Посух ба як матлаби Миллат, ки бар бузургони порсигу тохтааст
С. Фаррухшох! Нависандаи «Мавлавй, вазири маориф ва чашни каду» дар «Миллат», шумораи 19, 07.05.08. Ин бор руи сухбати Як Дарвеш бо туст ва хамрохонат хам андак нестанд.
Зохиран ба далоиле (ки ба содагй метавон маълумашон кард) бо вазири омузишу парвариш (ба забони ту «маъориф») миёнаат шакароб аст. Барои туву маъорифу омузишу парваришат мутаассифам. Мурча чи хаст, ки калла-почааш бошад, албатта. Ту ки ба худ чуръат додию ба Рудакй густохй кардй, лутфан нишеманатро мухкам ба сандалй бичаспону ба ин харфи ман гуш бидех.
Ман сухбатро аз тахлили порахое аз шохкорат огоз мекунам. Ту менависй: «Мо имруз натоичи ин фармонро санчиш нахохем кард, зеро хам фармондехону хам фармонбарон хуб медонистанд, ки ичрои он хаёлоте беш нест.»
«Ичрои он хаёлоте беш нест?» Ин таркиби мандаровардиро аз кучо гир овардй? Аммо ин тоза огози корат аст. Андаке пас аз он мегуйи:
«Ман намедонам манзур аз интишори ин фармон дар чист ва чаро чаноби вазир аз устодони макотиб ровиву натток тарошиданист, аммо хуб медонам, ки «Касидаи шикоят аз пирй»- и Рудакй дар такмили дониши физики ё кимиёви устодони ин фан ё худ баланд гаштани малакаи чисмонии муаллими чисмонй кумак нахохад кард.»
«Манзур дар чист» намешавад, балки метавонад чизе бошад. Яъне «манзури вазир чист». «Кимиё» шимй (химия) нест, балки аз улуми мансухаи мо – порсиён аст, ки пояи шимиро гузошта ва барои худ дар торих чойгохе дорад. «Муъаллими чисмонй» як таркиби муъаллаки дигар аст. Манзурат шояд мураббии тарбияти бадан бошад.
Боз мегуйи:
«Наход дар холе ки халкхои дигар ба ихтироъи пешрафтатарин техника комёб гаштаанд, мо хануз хам шеъри хазорсолаи Рудакиро аз бар кунем??? Ин дар холест, ки он шеър хамагй;
«Бихандад лола бар сахро,
Ба сони дидаи Лайло»
- мебошад.»
Шояд барои каллаи ту шеъри Рудакй хамин як мисроъ бошад (на як байт). Аммо хамонро хам дуруст наовардайи, ки пузханди зиёда аз вусъати дахонат аст. Дар шеъри Рудакй лола бар сахро на, балки дар сахро механдад ва на ба сони дидаи Лайло, балки ба сони чехраи Лайло:
Бихандад лола дар сахро ба сони чехраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Мачнун.
Акнун он се аломати суолро чилави димоги худат бигзору андеша кун, ки чи галате кардайи.
Ва бузургтарин галатат тайи ин матлаб:
«Боре наандешидаем, ки ифтихор аз «пафоси» пуч окибатхои хузнангез ба бор хохад овард. Ба кавли дигар, «асалро камаш хубтар аст». Як маротиб даст болои сина монда, аз руи инсофу адолат бигуем, ки 13 хазор мисраъ шеъри Рудакй моро чи дод??? Панд? Насихат? Аврупову гарб бе панду насихати Рудакиву Саъдй то чое расиданд, ки Абдукодири Бедил дар хобаш хам надида буд.»
Ту ки кабл аз ин собит кардй аз 13 хазор мисроъи Рудакй якеашро хам ба хубй аз бар нестй, чи гуна ба худат чуръат медихй дониши осори Рудакию Саъдию Бедилро зери суол бибарй? Шояд агар як байт аз он хазорон байтро ба хубй дарёфта будй, рузат ба ин табохй кашида намешуд? Забонат ба факре расидааст, ки чойгузине барои вожаи бегонаи "пафос" намеёбй.
