Сиёсати покиза
(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)
Асри диҷитол (рақамӣ) ва фанновариҳои навини иттилоъотӣ саранҷом сарнавишти сиёсатҳои калонро дигаргуна рақам хоҳанд зад. Шояд замоне фаро расад, ки дигар сиёсатро палид надонем ва чирки сиёсат тавассути арраву сунбодаи расонаҳо зудуда шавад. Хушбоварист? Шояд, аммо комилан ғайри воқеъбинона нест.
Ҳар бор ки иттилоъоти “комилан маҳрамона”-и кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидонашон тавассути торнамои “Викиликс” (Wikileaks) дар дастраси умум қарор мегирад, сиёсатмадорони риёкор дар кобусе воқеъӣ фурӯ мераванд. Якбора дармеёбем, ки лабханду таъоруфҳои Малик Абдуллоҳи Арабистон ба мақомоти Эрон чизе беш аз ташрифоти диплумотик набудааст. Ин марди мутабассим бо риши пруфесурӣ борҳо аз арбоби омрикоиаш тақозо кардааст, ки таъсисоти ҳастаии Эронро бумбборон ва нобуд кунанд; хабаре, ки рӯзи якшанбеи гузашта тавассути “Викиликс” ҷаҳонӣ шуд. Афзун бар ин, дармеёбем, ки раҳбарони бисёре аз кишварҳои араб ҳамин хостаи Малик Абдуллоҳро матраҳ кардаанд ва башиддат аз як Эрони ҳастаӣ нигаронанд.
Ҳарчанд Маҳмуди Аҳмадинажод саросема эълом кард, ки ин “дасисаҳои Омрико” ҳеч тағйире дар равобити дӯстонаи Эрон бо ҳамсоягонаш эҷод нахоҳад кард, ҳама ва аз ҷумла худи Аҳмадинажод медонанд, ки он муносибот дастхуши тағйироте хоҳад шуд. Ва он иддаъои Аҳмадинажод ҳам чизе ҷуз як жести диплумотик нест. Ва агар гӯшҳои Викиликс пушти дари утоқи раисиҷумҳурии Эрон қарор бигиранд, шояд изҳороти батамом мутафовитеро бишнаванду дарҷ кунанд.
Викиликс як расонаи байнулмилалист, ки соли 2006 таъсис шуд ва кораш шабеҳи созмонҳои ҷосусист; бо ин тафовут, ки ин созмон мутаъаллиқ ба ҳеч давлате нест, балки рақиби ҳамаи давлатҳост. Ҳар пич-пичи диплумотике, ки ба гӯшҳои тези ин созмон бирасад, мумкин аст фардо ба сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ табдил шавад. Номи ин созмон ҳам барои хелеҳо тарснок аст: wiki, ки ишорае ҳам ба донишномаи Wikipedia дорад, дар воқеъ баромада аз вожаи инглисии “wicked” аст, ки яке аз маъноҳои он “шариру бадкору бадҷинс” аст. “Leak” ҳам ба маънои чакка кардан ва дарз кардани иттилоъот аз маҳфилҳои маҳрамона ба ҷаҳони берун аст. Ин “чаккаҳои бадҷинсона” саранҷом чандин нафарро бистарӣ хоҳад кард.
Викиликс ҳаюлои тарсноке дар чашми сиёсатмадорони риёкор аст, ки ҳар он метавонад кӯси расвоиашонро бикӯбад. Мегӯянд, ин созмонро шуморе аз норозиёни сиёсии чинӣ ва рӯзноманигорону риёзидононе аз Иёлоти Муттаҳида, Тойвон, Урупо, Устролиё (Австралия) ва Офриқои Ҷанубӣ таъсис кардаанд. Ҷулиён Оссонж (Julian Assange), як фаъъоли интернетии устролиёӣ, раис ва сардабири Викиликс унвон мешавад. Ҷулиён акнун ба чеҳраи бисёр хатарноке барои давлатҳо табдил шуда ва парвандаҳоеро ба худ ихтисос додааст.
