Monday, December 27, 2010

US Cables: 'Russian Rude Troublemakers'

“Дардисарҳои русҳои густох”

(вежаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

Дар “Ногуфтаҳо”-и ин ҳафта ду санади дигар аз мухобироти Сафорати Омрико дар Душанбе ба Вошингтунро ба таври комил мурур мекунем, ки мутаъаллиқ ба десомбр (декабр)-и 2005 ва нувомбр (ноябр)-и 2006 аст. Ду санад аз ду сафири пешин: Ричорд Ҳугланд ва Трейсӣ Ҷейкубсун, ки мавзӯъи нисбатан муштарак доранд. Дар телегрофи нахуст Ҳугланд ҷузъиёти дидораш бо Э. Раҳмон ва дидгоҳҳои ӯ дар бораи Русияро баён мекунад ва дар санади дувум Ҷейкубсун аз бархурди ноҳамгуни кормандони диплумотик ва низомии Русия дар Тоҷикистон изҳори сардаргумӣ ва нохушнудӣ мекунад. Ин ду телегроф ҳам аз ҷумлаи санадҳои диплумотики маҳрамонаест, ки торнамои Wikileaks ҷаҳонӣ кардааст ва акнун ҳафтаномаи “Нигоҳ” ба забони форсӣ онҳоро дар ихтиёри мардуми Тоҷикистон қарор медиҳад.

Телегрофҳои Сафорати Иёлоти Муттаҳида: Русия дар Тоҷикистон дардисар меофаринад

Одина, 02.12.2005, 10:29
МАҲРАМОНА ДУШАНБЕ 001921
SIPDIS
STATE FOR P, EUR/CACEN, EUR/RUS, SA, S/P
NSC FOR MERKEL
EO 12958 DECL: 12/2/2015
TAGS PREL, PGOV, PINR, MARR, RS">RS, TI
МАВЗӮЪ: ДИДОР БО РАИСИҶУМҲУР РАҲМОНОВ: ДИДГОҲҲОИ Ӯ ДАР БОРАИ РУСИЯ
РУҶӮЪ: STATE 214783
ДАСТАБАНДИШУДА ТАВАССУТИ: Ричард Э. Ҳугланд, Сафир, EXEC, Сафорати Душанбе. САБАБ: 1.4 (b), (d)

1. (C) Сафир рӯзи якуми десомбр ба муддати дую ним соъат бо Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дидор дошт. Ин ду гузориш аз се гузориши муртабит аст. Ду гузориши дигар дидгоҳҳои Раҳмонов дар бораи (1) робитаҳои дутарафаи Иёлоти Муттаҳида ва Омрико ва сиёсатҳои Тоҷикистон ва (2) Узбакистонро пӯшиш медиҳад.

2. (S) ФИШУРДА: Раисҷумҳур Раҳмонов чунин қазоват мекунад, ки Рамазон Абдуллатифов, сафири нави Русия, “чандон диплумотик нест, вале марди баде ҳам нест”. Ҳарчанд Раҳмонов бояд бо Русия ҳамкории танготанге дошта бошад, ӯ ин нуктаро равшан кард, ки ҳар ду чашмашро бози боз нигаҳ доштааст. Вай муддаъӣ шуд, ки марзбонони Русияро аз Тоҷикистон берун кард, чун онҳо ҳамроҳ бо Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ, нақшаи сарнагунии ӯро мекашидаанд. Бо ин ки бархе аз гуфтаҳои Раҳмонов шояд барои масрафи Иёлоти Муттаҳида эрод шуданд, бештари суханонаш шаммае аз ҳақиқат доранд.” ПОЁНИ ФИШУРДА.

