Monday, December 20, 2010

R. Hoagland: Encourage Tajikistan to stay on track

“Тоҷикистонро ташвиқ кунем, то бероҳа наравад”

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

“Ногуфтаҳо”-и ин ҳафта, тибқи ваъда, яке аз шаш санадест, ки торнамои Викиликз (Wikileaks) аз миёни мухобироти диплумотики Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе мунташир кардааст. Дар бораи ин паёмҳои диплумотик навиштаҳои бисёре хондаем, аммо баргардони форсӣ (тоҷикӣ)-и онро андак касе дидааст, шояд ҳам то кунун касе надидааст.

Нахустин номае, ки баргардон шудааст, мутаъаллиқ ба Ричорд Ҳугланд – сафири пешини Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар Душанбе аст, ки рӯзи 14.11.2005 ба Вошингтун мухобира шудааст. Ин паёми нисбатан муфассал дар бораи кӯшишҳои Русия барои коҳиши нуфузи Ғарб дар Тоҷикистон ва сиёсатгузориҳои минбаъдаи Омрико дар кишвари мост.


Телегрофҳои сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико: Русия мекӯшад нуфузи Ғарб дар Тоҷикистонро коҳиш диҳад

Душанбе, 14.11.2005, 06:21
Маҳрамона; ш. Душанбе 001812
SIPDIS
STATE FOR P, EUR, SA, DRL, S/P
NSC FOR MERKEL
ALMATY PASS TO USIAD
EO 12958 DECL: 11/14/2015
TAGS PREL, PGOV, PINR, PROP, ECON, EAID, KDEM, KPAO, RS">RS, TI
МАВЗӮЪ: АЛОРАҒМИ ФИШОРИ РУСИЯ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА МЕТАВОНАД СИЁСАТҲОИ ХУДРО ДАР ТОҶИКИСТОН ПИЁДА КУНАД
РУҶӮЪ БА: A. A) DUSHANBE 1805
B. B) DUSHANBE 1762 C. C) DUSHANBE 1646 D. D) DUSHANBE 1352
CLASSIFIED BY: Richard E. Hoagland, Ambassador, EXEC, Embassy Dushanbe. REASON: 1.4 (b), (d) CLASSIFIED BY: Richard E. Hoagland, Ambassador, EXEC, Embassy Dushanbe. REASON: 1.4 (b), (d)

1. (S) ФИШУРДА: Ҳарчанд бартариеро, ки Русия дар даврони Ҷанги Сард дар сиёсати хориҷии Омрико дошт, мо дигар қоил нестем, ҳамчунон бояд нақши ин кишварро бо нигоҳи равшану дақиқ баррасӣ кард: нақше, ки Русия метавонад барои эҷоди ихтилол дар дастури кории демукротики Раисиҷумҳур ва дар ҳадафҳои бузургтари диплумосии рӯ ба гузори ҷумҳуриҳои шӯравии пешин бозӣ кунад. Мо бар ин боварем, ки Русия дар ҳоли эъмоли фишори пайваста ва қавӣ бар Тоҷикистон аст, то нақш ва ҳузури Иёлоти Муттаҳида ва Ғарбро коҳиш диҳад. Бо ин ки сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-и Тоҷикистон мекӯшад фишорҳои хориҷиро ба манфиъати худаш таъдил кунад, фишори Маскав ҳазинаҳое ба бор меоварад. Барои тарвиҷи демукросӣ ва ислоҳоти иқтисодию сиёсӣ дар Тоҷикистон мо ба роҳҳои наве ҷиҳати хунсо кардани иқдомот ва нуфузи манфии Русия ниёз дорем. ПОЁНИ ФИШУРДА.

ЧАРО РУСИЯ БАР ТОҶИКИСТОН ТАМАРКУЗ КАРДААСТ?

