Wednesday, September 16, 2009

Iran's Internal Rifts & Shifts

Эрон ва пайкорҳои даруниаш

вижаи хафтаномаи "Нигох", Душанбе

Бо коҳиши мизони пахши хабарҳо аз рӯйдодҳои хиёбонии Эрон шояд барои бархе ин пиндор эҷод шуда бошад, ки шӯриши хурдодмоҳ (июн) фурӯкаш карда ва пас аз муҷозоти сабабкорони он бакуллӣ фаромӯш хоҳад шуд.

Аммо нигоҳе жарфтар ба рӯйдодҳои ин кишвари ҳамзабон тасвири батамом мутафовитеро шакл медиҳад. Бонгҳои эътирозии шабонаи «Аллоҳу акбар!» ҳамчунон аз пушти бомҳои теҳрониҳо хоби мақомотро ошуфта мекунад ва муътаризони интихоботи ахир тарҳи роҳпаймоиҳои эътирозии тозаеро мерезанд. Ва муҳимтар аз ҳама, ихтилофот дар миёни чеҳраҳои барҷастаи Инқилоби Исломӣ на танҳо бартараф нашуда, балки рӯзбарӯз ошкортар ва саҳмгинтар мешавад.

Паёми Оятуллоҳ Мунтазирӣ

Тозатарин мавриди ин рӯёрӯӣ дар лаҳзаи тадвини ин гузориш боздошти се набераи Оятуллох-ул-ъузмо Мунтазирӣ дар паи интишори номаи муҳимми ӯ хитоб ба мароҷеъи тақлид ё фақеҳони аршади шиъа аст. Оятуллоҳ Мунтазирӣ дар ин номаи торихии худ, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, аз рӯҳониёни умдаи кишвар хост, ки сукути худро бишкананд ва забон ба ҳимоят аз мардум бигушоянд ва давлатро ба хотири саркӯби бераҳмонаи мардум сарзаниш кунанд. Оятуллоҳ Мунтазирӣ дар гузашта ҷонишини Хумайнӣ маҳсуб мешуд, аммо баъдан мавриди ғазаби мақомоти низом қарор гирифт ва акнун дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва бо вуҷуди ин, ҳаргиз аз зикри кӯтоҳиҳои низом лаб фурӯ набастааст. Вай дар миёни тӯдаҳои мазҳабии Эрон пайравони бисёре дорад ва азияту озори хонаводаи ӯ бегумон мояи хашми бештари ҳаводоронаш хоҳад шуд.

Каррубӣ: «Хомӯш намешавам!»

Аз сӯи дигар, таҳдидҳои мукаррари мақомоти низом натавонистааст Меҳдии Каррубиро ҳам ба хомӯшӣ водорад. Ин номзади муътаризи интихоботи ахир ва раиси пешини Маҷлис таи чанд ҳафтаи гузашта батакрор иддаъо кардааст, ки мақомоти амниятию интизомии Эрон шумори зиёде аз боздоштшудагонро мавриди шиканҷаву таҷовуз қарор додаанд. Ҳарчанд бархе аз усулгароён хостори боздошти худи Каррубӣ шуданд, ба дафтари ӯ ҳамла бурданду онро муҳру мум карданд ва асноду мадракҳои «таҷовуз ба номуси боздоштшудагон» -ро бо худ бурданд, Каррубӣ дубора садо баланд карду гуфт, ки бо ин усулу равиш ӯро хафа (хомӯш) нахоҳанд кард. Ин иддаъои Каррубӣ, ки мегӯяд, ҳамлаи маъмурони давлат ба дафтарашро пешбинӣ карда буд ва нусхае аз ҳамаи мадракҳоро дар ҷое дигар нигаҳдорӣ мекунад, оташи хашми давлатро фурӯзонтар кардааст.

Меҳдии Каррубӣ дар тозатарин паёми худ, ки он ҳам рӯзи душанбе мунташир шуд, рӯйдодҳои ахирро «мояи нанги Ҷумҳурии Исломӣ» тавсиф карда, гуфтааст:

«Кош зинда набудаму намедидам, ки рӯзе дар Ҷумҳурии Исломӣ шаҳрванде назди ман биёяду шиква кунад, ки дар сохтмоне беному нишон тавассути афроде беному нишонтар ҳар амали қабеҳ ва ғайримаъмулӣ бар ӯ сурат гирифтааст: аз лухту урён кардани афрод ва нишондани онҳо дар муқобили якдигар то фаҳҳошиҳои вақеҳона ва идрор (пешоб) кардан дар сурати онҳо ва раҳо кардани чашму гӯшбастаи духтарону писарон дар биёбон.»