Ту чй медонй, ки Бедил чй гуфта буд? Оё хабар дорй, ки пешоханги назарияи Дорвинисм хам у буда бо мисрои "Одамй пеш аз он-к одам бувад, бузина буд"? Ту оё медонй, ки такрибан тамоми улуми дакики урупойихо, ки бо чашмони хасудат мехуришон, бар мабнои донистахои порсии Синову Хайёму Хоразмию гайра шакл гирифта? Ё фикр мекунй, ки урупойи хамин чурй аз модар "урупойи" (бо тасаввури ту) ба дунё омад? Бо тамоми донистахое, ки имруз доранд? Оё аз сарнавишти бечорахои урупойии даврони Сино хабар дорй? Оё медонй, ки дар он давра мехвари вахшигарй воруна буд ва ховарихо бохтарихоро вахшй медонистанд? Ва оё медонй, ки ба хотири забоннафахмии кавми мост, ки дар ин манчалоб гутавар шудем ва ин ки так-таки фарангихо (урупойихо) забони худро ба хубй медонанду туро хам мачбур мекунанд, ки забони онхоро фаро бигирй?
Ту аслан чикора хастй, эй кадушох, ки чашни Рудакиро бо чашни худат (яъне харбузаву каду) мукоиса мекунй? Ту, ки саропои навиштаат пур аз лукнат асту забонат ба забони гунги тозазабонёфта мемонад, чи тавр ба худат чуръат додй, ки номи Рудакию Мавлавй ва бузургдошти ин бузургонро ба сухра бикашй? Бидуни калиди ганчи башарият, ки дар дасти хамин бузургон аст, корат ба чое расида, ки чашни бузургдошти бузургонамонро «чашни харбузаву каду» меномй? Агар нукси фитрат дар кор набуд, ту ба ин гандоба кашида мешудй?
Ононе, ки ба рози каломи бузургони порсй рох ёфтанд, чойгохашон арши аълост, ба гунае, ки чахониён хама талош мекунанд онхоро они худ бидонанд. Забони порсй забони шеър буд ва ашъори порсй ганчинаи илмхои гуногуне буд, на танхо забону адаб.
Бидуни забон насли башар ба холе меуфтад, ки ту уфтодайи. Пайванде миёни забону афкор вучуд нахохад дошт. Мисли як гунг факат минг-минг хохад кард ва музахрафот аз каламаш хохад таровид, ки дидем. Агар имруза улуми дакики мо пешрафт надорад, ба хотири гунгии кавм аст. Умари Хайём, ки ту шояд танхо ба унвони рубоъисаро бишносиаш, аз бузургтарин ахтаршиносони торих ва мухтареъи дакиктарин солшумории башарият буд. Сино хам ки аз хифзи абёташ ор мекунй, аз рохи забондонй ба гушудани хар банд муктадир шуд. Имруза барои мо ачиб аст, ки чаро хамаи андешамандони гузаштаи мо ё шоъир буданд ё суханвар. Чун онхо медонистанд, ки забон василаи эчоди мафхумхои тоза аст; чй дар физику шимй ва чй улуми дигар. Аз далоили умдаи бадбахтии Точикистон накбати забонии кишвари мост. Бо ин забони туталаву лукнатй чй навоварие мехохй бикунй? Ба чй забоне мафхумхои тозаи онро мехохй табйин кунй? Аслан медонй, ки номи тамоми эхсосоте, ки дар ту буруз мекунад, чист? Аз навиштаат чунин бармеояд, ки сахт гирифторй.
Саъдие, ки мавриди истехзои ту буд, мегуяд:
Забон дар дахон, эй хирадманд, чист
Калиди дари ганчи сохибхунар
Чу дар баста бошад, чй донад касе
Ки чавхарфуруш аст ё пилавар
Агар дастикам хамин фармударо медонистй, дахонатро баста нигах медоштй, то надонем, ки чи ганде аз он метавонад бурун ояд.
Ва нашрияе, ки навиштаи туро сазовори чоп дидааст, бояд сахт гирифтору бадбахт бошад. Мавзуъоти дог кишварро таланбор кардаву жожхойихои як молихулиёйи бо тавхину душном ба бузургоне чун Рудакй, Мавлавй, Саъдй, Сино, Носири Хусрав ва абарчехрахои дигар сафахоти онро пур мекунад.
Ой Анчумансозон! Кадом порсизабон бо ин афкори шумо миёнае хохад дошт? Шумо мехохед бо мавлависитезй Анчумани Рузноманигорони Форсизабон созмон дихед? Шумо мехохед бо озурдани равони Саъдй хайру шарри иттиходу инфисолро барои мо тавзех дихед? Шумо бо туфе, ки ба хони Рудакй мерезед, мехохед фарзандони Рудакиро даври як хон бинишонед?
