Tuesday, December 28, 2010

The Creation of Afghanistan

(вежаи ҳафтаномаи Озодагон)

Гоҳ ҳазми ин ҳақиқат душвор аст, ки сиёсат битавонад бо кашидани хатҳое сода рӯи як тикка коғаз мардуми як таборро аз ҳам ҷудо кунад. Аммо ин ҳақиқатест, ки дар торих борҳо бармало шуда ва мардуми мо ҳам аз шарри он дар амон набудаанд.

Акнун шояд барои бисёре дарки ин ҳақиқат мушкил бошад, ки мардуми он сӯи рӯди Омӯ ҳамтабори моянд. Баҳси жарфтар дар ин замина баррасии мӯшикофонаи мафҳумҳои “миллат”-у “миллият”-ро тақозо мекунад, ки бас муфассал аст ва маҷолу фурсате муносибтар мехоҳад.

Он чи дар зер мебинед, талоши як духтари тоҷики 15-солаи муқими Ландан аст, ки мехоҳад мову шуморо бо сарнавишти сарзамини модариаш ошнотар кунад. Авесто Ориё аз тоҷикони Афғонистон аст, ки солҳост дар Бритониё зиндагӣ мекунад ва аз шогирдони мумтози дабистонаш аст. Сарфи назар аз синни ками Авесто, мавзӯъи ҳувият ҳамвора ҷузъи дағдағаҳои зеҳниаш будааст. Вай барои шинохти беҳтари сарзамини падариаш кандукови фаровоне карда ва фишурдаи донистаҳояшро ба забони инглисӣ рӯи коғаз овардааст. Навиштаи зер баргардони мақолаи Авесто Ориёст.

Зуҳури Афғонистон ва нақши Бритониё дар он

Авесто Ориё


Кишвари Афғонистон соли 1747 тавассути Аҳмадшоҳи Абдалӣ аз қабилаи паштун ё афғони Пӯпалзай сохта шуд.

Мирвайси Ҳутакӣ (1709-1738)

Ҳарчанд пештар аз он ҳам дар соли 1709 Мирвайс, раиси қабилаи Ҳутакӣ, талош карда буд, ки давлате созмон диҳад ва бад-ин манзур хоки ҷануби Афғонистонро аз импротурии Сафавӣ қабза карда буд. Нодиршоҳи Афшор муваффақ шуд дар паи чанд ҳамлаи кӯтоҳ ҷануби Афғонистонро дубора ба пайкари импротурии Эрон васл кунад.

Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1747-1772)

Аммо Нодиршоҳи Афшор зиёд давом наовард ва дар соли 1747 кушта шуд ва дудмони Афшор бесар монд. Мардумони сарзамини паҳновари импротурӣ ба таъсиси салтанатҳои кӯчак пардохтанд. Дар ҳамин давра буд, ки Афғонистон дубора аз пайкари импротурии Эрон ҷудо шуд ва Аҳмадхон, ҳокими пешини Мозандарон, тавассути бузургони қабилаии ғолибан паштун ба унвони подшоҳ баргузида шуд. Вай баъдан ба тақлид аз лақаби салтанатиаш “Дурри дуррон” ба “Аҳмадшоҳи Дурронӣ” тағйири ном кард.

Дар ҳоле ки импротуриҳои Эрону Гурконӣ батадриҷ аз ҳам мепошиданд, Дурронӣ тавонист бо истифода аз фурсат ба тавсеъаи қаламрави Афғонистон бикӯшад. Афғонистони навин таҳти салтанати Дурронӣ бисёр муваффақ буд ва барои чандин даҳсола қудрати ҳокими минтақа буд. Импротурии Дурронӣ дар авҷи қудрати худ аз каронаи рӯди Омӯ то дарёи Умон ва аз Хуросон то паҳнаи каронаи Ганг вусъат дошт.

Вале хатти машйи Аҳмадшоҳи Дурронӣ ҷиҳати эҷоди як импротурии паштунсолор ҳазинаи зиёде бурд ва иттиҳоди қавмҳо дар саросари импротурӣ заъифу шикананда шуд. Дар шимоли кишвар пайваста шӯришҳо барпо буданд, чун бештари мардуми нопаштун аз сиёсати қавмгароёнаи Дурронӣ безор буданд; сиёсате, ки мардуми бисёреро дар ҳолати рӯёрӯӣ ва муқобила бо ҳокимони импротурӣ қарор дод.

Соли 1761 артиши Дурронӣ иттиҳоди Моротҳои Ҳиндро дар шаҳри Панипот шикаст дод ва боъиси тазъифи артиши Ҳиндустон шуд. Бритониёиҳо бо истифода аз заъфи артиши Ҳинд Банголро тасхир карданд ва бад-ин гуна дарҳои Осиё ба рӯи Бритониё боз шуд.

