Wednesday, February 10, 2010

Joseph Leaves the Promised Land

Юсуф аз Канъон рафт

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Гиря зишт аст. Нишоне аз гирифторист. Аммо вақте сарнавишт чизе бештар аз зиштӣ надорад, ки таҳвили мо диҳад, гиря танҳо шеваи тадовуми зиндагист, ки буғзро мешиканад, то гиряи баъдӣ. Гиря сари сарнавишти талх. Гиря бар гулҳои нашкуфтаи орзу. Гиря бар бузургоне чун Фаррухи Қосим, ки бо як бағал гулҳои нашкуфта бо дунё падруд мегӯянд. Мо 12 сол фурсат доштем он гулҳои нашкуфтаро рӯи зонуҳои Устод бар сандалӣ (курсӣ)-и чархдор бибинем, аммо бар решаи ҳеч ғунчае об нарехтему ҳамагӣ ногушуда хушкиду рафт.

Агар бигӯем, ки Фаррух Қосим нобиға буд, ҳарфи тозае нагуфтаем. Нобиға, яъне касе, ки оянданигар бошад ва чанд қадам пештар аз замонаи худ бошад, ки ӯ буд. Чӣ касе медонист, ки дар оғози даҳаи 1990 чӣ рӯзгоре ба суроғи мо хоҳад омад? Ӯ медонист. Ва ҳамӯ буд, ки дар соли 1988 дар намоишномаи “Хонасӯзон” бонги ҳушдору бедорбош сар дод ва ба мухотабонаш гуфт, ки агар аз хоби гарон барнахезанд, рӯзгори сахте дар интизорашон аст. Ҳамӯ буд, ки “Юсуфи гумгашта”-ро дар хиёбонҳои Душанбе медид; бародареро, ки кинатӯзии бародаронаш ба чоҳаш афканда буд. Ӯ “даҷҷол”-еро медид, ки қасди баҳам задани оромиши моро дорад. Ӯ медид, Ӯ бетоб мешуд, Ӯ фарёд мезад; мо ба шӯхию бозӣ мегирифтем. Мо дар намоишномаҳои Ӯ бозиеро медидем ва Ӯ бо намоишномаҳояш паёми сарнавиштсозеро пахш мекард. Паёмҳо ношунида монд, мисли шукуфаҳои ношукуфтаи бағалаш, ва сарнавиште талх гирифторамон кард...

Ва акнун ман аз ин навиштаи худам шармам меояд.

Охир то ба кай бояд бо ин нолаҳои надоматомез фазоро пур кунем? То бузурге мемирад, ба ёди носипосиҳоямон меуфтем. Аммо ҳамеша ёдамон меравад, ки бузурге дигар дар ин миён ҳаст, ки посаш надоштаем.

Фаррух Қосим ҳафтаи гузашта зинда буду дар миёни мо. Аммо чӣ касе ба хостаҳои ӯ маҳал мегузошт? Орзӯи бистсолаи ӯ барои дидани бачаҳои театри “Аҳорун”-аш дар як сохтмони собит бо ӯ ба гӯр рафт. Орзӯе, ки то солиёни охир бо забони безабонӣ дар чашмонаш медурахшид. Бо ин ки ваъдаи сохтмонро бузургворони қудрат ҳаргиз аз ӯ дареғ намедоштанд. Аммо ҳаргиз ҳам аз марзи ваъда фаротар нарафтанд. Шарм бар ононе бод, ки ваъдаҳояшонро ҳадар карданд.

Фаррух Қосим меваи хонадоне ҳунарманду ҳунаршинос буд ва ҳунарро арҷ мегузошт ва пайваста суроғи дурри тозаеро дар бисоти ҳунар мегирифт. Ба қавли Барзӯ Абдурраззоқ, бо рафтани ӯ ҷустуҷӯи шеваҳои тозаи баёни ҳунарӣ ҳам аз миёни мо рахт барбаст. Ба гуфтаи Нур Табар, дар садаҳои 20 ва 21 Фаррух Қосим беҳамто будааст. Ба эътиқоди Гулрухсор, Фаррух Қосим шеъри порсиро, ки ба зону нишаста буд, дубора бар курсӣ нишонд. Ба бовари ман, Фаррух Қосим ирфонро боз офарид, театрро бо мардум оштӣ дод ва мактаби навинеро дар ҳунари театри Осиёи Миёна поярезӣ кард.