Ман ки медонам хадафи шумо чй хаст, аммо хамаи порсизабонон аз ганди он чо бу набурдаанд. Онхо дар саломати акли шумо шак хоханд кард. Ва хакко, ки дар саломати акли касе, ки барои манофеъи кутохмуддати дунёии худ номи бузургонро меолояд, бояд шак кард. Фарзонае гуфта буд, бузурге, ки барои исботи бузургии худ бар бузурге дигар метозад, бузург нест. Шумо ки хануз бузург нашудаед. Хамон кудакони порина. Пас биравед сари чои худ бишинед ва хадди худро бидонед. Ва хак хам надоред аз ин ба баъд номи бузургонро ба носазо ба забон оред. Магар ин ки харфе бигуед, ки гарротар аз сухани Рудакию Мавлавию Саъдию Синою Носири Хусрав бошад. Яъне харгиз.
6 comments:
Дорюши гиромӣ, аз ин матлаби шумо бисёр сипосгузорам. Ростӣ, то ҳол боварам намеояд, ки касе чунин ҳарфҳоро задааст. Ман аслан дар ҳоли ғазабе уфтодам, ки аслан намедонам чӣ кор кунам.
Дуруд,
Бисёр матлаби баланд ва кубанда бар сари бемагзон!
Забонат хамеша шево ва суханат бурро бод!
Фаромарз
Дуруд Ромину Фаромарзи гиромй,
Сипос аз изхори назаратон. Аммо кор дигар аз марзи адабу одоб гузаштааст. Касе, ки бар чехрахои дурахшони адаби мо метозад, сазовори арчу адаб нест. Бояд юриши лафзии густарда сазои ин безабононро бидихад.
Хакко:
Пистаи бемагз агар лаб во кунад, расво шавад!
Магзи сари он кадушохро Заххоки Шурави кайхо хурда буд.
Дориюши фарзона, сипосгузорам аз суханони ноб ва далелҳои оличанобат.
Зиндаву сарсабз бошй, ки бо мантиқи фулодй ва фарҳанги баланди инсонй муштҳое ба даҳани чунин афрод кубидй.
Дарвоқеъ, касе ки як мисраъи Рўдакиро намедонад, чи гуна ба худ ичоза медиҳад, сарнавишти 13 ҳазор мисраъи устоди бузурги шеъри Ачамро бо чанд чумлаи хому хатала тавҳин кунад?
Чустори туро батакрор хондам ва ҳар бор мағзам роҳат кард. Айнан мисли нўшдоруе буд.
Агар дар чои он анчумансозони хасакй мебудам, заминро мешикофтаму зери хок мерафтам, то дигар касе натавонад ба ман нигоҳ бикунад.
Ривояте ба ёдам меояд. Искандари Мақдунй дар сарзамини мо музтар мемонад ва ба устодаш Файлақус нома менависад, ки ҳарчанд ин мулкро гирифт, натавонист мардуми онро мутеъи худ кунад. Файлақус посух медиҳад, ки "бояд се корро анчом бидиҳй. Як, муқаддасоти ин мардумро аз байн бибарй. Ду, сарбозонат бо бонувони ин қавм издивоч кунанд. Се, насли ононро иваз кунй."
Ин ҳарзанома айнан ҳамин васияти Файлақусро ба чо меорад. Мехоҳад, муқаддасони мардуми моро аз байн барад ва мағзи насли навро зақрогин бикунад. Аммо ғалат кардааст ва хок хоҳад хўрд.
Сарбаланд бошем!
Точвари гаронмоя,
Сипос аз назари лутфатон ва ба вижа аз зикри нуктаи бачое, ки аз торих овардаед. Хамаи душманони миллат барои вайронии мо нахуст хостаанд пояхои фарханги моро ковоку мутазалзил кунанд. Аммо дар андак мавриде дида будам, ки заработе инчунин бешармона ба пайкари фарханги миллат аз дарун зада шавад.
Холо дигар таъаччуб намекунам, ки чи гуна дар поёни садаи 19 ва огози садаи 20 порсиён (точикон)-е чун Абдуррауфи Фитрату Файзуллох Хочаев ба хадди худситезй расида буданд ва дору надори точиконро ночиз медонистанд. "Миллат" акнун дорад собит мекунад, ки пайрави ростини он ду точики ноточик аст.
Гох ба худам фикр мекунам, ки оё манзури Фирдавсй аз он сухани вахшурона мо будем, ки мегуяд:
Зи дехкону аз турку аз тозиён
Нажоде падид ояд андар миён
На дехкон, на турку на тозй бувад
Суханхо ба кирдори бозй бувад.
Ин маглатагуйихо магар нишони хамон ошуфтагие нест, ки Фирдавсй ба он ишора мекард? Мо акнун афрод ва хатто харзаномахое дорем, ки на дехгон (порсй; точик), на турк ва на тозианд ва суханхояшон ба кирдори бозист. Дарег.
Post a Comment