Wednesday, December 15, 2010

Wikileaks Tajik Leakouts

Шаммае аз чакидаҳои Викиликз

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

13/12/2010

Ифшогариҳои Викиликз марзу буми моро ҳам дарнавардид ва ногуфтаниҳоеро гуфт, ки то кунун танҳо мавзӯъи ҳадсу гумону фарзияҳо ё пич-пичҳо буд; ин ки миёни Вошингтуну Маскав бар сари Тоҷикистон ихтилофоте буда ва ҳаст, омрикоиҳо мақомоти баландпояи тоҷикро дар фасоди молии фарогири кишвар ҳамдаст медонанд; Ғарб ҳам медонад, ки иқтисоди Тоҷикистон ба дороии чанд хонадони вобаста ба ҳам табдил шудааст; бахши аъзами даромади корхонаи алюминиум насиби хонадони ҳоким мешавад; марзбонони рус дар қочоқи маводди мухаддир даст доштанд; фасод дар миёни марзбонони тоҷик ҳам бедод мекунад; Узбакистон монеъи пешрафти Тоҷикистон аст; раисиҷумҳурӣ ба хадамоти амниятии Русия бадбин аст ва фикр мекунад, ки ҳар он қарор аст ба ҷои ӯ каси дигарро сари қудрат оваранд; Тоҷикистон хостори мизбонии пойгоҳи низомии Омрико будааст...

Рӯзи якшанбеи гузашта торнамои “Гордиан”-и Бритониё (guardian.co.uk) шаш санади маҳрамонаи диплумотҳои омрикоӣ дар бораи Тоҷикистонро мунташир кард, ки таи панҷ соли гузашта аз Сафорати Омрико дар Душанбе ба Вошингтун мухобира шудаанд. Ин санадҳо аз ҷумлаи беш аз 250 000 паёми маҳрамонаи диплумотики Омрикост, ки ба дасти Викиликз уфтодааст. Гузоришҳо ҳовии мушоҳидаҳо ва шарҳи суҳбатҳои сафирони Омрико бо мақомоти Тоҷикистон ва диплумотҳои Русия аст ва мавзӯъҳои зерро дарбар мегирад: талошҳои Русия барои коҳиши нуфузи Ғарб дар Тоҷикистон, дидгоҳҳои раисиҷумҳурӣ Раҳмонов (2005) дар мавриди Русия, нохушнудии сафири Омрико аз бархурди мақомоти сафорати Русия дар Душанбе, хешовандсолорию дӯстбозӣ ва фасоди молӣ дар Тоҷикистон, барканории як афсари баландпояи мубориза бо маводди мухаддир тавассути раисиҷумҳурӣ ва майгусорӣ бо вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев. Талош мекунем бахшҳои муҳим ё шояд ҳам ҳамаи ин санадҳоро баргардон ва дар сафаҳоти “Нигоҳ” мунташир кунем, то он чи акнун ҷаҳониён аз Тоҷикистон медонанд, барои тоҷикистониён ҳам равшан бошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳавсалаи танги “Ногуфтаҳо” мешавад танҳо ба нукоте аз ин гузоришҳои маҳрамона, ки дигар маҳрамона нестанд, ишора кард. Тозатарин санади мунташира мутаъаллиқ ба Н. Квост (Quast) – муъовини сафорати Омрико дар Душанбе аст, ки рӯзи 16.02.2010 ба Вошингтун мухобира шудааст. Дар ҳамин гузориш аст, ки диплумоти омрикоӣ Тоҷикистонро як кишвари мубтало ба фасоди молию дӯстбозӣ тавсиф мекунад. Дар фишурдаи ин гузориши нисбатан муфассал, ки чун ҳамеша дар оғози матлаб меояд, мушкилоти умдаи Тоҷикистон ба наҳви зер баршумурда шудаанд: фақру бенавоӣ, равобити бад бо Узбакистон, фасоди молии шадид, сохтору барномарезии бозмонда аз даврони шӯравӣ, сомона (систем)-и нодемукротики сиёсӣ, ноамнии ғизоии музмин ва вобастагӣ ба нерӯи кории муҳоҷир дар Русия.

Муъовини сафир дар ин паём мегӯяд, ки корзори давлат дар ростои ситондани пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз мардум талошҳо ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба ҷавви бозаргониро хунсо кардааст. Ӯ меафзояд: “Сарфи назар аз талошҳои мо, Тоҷикистон чизи зиёде надорад, ки бидиҳад: тавлидоташ бисёр андак аст, кишвар фақир аст ва давлат зарфияти кӯчаке дорад. Тоҷикҳо аз мо интизороти ғайри воқеъбинона доранд – ғолибан мехоҳанд, ки мо тарҳҳои бузурги зербиноӣ бисозем, аз ҷумла нерӯгоҳҳои обии мавриди баҳс, тунелҳо ба Покистон ва пулҳо ба нокуҷообод”.

