Конодо ё Канада?
(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)
Аз хондани матлаби “Масъалаҳои имло мавриди бозбинӣ қарор мегиранд” ба қалами Сайфиддини Назарзода, мудири Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” мунташир шуд, лаззат бурдам. Сарфи назар аз ихтилофе, ки метавонад миёни дидгоҳҳои мо дар бораи забони модарӣ ва ному имлои он вуҷуд дошта бошад, бар ин боварам, ки оқои Назарзода пажӯҳиши ҷомеъу омӯзандае анҷом додааст ва наҳваи шикаставу рехта шудани забони форсии тоҷикиро марҳила ба марҳила пайгирӣ кардааст.
То он ҷо ки ба осебшиносии забони мо марбут мешавад, бо оқои Назарзода мувофиқам. Дареғо, ки мақомоти муассисаҳои забоншиносии Тоҷикистон дар он давраи тангу торик (поёни даҳаи 1930) ҷуръату маҷолу имкони онро надоштанд, ки бар зидди “сиёсати русисозии алифбо” қад алам кунанд ва сипари ҳувияти забонии мардум шаванд.
Дар санади шуме, ки бо номи “Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ, Фармони №1 Комиссариати Халқии Маорифи РСС Тоҷикистон аз № 2- июни соли 1939” оқои Назарзода аз рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх”, 25-26 январи соли 1939, нақл кардааст, ҷузъиёти пораву махдуш ва вайрон шудани забони мо мӯ ба мӯ омадааст. Дар канори вожаҳои нобобу чаранде чун “нарафтанба”, “шабангия”, “бозорангӣ”, “поёнангӣ”, “ахборотҳо”, “ҳуқуқҳо”, “моҳо”, “шумоён”, “шумоҳоя”, “худашона” ва ғайра ва таркибҳои норасое чун “Аҳмада китобаш”, “магазини бозорангӣ”, “кашида гирифтан”, “шикаста мондан”, “гирифта партофтан”, бисёре аз меъёрҳои забони порсӣ омидона зери по шудаанд. Кумисериёи маъориф бо диктаи қулдуронаи столинӣ аз тоҷикон тақозо кардааст, ки дигар аз ҳарфи тазйинии “би-“ (бигир, бирав, бигӯ) истифода накунанд. Ва гӯё ҳадафи ростинаш аз ҳам даридани шерозаҳои забони миллии тоҷикон бошад, тақозо кардааст, ки ба ҷои “бояд кард”-и мухтасару муфид “бояд карда шавад”-и пуртумтароқ бигӯем ва ба ҷои “хоҳад кард” – “мекунад”. Яъне дастури забонро батамом валангор карданд, то тоҷикон дигар забони худро форсӣ надонанд ва дар таркиби як миллати сохтагии шӯравӣ ҳал шаванд.
Бегонагароӣ дар ин сиёсати забонӣ ба ҳадде ошкор аст, ки мушоҳидаи он диққат намехоҳад. Пайравии кӯркӯрона аз имлои русӣ ба андозае музҳик ва дар айни ҳол фаҷеъ буда, ки аз тоҷикон тақозо шудааст, то вомвожаҳои русиро ба гунае, ки русҳо менависанд, имло кунанд; яъне ба кулхуз “колхоз” бигӯянду ба плон “план” ва ба кулектив “коллектив”. Ва “ҳектор”-ро ба шеваи русҳо “гектар” бинависанду “Ҳегел”-ро “Гегел”, сарфи назар аз ин ки набуди “ҳ” камбуди алифбои расмии русӣ буд, на форсӣ.
Ҳеч аҳаде набуд ё агар буд ҷуръат намекард, ки бигӯяд, вока (садонок)-ҳои форсӣ бо русӣ мутафовит аст. Худи ҳамон рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” дар солҳои аввали интишораш номи рӯзномаро ба хатти лотин “Tajikistani Surx” ҳиҷҷӣ мекард, бо огоҳии тамом аз ин ки “о”-и форсӣ ба “ā”-и кашидаи лотин ё русӣ наздиктар аст, то “о”-и гирду дарози русӣ, ки бештар ба “у”-и кӯтоҳи форсӣ мемонад.