Иддаъоҳои Каррубиро даҳҳо наворҳои видеуиву навиштаҳои интернетӣ таъйид мекунанд. Шуморе аз ононе, ки мегӯянд, дар зиндонҳои Эрон ба онҳо таҷовуз шуда, бо истифода аз фурсате, ки изҳороти Каррубӣ барои онҳо падид овардааст, достонҳои дардноку тарснокеро аз таҷрубиёти талхи худ таъриф мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Алии Лориҷонӣ - раиси Маҷлиси Эрон ин иттиҳомотро ба унвони “дасисаи душманони низом” такзиб мекунад.

Бархурди ғӯлҳои низом

Яке дигар аз мавориди ихтилоф дар садри ҳирами низом ҷараён дорад. Ҳошимии Рафсанҷонӣ - раиси Шӯрои Хубрагон ва раиси Маҷлиси Ташхиси Маслиҳати Низом, ки дар овардани Алии Хоманаӣ ба мақоми раҳбарӣ нақши мунҳасир ба фарде дошт, дар давраи корзори интихоботӣ аз ҳаводорони сарсахти Мирҳусейни Мусавӣ буд ва пас аз интихобот низ дар паёмҳои худ ошкор кардааст, ки аз дидгоҳҳои Хоманаӣ табаъият намекунад. Вай дар паёми рӯзи душанбеи худ бо даъвати мардум барои ширкат дар роҳпаймоии рӯзи Қудс (18.09.2009) талвеҳан нохушнудии худ аз рафтори давлатро бозгуфт ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳузури мардум дар он роҳпаймоӣ “бедорбоше ҷовидона ба ғафлатзадагон” бошад. Ин роҳпаймоӣ ҳамасола ба нишони ҳимоят аз фаластиниён анҷом мегирад. Рафсанҷонӣ дар ин паёми худ “Фаластини ишғолӣ”-ро намоде аз “мазлумият ва асорат дар дасти як давлати саросар номашрӯъ, ҷаълӣ (сохтагӣ) ва ғосиб” номид, ки метавонад ишорае бошад ба бардошти худи ӯ аз давлати навини Маҳмуди Аҳмадинажод.

Эрон шуда Фаластин!

Қатлу қамъ ва латупори мардуме, ки дар тазоҳуроти мусолиматомез сарнавишти раъйҳои худро ҷӯё шуда буданд, обрӯи низомро таҳт-уш-шуъоъ қарор додааст ва ҳолаи тақаддусеро, ки атрофи ному симои раҳбар шакл гирифта буд, аз ҳам пошондааст. Дар оғози эътирозот мурод аз шиъори “Марг бар диктотур!” сарнагунии Маҳмуди Аҳмадинажод буд. Аммо акнун манзури муътаризон аз “диктотур” шахси аввали низом аст ва шиъори “Марг бар Хоманаӣ!” ё “Марг бар Ҷумҳурии Исломӣ!” беш аз пеш ба гӯш мерасад ё шабҳангом рӯи деворҳои шаҳрҳои умдаи Эрон падид меояд.

Муътаризон ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки чи гуна метавон алайҳи бадрафториҳои Исроил дар баробари фаластиниён эътироз кард, дар ҳоле ки давлати бумии Эрон ҳамон рафторро бар мардуми худаш раво мебинад. Яке аз шиъорҳои маъруф ҳамин маъниро тадоъӣ мекунад: “Эрон шуда Фаластин! Мардум чаро нишастен?!”

Пушаймонон

Машрӯъияти низоми Ҷумҳурии Исломӣ на танҳо пеши мардуме, ки аз дербоз аз он дили хуше надоштанд, зери суол рафтааст, балки акнун барои бисёре аз саромадони ин ҷумҳурӣ ҳам пазируфтанӣ нест. Барои нахустин бор дар тӯли сӣ соли ҳукумати ҷумҳурии исломӣ шуморе аз соҳибназарони низом мавзӯъи барканории раҳбар ва ҷойгузинии ӯ бо як шӯрои раҳбариро ба миён кашидаанд. Аммо он чи мушоҳида мешавад, ин аст, ки Алии Хоманаӣ бо қотеъият ва густохии беш аз пеш мекӯшад аз ҳар роҳи мумкин садоҳои эътирозро фурӯ бинишонад, то шояд бад-ин гуна бар умри ҳукуматаш биафзояд.