2. (S) Русия, ба далели ҳузури пойгоҳи низомӣ ва дигар манфиъатҳои роҳбурдӣ (стратегӣ)-аш, аз ҷумла Маркази Раддёбии Фазоии Норак, барои Тоҷикистон аҳаммияти вежа қоил аст. Маскав мусаммам аст, ки ба ҳар қимате аз вуқӯъи як “инқилоби рангӣ” дар Тоҷикистон, ки ба зиёни ин манфиъатҳои роҳбурдиаш анҷомад, пешгирӣ кунад. Баъзеҳо дар Маскав, бо такя бар ҷаҳонбинии жеупулитики “бурду бохти баробар бо сифр”-и “силовик”-ҳо, зоҳиран бар ин боваранд, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад дар Осиёи Миёна пойгоҳҳои низомии изофӣ ва доимӣ дошта бошад ва Тоҷикистонро номзади аввал медонад; ба вежа пас аз он ки Омрико пойгоҳи Қаршӣ-Хонободи Узбакистонро аз даст дод.

3. (S) Сарфи назар аз ин ки тоҷикҳо хаста аз ҷанг ва дорои мухолифон (оппозитсия)-и заъиф ҳастанд ва Раисиҷумҳур Раҳмонов ҳамчунон баростӣ маҳбуб аст, Маскав аз вуқӯъи “инқилоби рангӣ” дар Тоҷикистон воқеъан бимнок аст. Дар ҷойҳои дигар “инқилобҳои рангӣ” раҳбарони рӯ ба Ғарбро рӯи кор овард, аммо дар Тоҷикистон аз Саакашвилӣ ё Юшченко хабаре нест. “Силовик”-ҳо бим доранд, ки “инқилоби рангӣ” дар Тоҷикистон заминаи истиқрори пойгоҳи низомии Омрикоро фароҳам хоҳад кард, ё бадтар аз он (барои Маскав), [нерӯҳои] Русияро аз Тоҷикистон берун хоҳад кард ва пойгоҳи низомии Русияро ба Иёлоти Муттаҳида хоҳад дод. Кобуси “силовик”-ҳо ин аст, ки дар он ҳолат Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистону Тоҷикистону Қирғизистон як силсила пойгоҳҳо хоҳад дошт, то Русияро заъифтар кунад ва бар Осиёи Миёна тасаллут ёбад. Русия бо пофишорӣ Осиёи Миёнаро “минтақаи нуфуз”-и худаш меномад.

4. (S) Ин мавридро метавон ба осонӣ ба унвони бадгумонии шадиди ҳазёнгуна нодида гирифт, вале “силовик”-ҳо бар пояи қоъидаҳои мантиқи ҳақиқатмеҳвари мо бозӣ намекунанд. Бад нест ба ёд оварем, ки соли 2004 Маскав ва Сафорати Русия дар Душанбе пайваста шоеъот (овозаҳо)-и ғайриъақлониеро пароканда буданд, ки гӯё Иёлоти Муттаҳида махфиёна Тоҷикистонро мутақоъид кардааст, ки хуруҷи марзбонони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистонро тақозо кунад, ки аз садаи 19 то ба он сол таҳти назари Русия буд.

РУСИЯ ЧИ КОР МЕКУНАД?

5. (C) Чун Русия аз лиҳози низомӣ камзӯр аст, бо истифода аз роҳҳои дигар мекӯшад нуфузашро бар Тоҷикистон таҳмил кунад. Дар паи чандин сол гуфтушунудҳои бесаранҷом Русия ва Тоҷикистон дар соли 2004 (ба дунболи Инқилоби Гули Сурхи Тифлис) зуд ба тавофуқ расиданд, ки қарзҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бахшида шавад ва заминаи ҳуқуқии ҳузури низомии ҳамешагии Русия дар Тоҷикистон муҳайё шавад.