Бахше аз тозатарин ёфтаҳои Викиликс, ки шомили даҳҳо ҳазор санади маҳрамонаи диплумотик мешавад, бо Тоҷикистон ҳам пайванд хурдааст. Дар як гузориши маҳрамона бо номи “Қудрати порсӣ: Равобити рӯ ба рушди Тоҷикистон бо Эрон”, ки тобистони 2007 таҳия шудааст, диплумотҳои омрикоӣ нигаронии амиқашон аз густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамзабонро ба Вошингтун мухобира кардаанд. Дидорҳои мукаррари раҳбарони Эрону Тоҷикистон аз кишварҳои якдигар хотири онҳоро то ҳадди зиёде мушавваш кардааст. Ва онҳо далели афзоиши сатҳи равобит миёни ин ду кишварро тангдастии Тоҷикистон ва ниёзмандии Эрон ба ёроне дар минтақа донистаанд.
Фасод дар Қирғизистони Боқиев, ҳамли 52 милюн дулор тавассути Аҳмад Зиё Масъуд – муъовини раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар як сафари хориҷӣ, ишора ба дӯстидухтари укроинии Муаммар Қаззофӣ - раҳбари Либӣ, тақозои Ҳилларӣ Клинтун аз диплумотҳои омрикоӣ дар Созмони Милал дар мавриди дарёфти иттилоъоти маҳрамона аз кишварҳои узви ин созмон аз ҷумлаи дигар мавориди ифшои ахири Викиликс аст.
Ҷеғи бисёре аз давлатҳо баланд шудааст ва вазири хориҷаи Омрико ин иқдоми Викиликсро “ҳамла ба ҷомеъаи байнулмилалӣ” тавсиф кардааст. Ба бовари бону Клинтун, ифшои асрори магӯи ин давлатҳо эътилофҳои байнулмилалиро ба ҳам мезанад ва суботи ҷаҳониро дар маърази хатар қарор медиҳад.
Аммо чаро? Чаро баёни ҳақиқат метавонад бад-ин андоза давлатсолоронро асабонӣ, мушавваш ва нигарон кунад? Магар далелаш ин нест, ки ҷаҳони мо бо нерӯи дурӯғу риё идора мешавад? Чаро раҳбарону масъулон аз ифшои суҳбатҳои пушти даришон меҳаросанд? Магар ин нест, ки он чи пушти дарҳо гуфта мешавад, бо он чи барои умум эълом мекунанд, тафовути 180-дараҷаӣ дорад? Ин нигаронию таҳлукаи раҳбарони давлатҳо магар беҳтарин намунаи сайтара ва ҳукумати риёву дурӯғ бар ҷаҳони имрӯз нест?
Аммо ҷаҳони имрӯзи расонаҳо чизи дигар аст ва шояд ҳаргиз дубора таҳти йӯғи давлатҳои мустабид наравад. Ҳатто агар имрӯз муваффақ шуданд, ки Викиликсро хафа кунанд, фардо аз роҳе дигар розҳои магӯ ва чирки давлатмадорон чакка хоҳад кард. Аз ин рӯ дар оғози матлаб гуфтам, ки шояд ин ифшогариҳо аслан чеҳраи сиёсатро иваз кунад. Шояд сиёсатмадорон ҳам дигар бо одоби писандидаи инсонӣ хӯ бигаранду дурӯғ нагӯянд. Шояд дигар сиёсати “як бому ду ҳаво” рахт барбандад. Чун дигар расонаҳои диҷитол талош мекунанд бар ҳар ғоре равзанае бизананд ва ҳар ногуфтаниеро бигӯянд. Ҳолу рӯзи сиёсатбозон чи хоҳад шуд? Ҳатман ба фикри тағйири равиш хоҳанд уфтод ва умед аст, ки садоқат бо сиёсат оштӣ кунад.
2 comments:
salam dariushi geraami
rasidan be kheyr
درود فردوس ارجمند. سپاس از مهرت
Post a Comment