Худи Хоманаӣ ҳам хуб огоҳ аст, ки ҳурмати низомаш осеб дидааст. Вай дар яке аз хутбаҳои худ изъон кард, ки “ҳурмати низом ҳатк (шикаста) шудааст”. Адбулкарими Сурӯш, аз файласуфони исломии барҷастаи Эрон, ин эътирофи Хоманаиро ба фоли нек гирифта, навиштааст:

«Шодам, ки охируламр оҳи саҳархезон ба гардун расид ва оташи интиқоми илоҳиро барафрӯхт. Шумо ҳозир будед обрӯи Худо биравад, аммо обрӯи Шумо наравад. Мардум ба диёнату нубувват пушт кунанд, аммо ба вилояти Шумо пушт накунанд. Шариъату тариқату ҳақиқат мучола (пажмурда) шаванд, аммо ридо (ҷома)-и раёсати Шумо чину чурук нахурад. Аммо Худо нахост. Дилҳои сӯхтаву лабҳои дӯхтаву хунҳои рехтаву дастҳои буридаву домонҳои дарида нахостанд ва нагузоштанд. Покону порсоёну паёмбарон нахостанд. Маҳрумону муслеҳону ситамкашидагону ситамситезон нагузоштанд.»

Абдулкарими Сурӯш аз ҷумлаи касоне буд, ки аз низоми “ҷумҳурии исломӣ” ҳимоят мекард ва акнун мегӯяд, ки пушаймон шудааст. Шумори пушаймононе чун ӯ, ки бо эътиқоди росих ба дину диёнат бар ҳукумати исломии Эрон пушт кардаанд, андак нест. Ин даста аз афрод, ки ба ҷамъи касири мухолифони ошкори Чумҳурии Исломӣ пайвастаанд, наҳваи бархурди давлат бо эътирозоти хурдодмоҳро ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ медонанд ва на танҳо барои давлати Аҳмадинажод, балки дигар барои раҳбарии Хоманаӣ ҳам машруъияте қоил нестанд. Ба бовари онҳо, давлате, ки барои раҳоӣ аз озору азияти шоҳи Паҳлавӣ рӯи кор омада буд, акнун ба рафтору ҷиноёте даст мезанад, ки бамаротиб бадтар аз мардумозориҳои давлати Паҳлавист. Онҳо мегӯянд, давлате, ки ба умеду орзуҳои миллат дар сӣ соли гузашта хиёнат кардааст, бояд барканор шавад. Бад-ин гуна, метавон бо ҷуръат иддаъо кард, ки саффи мухолифони Ҷумҳурии Исломӣ имрӯза пуррангтар ва рангинтар аз соли гузашта аст ва танҳо далели ин падида сиёсати номуносибест, ки давлат барои рафъи мушкилоти дохилиаш ихтиёр кардааст.

Хуршеди ғуруб

Сарфи назар аз талошҳои фаровони давлат барои ҷалби ҳимояти мардум аз роҳи баргузории додгоҳҳои столинӣ ва “эътирофот”-и телевизюнии боздоштиён, радду такзиби беравияи ҳамаи иттиҳомот, аз ҷумла муттаҳам кардани худи мухолифон ба куштани ҳаводоронашон дар хиёбонҳо, ҷосусу хоин хондани сарони Ҷунбиши Сабз ва ғайра, хуршеди толеъи Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунон рӯ ба уфуқ аст. Андак касе ба ахбори расмии кишвар эътимод мекунад ва алорағми монеътарошиҳои фаровони давлат рӯйкарди мардум ба расонаҳои хориҷӣ физоянда аст.

Дар ин миён ба назар меояд, ки ҳақиқатҳои нашткарда аз боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо мабнӣ бар шиканҷаву таҷовуз ба номуси боздоштиён бештарин латмаро ба баданаи низом ворид кардааст. Низоме, ки иддаъо мекард бонии арзишҳои маънавии мардум аст ва барои хидмат ба мардум рӯи кор омада, акнун барои раъоёи худаш ба яке аз махуфтарин дастгоҳҳои ҳукуматӣ табдил шуда. Бисёре дар ҳоли расидан ба ин натиҷаанд, ки муроди давлатдорони кунунӣ аз сарнагунии давлати подшоҳӣ танҳо даст ёфтан ба қудрат буда, на ислоҳи авзоъе, ки сӣ сол пеш мардумро ба хиёбонҳо кашонда буд.