6. (C) Нуқтаи авҷи намодини моҷаро сафари Раисиҷумҳур Путин ба Тоҷикистон дар рӯзи 16 уктубри 2004 буд. Барои андохтани қуллоб (удочка – рус.) ба ҷоғи Раҳмонов Путин ҳамчунин хабар аз сармоягузориҳои калон дод, ки бархе 1.2 милёрд ва иддае ҳам 3 милёрд дулор унвон мекунанд; қарор буд ин сармоягузориҳо дар тарҳҳои мавриди алоқаи Раҳмонов – барқи обӣ (ба вежа Сангтӯда-1 ва сипас Роғун) ва корхонаи куҳнаи алюминиюми бозмонда аз аҳди шӯравӣ сурат бигирад. То он замон ҳеч кишваре, ба вежа дар Ғарб, илтимосҳои Раҳмонов барои сармоягузорӣ дар ин тарҳҳои ғулосои аҳди шӯравиро ҷиддӣ намегирифт; албатта, акнун ошкор шудааст, ки ин тарҳҳо ба вежа барои Осиёи Ҷанубӣ дорои арзиши иқтисодианд.

7. (C) Дар паи эъломи таъаҳҳуд (уҳдадорӣ)-и усулии Русия Эрон ҷиҳати эҷоди як кунсерсиюм (консортсиум)-и молӣ барои Сангтӯда-2 изҳори алоқа кардааст ва Чин гуфтааст, ки дар тарҳи нерӯгоҳи обии Норак сармоягузорӣ хоҳад кард. Ин сармоягузориҳои билқувва, ба вежа аз сӯи Русия, барои Тоҷикистон ва минтақа метавонад паёмадҳои матлуби иқтисодӣ дошта бошад, ё дастикам аз лиҳози сиёсӣ бехатар бошад; аммо ахиран ба назар мерасад, ки Русия мекӯшад аз мушорикати Ғарб дар ин тарҳҳо ҷилавгирӣ кунад (septel).

8. (C) Дар тӯли нимаи дувуми соли 2004 ва соли 2005 Русия корзоре ба роҳ андохтааст, то монеъ аз вуқӯъи “инқилобҳои рангӣ” дар Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд (СНГ) шавад. Дар таблиғоти ошкори расонаӣ ва дар иртибототи хусусию пӯшида бо давлатҳое чун Тоҷикистон Маскав қатъан изҳор кардааст, ки созмонҳои мардумниҳод (НПО)-и Иёлоти Муттаҳида дар заминаи демукросӣ - ба вежа Муассисаи Демукротики Миллӣ (National Democratic Institute), Муассисаи Ҷумҳурихоҳи Байнулмилалӣ (International Republican Institute), Хонаи Озодӣ (Freedom House) ва Интернюз – абзорҳои пинҳони Иёлоти Муттаҳида ҳастанд, ки ҷиҳати омодасозии мардуми маҳаллӣ барои сарнагунии “ҳукуматҳои қонунӣ” дар ҶКҲ (СНГ) ба кор мераванд. Тозагиҳо ба назар мерасад, ки ҳадафи Русия аз эъмоли фишор бар Тоҷикистон танҳо маҳдуд кардани ҳузури созмонҳои мардумниҳоди Иёлоти Муттаҳида дар заминаи демукросӣ нест, балки танг кардани арсаи ҳузур барои ҳамаи унсурҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон аст.

9. (C) Инҷо, дар Тоҷикистон, ба назар мерасад, ки мавзеъгирии Русия дар ҳоли шадидтар шудан аст. Максим Пешков, сафири пешини Русия, як инсони маъқул, дилпазир ва хушбархурд буд. Ӯ бо диплумотҳо нишасту бархост дошт ва ҳамеша барои гуфтушунудҳои нисбатан ошкор бо сафирони Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ғарбӣ - ҳатто агар бенатиҷа бошад – дар дастрас буд.