3. (S) Раисиҷумҳур Раҳмонов ба хотири иттилоъоти ғайринавиштории Вазорати хориҷаи Омрико дар бораи ройзаниҳои Омрико ва Русия изҳори сипосгузорӣ кард (reftel) ва гуфт, ки Тоҷикистон ҳатталимкон барои беҳбуди муносиботи Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар минтақа хоҳад кӯшид. Вай гуфт, Русия дар минтақа манфиъатҳои торихӣ, фарҳангӣ ва амниятии табиъӣ дорад ва ҳамеша нерӯи умдае хоҳад буд, ки наметавон онро нодида гирифт, аммо ҷомеъаи байнулмилалӣ бояд бадтарин ғаризаҳои Русияро таъдил кунад ва кумак кунад, ки он ба як нерӯи мусбат табдил шавад. Барои Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба вежа муҳим аст, ки дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, мавзеъҳои муштарак дошта бошанд, то ба суботу шукуфоии пойдор даст ёбанд.

САФИРИ РУСИЯ “МАРДИ БАДЕ НЕСТ”, ВАЛЕ ДИПЛУМОТИ ХУБ ҲАМ НЕСТ

4. (C) Раҳмонов, тибқи одат, аз ёддоштҳояш чашм бардошту макс кард ва лабханд зад. “Шумо медонед, ки (гумоштаи сиёсии Русия сафир) Рамазон (Абдуллатифов), дар воқеъ, марди баде нест, ҳарчанд ҳамеша аз шумо ба ман шикоят мекунад. Ӯ як сиёсатмадор, файласуф ва равшанфикр аст. Чун ӯ аз Доғистон аст, мо дар бораи торихи мусалмонони Русия ва фарҳанги эронӣ бо ӯ суҳбатҳои ҷолиби бисёре доштем. Вале ӯ диплумот нест. Нукоти дақиқу зарифро намефаҳмад. Мутмаиннан, ӯ Пешков нест! (ЁДДОШТ: Максим Пешков, сафири пешини Русия. ПОЁНИ ЁДДОШТ.) Вале бархурди ӯ шахсан бо ман бисёр бозу дӯстона аст. Вай мефаҳмад, ки Русия дар инҷо мушкилоти бисёре месозад ва ӯ ҳамчунин медонад, ки ҳаллу фасли ин мушкилот кори худи ӯст.”

5. (S) Раҳмонов афзуд: “Дар воқеъ, ин хадамоти вежаи Русия (спецслужбы – рус.) ҳастанд, ки дар инҷо мушкил эҷод мекунанд ва ман ба Рамазон гуфтаам, ки кунтрули онҳо вазифаи ӯст. Ва ин [ҳолат] фақат дар инҷо нест, сарчашмаи он дар Кремлин аст ва баъзе [аз ин мушкилот] аз боло маншаъ мегирад. Мо ҳаргиз набояд фаромӯш кунем, ки худи Путин сидқан як “чекист” (корманди амниятии пурсобиқа) аст.”

ЧАРО РАҲМОНОВ МАРЗБОНОНИ РУСРО БЕРУН РОНД

6. (S) Раҳмонов гуфт: “Ман мехоҳам як розро барои шумо бигӯям, ки чаро ман ба хурӯҷи нерӯҳои марзбонии Русия аз Тоҷикистон пофишорӣ кардам. Медонед, ки онҳо бахше аз КГБ ҳастанд. Ман иттилоъоти мувассақе доштам, ки онҳо ва (женероли зиндонӣ Ғаффор) Мирзоев нақшаи кудето алайҳи манро мекашиданд. Аз ин рӯ ман Мирзоевро аз фармондеҳии Горди раёсат ҷумҳурӣ барканор кардам, Горди раёсати ҷумҳуриро пароканда кардам ва ба Путин бо зӯру фишор гуфтам, ки марзбононаш бояд бираванд. Ин масъала тайи муддати тӯлонӣ шакл гирифта буд ва ман борҳо бо Путин онро баррасӣ карда будам, вале ӯ дар ин маврид коре намекард. Танҳо пас аз он ки ман алайҳи Мирзоев иқдом кардам, Путин саранҷом фаҳмид, ки бозиашон ба поён расидааст. Барои ислоҳи вазъият ӯ бо хурӯҷи марзбононаш мувофиқат кард. Медонед, ки чи касе ба ман дар ин маврид кумак кард? (Раиси Хадамоти федероли кунтрули маводди мухаддири Русия) Черкесов. Он замон ӯ инҷо буд ва кори Ожонси кунтрули маводди мухаддири моро мутолеъа мекард ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки марзбонони Русия бештар аз ин ки аз қоҷоқи маводди мухаддир ҷилавгирӣ кунанд, худашон дар қочоқи мавод даст доштанд. Вай ба намояндагӣ аз ман ба пеши Путин рафт.”