Дарки ин мавзӯъ барои бисёре аз забоншиносони имрӯзи кишвар ҳам муяссар нест. Аммо дар навиштаи С. Назарзода ишорае талвеҳӣ ба ин мавзӯъро мебинем. Ӯ дар ҷадвали вока (садодор)-ҳои “тоҷикӣ” садои “о”-ро ба шакли “ā”-и лотин овардааст, ки дуруст аст.
Яъне агар як тоҷик забони русиро бо лаҳҷаи ғализ суҳбат мекунад, далелаш ҳамон воканависии ғалат дар хатти ноқису вайронгари сириллики мост. Як тоҷик вақте мегӯяд “Как дела?”, талаффузи ӯ дар овонигорӣ ба шакли “Кæк делæ” иншо мешавад. Зеро “а”-и форсӣ бозтару фарохтар аз “а”-и русист ва дар воқеъ, русҳо садои “а”-и моро надоранд, ки бештар ба садои “а”-и инглисии Бритониё (дар вожаи “man”) шабоҳат дорад.
Аз ин ҷост, ки дар забони порсӣ “Бритониё” дуруст аст, на “Британия”, “Конодо” дуруст аст, на “Канада”, “Итолиё” дуруст аст, на “Италия”. Ҳамеша чунин будааст ва дар дигар бахшҳои сарзамини порсӣ, ки дасти истеъмори рус нарасид, чунин мондааст. Ҳамон сиёсатҳои столинии ҳувияткуш буд, ки Русияро “Россия” ва “Урупо” ё “Аврупо”-ро “Европа” кард. Ин нобасомонии савтӣ ба андозае реша давондааст, ки акнун ин ғалати русҳоро ба берун аз алифбои ғалатамон ҳам таъмим додаем ва номи кишварамонро ба забони инглисӣ “Tojikiston” ва номи раисиҷумҳурро “Rahmon” ё ҳатто “Rakhmon” менависем, ки ғалат андар ғалат аст. Овонигории дурусти ин номҳо ба хатти инглисӣ ҳамон Tajikistan ва Rahman аст. Чун “о”-и русӣ дар забонҳои фарангӣ шабеҳ ба “у”-и кӯтоҳи форсӣ талаффуз мешавад.
Ҳар забон сомона (систем)-и талаффузи вижаи худашро дорад. Аммо бар пояи ҳамон фармони нангини Кумисериёи маъориф дар соли 1939, мо то кунун султаи тарзи навишти русии вомвожаҳо ва номи кишварҳоро мепазирем, ки бо ҳанҷори забони мо созгорӣ надорад ва буҳрони ҳувияти моро печидатар мекунад. Дар он фармон мушаххасан омадааст, ки русӣ бояд маҳаки вожасозию вожапардозӣ дар забони мо бошад: “Дар баъзе калимаҳои хориҷии ба воситаи забони русӣ мегирифтагиамон будагӣ овози «ҳ» агар дар русӣ бо «г» навишта шаванд, дар тоҷикӣ ҳам бо «г» навишта мешаванд. Мисол: Гидростансийа, гектар, Гегел”. Оё ҳанӯз метавон нанги ин фармони кавданонаро таҳаммул кард?
Фармоне, ки бавузӯҳ аз мо мехоҳад, ки ғалат бигӯему ғалат бинависем ва ба ҷои “қуфл”, “китф”, “анбор”, “занбӯр” ва “занбар” шакли ғалати онҳо (“қулф”, “кифт”, “амбор”, “замбӯр”, “замбар”)-ро ҳиҷҷӣ кунем.
Ин нангро бояд аз чеҳраи забони порсии Осиёи Миёна шуст ва забонро дубора бар курсӣ нишонд.
Танҳо мавриди ихтилофи дидгоҳи инҷониб бо оқои Назарзода ин аст, ки ин куҳна матоъи русӣ дурустшуданӣ нест. Ба ҷои бахя (дарбеҳ) задан ба ин алифбои сӯрохшуда бихрадонатар аст, ки алифбои модарии ин забон, ҳамон алифбои форсии арабиро, ба гаҳворааш, ки Осиёи Миёна буда, баргардонем.
No comments:
Post a Comment