10. (C) Аз замони вуруди сафир Рамазон Абдуллатифов, гумоштаи сиёсии баландпоя, Сафорати Русия ба як истеҳкоми баста табдил шудааст. Дастрасии пешини Сафорати Иёлоти Муттаҳида ба бахшҳои гуногуни Сафорати Русия тақрибан ба ҳеч расидааст ва Абдуллатифов бисёр кам дар малаи ом зоҳир мешавад. Ӯ ҳамчунон даъватҳои диплумотикро мепазирад, аммо тақрибан ҳамеша дар охирин лаҳза узрхоҳӣ мекунад, ки аз Маскав як меҳмони ғайримунтазира дорад ё ин ки нохуш аст. Дар мавридҳои нодире, ки ӯ дар малаи ом зоҳир мешавад – масалан, дар рӯзҳои миллии муҳим [-и Тоҷикистон] –худнамоёна дар гӯшае канори болотарин мақомоти тоҷики ҳозир меистад.

11. (C) Дар айни ҳол, мо ва дигар сафоратхонаҳои ғарбӣ хабар дорем, ки маъмурони Сафорати Русия ба дафтарҳои ҳукумати Тоҷикистон дастрасии номаҳдуди тамомвақт доранд ва баъзан ҳатто сарзада ва бидуни таъйини соъати мулоқот вориди дафтарҳои давлатӣ мешаванд. Таъкиди мо рӯи ин нукта ба ин далел аст, ки аз ҳамаи сафоратхонаҳои дигар тақозо шудааст, ки қабл аз мулоқот ёддошти диплумотик бифиристанд. Дарёфти посух ба дархости мулоқот маъмулан хеле тӯл мекашад; ҳатто агар мулоқот дар бораи одитарин умури рӯзмарра дар сатҳи мутавассит бошад.

12. (S) Нуктаи муҳимтар ин ки хадамоти амниятии Русия бар Вазорати Амнияти Тоҷикистон султаи комил дорад. Дидгоҳҳои Вазорати Амният маъмулан дар Дастгоҳи Раёсати Ҷумҳурӣ ва вазоратхонаҳои калидие чун Вазорати Адлия аз аҳаммияти бартар бархурдор аст. Зимнан, Вазорати Адлия масъули номнависии созмонҳои мардумниҳоди хориҷӣ, расонаҳо ва ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аст.

АММО РАҲМОНОВ ТУЪМАИ ОСОНЕ НЕСТ

13. (C) Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро сиёсати “дарҳои боз” тавсиф мекунад ва равобиташро бо Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Эрон ва Иттиҳодияи Урупо таъдилу танзим мекунад, то бо истифода аз ҳар яки ин кишварҳо ба манфиъатҳои миллии худаш даст ёбад. Тайи шаш моҳи ахир Раисиҷумҳур Раҳмонов борҳо ишора кардааст, ки аз вазъияти муносиботи Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон “хушнуд” аст. Вай ба вежа дар мавриди ҳамкориҳои амниятӣ - пеш аз ҳама ба хотири кумаки молӣ ва омӯзишии Иёлоти Муттаҳида барои боло бурдани тавонмандиҳои маъмурони тоҷик дар заминаи марзбонӣ, мубориза бо маводди мухаддир ва мубориза бо теруризм – хушнуд аст.

14. (C) Ҳатто дар мавриди масъалаҳои ҷанҷолбарангезе чун созмонҳои мардумниҳоди Иёлоти Муттаҳида дар заминаи демукросӣ Раҳмонов зоҳиран кӯшидааст, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад: вай монеъ аз номнависии расмии Муассисаи Демукротики Миллӣ ва Хонаи Озодӣ шуд, аммо иҷоза дод, ки бештари барномаҳои онҳо иҷро шавад. Нишонаи мусбати дигар ин аст, ки ӯ ахиран як воҳиди омӯзишии саросариро таъйид кард, ки китоби дарсии омӯзиши ҳуқуқи маданист. Ин воҳиди омӯзишӣ як барномаи дарозмуддати Бунёди Байнулмилалии Сомонаҳои Интихоботӣ (IFES) аст. Бино ба далоили номаълум, ББСИ (IFES) танҳо созмони мардумниҳоди Иёлоти Муттаҳида дар заминаи демукросист, ки аз бозрасиҳои мақомоти Тоҷикистон масун мондааст ва озодона фаъъолият мекунад.

