Tuesday, July 06, 2010

From England With Love

Дилбохтаи инглисии Фирдавсӣ

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Аз поёни сароиши “Шоҳнома” дуруст ҳазор сол мегузарад. Шояд вақте ки Абулқосими Фирдавсӣ аз даргоҳи Султон Маҳмуди суханнашнос бо чанд пашизи ночиз навмедона по ба кӯчаву бозорҳои Ғазнӣ мегузошт, дар гӯшаи хаёлаш ҳам хутур намекард, ки ҳазор сол баъд ҷавоне аз сарзаминҳои дурдаст по ба пои ӯ ҳамин роҳро тай хоҳад кард, то бо чашми сар бибинад, ки бар он ҳамосасарои беҳамто чӣ гузаштааст; ҷавоне аз сарзаминҳои ноошно, ки дар даврони Фирдавсӣ ҳанӯз Шекспирро ҳам бар худ надида буд.

Ник Ҷоббер (Nicholas Jubber), дар Донишгоҳи Оксфорд забону адаби инглисиро фаро гирифта буд, аммо ошноӣ бо яке-ду достони “Шоҳнома” ӯро ба масире дигар кашонд. Ӯ ба Эрон рафт, то забони Фирдавсиро фаро бигирад. Рафта-рафта ишқ ба Фирдавсӣ ӯро шефтаи фарҳангу забони Фирдавсӣ кард ва роҳи сахту саҳмгини сафар аз Тӯси Эрон ба Ғазнии Афғонистонро барояш ҳамвор кард. Ин ҳам кофӣ набуд. Ник сарзаминҳои шоҳномахонро дарнавардид ва сар аз биёбонҳои Туркманистону шаҳрҳои Узбакистону кӯҳсори Тоҷикистон баровард. Ва китобе навишт бо номи кинояомези “Арақнӯшӣ бар риши оятуллоҳ” (Drinking Arak Off an Ayatollah’s Beard), бо ишора бар як мавриди нӯшидани арақ дар Теҳрон бар сари рӯзномае, ки акси Хоманаӣ бар он буд.

Китоби Никулос Ҷоббер, ки чанд моҳ пеш дар Ландан мунташир шуд, омезаест аз ториху саргузашт; саргузаштҳои ин ҷавони моҷароҷӯи инглисӣ, ки мехост бидонад Фирдавсӣ чаро сӣ соли умрашро рӯи як китоб сармоягузорӣ карда буд ва бо чи ранҷе худро ба Ғазнӣ расонда буд, то чи ганҷеро бибарад. Дар лобалои ин ҷустуҷӯҳо Ҷоббер дармеёбад, ки ҳаққи заҳмати Фирдавсӣ ҳамон чанд сиккаи симини Маҳмуди Ғазнавӣ набуд, балки ҷовидонагии асараш буд, ки ҳатто ҳазор сол пас аз поёни сароиши он дар мағз-мағзи фарҳанги сарзаминҳои Эрони бостон ҳамчунон метападу зинда аст. Як марди қассоби бахтиёрӣ дар саҳроҳои Эрон, як нависандаи ошуфта дар Афғонистон ва як овозхони даврагард дар Тоҷикистон ҳамчунон байтҳои “Шоҳнома”-ро бар лаб доранд. Ҳатто ҷавоне, ки ба сӯги Имом Ҳусейн дар хиёбонҳои Теҳрон занҷир ба тан мезанад, мегӯяд, ки ӯ ба сӯги Сиёвуш ҳам нишастааст. Дарҳам-танидагии Шоҳнома бо фарҳанги мазҳабие, ки бар ин сарзаминҳо чира шудааст, нависандаи китобро дучори шигифтӣ мекунад.

Бештари саргузаштҳои Ник марбут ба Эрони имрӯзист ва табъан, бештари сафаҳоти китобаш ҳам ба Эрон ихтисос дорад. Тасаввури нависанда аз Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз сафараш зоидаи гузоришҳои матбуъотӣ буд – омезае аз ришу ҳиҷобу мотам. Аммо вуруди ӯ ба Эрон ин тасаввурро нақш бар об кард ва тасвири тозаеро ба ҷои он нишонд: кишваре, ки мардумаш бо ду навъи “будан” хӯ гирифтаанд: зиндагии зеризаминию зиндагию рӯизаминӣ. Дар зиндагии зеризаминӣ, ки пушти деворҳои сохтмонҳои Эрон ҷараён дорад, Ник эҳсоси ғурбат намекард. Гӯё дар ҷамъи дӯстони эрониаш дар Ландан хушгузаронӣ мекард, бо тамоми бисоти айшу нӯш. Пушти ин деворҳо Эрони расмӣ ҷо хуш карда буд, ки гӯӣ бо эрониёни хонаву кошонаҳо коре надошт. Мардум дар хиёбонҳо таври дигар роҳ мерафтанду сухан мегуфтанду рафтор мекарданд. Ва ранги сиёҳ чира буд.