Ҳамлаҳои пайдарпаи Аҳмадҳоши Дурронӣ ба Ҳиндустон ба зуҳури гурӯҳи нави мазҳабии мавсум ба “сикҳ” анҷомид. Бахши аъзами Лоҳур бозпас ба ҳамин сикҳҳо таслим шуд.

Бархе аз афғонҳо ҳамлаҳои Дурронӣ ва ишғоли Ҳиндустонро мояи ифтихори худ медонанд ва онро намунае аз бурузи қудрату тавоноии Афғонистон меноманд. Шоёни зикр аст, ки дар он давра Ҳиндустон мавриди ҳамлаи ҳам Аҳмадшоҳи Дурронӣ ва ҳам Бритониё воқеъ шуда буд.

Ҳамлаҳои Бритониё ба Ҳиндустон таъсири мустақиме рӯи амнияту оромиши худи Бритониё надошт. Имрӯза Бритониё як кишвари обод аст, ки ба паноҳҷӯён аз саросари ҷаҳон паноҳ медиҳад. Дар ҳоле, ки ҳамлаҳои Дурронӣ ба Ҳинд дар дарозмуддат Афғонистонро ба як кишвари ҷангзада табдил кард ва барои чандин муддате тӯлонӣ мардуми кишварро ба унвони паноҳҷӯ дар саросари ҷаҳон пароканда кард.

Бароянди ҳамлаҳо ба Ҳинд барои ду кишвари Афғонистон ва Бритониё бакуллӣ мутафовит ва мутаноқиз буд. Аз ин рӯ, ба бовари ман, ҳамлаи Афғонистон ба Ҳиндустонро наметавон пирӯзии мо унвон кард, балки он ҳамлае барбарона ва божхонаи як шоҳ буд, ки барои мардуми Афғонистон суде ба бор наовард.

Tемуршоҳ (1772-1793)

Пас аз марги Аҳмадшоҳи Дурронӣ писари ӯ Темуршоҳ, ки зодаи Машҳад ва ҳокими Ҳирот буд, бар тахт нишаст. Темуршоҳ, бар хилофи падари худ, саъй кард ҳимояти тоҷикҳо ва қизилбошҳоро ҷалб кунад, чун онҳо шаҳритар буданд ва дар давлат нуфузи қавӣ доштанд. Бад-ин манзур ӯ пойтахтро аз Қандаҳор ба Кобул мунтақил кард. Ин сиёсати ӯ қабилаҳои паштунро нохушнуд кард ва пас аз марги Темуршоҳ Афғонистон ғарқи нооромиҳо, ошӯбҳои миёнқавмӣ ва инқилобҳои дарборӣ шуд.

Темуршоҳ аз 14 ҳамсар 34 писар дошт, ки ҳар як барои расидан ба тахту тоҷ ҷангиданд. Даргириҳои сиёсии поёни садаи 18 ва оғози садаи 19 ба ин маънӣ буд, ки импротурӣ муттаҳид нест. Дар натиҷа бисёре аз бахшҳои импротурӣ ҷудо шуданд. Ғарби Хуросон соли 1795 аз даст рафт ва хонигарии Қалот эъломи истиқлол кард. Сарбозони сикҳ тавонистанд Мултону Кашмиру Пешоварро бозпас бигиранд. Ин минтақаҳо “вилоёти ғанӣ” арзёбӣ мешуданд ва бидуни онҳо импротурии афғонӣ камзӯр шуд.

Дӯстмуҳаммад (1826-1863)

Соли 1826 Дӯстмуҳаммад подшоҳи нави Афғонистон шуд ва лақаби салтанатии “Амиралмуъминин”-ро ихтиёр кард. Ҳадафи аслии Дӯстмуҳаммад тайи тамоми давраи салтанаташ ишғоли дубораи “вилоёти ғанӣ”-и Ҳиндустон ва дастрасӣ ба шукуфоии дубораи Афғонистон буд. Аммо мавқеъияти жеупулитики Ҳиндустон дигар иваз шуда буд ва он ба як мустаъмараи Бритониё табдил шуда буд.

Инглисиҳо дар садаи 19 ба умури Афғонистон алоқа зоҳир карданд. Соли 1808, вақте ки Монтстюорт Элфинстун (Mountstuart Elphinstone), маъмури сиёсӣ ва торихнигори скотландӣ, ба Пешовар фиристода шуд, оғози иртиботи мустақими миёни Бритониё ва Афғонистон ба шумор меояд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки “Бозии бузург”-и миёни инглисиҳову русҳо дар Осиёи Миёна тайи солҳои 1835 ва 1837 оғоз шуд. Пас аз он барои муддате тӯлонӣ Афғонистон бахши аъзами қудрати худро аз даст дод ва ба як туъмаи билқувваи империёлизми Ғарб табдил шуд.

