8 comments:

Anonymous said...

Дуруд азиз!
Ин сатрхоро мехонаму дилам моломоли дард ва хамзамон фарах мегардад. Дард аз он ки точике зуран узбак шуда, точике дар мадрасаи узбакй тахсил дорад, точике хукук надорад, ки дар марзи узбак бо забони хуниаш-модариаш муошират намояд. Фарах аз он ки он хамхуну хамзабони мо забони моро фаромуш накардааст, пазмони забони ноби порсист.
Тассуфовар аст, ки дар кишвари Точикистон низ узбактабору узбакзабонон хастанд ва бисёр мутаассифам, ки на дар Узбакистон, балки дар Точикистон хастанд нукоте, ки точикбачагон дар макотиби узбакй тахсил мекунанд. Бахри мисол дар макотиби миёнаи навохии Ч.Расулов, Спитамен, Конибодом, хатто Кургонтеппаву дигар манотики худи Точикистон бо иллати нарасидани муаллимхои точик ва шояд як андоза "точику сустй, туркиву чустй" (Таъбири Румй)-и мо ин дард вучуд дорад.
Рохи рахойиро дар он мебинам, ки бехтар мебуд навохии узбакнишини Точикистонро ба Узбакистон бахшид, канорахои Точикнишини эшонро ба Точикистон ворид намуд. Тардиде низ вучуд дорад, ки окои Ислом Карим (садкаи чунин номи бузург шавад ин палидмард) ба ин нукта розй бишавад. Андар ин кор мукассирии Рахмонро низ мебинам, ки у на балки марзхои Точикро дифоъ карда метавонад, балки хатто 96 хазор хекторро ба Чин бахшид.
Андар масъалае, ки гузоштед, бидуни хун дигар рохе нест.

D said...

Додгустари гиромй,

Сари фикандаи моро узбакхо хам ба хубй медонанд. Дар сухангоххои узбакй то сухбат аз хукуки точикони Узбакистонро боз мекунед, бедиранг аз чахор су кор-кори хамсояхо баланд мешавад, ки "миллате бо номи точик вучуд надорад!", "Точикхо туркхои порсигуянд!", "Точик? Оё манзуратон чамъи кулобиву хучандиву гайраст?" ва хазору як хандаву масхараи дигар. Бахси махалле, ки падари миллатро даровардааст, дар чордевории мо намонда, балки табли расвойии моро дар минтака ва чи басо дар чахон навохтааст.

Узбакхо точикхоро, ки хафт пушташон порсй будаанд, узбак мекунанд ва мо точикхоеро, ки дасти сарнавишт дар мучовират бо узбакхо карор дода, узбак медонем. Мо хамчунон дунболи хуни поки ориёйи мегардем, дар холе ки узбакхо лакайу кунгуроту барлосу гайраро хам узбак медонанд, чун забонхои онхо хам пешахои туркй-мугулй дорад. Хуввияти узбак забони уст ва бар мабнои ин мантик, точике, ки узбакй забони нахусташ аст, узбак аст. Аз диди аксари точикон, точике, ки чашмаш андаке бодомист (харчанд порсй сухбат мекунад), узбак аст. Тафовути миллатшиносии мову узбакхо хамин чост. Равиши мо хунист, равиши онхо забонй. Аз ин ру акнун бино ба омори расмй, узбакхо бузургтарин кавми Осиёи Миёнаанд ва точикхо дар зумраи кучактаринхоянд. Аммо дар вокеъи амр, бахши азиме аз он афрод, ки расман "узбак"-анд, ниходи точикй доранд ва ба ростй, точиканд.

Парокандагии точикхо куввати узбакхост ва онхо талоше хам барои пинхон кардани ин хакикат надоранд. Як узбак бо пурруйии тамом дар яке аз бахсхо ба ман гуфт: "Гузашту бахшандагии точикхо сарчашмаи бештари мушкилоташон дар Узбакистон аст." Дакикан хамон фармудаи хафтсаду андсолаи Мавлавй, ки ёд кардй:

Як хамлаву як хамла, шаб омаду торикй,

Туркй куну чустй кун, не нармию точикй.