Аммо оё ин гуфтаҳову боварҳои мо шабеҳи нӯшдоруи баъд аз марги Суҳроб нест? Оё тақдими унвони расмии бехосияти “Ҳунарпешаи мардумӣ” посухи ин ҳама хидмати бузургворе чун Фаррухи Қосим буд?

Боз ҳам дуруду сипос бар он бунёди салтанатии Ҳуланд, ки бо эътои яке аз бартарин ҷоизаҳои худ дар соли 2004 Устодро аз заҳмати болову поин рафтан то табақаи ҳафтуми як сохтмон раҳонид. Маблағи он ҷоиза ба Устод маҷоли онро дод, ки ҳавлие бихарад, то бо сандалии чархдораш имкони рафту омад дошта бошад. Боз ҳам хориҷиҳо буданд, ки дар сибқати ҳиммат нисбат ба бузургони мо аз давлати мо пешӣ гирифтанд.

Мехоҳам ба рӯзе бирасем, ки сӯгномаҳоро бе ҳисси пушаймонӣ ва бе нолаҳои заъифона бинависем. Эй кош метавонистем ситораи дурахшоне чун Фаррухи Қосимро бидуни надомат биситоем.

Оё рӯзе фаро хоҳад расид, ки аз носипосиҳои худ ранҷур набошем ва бо ризояти хотир бинависем, ки бузурге рафт, аммо ба бузургвориаш арҷи муносиб гузошта шуд? Мешавад рӯзе аз марази ситоишҳои пасазмарг дармон ёбем? Мешавад аз дидани “ашк”-и масъулони Вазорати фарҳанг ба ҳангоми даргузашти як чеҳраи дурахшони фарҳангӣ ҳисси ногуворе ба мо даст надиҳад? “Ашк”-е, ки бо зӯри риё дар дидаҳо медурахшад, аммо дар воқеъ, оби тазоҳури дурӯғине беш нест. Ва дилат мехоҳад рӯбарӯи он мақоми баландпоя биистию бигӯӣ: “Агар рост мегӯӣ, арзиши бузургони боқимондаро бидон!”

Юсуфи театри тоҷик ба дори боқӣ шитофт. Бинёминҳоро дарёбем.

Гузориши тасвирй:

7 comments:

Guissou Jahangiri said...

tashakor dust mohtaram az yad-e neki keh az farrukh Ghassem mehraban va bozorg mikoni. yadash va rahash dar del-e maast.

D said...

سپاس از لطفتان، گيسوی گرامی. می دانم که استاد فرخ به شما ارادت ويژه ای داشتند

Anonymous said...

Mo insonho oadatamon shuda, ki sukhan az khubon hamon zamon meuem,ki alkay oftobi umri ishon gurub kardaast.Ammo ba har surat yodovari az chehrahoi chun Farrukh Qosim ba unvoni chehrai musbat khub ast.
Piruz boshed Doriushi aziz,ki hamvora dar kanori mardumed!

D said...

Поняда бошй, Фирдавси гиромй.

Anonymous said...

Акси аввали гузориши тасвирй олист, хамаи Фаррух асту хамаи Сабохат.

Шояд мушкили фаннист, ки хамзамон садои ду гузориши тасвирй бо хам пахш мешаванд ё камсаводии ман?

Онхое, ки Фаррухро намедонистанд, намедонанд, чи бихиштеро аз даст додаанд.

"Чехраи мусбат" яъне чй? Чавонон бад нест сухан санчида бигуянд...

Anonymous said...

Comment навиштан ба торнигори Шумо ин кадар сахт аст, мисли Пули Сирот. Лутфан ба солхурдагони сусткор рахм кунед...

D said...

Дуруду сипос бар Шумо, Салими бузургвор.
Агар яке аз ду пайвандаки зери тасвирро бизанед, танхо як садо пахш хохад шуд. Яке барои суръати поини Интернет аст (Точикистон) ва дигарй барои суръати боло (Гарб). Ман дар ин чо мушкили пахши ду садоро мушохида намекунам, магар ин ки хар ду дугмаро зада бошед.
Поянда бошед.