Матбуъот “густох” мешавад
(Ногуфтаниҳои 21.07.2010 дар ҳафтаномаи Нигоҳ)
“Оё интихоби раисиҷумҳури нав дар Тоҷикистон шуданист?;” “Мо дар ҳоли табдил шудан ба миллати маддоҳем”; “IRS моли кист?”; “Дарвозаҳои зулм”; “Тоҷикистон ба президент ниёз дорад ё ба шоҳ?”; “Қатли мармузи Мирзо Ҷага”; “Чаро домоди президент ба гап даромад?”; “Ба гуфтаҳои домоди президент бовар доред?”..
Унвони чанд матлаби ҳафтаномаҳои Тоҷикистон буд, ки чеҳраи комилан мутафовитеро аз матбуъоти кишвар бароям тарсим кард: матбуъоте, ки дорад дубора эътимод ба нафсашро бозмеёбад ва тан ба хорию хиффати худсонсурӣ намедиҳад. Шояд дорам муболиға мекунам, аммо муболиғае андак, ки бар воқеъияте қобили мулоҳиза савор аст.
Матбуъоти Тоҷикистон дар ҳоли бозёбии густохии ҳирфаист, ки лозимаи матбуъоти ростин аст; густохӣ барои баёни воқеъиятҳои рӯзгор ё дастикам, барои тарҳи пурсишҳое, ки дар зеҳни бахши мутафаккири ҷомеъа мечархад, аммо то кунун касе ҷуръати тарҳи онҳоро надоштааст. Мутмаиннан, ин густохии ҳирфаӣ бояд бо виждону усули ҳирфаӣ ҳамроҳ бошад. Аз матбуъоти ду ҳафтаи ахир мешавад чунин бардоште ҳосил кард, ки рӯзноманигорон дар баёни нигарониҳову пурсишҳои худ эҳтиёти лозимро риъоят мекунанд, то мабодо иддаъои бедалелеро матраҳ кунанд.
Намунаи хуби ин нукта ҳамон мавзӯъи мармузи ширкати пулситонии IRS аст, ки расонаҳои дохилӣ бо риъояти усули хабарнигорӣ танҳо бо зикри манбаъи аслии хабар эълом карданд, ки соҳиби ширкат чи касе метавонад бошад. Пас аз эътирози Ҷамолиддин Нуралиев ба пахши ин хабар, ки ба гуфтаи ӯ, бепоя аст, ҳамон расонаҳо изҳороти Нуралиевро ҳам мунташир карданд, ки бо усули матбуъоти ҳирфаӣ ҳамхонии комил дорад.
Ва акнун чизе, ки аз як расонаи ҳирфаӣ интизор меравад, даст ёфтан ба лубби матлаб аст: яъне агар ин ширкат ба Нуралиев таъаллуқ надорад ва агар қарор аст, ки ин изҳоротро бовар кунем, пас соҳиби воқеъии ин ширкати, зоҳиран, хориҷӣ кист? Далели ношунида гирифтани эътирози Ожонси зидди инҳисор чист? Далели маъоф шудани ин ширкат аз пардохти шумори зиёде аз молиёти давлатӣ чи будааст? Суди ҳосил аз пулситониҳои ин ширкат ба чи сандуқе ворез мешавад? Ва аслан, чаро ин мавзӯъ дар ҳолаи рамзу роз қарор дорад? Агар ширкат ва фаъъолиятҳои он қонунист, чаро набояд аз сир то пиёзи умури он дар матбуъот бозтоб ёбад?.. Бо пофишориҳои матбуъоти ҳирфаӣ метавон саранҷом ин ҳолаи рамзу розро пароканд ва ба ҳақиқат даст ёфт. Чун вазифаи аслии матбуъоти ростин чизе ҷуз воқеънигорӣ ва бозтоби вазъияти ростини ҷомеъа нест.
Танҳо дар сурати анҷоми ҳамин вазифа аст, ки матбуъот ба қудрату эътибори лозим даст меёбад ва ҳамонанди матбуъот дар ҷомеъаҳои озод, ҳукуматро дар баробари ҷомеъа посухгӯ мекунад. Чопи матолибе дар бораи даромадҳои номашрӯъи намояндагони мардум дар порлумони Бритониё таҳаввулоти густардаи бесобиқаеро дар пай дошт, ки такрори он иштибоҳро тақрибан номумкин кардааст. Матбуъоти Тоҷикистон ҳам дар сурати иҷрои пайгиронатари ҳамон вазифаи аслии худ (воқеънигорӣ) метавонад ба унсури корсозе дар ҳидояти давлату ҷомеъа табдил шавад.
Давлат набояд аз матбуъоти озод ҳарос дошта бошад, чун рози мондагории сомона (систем)-ҳои сиёсии Ғарб ҳамоно матбуъоти ойинавори онҳост. Давлат метавонад кажиҳои худро дар матбуъот мушоҳида кунад ва ба пероишу ислоҳи он бикӯшад. Дуруст мисли як инсон, ки қабл аз берун омадан ба ойинаи тамомқад нигоҳ мекунад, то мабодо, масалан, ришашро комил натарошида бошад ё почаи шалвораш пора бошад, давлат ҳам ба як чунин ойинае дар шакли матбуъоти озод ниёз дорад. Матбуъоти вобаста ба давлат, яъне ойинаи дақ ё кажнамо, ки тасвири дурӯғинеро дар зеҳни давлат менишонад ва мушкилоту решаҳои онҳоро аз диди давлат пинҳон медорад. Кори матбуъоти дурӯғпардоз ва давлатмеҳвар “дӯстии хола-хирса” аст, ки саранҷом ба табоҳии давлат меанҷомад.
Дигар ин ки мизони озодии матбуъот аз нишондодҳои обрӯву эътибори як кишвар аст. Матбуъот ҳар чи ҳирфаитару озодтар бошад, ба ҳамон мизон бар эътибори давлату кишвар дар арсаи байнулмилалӣ афзуда мешавад. Албатта, дар ҳоли ҳозир матбуъоти Тоҷикистон ба ин марҳила нарасида, аммо оғози талоше сутуданӣ дар ин росторо метавон мушоҳида кард.
Шабакаҳои телевизюнии Тоҷикистон, ба далели вобастагишон ба давлат, аз расонаҳои чопӣ фарсангҳо вопас мондаанд. Масалан, пахши барномаи ҷашни Рӯзи Истиқлоли соли 2002 дар Истаравшан ба далели сафари раисиҷумҳур ба он ноҳия дар соли 2010 ё қатъи барномаи ҳамаи шабакаҳои марказӣ барои пахши суханронии раисиҷумҳур аз мавридҳои хандадору ашкбори ин навъ вобастагии хоркунанда аст. Таърифу такриму ситоиши сарвари давлат бо унвонҳои пуртумтароқи “шоҳ”-у “шоҳаншоҳ” аз қавли мардуми бечораи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонӣ, ки нони имрӯзашон ба фардо намерасад, хиёнат ба виждони рӯзноманигорист. Агар тамоми мардуми ҷаҳон ба таври дастаҷамъӣ ранги сиёҳро сапед тавсиф кунанд, боз ҳам таркиби ранги сиёҳ бетағйир мемонад. Пас беҳтар аст шабакаҳои телевизюнӣ ҳам даст аз худфиребӣ бардоранд ва ба вазифаи ҳирфаии худ бипардозанд, ки чизе ҷуз баёни воқеъиятҳо нест.
Барои санҷиши дурустӣ ё нодурустии ин гуфтаҳо бад нест биандешем, ки матбуъоти чи кишварҳое озод асту расонаҳои чи мамлакатҳое – вобаста. Он гоҳ дармеёбем, ки танҳо давлатҳои дорои эътимод ба нафс, қобили эҳтиром ва рӯ ба пешрафт ба матбуъот маҷоли озодӣ медиҳанд ва давлатҳои бадбахту фосиду рӯ ба завол монеъ аз озодии баён мешаванд, то табоҳишон ифшо нашавад. Ҳар давлате мухтор аст яке аз ин ду гузинаро баргузинад ва бо паёмадҳои интихобаш мувоҷеҳ шавад.
No comments:
Post a Comment