Точике, ки бо худй ин хама сахтгирй мекунад ва барои шинохти хамкавми худ муъойинаи хитлерии чашму абруву чонаву шона анчом медихад, бо бегона нармак сустак аст ва ба лантаронихои у лаббайк мегуяд. Бо чидду чахд андармони поратар кардани миллати худ аст ва бо нармию гармй бар азамати ракибони худаш меафзояд.

Аз ин ру, ман фикр мекунам, хунрезй ба хеч руй рохи халли ин мушкил нест. Хуни чигар бояд рехту он хамбудй ва иттиходи ормонии миёни точиконро бино ниход. Оташ дар решаи махалгаройи бояд андохту хамаи точиконро бедиранг хамреша донист. Дар конуни нонавиштаи миллигароён махалгаройи чурм аст ва шояд бартар аз он, чинояти нобахшуданист. Махалгароёнро хама чо бояд хичил кард, масхара кард, ба заъфи мантики лангашон хандид ва харгиз чиддияшон нагирифт. Чунбиши зиддимахалгаройи ва миллигароёнаи ростин метавонад ба монанди авохири дахаи 1980 ва авоили 1990 эътимоди точикони Узбакистонро ба иттиходи мо чалб кунад, ба онхо умеди висол бидихад. Он гох чараён худ ба худ шакл хохад гирифт. Шумори мо дар Узбакистон шояд баробар бо шумори худи узбакхо бошад. Бахши аъзами точикон дар Узбакистонанд, на Точикистон. Пас намесазад, ки бо бепарвойи атои ин хама хамкавмамонро ба ликояшон бибахшем.

Хамон шиъори ширини дерин ба ёдам меояд:

Иттиход рамзи пирузист!

Anonymous said...
This comment has been removed by a blog administrator.
Anonymous said...

Точикони Узбакистон бояд пеш аз хама худашон барои эхёи хувияти худ талош кунанд. Дар холе ки онхо ба хотири тамаллук ва дарёфти суди моли ё чизхои дигар аз миллияти худ сарфи назар кунанд, кушишхои дигарон аз берун бехуда аст. Мо дар карни 21 зиндаги мекунем ва хамаи инсонхо аз хукуки баробар бархурдоранд ва ин хукукро кавонини Узбакистон хам замонат додааст. Танхо вазифаи точикони Узбакистон аст, ки як кам аз худ шучоъат нишон бидиханд ва хувияти худро эхё кунанд. Дар сурати фишор ва таъаддии давлатдорон онхо бояд алайхи хокимони худ парванда омода кунанд ва ба додгоххои байналмилали ироа бидиханд, аз роххои конунии мубориза барои касби хувияти худ ва барои хукуки фархангию миллии худ ва гайра истифода кунанд. То замоне ки худи онхо садо баланд накунанд ва нагуянд, ки хукуки онхо поймол шудааст, касе ба доди онхо нахохад расид. Охир чи тур мешавад дар сарнавишти касе ки хеч шикояте аз зиндаги надорад ва аз гуломии худ рози аст, дахолат кард. Бисёре аз онхо бахона пеш меоранд, ки агар худро точик нависанд, аз имтиёзоти молию иктисоди махрум мешаванд. Оё ин худ табъизи нажоди ва миллияти нест? Шумо бояд хакки худро бихохед ва агар надоданд, ин бехтарин бахона барои садо баланд кардан аст. Бояд садо баланд кунед ва ба хамаи чахон бигуед, ки ба шумо танхо ба хотири точик буданатон фалон ва бехмон имтиёзро намедиханд ва шуморо аз дигарон кам мебинанд (дискриминация). Агар аз лихози иктисоди бигирем, дарвокеъ точикони Узбакистон нисбат ба точикони Точикистон дар сатхи бисёр болои иктисоди хастанд ва маболиги кофи барои таъсиси гуруххои мудофеъи хукуки башар ва барои эхёи фархангу хувияти худ доранд, танхо чизе ки намерасад, чуръат ва гайрати онхост. Бисёре аз онхо аслан манкурт шудаанд ва бо хамин манкурт будан хушу хурсанд хастанд.
(Дориюш, лутфан матни пуриштибохи аввалиро хазф кунед, сипос)

D said...