ШИДДАТИ АМАЛ ДАР БАРОБАРИ СОЗМОНҲОИ МАРДУМНИҲОДИ ҒАРБӢ ВА ҒАЙРА

15. (C) Тозагиҳо, аммо, мо мавзеъгирии сахтгиронатари мақомоти тоҷикро мушоҳида мекунем. Ҳарчанд Тоҷикистон ба монанди Қазоқистон ва Русия қонунеро алайҳи созмонҳои мардумниҳод (НПО) тадвин накардааст, ҳукумати Тоҷикистон пайваста талош мекунад ҳамаи созмонҳои мардумниҳодро таҳти кунтрули худ бигирад; на танҳо созмонҳоеро, ки дар заминаи демукросӣ кор мекунанд.

16. (C) Ҳукумати Тоҷикистон истидлол мекунад, ки тайи ҷанги дохилии 1992-97 ва дар паи он созмонҳои мардумниҳоди ғарбӣ селосо ва бидуни маҳдудияту назорате вориди Тоҷикистон шуданд. Акнун Душанбе мехоҳад дарёбад, ки чи касоне дар Тоҷикистон ҳастанд ва чи кор мекунанд. Барои ҳар кишваре, ки нигарони амнияташ аст, ин як амри табиъист. Вале мо ҳамчунин муътақидем, ки ин амр вокуниши Вазорати Амният ба таҳрики Русия барои ҷилавгирӣ аз “инқилоби рангӣ” ва маҳдуд кардани нуфузи Ғарб аст.

17. (C) Афзун бар ин, Тоҷикистон ахиран дар ҳоли тамрини сиёсати ҷадид аст, ки аз ҷумла дар ҷараёни дидори Вазири хориҷа Ройс дар моҳи уктубр ва тозагиҳо дар нишасти ахири Иттиҳодияи Урупо худнамоӣ кард. Ҳукумати Тоҷикистон ишора мекунад, ки замони додани кумакҳои хориҷӣ ба созмонҳои мардумниҳод (НПО) ба сар расидааст ва бояд сармоягузориҳои хориҷӣ мустақиман дар тарҳҳои зербиноӣ (ба монанди нерӯгоҳҳои обӣ ва ҷоддаҳо) ва “корхонаҳои муштарак”-и бозаргонӣ сурат бигирад.

18. (C) Вазири хориҷа Назаров ба мо гуфтааст, ки то ба инҷо ин “хостаи давлати Тоҷикистон аст, на хатти машйи он” (reftel B). Тоҷикистон истидлол мекунад, ки созмонҳои мардумниҳод ҳам гарон ҳастанд (ба далели пардохти музди мушовирони хориҷӣ) ва ҳам баъзан беҳуда ва ғайримуассир. Бо ин ки ин истидлол то ҳадде мантиқ дорад, гӯёи гароише озордиҳанда аст ва ҳамон сармоягузорони байнулмилалиеро, ки Тоҷикистон дунболашон мегардад, мегурезонад.

АФЗОИШИ МУҲЛАТИ ДАРЁФТИ РАВОДИД: БАДСИГОЛӢ Ё БЕКИФОЯТӢ?

19. (C) Озордиҳандатар ин ки дарёфти раводид (виза)-и Тоҷикистон сахттар шудааст – на танҳо барои кормандони созмонҳои мардумниҳоди омрикоӣ, балки ҳамчунин барои кормандони созмонҳои мардумниҳоди урупоӣ, бозаргонони хориҷӣ ва ҳатто кормандони муассисаҳои молии байнулмилалӣ. Дар Тоҷикистон, ки як “кишвари мармузи шарқӣ” аст, намеписанданд, ки “на” бигӯянд. Ин ҷараён то замоне тӯл мекашад, ки одамони маъқул, аммо бесабр, таслим мешаванд. Дар миёни диплумотҳои ғарбӣ назари муътабаре роиҷ аст, ки мушкилоти тозаи марбут ба раводид натиҷаи талошҳои Русия барои коҳиши нуфузи Ғарб дар Тоҷикистон аст. Шоёни зикр аст, ки Вазорати Амният дар мавриди ҳамаи дархостҳои раводид назар медиҳад.