Инглисиҳо аз орзуи баландпарвозонаи Дӯстмуҳаммад дар мавриди ишғоли Ҳиндустон мунзаҷир буданд; аз ин рӯ нахустин иқдоми онҳо дар “Бозии бузург” эҷоди ихтилол дар Афғонистон буд. Дар раванди ихтилоли авзоъ Шоҳ Шуҷоъ ҷойгузини Дӯстмуҳаммад шуд. Дӯстмуҳаммад бо ҳадафи тасхири Ҳиндустин алайҳи сикҳҳо ҷиҳод эълом кард, аммо натиҷаи он тасхири Қандаҳору Кобул тавассути сикҳҳо буд ва Дӯстмуҳаммад тоҷу тахтро таслими Шоҳ Шуҷоъ кард. Дар ин давра инглисиҳо тавассути шахсе бо номи Вилём Макнотен (William Macnaghten) Афғонистонро амалан идора мекарданд. Аз ин ришта рӯйдодҳо метавон дарёфт, ки агар Дӯстмуҳаммад барои ишғоли Ҳиндустон ҳирсу оз ба харҷ намедод, мешуд аз мудохилаи Бритониё дар умури Афғонистон ҷилавгирӣ кард.

Пас аз нишастани Шоҳ Шуҷоъ бар тахт Дӯстмуҳаммаду писаронаш ба таҳдиди хатҳои иртиботии инглисиҳо пардохтанд. Дар натиҷа Кобул дастхуши нооромиҳо шуд ва ду маъмури баландпояи инглисӣ (А. Бурнз ва Макнотен) кушта шуданд. Инглисиҳо дар изои талафоташон дар Кобул Қандаҳору Ҷалолободро ба хоку хун кашиданд. Ақибнишинии онҳо аз Кобул боъиси нобудии 16 ҳазор сарбозе шуд, ки гирифтори ҳақорату гуруснагӣ шуда буданд. Саранҷом, инглисиҳо Афғонистонро тарк карданд ва бад-ин гуна Ҷанги Нахусти Инглису Афғон ба поён расид. Бо рафтани инглисиҳо Шоҳ Шуҷоъ беҳомӣ монд ва рӯзи 5 оврил (апрел)-и 1842 кушта шуд.

Дӯстмуҳаммад ба Афғонистон баргашту дубора ба тахти шоҳӣ такя зад; бо ҳамон орзуҳое, ки дар давраи нахусти амораташ дошт. Вай минтақаи Пешоварро дубора тасхир кард. Ҷолиб ин ҷост, ки Дӯстмуҳаммад ҳамчунин бо бритониёиҳо наздикӣ ҷӯст ва ба имзои Паймони Пешовар (1855) даст ёфт. Ин паймон тамомияти арзии Афғонистон ва сарзаминҳои бритониёӣ дар Осиёро ба расмият шинохт ва ин ду кишварро “дӯст”-и якдигар эълом кард. То соли 1857 Дӯстмуҳаммад Афғонистонеро шакл дод, ки то ҳадди зиёде ҳамин Афғонистони имрӯзист. Аммо импротурӣ дар чанги нооромиҳои пароканда буд, ки қарор буд ворисони Дӯстмуҳаммад бартараф кунанд.

Шеръалӣ (1868-1879)

Амир Шеръалӣ муваффақ шуд ба муддати даҳ сол ба кумаки инглисиҳо дар Афғонистон ҳукумат кунад. Ба ҳар рӯй, кунтрули минтақа ҳамчунон дар дасти Инглистон ва Русия буд.

Соли 1872 як ҳайъати бритониёӣ талош кард дар як низоъи арзии миёни Эрону Афғонистон барои аломатгузории марзӣ дар минтақаи Систон подармиёнӣ кунад. Натиҷаи ин муъомила ҳеч як аз ҳамсояҳоро хушнуд накард. Соли 1873 Инглистон ва Русия минтақаҳои нуфузашон дар Осиёи Миёнаро мушаххас карданд, ки дар натиҷаи он Афғонистон дар минтақаи нуфузи Инглистон қарор гирифт.

