Wednesday, September 02, 2009

Descendants of Han and the Sun-god

Точикони Чин. Бахши 2

Точикони Чин яке аз 56 кавмеанд, ки дар ин кишвар ба расмият шинохта шудаанд ва ба онхо ба забони чинй “ Tǎjíkè Zú” гуянд. Аммо «забони точикй» (Tujik Ziv) дар Чин ба маънои забони порсй нест, балки шомили гуишхои помирии сарикулию шугнию вахй мешавад, ки хамагй аз хонаводаи забонхои эронии шаркианд. (Забони порсй чузъи хонаводаи забонхои эронии гарбй ба шумор меояд).

Дар чараёни мукоисае мухтасар дар матлаби каблй ошкор шуд, ки ин гуишхо, ба вижа сарикулию шугнй ба чи андоза бо хам наздиканд. Аммо ба далели махдудияти доманаи корбурди ин гуишхо точикони Чин барои муъошират бо дигар аквоми хамсояашон забонхои уйгурй, киргизй ё чиниро ба кор мебаранд.

Бино ба саршумории соли 2000, дар Чин 41,028 тан точик ба сар мебаранд, ки бештарашон дар иёлати гарбии Туркистони Шаркй (Синчиёнг), ба вижа Нохияи Худмухтори Точики Тошкургон сукно доранд. Дар осори чахонгардони огози садаи 20 аз точикони Чин бо номхои «сарикулй», «точикони кухистонй» ё «галча» (кухистонй) ёд шудааст. Гуфтанист, ки дар Самарканду Бухорои он даврон ба точикони кухистони Бадахшону Зарафшон хам «галча» мегуфтанд, ки баргирифта аз вожаи сугдии «гар» ба маънои «кух» («гора»-и русй) аст ва бо «гар»-и пашту хамреша аст ва дар таркиби номхои Спингару Фаргар дида мешавад.

Дар навиштахое, ки аз ахди салтанати дудмони Тонг дар Чин (618-907-и мелодй) ба чо мондааст, ба ин гурухи кавмй “Cina-deva-gotra” мегуфтанд, ки дар забони сонскрит ба маънои «зодагони Хон (кавми бумии Чин) ва Худои Хуршед» аст. Манзур аз «Худои Хуршед» импротури Эрон аст, ки бино ба ривоёте бо як бонуи чинй пайванди заношуйи дошт.

Чолиб ин чост, ки дакикан дар хамон давраи хукумати дудмони Тонг буд, ки Яздгирди Севум барои мукобила бо мухочимони араб аз Чин дархости кумак карда буд. Чинихо ба подшохи нагунбахти Эрон кумаки низомй ироа накарданд, аммо порае аз хоки худро ба писари у Пируз вогузоштанд ва онро «сарзамини тахт-ул-химояи Эрон» номиданд. Дере нагузашта хамлахои вайронгари аъроб ин сарзаминро хам дарнавардид ва Пируз ба дарбори Тонг панох бурд. Ачаб нест, агар манзур аз «Худои Хуршед» дар дарбори салтанатии Чин хамин шохзодаи эронй ва сарбозонаш буда бошанд, ки дар Чин мондагор шуданду бо мардуми бумии он сомон даромехтанд. Яъне дар ривоёти чинй точикони имрузии он сарзаминро наводагони шоху шохзодагони сосонии Эрон медонанд.


Писари раксанда дар акси боло як точики Чин аст, ки ба укоб мемонад. Чаро укоб? Дар бахши баъдии ришта-навиштахои Як Дарвеш дар бораи точикони Чин ба ин мавзуъ хам хохем пардохт.

Точикони Чин. Бахши 1

7 comments:

Anonymous said...

Фаргар

Шояд Фархор низ аз хамин чост? Ба маънои кухи бошахомат, кухи шохона?

F

D said...

Номи махалхои зиёде аз вожаи "гар" ва шаклхои гуногуни он бармеояд ва хеч баъид нест, ки Паргар (Фалгар) ва Пархор (Фархор) хар ду як маънои вохид дошта бошанд: Бар кух, руи баландй. "Фар"-и огози вожа ба "фарру шукух" рабте надорад ва арабишудаи "пар" ба маънои "бар, бар руи" аст. Забони русй бо такя бар номи бостонии ин махалхо шакли асили онхоро менавишт, ки "Паргар" ва "Пархар" буд ("А"-и охири "Пархар" кашида аст ва дар "точикй" "о" навишта мешавад).