Фаромарзи гиромй,

Шумори ононе, ки манкурт шудаанд ва аз бенасибии кавмиашон огох нестанд, андак нест. Дар худи Точикистон хам теъдоди ин даста аз афрод кам нест. Аммо агар гурух аз хамкавмони мо дар Узбакистон, ки аз хуввияти худ огоханд, дам аз худогохй бизананд, касе ба дифоъ аз онхо баланд хохад шуд? Дар авохири дахаи 1980 ва авоили 1990 ин иттифок уфтод. Худуди 35000 точик расман ба хуввияти ростини худ баргаштанд. Аммо Точикистон на танхо коре ба кори онхо надошт, балки саргарми катли худихо дар даруни кишвар буд. Узбакистон, ки дар огоз бисёр мухтот буд, аз нохудогохии точикони Точикистон шучоъати бештар гирифт ва ба саркуби точикони Узбакистон пардохт. Дар натича, пруфесур Чамол Мирсаъидов, дуктур Уктам Бекмухаммадов, шоъир Хайёт Неъмат ва чандин нафари дигар, ки сар баланд карда буданд, зиндонй шуданд ё шугли худро аз даст доданд ва акнун дар бекориву бечорагй ба сар мебаранд. Дар Точикистон хатто номи ин афрод ба гуш намерасад.

Узбакистон аз узбакхои Точикистон то хадди охир дифоъ карда ва хамвора пушту панохи онхо будааст. Ошубгарони мусаллахи узбак дар сарзамини Узбакистон панох ёфтанд ва хамчунон хоби макомоти точикро ба хам мезананд ва мояи нигаронии амики эшон хастанд. То замоне ки Точикистон ба унвони маъмани муроди точикони минтака шакл нагирад, гилоя аз манкуртии точикони бурунмарзй бедалел аст. Агар точикон дастикам дар дохили кишвар як миллати мунсачим ва ру ба пешрафтро шакл диханд, ин раванд воруна хохад шуд ва точикони бурунмарзй хам муттакое пайдо хоханд кард, то бо такя бар он аз хуввияти ростини худ дифоъ кунанд.

Anonymous said...

Фаромарзи гаранг, ту аввал хуб фикр кун. Дар шароити имрузаи узбакистон "худашон" мегуи....!? Ту медони шароити сиесии имрузаи узбакистона? Аз окиби хар касе ки "ман точик" гуфта барои забони модариаш мубориза бурдан мехохад агентхои СМБ (КГБ и узбаки)назорат мекунанд ва кор то ба дарачае расидааст , ки фарзандони ин хел касхоро кушта истодаанд.

Anonymous said...

salom dustoni man,

man yak ironi hastam. maktubhoyi shumoro khondam va al'on dar holi garya kardan hastam. mo ironiho khaili bighairat va bad hastim ki baroi shumo barodarho va khoharhoyi tojik kori namikunim. fakr mikunid mo iraoniho chi kori mitawonim baroi shumo bukunim?

D said...

درود بر دوست ايرانی که آن خود ما هستی. سپاس فراوان از همنظری و لطفت. در زمينه گسترش فرهنگ پارسی در آسيای ميانه هر کاری که از دستت ساخته است، برای ما عزيز و ارزشمند است. اما امروزه تاجيکستان شديدا گرفتار بحران انرژی است و متاسفانه بدون اقتصاد قوی نمی توان حتا حرف فرهنگ را زد. يک درويش ديروز فراخوانی را منتشر کرد که توجهت را به آن جلب می کنم

http://dariussthoughtland.blogspot.com/2009/12/help-tajikistan.html

کوچک ترين ياری شما هم می تواند به تاجيکان آسيای ميانه کمک کند تا سر پای خود بييستند و در پی کارهای فرهنگی شوند