Режими низомӣ

Он чи мусаллам ба назар мерасад, ин аст, ки ҳукумати Эрон дар ҳоли табдил шудан ба як режими сирфан низомист. Оятуллоҳ Мунтазирӣ ҳам дар паёми ахири худ рӯи ҳамин нукта таъкид кардааст:

“Ба ман мегӯянд, ҳокимияти динӣ, ки шумо ваъдаи онро ба мардум додед ва вилояти фақеҳро муҷрии он медонистед ва мехостед онро бапо доред, ҳамин аст, ки имрӯз мо онро мушоҳида мекунем? Дар ҳоле ки он чи ки мушоҳида мешавад, дар воқеъ, ҳукумати вилояти низомист, на вилояти фақеҳ.”

Дар паи рӯйдодҳои фаҷеъи Эрон мудохилаи низомиён дар умури сиёсии кишвар беш аз пеш ҳувайдост. Ба гунае, ки моҳи гузашта яке аз фармондеҳони аршади Сипоҳи Посдорон аланан хостори боздошт ва муҳокимаи Мусавӣ - рақиби Аҳмадинажод дар интихобот шуд, ки эътирози бархе аз рӯҳониёнро барангехт ва аз ӯ хостанд, ки аз дахолат дар умури сиёсӣ парҳез кунад. Аммо бовари ғолиб бар ин аст, ки аз дербоз ҳукумати Эрон зери нуфузи низомиён қарор гирифта ва боризтарин намунаи он нуфуз паёмадҳои эътирозоти хиёбонист.

Калобаи тазоддҳо

Бад-ин гуна, эътирозоти Эрон ҳанӯз поён наёфтааст ва ҳамчунон дасту дили низомро меларзонад. Низоме, ки бо бонги “Аллоҳу акбар!” рӯи кор омада буд, акнун мардумро ба хотири зикри ин калом боздошт мекунад. Низоме, ки таҷаммуъоти густардаро яке аз корсозтарин расонаҳои таблиғотӣ медонист, акнун бо ҳар баҳонае аз баргузории таҷаммуъот ҷилавгирӣ мекунад. Низоме, ки дар Қонуни Асосиаш ранги сабзи парчами серанги кишварро ранги ислом зикр карда, акнун аз ин ранг безор аст. Ин ҳисси безорӣ аз ранги сабз дар ин гуфтаи имоми ҷумъаи Исфаҳон дар хутбаи одинаи гузашта машҳуд аст:

“Онҳо ки пухтаи сиёсат буданду мегӯянд, рӯзи Қудс бояд бо нишонҳои сабз биёед, бояд садояшон хафа шавад.”

Низоме, ки Оятуллоҳ Хумайниро поягузораш медонад, акнун ба ҷанги набераҳои ӯ рафта ва дар рӯзномаи “Кайҳон”-аш менависад, ки гурӯҳе “фитнагар ба байти Оятуллоҳ Хумайнӣ нуфуз” кардаанд. Далели ҳамла ба набераҳои Хумайнӣ ҳимояти онҳо аз номзадии Мирҳусейни Мусавӣ дар интихобот аст.

Низоме, ки аз хадамоти ҷосусии шоҳ (СОВОК) ҳаюлои ваҳшатноке сохта буд, бо Созмони Иттилоъоти худ дар эҷоди тарсу ваҳшат санги тамом гузоштааст.

Низоме, ки санги бинои худро усули маънавию арзишҳои динӣ медонист, бо эъломи иддаъоҳои ахир марбут ба шиканҷаву таҷовузҳо шабеҳи як низоми бехудову беарзиш шудааст.

Оё ҳеч низомеро дар торих мешиносед, ки бо вуҷуди ин ҳама тазодд ва дурӣ аз сиришти пиндории худ давом оварда бошад?

2 comments:

D said...

Хонандаи гиромй!

Оё хамаи харфхои матни болоро руи сафхаи худ мебинед ё бехтар аст ба хамон хатти русй бинависам?

Д

Anonymous said...

No proplem!