Як сол баъд аз он ки дар Бритониё муҳофизакорон сари қудрат омаданд, инглисиҳо хостанд, ки бо фиристодани як ҳайъати диплумотики доимӣ ба Кобул кунтрули мустақими сиёсатгузориҳо дар Афғонистонро ба дасти худ бигиранд. Аммо Русия пешдастӣ карда буд ва дар соли 1875 тавассути як маъмури мусалмонаш бо Кобул ба тавофуқҳое даст ёфта буд. Инглисиҳо ҳам хостори имзои паймон шуданд, аммо аз Кобул посухе дарёфт накарданд. Дар паи он Бритониё ба Ҷалолободу Қандаҳор 30 ҳазор сарбоз гусел кард ва Дувумин Ҷанги Инглису Афғон дар гирифт. Амир Шеръалӣ медонист, ки Кобул дар шуруфи ишғол шудан аст. Ӯ писараш Муҳаммад Яъқубро мутасаддии умур дар Кобул кард ва худаш ба Балх рафт, то аз русҳо кумак бихоҳад. Русҳо ба ӯ кумак накарданд ва Шеръалӣ чанд моҳ пас аз он ҷон дод.

Mуҳаммад Яъқуб (1879)

Муҳаммад Яъқуб ба унвони амири нав дар соли 1879 паймони хиффатбори Гандумакро имзо кард. Бино ба ин паймон, қарор буд амир аз Бритониё миқдори мушаххасе маблағ дарёфт кунад ва аз ҳамалоти Бритониё масун бимонад, аммо дар баробари он идораи сиёсатҳои хориҷии Афғонистонро ба бритониёиҳо вогузор кунад. Ин паймон ҳамчунин иқомати доимии як гумоштаи инглисӣ дар Кобулро пешбинӣ мекард. Сер Луӣ Ковонёрӣ (Sir Louis Cavagnari), нахустин мутасаддии ин мақом, 47 рӯз пас аз вурудаш ба Кобул кушта шуд. Рӯзи 12 уктубри 1979 женерол Робертз (General Roberts) ба Кобул фиристода шуд ва дар Афғонистон давлати низомӣ таъсис кард, ки таҳти назари худи ӯ буд. Аз он ба баъд Афғонистон ба “минтақаи ҳоил”-и миёни Ҳиндустони Бритониё ва Туркистони Русия табдил шуд.

Aбдурраҳмонхон (1880-1901)

Соли 1880 Бритониё ба Абдурраҳмон, яке аз нава (набера)-ҳои Дӯстмуҳаммад, пешниҳод кард, ки бар тахти Афғонистон бинишинад ва то Абдурраҳмон пешниҳодро пазируфт, ӯро расман “Амири Афғонистон” эълом карданд. Рӯзи 22 жуие (июл)-и ҳамон сол амири нав муқаррароти Паймони Гандумакро пазируфт.

Дар ин замон Айюбхон, писари Шеръалӣ, дар Ҳирот мустақар буд ва артиши пурзӯре дошт. Вай бо нерӯи 25 ҳазорнафарааш тавонист артиши Бритониёро дар ҷануби Афғонистон шикаст диҳад, вале баъдан ӯ тавассути женерол Робертз дар Қандаҳор шикаст хурд. Дар паи пирӯзӣ нерӯҳои инглисӣ аз боқии хоки Афғонистон берун рафтанд, аммо дар Қандаҳор монданд.

Абдурраҳмонхон амири мустабидде буд, ки мехост ба ҳар қимате ваҳдати қаламравашро ба даст орад ва ҳама таҳти фармони марказ бошанд. Дар давраи аморати ӯ шӯришҳои бисёре сурат гирифт, аммо Абдурраҳмонхон тавонист дар соли 1892 ҳамаи онҳоро фурӯ нишонад. Соли 1884 вай салтанати Майманаро дубора ишғол кард ва дар соли 1893 вай бо заҳмат Ҳазораҷотро ҳам тобеъи худ кард ва шуморе аз ҳазораҳоро ба табъид фиристод. Минтақаи Кофиристон соли 1896 таслими Абдурраҳмонхон шуд ва ӯ бо зӯру иҷбор “кофар”-ҳоро ба мусалмонони суннӣ табдил кард. Пас аз рӯ овардани иҷбории мардуми минтақа ба ислом Кофаристон ба Нуристон тағйири ном кард.

Бисёре бо ин назар мувофиқанд, ки комгории Абдурраҳмонхон дар тасхири вилоятҳо умдатан ба хотири кумакҳои молию низомии Бритониё буд, ки бар мабнои Паймони Гандумак сурат мегирифт. Абдурраҳмонхон ҳамчунин шумори зиёде аз паштунҳоро бо ваъдаи додани заминҳои васеъ дар шимоли Афғонистон искон дод. Ин иқдоми вай бо ҳадафи паштунсозии шимоли кишвар, ки сарзамини қавмҳову фарҳангҳои дигар буд, анҷом гирифт.