Гарчистон ё Гаристон, Гарм ва Гуру Гуриён хам аз хамон вожаи эронии шаркии "гар" ба маънои кух бармеоянд.

D said...

Зимнан, "пар" ба маънои "бар", "руи чизе" хамчунон дар забонхои хиндй, урду ва пашту ба хамин маъно мавриди корбурд аст, аммо дар он забонхо шакли пасвандро дорад. Барои намуна, "Tare Zameen Par", ки номи як филми маъруфи хиндист, мешаванд "Ситорахо бар замин" ё "Ситорахои руи замин".

Anonymous said...

Бародар аз мавзуъ каме дур шудаи, харчанд медонам шаркшиноси.
Калимаи фар хамеша дар лугатномахои порси ба маънои рушнои омадааст. хур, хор хвар, ховар ба маънии офтоб
Фархор, Пархари русхо мегуфтаги нест. Аз ин ру Фархор метавон маконе офтоби номид.
Харчанд, лугатшиносони точик онро ба маънои хандаоваре тарчех медиханд: Филхор, гуиё фили хазарати Али дар Фархори Точикистону Афгонистон хор шудааст.

D said...

Бародар, шаркшинос нестам, бо арзи пузиш. Мавзуъ хам дар изхори назархо, то он чо ки мебинем, бар сари решаи вожахост.

Истидлоли шумо андаке ба пояи илмй ниёз дорад. Харчанд пофишорй хам намекунам, ки он чи ман мегуям, хатман дуруст аст. Аммо бар мабнои этимулужй ё решашиносии вожахо, он "фарр"-е, ки шумо мегуед, рабте ба Фаргару Фархор надорад ва хар ду ба эхтимоли кариб ба якин ба маънои "бар кух" аст ва "Пархар"-и русй хамон "Фархор" аст дар талаффузе бостонитар.

Поянда бошед.

Anonymous said...

Дар вожаҳои Фархор ва Фалғар аҷзои аввал, яъне фар (фал) дақиқан як маънӣ доранд ва аз вожаи бостонии "пара" реша гирифтаанд. Пара дар забони имрӯз гоҳе ба шакли қадимияш ба кор бурда мешавад, монанди "аз ин пара ма шиштум аз у пара ту ёре..". Дар баъзе шеваҳо, масалан бархе аз рустоҳои Фалгар, он ба шакли "пала" табдил шудааст. Масалан дар бархе аз рустоҳои Фалгар мегуянд, ки "мошин пала гашт" яъне мошин ба як тараф уфтод. Ё пала гаштан ба маънии аз чойи хоб ба ин су ё он су гаштан аст. Ҳамин тур вожаи пала ба навбаи худ бо ҳамон паҳлу, ки дар забони адаби дорем яке аст. Дар рустохои Фалгар гоҳе паҳлуро "пару(в) мегуянд, бавижа дар мавриде ки коса чаппа шавад ва об ё шири он резад, мегуянд, ки коса ё пиёла парув шуд, ки ин ҳамон паҳлу аст.

Ин вожаҳо ба навбаи худ ба калимаи паҳлав ва паҳлавон иртибот доранд. Вожаи паҳлав ё паҳлава шакли дигаре аз парсава (яъне порти) аст. Номи сулолаи Ашкониҳо ки дар илми таърих гохо онро порти (партава, партиан, парфян) мегуянд ва дар адабиёти эрони забони ашконихоро бештар паҳлави мегуянд, хамон яке аст. Гохо дар таърих забони порсии миёна ё порсии сосониро ба иштибох пахлави мегуянд, ки галат аст, паҳлави номи забони портии ашкони аст.

Ба ин тартиб номи Портиён ё пахлавиён аз калимаи паҳлу, пара, ё канор гирифта шудааст. Дуруст монанди хамин, номи Порс (Парса, Персия) низ аз калимаи пара гирифта шудааст. Зеро дар Эрони бостон Модҳо дар миёна ва порсҳову портиҳо дар ду канори онҳо карор доштанд. Харду ном аз калимаи пара меоянд, ба маънии бар, канор, пахлу. Мод ба маънии миёна аст.