7. (S) Раҳмонов, ки бо ҳарорати бештар дар бораи ин мавзӯъ суҳбат мекард, гуфт: “Ин ҳама таблиғоти расонаии мураттаби Русия дар бораи нокомии Тоҷикистон дар кунтрули марзҳо пас аз берун рафтани марзбонони рус – медонед сарчашмааш куҷост? Сарчашмааш ҳамон женеролҳои русе ҳастанд, ки мехоҳанд бо мофиёашон дубора ба инҷо баргарданд. Бибинед, ки онҳо инҷо чи чизҳое доштанд – як гардишгарии дусола, ки дар поёни он ба Маскав бармегаштанду “Мерседес”-ҳои мудели 600s ва хонаҳои аъёнӣ мехариданд. Фикр мекунед ин ҳама даромад аз дастмуздашон буд? Фикр мекунед чаро ин ҳама женерол аз ин сари Майдони Сурх то он сари майдон саф бастанду ришваҳои калон доданд, то ба инҷо фиристода шаванд? Фақат барои анҷоми дайни меҳанишон?”

8. (S) Раҳмонов бо шӯру ҳарорат идома дод: “Ва як чизи дигар: фикр мекунед чаро ман 50 женероли русро, ки мушовири Вазорати дифоъи мо буданд, ихроҷ кардам? Аз онҳо барои мо ҳеч суде набуд. Онҳо ҳаргиз ба мо кумак накарданд, ки як артиши ҳирфаӣ бисозем, ҳаргиз ба мо кумаки низомӣ-фаннӣ ироа надоданд, зеро онҳо мехостанд моро заъиф нигаҳ доранд, то рафиқонашон бозиҳояшонро анҷом диҳанд ва аз доду ситади маводди мухаддир сармояи фаровон ҳосил кунанд. Ман хаста шудаму гуфтам: Ташаккур, вале ҳоло дигар бояд ба хонаҳоятон биравед. Аз ин рӯ онҳо дар ниҳоят ба фикри сарнагунии ман уфтоданд.”

9. (S) ТАВЗЕҲ: Раҳмонов нудратан фурсати гуфтугӯи муфассал бо сафирро аз даст медиҳад, то бар истиқлоли Тоҷикистон аз Русия ва нохушнудиаш аз “дӯстиашон ба хотири осудагӣ” таъкид кунад. Суҳбатҳои бепардаи ӯ аз ин ки чаро хостори хурӯҷи марзбонони рус аз Тоҷикистон шудааст, тафсири қавитари суханонест, ки ӯ соли гузашта ба мо гуфта буд. Ҳарчанд мумкин аст ин суханон барои масрафи мо башиддат вероиш ва дигаргун шуда бошад, мо мутаваҷҷеҳи тасодуфи замонӣ ҳастем. Моҷарои Мирзоев дар поёни моҳи жонвие (январ)-и соли 2004 анҷом гирифт. Дар авохири моҳи феврие (феврал)-и 2004 Пешков, сафири Русия, ба мо маҳрамона гуфта буд, ки марзбонони Русия Тоҷикистонро тарк хоҳанд кард. ПОЁНИ ТАВЗЕҲ. ҲУГЛАНД (HOAGLAND)

NNNN

Телегрофҳои Сафорати Иёлоти Муттаҳида: “Ба ин зудиҳо низомиёни русро ба шом даъват нахоҳем кард”