Ник ба ман гуфт, ки аз миёни се кишвари порсигӯ Эронро бештар писандидааст, чун ба назари ӯ, мардуми он ҷо то ҳадди зиёде пешрафтатару суфтатаранд. Шояд ҳам ба далели ин ки муддати бештареро дар Эрон монда буд. Аммо ин ҳақиқат, ки фарҳанги эронии Фирдавсӣ беш аз ҳама дар Эрон зинда мондааст, дилбастагии Никро ба обу хоки он диёр бештар карда буд. Дар посух ба хостаи ман, ки ҳар кадом аз ин се кишварро бо як иборат таъбир кунад, Ник Ҷоббер Эронро “кишвари танаввуъу гуногунӣ”, Афғонистонро “кишвари хатарҳо” ва Тоҷикистонро “кӯҳистон” номид. Яъне он чи аз ин се кишвар бар зеҳни нависандаи китоб нақш баста, ҳамин се унсур аст.

Пеш аз сафараш ба Тоҷикистон Ник Ҷоббер дар Теҳрон аз як равшанфикри эронӣ шунида буд, ки давлати Тоҷикистон ба Фирдавсӣ арҷи бештар мениҳад. Дар ҷараёни сафараш ба Хуҷанду Душанбе ӯ дармеёбад, ки истифода аз намоди Фирдавсӣ дар сарзамини мо ба таври аҷибе ҷанбаи сиёсӣ доштааст. Ҷойгузинии тандиси Ленин бо муҷассамаи Фирдавсӣ дар баҳори истиқлоли Тоҷикистон барои нависандаи китоб намунае аз ҳамон корбурди сиёсии намоди бузургвор аст. Аммо ҷолиб аст, ки ин нависандаи инглисӣ ба шеваи як тоҷик ё эронӣ афсӯс мехурад, ки ҷойгоҳи Фирдавсӣ дар пойтахти Тоҷикистон баъдан ба як сиёсатмадор (Исмоъили Сомонӣ) дода шуд ва гӯё пири сухан бори дигар тавассути фармонравое дигар ба ҳошия ронда шуд.

Ник Ҷоббер тайи дидораш аз Душанбе пои суҳбати касоне чун Валӣ Самад менишинад, ки мегӯянд, зиндагиашонро вақфи таҳқиқи Фирдавсиву Шоҳнома кардаанд ва ба дидори афроде чун Заур Дахте меравад, ки дар канори зиндаёд Борис Кимёгаров мондагортарин осори синемоӣ бар мабнои достонҳои Шоҳномаро офаридаанд. Нависанда ба зинда будани ёди Шоҳномаву Фирдавсӣ дар Тоҷикистон мутмаин мешавад, аммо мутаассиф аст, ки султаи русҳо бар ин сарзамин фарҳанги Фирдавсиро лаккадор кардааст. Вале иштиёқи нависанда ба Тоҷикистону Узбакистон ҳам андак нест ва мехоҳад дар оянда китобе ҷудогонаро ба ин сарзаминҳо ихтисос диҳад.

Гузашта аз мавзӯъҳои марбут ба Шоҳнома, Ник нигарони сарнавишти порсигӯёни Узбакистон аст ва аз касоне сухан мегӯяд, ки метарсанд худро “тоҷик” биноманд, бо ин ки тоҷиканд. Ба бовари нависандаи китоб, Бухорову Самарқанд, пойтахтҳои пешини фарҳанги эронӣ, бо вуҷуди он ҳама сиёсатҳои порсизудоии понтуркистҳову кумунистҳо ҳамчунон эронӣ ё тоҷикӣ боқӣ мондаанд. Вай ҳамчунин мутаассиф аст, ки нависандагони озодахӯи ҳар се сарзамини порсигӯ имрӯз ҳам чун фирдавсиёни дигар аз маҳмудҳои дигар амон надоранд. Гӯӣ такрори торих фарҷоме надорад.

Сарфи назар аз чанд иштибоҳи имлоию торихӣ, китоби “Арақнӯшӣ бар риши оятуллоҳ” асарест беҳамто. Чун то кунун ҳеч нависандаи инглисие по ба пои Фирдавсӣ сарзаминҳои Эрони куҳанро напаймуда буд. Ва шеваи нигориши хосси китоб, ки моҷароҳои имрӯзро бо рӯйдодҳои гузашта дарҳам танида, онро хонданитару ҷаззобтар кардааст. Аҷиб аст, ки Фирдавсии бузургвор як чунин поси хотирро на аз парвардагони фарҳангаш, ки аз як шефтаи хориҷии фарҳангаш дид.

1 comment:

Anonymous said...

Кораш хуб лекин номгузории китобаш зидди Ислом. Барои хамин хок бар сари мухолифони Ислом! Хок бар сари мухолифони Эрон!
малик.