Номи Фалгар дар адабиёти авестои ба шакли Пахргар омадааст, ки баъдан ба Пахлгар ва Фалгар бадал шудааст. Гар ё ғар ба маънии кух ё гораи руси ва гари паштуи аст.

Аммо дар вожаи Фархор ҷузъи дувумаш, ки алифи он дарозтар аст, ва дар тоҷики бо "о" навишта мешавад, каме тахкик бояд кард. Бар хилофи гари Фалгар "хор"-и Фархор аз як сӯ алифи дароз дорад ва аз суйи дигар х ба чои ғ дорад. Хор-и Фархорро бояд бо "хор"-и Бухоро аз як реша донист. Бухоро аслан Виҳара буда ва ба маънии макони мукаддаси (буддоиён ё хиндуҳо) будааст. Дуруст монанди Навбахор дар Балх, ки яке аз амокини мукаддаси буддоиён буд ва ба маънии навбухор ё маъбади нав аст. Фархор хам ки дар Балх вокеъ аст ва ба бутони зебояш (гохо ин киноя аз маъшук аст) дар таърих маъруф буд, аз маконхои умдаи мукаддаси буддоиён буд. Ба хар хол бояд ин вожаро дар санскрит чустуҷу кард, вале он бо "Фар" ба маънии фарру шукух дар забони форси иртиботи кавие надорад.

Фар ба маънии фарру шукух дар хеч чое ба номхои маконхо намепайвандад. Харчо ки фар дар номаи макон омада бошад, бештар ба маънии пешванди пара-фар ба маънии пеш ва ё ба маънии пара-пахлу метавонад бошад. Яъне фари фархор ё хамон пара-пахла-пахлуи Фалгар ва Паҳдави аст ё агар чунн нест, пас ба маънии пара-фар-фаро ба маънии пешванд ё префикси бозгукунандаи пеш аст. Дар забони инглиси ин пешванд ба шакли fore масалан дар калимаи forward аст.

D said...

Сипос аз Беноми охир бобати тавзехоти муфассалу судманд.

Аммо он чо ки мегуед:

"Дар рустохои Фалгар гоҳе паҳлуро "пару(в) мегуянд, бавижа дар мавриде ки коса чаппа шавад ва об ё шири он резад, мегуянд, ки коса ё пиёла парув шуд, ки ин ҳамон паҳлу аст."

"Пару", дар вокеъ, шакли пахлавии вожаи "ба ру" аст. Вакте ки коса сарозер мешавад, он "бо ру" ба замин меуфтад. "Пару шудан", яъне бо ру ба замин хурдан. "Пару хобидан" яъне ру ба зер хобидан.

Дар ин вожаи бахусус "па" кутохшудаи "пад"-и порсии миёна аст, ки акнун ба шакли "ба" даромадааст. Чунончи дар матнхои зартуштй мехонем: "Пад номи Ахуромаздо", ки хамон "Ба номи Худо"-и кунунй аст.

Ба хамин шева садои "п" дар "пар" дар забони порсй бо мурури замон ба "б" табдил шуда ва акнун мо "бар замин" мегуем ё "бар кух". Дар холе ки бархе аз эрониёни шаркй "пар"-ро ба хамон шакли огозинаш хифз кардаанд ва ишора хам шуд, ки дар забонхои хиндию урду хам он то кунун корбурди фаровон дорад.

Ховаршиносони рус хатто дар садаи 19 Фалгару Фархорро ба шакли "Паргар" ва "Пархар" сабт кардаанд.

Дар бораи вожаи "гар" ба як мавриди дигар хам таваччух дошта бошед, ки "гар" бо тагйири вока (садодор) ва гох сомит (бесадо) ба шаклхои мухталиф омадааст: гар, гур, гарч. Ва хатто вожаи "гор" ба маънои "пещера" бо "гар" ба маънои кух хамреша аст. Тагйири "г" ба "х" хам аз ачоиб нест. Аз ин чост, ки гумон мекунам "хор"-и Пархор хам бо "гар" рабте дошта бошад.