Чаҳоршанбе, 22.11.2006, 14:03
МАҲРАМОНА БАХШИ 01 АЗ 02 ДУШАНБЕ 002113
SIPDIS
DEPT FOR SCA/CEN
EO 12958 DECL: 11/22/2016
TAGS PREL, RS">RS, TI
МАВЗӮЪ: МУЪОДИЛАИ ҲАМКОРӢ: АЛОМАТҲОИ ЗИДДУ НАҚИЗ АЗ СӮИ РУСҲО ДАР ДУШАНБЕ
ДАСТАБАНДИШУДА ТАВАССУТИ: Трейсӣ Ҷейкубсун (Tracey Jacobson), Сафир, Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе,
SIFIED BY: Tracey Jacobson, Ambassador, U.S. Embassy Dushanbe, Вазорати хориҷа. САБАБ: 1.4 (b), (d)

1. (C) Фишурда: Рӯзи 21 септомбр (сентябр) Сафорат дар Душанбе ҳамроҳ бо ҳамтоёни диплумотику низомии рус рӯйдоди тахлияи Сафорати Омрико дар Душанбе дар оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон дар соли 1992-ро гиромӣ доштанд. Лашкари пиёданизоми мутуризеи 201-и Русия дар Душанбе дар берун овардани диплумотҳо бисёр корсоз буд ва тибқи маъмул дар маросими гиромидошт дар мақарри лашкари 201 чанбари гул гузошта шуд. Сафир ҳамчунин мизбони як зиёфати шом барои диплумотҳо баландпоя ва фармондеҳони низомии Русия буд. Сафорат дар гузашта низ чунин барномаҳоро баргузор кардааст, то арзиши ҳамкорӣ дар заминаи масоили мавриди нигаронии муштаракро барои ҳамтоёни рус барҷаста кунад. Маросими бомдодӣ дар мақарри лашкари 201 дӯстона ва шод буд, ҳамроҳ бо нӯшбодҳои самимӣ бо вудко (водка – рус.). Аммо русҳо бо истифода аз зиёфати шоми омрикоиҳо паёми равшане фиристоданд, ки ҳамкорӣ аз амри нӯшидани як (ё ду ё даҳ) қадаҳ вудко фаротар нахоҳад рафт. Поёни фишурда.

2. (C) Дар моҳи уктубр (октябр)-и 1992 Вазорат [-и хориҷаи Иёлоти Муттаҳида] дастури тахлияи сафорати тозатаъсис дар Душанберо дод, чун дар паи ҷанги дохилӣ вазъияти амниятӣ бадтар мешуд. Лашкари пиёданизоми мутуризеи 201-и Русия – пойгоҳи низомии 201-и кунунӣ - дар амри тахлия ба Сафорат кумак кард. Чанд сол пас аз он Сафорат бо гузоштани чанбари гул дар мақарри лашкари 201 ва барпоии зиёфати шом барои мақомоти баландпояи рус дар ин кишвар ба гиромидошти он рӯйдод пардохт. Барои баргузории маросими имсол мо тақрибан як моҳ талош кардем, то рӯзи муносиберо барои ширкати сафири Русия, вобастаи низомии Русия ва фармондеҳи лашкари 201 дар он пайдо кунем. Мо бо барномарезиҳои русҳо канор омадем ва зиёфатро то рӯзи 21 нувомбр (ноябр) ба таъвиқ андохтем.

3. (C) Маросими гузоштани чанбари гул тибқи барнома анҷом гирифт. Ҳатто ҳаво мусоъид буд ва нахустин барфи мавсими сармои имсол андӯҳи муносибатро барҷаста мекард. Ҳолу ҳавои сарду зимистонӣ ҳамчунин ба дасти русҳо ин баҳонаро дод, ки маросими бомдодиро ба як нишасти майгусорӣ табдил кунанд. Кормандони Сафорат, ки дар маросим ҳузур доштанд, шумори дақиқи нӯшбодҳоро аз даст доданд, аммо дар фазое воқеъан дӯстона нӯшбодҳои фаровони самимӣ аз сӯи ҳам омрикоиҳо ва ҳам русҳо эрод шуд.