Дар канори тавсеъаи қаламрав ва паштунсозии иҷбории шимоли Афғонистон, Абдурраҳмонхон ҳамчунин коршиносони инглисӣ ва ҳиндиро истихдом кард, то саноеъи низомию ғайринизомӣ бисозанд. Пизишкони инглисӣ нахустин бемористони ҳамагониро соли 1895 ифтитоҳ карданд. Ба ҳар рӯй, талошҳои ӯ аз мантиқи андаке бархурдор буд, чун вай ба омӯзиш додан ба мардуми одӣ аҳамияте қоил набуд.

Абдурраҳмонхон моҳи уктубри 1901 даргузашт ва Афғонистоне қавиро ба мерос гузошт, ки барои нахустин бор дар торих марзҳояш шиносоӣ шуда буданд. “Хатти Дуронд” миёни Афғонистону Ҳиндустон шакл гирифт, ки ба маънои аз даст додани масирҳое муҳим ва тақсим шудани паштунҳо ба ду бахш дар ду кишвар буд.

Ҳабибуллоҳ (1901-1919)

Абдурраҳмонхон дар соли 1901 писари бузургаш Ҳабибуллоҳро ба унвони вориси тахту тоҷ баргузид. Чаҳор сол пас аз он Ҳабибуллоҳ паймони миёни амири Афғонистон ва давлати Бритониёро таҷдид кард. Яке аз муҳимтарин иқдомоти сиёсии Ҳабибуллоҳ афви умумии ҳамаи табъидиҳо буд. Ин иқдом ба маънои табдили Кобули муҳофизакор ба маркази фаъъолиятҳои зеҳнию ақлонӣ буд, ки дар ду мавҷ тавассути табъидиҳо ба пойтахт ворез шуд.

Мавҷи нахусти андешаҳо аз сӯи хонадони Тарзӣ меомад, ки аз табъидиҳои бозгашта аз Димишқ буданд. Онҳо дар роҳи бозгашт мушовирон ва пизишкони турки усмониро бо худ ба Афғонистон оварданд. Ин хонадони фарҳехта гурӯҳи “Афғонони ҷавон”-ро бунёд ниҳоданд, ки пантуркист ва зиддибритониёӣ буданд. Ин гурӯҳ дар пайдоиши исломи навгаро дар Осиёи оғози садаи 20 нақши муҳим дошт.

Мавҷи дувуми андешаҳо аз қабилаи Муҳаммадзай сарчашма мегирифт, ки аз Ҳиндустон ба Афғонистон баргашта буданд. Онҳо бозии гулф, ҳунари аксбардорӣ, худраву мошинҳо ва машруботи алкулиро бо худ оварданд, ки маншаъи инглисию ҳиндӣ дошт.

Ҳабибуллоҳ, ки табъи заъифе дошт, дар интихоби яке аз ин ду шеваи зиндагию андешидан оҷиз монда буд. Вай дертар ба қатл расид.

Aмонуллоҳ (1919-29)

Амонуллоҳ соли 1919 ба қудрат расид ва аз ҳамон оғоз талош кард, ки дар сиёсатҳои хориҷиаш ихтиёроти тамому камол дошта бошад. Бритониёиҳо, ки дар додани ин ҳақ ба амири нав изҳори тардид карданд, Амонуллоҳ хостори ҷиҳод шуд ва Севумин Ҷанги Инглису Афғон оғоз шуд. Паштунҳои вазирии муқими Ҳинд ба кумаки нерӯҳои Амонуллоҳ шитофтанд ва бо ҳам ба подгон (гарнизон)-и Толи инглисиҳо юриш бурданду онро муҳосира карданд. Артиши Ҳиндустон вориди Ҷалолобод шуд ва аз онҷо ба Кобул ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод, ки як моҳ ба дарозо кашид. Бритониёиҳо, ки тоза дар соли 1918 дар ҷанги ҷаҳонӣ ба сулҳи муваққат даст ёфта буданд, ба анҷоми як ҷанги дигар тамоюл надоштанд. Бад-ин гуна дар моҳи ут (август)-и соли 1919 Паймони Раволпиндӣ имзо шуд, ки ба “султа”-и Бритониё бар Афғонистон поён ниҳод.

2 comments:

Shamsi said...

Dast marizad Dariush gerami, va ahsant ba Avasta jaan.

D said...

سپاس از توجهت، شمسيۀ ارجمند. قربان لطفت. به راستی، اين تلاش اوستا آريا درخور ستايش و تشويق است