Узбакистон дар канори ноамнии Афғонистон дар зумраи мушкилоти умдаи ҷуғрофиёии Тоҷикистон омадааст: “Мушкилоти мудом бо Узбакистон, ки ба далели душмании шахсии раҳбарони ду кишвар бо ҳам шадидтар шудааст, монеъ аз рушди тиҷорати Тоҷикистон, худкифоии он дар заминаи энержӣ ва тавсеъаи иқтисодӣ шудааст”.

Муъовини сафири Омрико дар оғози соли ҷорӣ навиштааст, ки мақомоти Тоҷикистон аз эҳдоси пойгоҳи низомии Омрико дар ин кишвар истиқбол хоҳанд кард, чун борҳо ба ин мавзӯъ ишора кардаанд. Ҳамчунин мақомот аз Омрико тақозо доранд, ки барои нерӯҳояш дар Афғонистон колоҳои тоҷикии бештар харидорӣ кунад. Дар ҳоле ки Омрико аз Тоҷикистон танҳо миқдори андаке оби маъданӣ барои нерӯҳои байнулмилалии кумаки амниятӣ (ISAF) харидорӣ мекунад. Квост мегӯяд, ки Тоҷикистон дар ин замина ҳам бо Узбакистон рақобат дорад ва фикр мекунад, ки ҳамаи суди тиҷории ҳосил аз ҳузури нерӯҳои байнулмилалӣ дар минтақаро Тошканд ба худаш ихтисос додааст.

Дар ҳамин гузориш мехонем, ки Раҳмон, сарфи назар аз паймони сулҳу тақсими қудрате, ки бо мухолифонаш баста буд, дубора қудратро қабза кард ва мухолифонашро дур андохт: “шуморе аз онҳо ба зиндон рафтанд, иддае кишварро тарк карданд ва бархе ҳам ба таври мармузе кушта шуданд”.

Ба бовари Квост, равобити миёни Тоҷикистону Русия рӯ ба сардӣ гароидааст. “Ба эътиқоди мақомоти расмии Тоҷикистон, Русия аз гурӯҳи Мулло Абдуллоҳ ҳимоят кард, то ба Тоҷикистон бифаҳмонад, ки ба ҳифозату ҳимояти Русия ниёз дорад. Ин ду давлат бар сари садди нерӯгоҳи Роғун ҳам ба тавофуқ нарасиданд ва ихтилофоти дигар ҳам доранд".

Дар бахши “Мушкилоти иқтисодӣ”-и ҳамин гузориш мехонем: “Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (Talco) бахши аъзами содироти кишварро таъмин мекунад. Бо ин ки расман корхона як ширкати давлатист, бештари даромадҳои он дар ҳисобҳои бонкии махфӣ ворез мешавад, ки зери назари Раисиҷумҳур аст ва бахши андаке аз даромади ин корхона ба будҷаи давлатӣ таъаллуқ мегирад.

Яке аз нукоти ҳассоси ин гузориш марбут ба мавонеъи рушди иқтисодии Тоҷикистон мешавад: “Бузургтарин монеъ бар сари роҳи беҳбуди иқтисод муқовимат дар баробари ислоҳот аст. Аз худи Раисиҷумҳурӣ гирифта то маъмури пулиси сари роҳ, кулли дастгоҳи ҳоким гирифтори рафиқбозӣ ва фасоди молӣ аст”.

Дар ин гузориши тӯлонӣ аз фишор бар ҳизбҳои мухолифи давлат ва саркӯби пӯшидаи мазҳабиюн низ суҳбат шудааст. Дар мавриди вокуниши давлат ба рушди дингароӣ гуфтааст, ки машварати омрикоиҳо ба мақомот гӯши шунавое наёфт. Андарзашон ин будааст, ки бо афзоиши фишор бар рӯҳониюн тундгароӣ бештар хоҳад шуд.

Якояки ин гузоришҳоро бояд батафсил хонд, то нукоти муҳимми ҳеч як аз онҳо аз қалам науфтад. Дар сурати мусоъидати ҳамкорон дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва, албатта, мусоъидати авзоъ, ҳамаи он матолиби дарзшударо ҳамин ҷо мунташир хоҳем кард; аз ҷумла ривояти Ричорд Ҳугланд (Richard Hoagland) – сафири пешин, ки беш аз се соъат бо вазири дифоъи Тоҷикистон майгусорӣ карда ва аз зиёфат хушҳол баргашта ва ба Вошингтун мухобира кардааст, ки равобити низомии Омрико бо Тоҷикистон дар ҳоли беҳбуд аст. Гузориши Ҳугланд бо ин ҷумла поён меёбад, ки “Ба ҳар рӯй хушҳол будем, ки аз бас хуш гузарондем, Хайруллоеви мастро дуруст зери мизаш медидем”.

2 comments:

Mosafer said...
This comment has been removed by the author.
Mosafer said...

Dariushi aziz, khele sepos az navishtahoyat. In maqolae ki linkashro mefisitam khele khondani ast. http://english.aljazeera.net/indepth/opinion/2011/01/20111171299907176.html

11:43 PM