4. (C) Дертар, дар зиёфати шоми он шаб, русҳо паёми батамом мутафовите ба мо доданд. Се рӯз пеш аз он, дар маросими таҳлифи Раисиҷумҳур Раҳмонов, сафири Русия Рамазон Абдуллатифов ба Сафир гуфт, ки дар зиёфати рӯзи 21-ум ҳузур нахоҳад ёфт. Вай тавзеҳ дод, ки барои анҷоми корҳое ба Маскав фаро хонда шуда, вале муъовинаш талош мекунад дар зиёфат ҳозир шавад. Дар бомдоди гулгузорӣ (дар мақарри лашкари 201) Вячеслав Светличний, муъовини сафорати Русия, ба Сафир хабар дод, ки ӯ ҳам бояд ба барномаи дигаре бирасад. Вай диплумоти дигареро ба ҷои худ пешниҳод накард ва ҳеч мақоми ғайринизомии Русия дар зиёфат ҳузур надошт. Ҳангоми зиёфат сарҳанг Юрий Иванов, вобастаи низомии Русия, ба ду занги телефунӣ посух дод ва пас аз сарфи хуроки аввал қавл дод, ки пас аз 10 дақиқа бармегардад ва рафт. Дигар барнагашт. Аз ситоди фармондеҳии лашкари 201 танҳо ду тан аз чаҳор афсари даъватшуда ҳузур ёфтанд, аз ҷумла сарҳанг Алексей Зовизиён (Завизян), фармондеҳи лашкари 201. Рафтори Зовизиён дар тӯли шомгоҳ, ба баёне муаддабона, ноҳамвору густохона буд, аммо пас аз рафтани сарҳанг Иванов башиддат бадтар шуд. Зовизиён пешхидматони хонаи Сафирро маломат кард ва як ришта тазаккуроти ҷинсиятгароёна дод. Зиёфат ба таври ногаҳонӣ, пас аз он ки ӯ иҳонатҳои зишти нажодпарастонаеро дар бораи сиёҳпӯстони омрикоӣ ба забон овард, поён ёфт.

5. (C) Тавзеҳ: Ҳузури камранги русҳо дар зиёфати шом тасодуфӣ набуд. Мо тайи беш аз як моҳ бо Сафорати Русия ҳамкории танготанг доштем, то торихи муносиберо барои баргузории маросим таъйин кунем ва феҳрести номи ширкаткунандагонро тартиб диҳем. Ин нукта ҳам равшан аст, ки рафтори башиддат густохонаи Зовизиён на тасодуфӣ буд ва на мешавад онро ба ҳисоби масрафи арақ гузошт. Меҳмонони руси мо ин мавзӯъро ошкор карданд, ки ҳарчанд баъзан метавонанд бо мо нӯшбодҳое бигӯянду бинӯшанд, дар Тоҷикистон моро ҷузъи дӯстони худ намедонанд ва ҳамкорӣ дар заминаи масоили мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду тарафро сахттар мекунанд. Дар гузашта мо дучори носозгории артиш ва унсурҳои амниятии Русия мешудем ва маъмулан диплумотҳои рус подармиёнӣ мекарданд, то муносиботро ҳамвортар кунанд. Дар ин мавриди бахусус Сафорати Русия барои тасҳили баргузории маросим коре накард ва барои ин ки шоҳиду ҳамдасти бадрафтории низомиёнаш дар зиёфат набошад, аз ҳузури мақомоташ ҳам ҷилавгирӣ кард. Мо қасд дорем поинтар аз шаъни худамон рафтор накунем ва ҳамчунон заминаҳои ҳамкориро дар мавриди манфиъатҳои муштарак пешниҳод кунем. Аммо дигар ба ин зудиҳо низомиёни русро ба шом даъват нахоҳем кард. Ҷейкубсун (JACOBSON)

No comments: