Андар дасисаи бегонагон
(вижаи Ногуфтаҳои Нигоҳ)
Оё ҳаргиз ҷое шунидаед, ки як фаронсавӣ хунрезиҳои инқилоби 1789-и Фаронсаро натиҷаи бозиҳои пуштипардагии инглисиҳо бидонад? Ё як инглисӣ инқилоби 1688-ро, ки ба таназзули мақоми салтанатӣ анҷомид, кори дасти олмониҳо фарз кунад? Ё ҳатто як рус инқилоби Уктубрро рӯйдоде таҳмилшуда аз сӯи Бритониё ангорад, ки ба раҳбари он инқилоб паноҳ дода буд? Ман ки нашунидаам ва тасаввур ҳам намекунам, ки чунин пиндорҳое ба мухайялаи ғолиби мардуми он сарзаминҳо роҳ ёбад. Яъне дасиса ё тавтеаи ҳамсоягон чизе нест, ки мояи нигаронии онҳо бошад. Тавтеапиндорӣ дар ҷомеъаҳое, ки аз эътимод ба нафс ё худбоварӣ бархурдоранд, ҷой надорад.
Аммо дуруст баръакси онро метавон дар ҷомеъаҳои гирифтор мушоҳида кард. Ҳар рӯйдод ва иттифоқе метавонад бароянд (натиҷа)-и талошҳои хасмонаи ҳамсояҳои норафиқ бошад. Эътирози мардум дар фалон ҷой, эътисоби коргарон дар ҷои дигар, даргирии гурӯҳе ёғӣ бо нерӯҳои давлатӣ ва ҳатто ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ, ҳама ва ҳама аз паёмадҳои пайкори пинҳони ҳамсояҳоест, ки ханда бар лабу дашна дар каф доранд. Ин бовари қишрҳои гуногуни ин даста аз ҷомеъаҳост ва дар миёни мақомоташон ҳам боварест ошкору ниҳон.
Ва маъмулан ин боварҳо бепоя нестанд. Ба ростӣ ҳам решаи он эътирозу эътисобу даргирию ҷангҳо метавонад ба берун аз марзҳои кишвар биравад; нахи бозигарони ин рӯйдодҳо метавонад дар дасти луъбатбозони хориҷӣ бошад. Боризтарин намунаи як чунин бозии бадсиголона панҷ сол ҷанги дохилии девонавори Тоҷикистон буд, ки бегонагоне ҳезумашро анбошта буданд ва гӯё ба тамошои як оташбозии муфассал нишаста буданд. Аммо он бозии хунин сурат намегирифт, агар бозигарони дохилӣ аз худ андаке дирояту ҳушёрӣ, хештандорию ватандорӣ ва шуъури як инсони пешрафтаро буруз медоданд. Танҳо инсонҳои ибтидоиро метавон дастхуши рӯйдодҳое аз он даст кард. Инсони болиғ бозича намешавад.
Агар чизе бо номи “ватан” ё “меҳан” барои шаҳрвандони ҷомеъа арзиш дошта бошад, худ ба худ барои “ҳамватан” ё “ҳаммеҳан” низ арзише воло эҷод мешавад. Ва ҳеч омили хориҷӣ қодир нахоҳад буд як фарди солими ҷомеъаи маданиро ба андозае барангезад, ки қасди ҷони ҳаммеҳанашро кунад. Ин як мантиқи сода аст, ки дар ҷомеъаҳои маданӣ ниҳодина шуда ва амал мекунад.
Омили дигаре, ки монеъ аз бозича шудани афрод мешавад, огоҳии фарогир ва дурӣ аз таъассуб аст. Таъассуб, ки баҳсашро ҳафтаи гузашта доштем, ба осонӣ аз афроди гирифтор ба он бозичаҳои хатарноке месозад, ки ҳар он метавонанд мавриди истифодаи бегонагони бадхоҳ воқеъ шаванд. Он таъассуб метавонад нисбат ба ақидае хос буруз кунад ё нисбат ба ҷоҳу мақом.
Аз ин рӯ дар ҳамаи рӯйдодҳои фаҷеъе, ки аз берун ҳидоят мешаванд, бегонагон суроғи афроди мутаъассиберо мегиранд, ки тамаъи ақидатӣ ё манзалатишон бар арзиши “ҳаммеҳанӣ” чира шудааст.
Кофист аз худамон бипурсем, ки агар рӯйдодҳои хунин ба ростӣ кори дасти омилҳои хориҷист, чаро ва чигуна мо бозичаи дасти онҳо воқеъ шудаем? Магар на сустии аносирамон дар меҳандӯстию ҳаммеҳандӯстӣ буд, ки моро ба бероҳа кашонд? Вагарна ба баҳонаи дифоъ аз ақидаҳое, ки ҳанӯз ба дарки дурусташон муваффақ нашуда будем, бори нанги бародаркуширо намепазируфтем. Вагарна ба абзори дасти душмане табдил намешудем, ки бо дилхушии дижхимона бисоти наслкушӣ дар Тоҷикистонро паҳн карда буд ва бо истифода аз бемаърифатии мо моро мекушт.
Рӯзгори абасе буд он панҷ соле, ки бори нангаш имрӯз ҳам гаронӣ мекунад. Мо он рӯзҳоро назистем, балки муҷриёни марги худамон будем; фавҷ-фавҷ мурдем, то душманеро хушнуд кунем. Ба хотири боварҳое, ки ба чизе ҷуз таъассуби хушку берӯҳ устувор набуд, тарҳи бегонагони фурсатталабро ба иҷро гузоштем.
Ин иттифоқ танҳо бо тӯдаҳои ноогоҳ меуфтад ва бузургтарин дарси он рӯзҳои тираву тор ҳамин асли меҳандӯстию ҳаммеҳандӯстист. Оё он дарсро ба хубӣ фаро гирифтаем ва оё аз бозича шудан дигар безорем? Оё дигар бегонаҳои бадхоҳ набояд дил хуш дошта бошанд, ки фардо ҳам бо истифода аз озу хушкбоварӣ (таъассуб) ва ноогоҳии мо ба тамошои оташбозие дигар хоҳанд нишаст? Оё рӯзгори абаси дигаре дар камини мо нанишастааст?
Воқеъиятҳои торих метавонад барои бархе талх бошад, аммо кас чорае ҷуз пазириши онҳо надорад. Дар торихи башарият ҳар нерӯе, ки бо дасти бегона бар курсӣ нишаста, сияҳном будаву сияҳном рафтааст. Танҳо миллатҳое, ки имрӯзу фардояшонро бо дастони худ сохтаанду сарнавишташонро худ рақам задаанд, сари баланду овози расо доранд. Тавтеапиндорӣ ҳам аз миёни онҳо рахт баста, чун фазое барои дасисаҳои бегонагон боқӣ намондааст.
Албатта, омилҳои фаровони дигаре ҳаст, ки чунин шароитро падид меоварад. Як давлати бархурдор аз эътимод ба нафс, ки ба доду инсоф арҷ қоил аст ва ба мардум маҷоли нафас кашидану ҳарф задан медиҳад ва озодиҳои маданиро арзонӣ медорад, метавонад саранҷом ҷомеъае бино ниