Худои деҳкадаҳои ҷангалӣ
(Ногуфтаниҳои 28.07.2010 дар ҳафтаномаи Нигоҳ)
Ҷомеъаҳои ҷангалӣ ҳам чеҳра иваз мекунанд ва гӯшаҳое аз он ба таври ношинохтанӣ пӯст меандозад. Пӯсти тоза ҷое писандида асту ҷое нописанд. Сохтмонсозӣ дар атрофу акноф авҷ мегирад.
Ба ҷои кулбаҳои коҳгилии пешин сохтмонҳои хиракунандае қад мекашанд, ки бештар ба коху кушкҳои ашрофи инглисӣ мемонанд. Оре, ҷангалҳо ҳам баъзан шаҳр мешаванд; тағйир мекунанду арзишҳоро ҳам тағйир медиҳанд.
Дар ҷангал андак касе аз худ ё ҳамроҳи худ мепурсад, ки ин коху кушкҳо дар кишваре, ки ҳадди ақалли даромади мардумаш, масалан, 18 дулор аст, бо чи пуле сохта шудаанд. Вокуниши ғолиби мардум дар баробари ин сохтмонҳо дар ду ҷумла хулоса мешавад: “Қандша бзана мардак! Тонистай, ошуш шава!”
Дар зеҳни ҷомеъаи ҷангалӣ марзи миёни мафҳумҳои “пули ҳалол” ва “пули ҳаром” зудуда мешавад ва ба ҷои он арзишҳои “ҳалолу ҳаром”-и тозае шакл мегирад, ки танҳо ҷанбаи тазоҳурӣ дорад ва онро бо ҷаҳони маънавии мо коре нест. Чун қонун қонуни ҷангал аст ва ин коху кушкҳо дар ҷангал рӯидаанд.
Арзиши пулию молӣ бар соири арзишҳо ҳоким мешавад. Пеши соҳиби он коху кушк бояд таъзим кард, то шояд сари сӯзан суде аз ӯ ба мо ҳам бирасад. Эҳтиёҷ, гурусначашмӣ, судҷӯӣ, ҳақорату худкеҳтарбинӣ, бардахӯӣ ё ғуломсириштӣ ва беэҳтиромӣ ба зоти инсонии худ дар чашмҳо мавҷ мезанад. Пул арҷу эҳтироми газофе дорад; ба ҳадде, ки шояд дар оянда ин вожаро бо ҳарфи бузург бинависанд. Ва шояд дар фарти самимият суруди миллии баъдишонро дар ситоиш аз Пул бисароянд. Чун Пул аст, ки арзишҳои дигарро таъйин мекунад. Ва Пул аст, ки дар бештари гуфтугузорҳо гули сари сабад аст ва маҳбубтарин мавзӯъи суҳбатҳо зери дарахтҳои дудхурдаи ҷангале, ки шаҳр мешавад.
Дар ҷомеъаҳои ҷангалӣ Пул маҳаки дониш аст. Бо Пул мешавад донишро (дар воқеъ, коғази гувоҳии донишро) харид, ба унвонҳову рутбаҳои боло даст ёфт, аз қаҳри додгоҳу додрас гурехт... Пул қудрат меоварад. Аз ин ҷост, ки шумори маъдуде аз мардум дар ҷомеъаҳои ҷангалӣ иҷоза доранд миқдори мушаххасе Пул захира кунанд ва ҳамин ки аз ҳадди муҷоз по фаротар бигзоранд, озодӣ ва Пулашон мусодира мешавад. Дар ҷомеъаҳои ҷангалии падарсолор танҳо чанд хонаводаи ҳоким иҷозаи дастрасӣ ба миқдори номаҳдуди Пулро доранд. Чун Пул қудрат меоварад ва фаровонии он дар маҳфилҳои берун аз даму дастгоҳи ҳукумати қабилаӣ метавонад барои кадхудои деҳу ҳукумати падарсолораш хатарзо бошад.
Мардуми деҳкадаи ҷангалӣ ба хотири Пул ба ҳокимон таъзим мекунанд ва ҳокимон ба навбаи худ ба манбаъи Пул (яъне курсӣ) таъзим мекунанд ва барои ҳифзи он манбаъ ҳозиранд идеулужӣ ва андешаҳои ҳокимро борҳо иваз кунанд; чун Пул аст, ки марҷаъи ниҳоӣ барои ҳар навъ тағйир маҳсуб мешавад.
Мардуми деҳкада барои беҳбуди рӯзгору табъу ҳолу ҳавои Кадхудо зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар дуъоҳои худ аз Парвардгор мехоҳанд, ки гузори Кадхудо дастикам боре ба кӯи онҳо ҳам биуфтад, то шояд роҳи пургарди онҳо ҳам асфолт шавад ва сохтмонҳои атроф пас аз даҳсолаҳо гардзудоию тармим шаванд; то шояд гузари онҳо ҳам зоҳири шаҳрро ба худ бигирад.
Такрими Пул соири арзишҳоро хафа мекунаду аз нафас меандозад. Дигар дуруде бетамаъ садо намедиҳад ва донишманди бепул аз маҳфилҳо ронда мешавад ва бедониши пулдор ба ҷои ӯ менишинад. Ин ҳолати такарзишӣ роҳро танҳо ба сӯи чоҳ ҳамвор мекунад ва ҷангале, ки шаҳр шуда буд, дубора ба асли худ бармегардад ва калоғҳо фазои ҷангалро тираву тор мекунанд. Ва ҳамин ғоила такрор мешавад.
Ҳакимони давр фармудаанд, рози раҳоии деҳкадаҳои комгортар аз ин ғоила такрими арзише чун Дониш будааст, ки ба Шоистасолорӣ меанҷомад ва Пулро дар хидмати Дониш мегуморад, на баръакс.
No comments:
Post a Comment