20. (C) Албатта, як тавзеҳи дигар ҳам мумкин аст – фасоди молӣ ва бекифоятӣ (некомпетентность – рус.). Тобистони гузашта яке аз бастагони Раҳмонов ҷойгузини сарвари нисбатан ҳирфаии пешини дафтари кунсулии Вазорати хориҷа шуд (reftel D) ва мушкилоти нав ҳам аз ҳамон замон оғоз гирифт. Шояд ӯ ба ин мақом мансуб шуд, то ба сиёсати маҳдудкунандаи ҷадид содиқ бошад. XXXXXXXXXXXX

ПЕШБУРДИ ИҚТИСОД БАРОИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ “ИНҚИЛОБИ РАНГӢ”

21. (C) Мавзеъгирии хасмонаи Русия алайҳи Омрико дар Тоҷикистон ва иқдомҳои физояндаи Душанбе алайҳи созмонҳои мардумниҳоди ғарбӣ метавонад тасодуфӣ бошад. Аммо мо медонем, ки Русия кишварҳое чун Тоҷикистонро тарғиб мекунад, ки агар намехоҳад созмонҳои мардумниҳоди омрикоиро барчинад, лоақал шумори онҳоро камтар кунад. Талвеҳан мешавад гуфт, ки Русия аз тариқи созмонҳои мардумниҳоди худаш ба Тоҷикистон “кумаки хориҷӣ” ироа намекунад. Ваъдаҳои Маскав мабнӣ бар сармоягузории азими мустақим дар саноеъи барқи обӣ ва алюминиюм эҳтимолан ба Раҳмонов ҷуръат додааст, ки дар баробари кумакҳои ғарбӣ ба созмонҳои мардумниҳод ҷабҳагирӣ кунад.

22. (C) Бино ба дарки мо, Раҳмонов хуб медонад, ки яке аз ангезаҳои аслии “инқилобҳои рангӣ” рукуди иқтисодии музмин (хронический – рус.) аст. Ҳарчанд ӯ ба ҳадди маъқуле пазирои ислоҳоти иқтисодие буд, ки саранҷом барои сармоягузориҳои ғарбӣ шароитро фароҳам кунад, акнун шояд вай бесаброна мунтазири поёни давраи ислоҳот бошад ва ҳамчунин озурда аст, ки ин давра бидуни ваъдаҳои малмусе дар мавриди сармоягузорӣ мегузарад. Шояд вай бар ин бовар бошад, ки барои давоми қудраташ ӯ бояд ҳар чи зудтар барои Тоҷикистон беҳбуд ва рушди возеҳи иқтисодиро ба армуғон оварад.

23. (C) Аз Ғарб, он чи Раҳмонов дарёфт мекунад, дастурҳои дардноку дарозмуддати таҷдиди сохтори иқтисодӣ ва мутолеъоти базоҳир бепоёну бенатиҷаи тавонмандиҳои иқтисодии кишвар аст. Аз Русия (ва Эрон ва шояд ҳам Чин) вай ваъдаи сармоягузориҳое дар миқёси бузургро дарёфт мекунад, ки ба таври билқувва вазъияти иқтисодии кишварро беҳтар хоҳад кард. Вай дар Ғарб таҷрубаи чандоне надорад ва аз печидагиҳо ва воқеъиятҳои иқтисоди ҷаҳонӣ шинохти амиқе надорад. Вай танҳо мехоҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон рушд кунад ва ҳамин акнун рушд кунад. Ва агар қарор аст ӯ аз Маскав бори сиёсии андаке бештар бардорад, шояд вай ҳозир аст ин қиматро бипардозаду ба хостааш бирасад. Дар айни ҳол мо муътақид нестем, ки ӯ таҷрубаи таҷдиди сохтору ислоҳоти иқтисодӣ ба шеваи ғарбиро тарк хоҳад кард. Ӯ мехоҳад чандин дарро барои худаш боз нигаҳ дорад.

ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА ЧИ КОР МЕТАВОНАД БИКУНАД?

24. (C) ДИПЛУМОСИИ ҲАМАГОНӢ: Тамаркузи кӯтоҳмуддати мо ҳимоят аз манфиъатҳои созмонҳои мардумниҳоди Иёлоти Муттаҳида ба унвони мададкорони тавсеъа хоҳад буд. Як мақоми миёнапояи Вазорати хориҷа ахиран ба мо гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон дар кул намефаҳмад, ки созмонҳои мардумниҳоди Иёлоти Муттаҳида инҷо чи кор мекунанд ва дар ин маврид ба содагӣ ба ҳарфи Русия гӯш медиҳад (reftel A).
(ТАВЗЕҲ: Шояд ба андозае, ки ба назар мерасад, пучу бемаънӣ набошад. Ҳар навъ тамоси навишторӣ бо ҳар бахше аз ҳукумат бояд ба шакли ёддошти диплумотик анҷом бигирад ва Вазорати Амният ҳамаи ёддоштҳои диплумотикро мурур мекунад. Мо гумон мебарем, ки Вазорати Амният ёддоштҳои диплумотикеро, ки матлуб намедонад, ба мақсад намефиристад. ПОЁНИ ТАВЗЕҲ.) Сафорати Душанбе қасд дорад мизигирдҳои иттилоъотӣ баргузор кунад, ки дар онҳо мақомоти баландпояи ҳукуматӣ ва созмонҳои мардумниҳоди умдаи Иёлоти Муттаҳида дар заминаи тавсеъа ҳузур дошта бошанд. Мо ҳамчунин бо пахши иттилоъияҳои матбуъотӣ корзори диплумосии ҳамагоние роҳ хоҳем андохт ва ҳар ҳафта бар яке аз созмонҳои мардумниҳоди Иёлоти Муттаҳида ва дастовардҳои он дар Тоҷикистон тамаркуз хоҳем кард. Теъдоди ночизе аз ҷамъияти Тоҷикистон ба расонаҳои чопӣ дастрасӣ доранд; аммо мо огоҳем, ки Вазорати Амният ва Дастгоҳи Раёсати Ҷумҳурӣ дона ба донаи баёнияҳои матбуъотии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаро бодиққат мутолеъа мекунанд. Ва ин нукта бисёр муҳимтар аст.

25. (C) ҲИМОЯТ АЗ ТАРҲҲОИ БАРҚИ ОБИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСИЁИ МИЁНАИ БУЗУРГ
Кӯтоҳсухан, давлати Иёлоти Муттаҳида бояд ба давлати Тоҷикистон ва ҷомеъаи байнулмилалӣ ошкоро эълом кунад, ки Иёлоти Муттаҳида аз тавсеъаи зарфиятҳои барқи обии Тоҷикистон барои содироти барқ ба Афғонистону Покистон ва эҷоди хутути нав миёни Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ ҳимоят мекунад. Руҷӯъ ба septel шавад.

26. (C) МАШҒУЛИЯТ: Мо на метавонем ва на бояд талош бикунем, ки бо муносиботи пойдори мақомоти русу тоҷик миёни Маскав ва Душанбе рақобат кунем; ва имкони рақобати мо дар мусобиқоти майхорагии онҳо ҳатто камтар аст. Вале мо бояд бар пояи дидори муваффақи вазири хориҷа Ройс дар рӯзи 13 уктубр талоши бештар кунем.
SIPDIS (шабакаи маҳрамонаи диплумотҳои омрикоӣ) ҳатман аз дидорҳои бештар – ва муҳимтар аз он – тӯлонитари мақомоти Иёлоти Муттаҳида суд хоҳад бурд. Раҳмонов воқеъан гӯш ба ҳарфи мо медиҳад, вале ӯ ба мақомоти омрикоие ниёз дорад, ки моил бошанд баъд аз шаш ё чандин моҳ, бештар аз чанд соъат дар Тоҷикистон бимонанд. Ӯ ба вежа ба дидор бо мақомоте ниёз дорад, ки камтар бар буъди амниятии ҳамкориҳо (ки нисбатан эмин аст) таваҷҷуҳ дошта бошанд; мақомоте, ки битавонанд бахшҳои душвортари муносибот, аз ҷумла тавсеъаи иқтисодиро сару сомон диҳанд.

27. (SBU) БАРРАСИИ ЁРИИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА: Мо намехоҳем дар шакли бутшиканҳое зоҳир шавем, ки мехоҳанд чархи кумакҳои Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистонро дубора ихтироъ кунанд. Вале мо ду мавриди зерро барои баррасӣ пешниҳод мекунем:

28. (C) (A) Барои созмонҳои мардумниҳод дар заминаи демукросӣ мо бояд мулоҳиза кунем, ки оё рӯйкардҳои феълии ин созмонҳо аз замон ақиб мондаанд ё на. Барои намуна, агар барномаҳои Интернюз корсоз нест, ба далели ин ки Тоҷикистон бо истифода аз муқаррароти марбут ба муҷаввизи суханпароканӣ дар ҳоли бастани расонаҳои хабарии ғайридавлатист, мо бояд бибинем, ки оё тамаркузи дубора рӯи омӯзиш додан ба хабарнигорон ва кумак ба расонаҳои “мустақил”, то аз лиҳози молӣ мустақил шаванд, роҳкори беҳтаре барои расидан ба ҳадафҳои расонаии мо ҳаст ё на. Ҳар созмони мардумниҳоде ба эҳтимоли зиёд далелҳое барои тавҷеҳи барномаи феълиаш пайдо хоҳад кард, вале мо шояд ба як шӯрои арзёбӣ бо ҳузури соҳибназарони сиёсӣ ниёз дорем, ки ташхис диҳад, оё кумакҳои кунунии мо барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии умдаи Иёлоти Муттаҳида мусоъидат мекунад ё ин ки мо дар ҳоли шикаст додан ба худамон ҳастем.

29. (C) (B) Шояд муфид бошад, ки барои баррасии муносибот як нишасти тасмимгирандаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро баргузор кунем, ки ширкаткунандагонаш танҳо дар сатҳи фаннӣ (техникӣ) набошанд. Мо бояд ҳамчунон ки панду андарз медиҳем, гӯш фаро диҳем. Тоҷикистон чи мехоҳад? Чи бояд кард, то хостаи Тоҷикистон бо ҳадафҳои сиёсии умдаи Иёлоти Муттаҳида созгор бошад? Мо муътақидем, ки агар ин талошро бикунем, ба вежа агар мо ба тавофуқ бирасем, фишор бар созмонҳои мардумниҳоди Иёлоти Муттаҳида дар заминаи тавсеъа коҳиш хоҳад ёфт. Ин, ба навбаи худ, барои Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати пиёда кардани ҳадафҳои сиёсии умдааш фазои фарохтареро фароҳам хоҳад кард.

30. (C) ТАВЗЕҲ: Худи Тоҷикистон муъодилаҳои ахирро бар сари худаш овардааст. Барои ин ки Тоҷикистон идомаи роҳи ислоҳоти демукротик, иқтисодӣ ва сиёсиро – ҳарчанд беҷуръатона – бипаймояд, суботи сиёсии кишвар як амри зарурист. Вале ба далели фишори Русия Тоҷикистон дар ҳоли интихоби рӯйкарди ба таври билқувва дардисарсоз аст, ки оҳанги рушди кишварро кундтар хоҳад кард ва бадтарин ғаризаҳои ҳукумати Тоҷикистонро бедор хоҳад кард. Ҳамин ҳоло замони он аст, ки Тоҷикистонро ташвиқ кунем, то бероҳа наравад. ПОЁНИ ТАВЗЕҲ. ҲУГЛАНД (HOAGLAND).

NNNN

No comments: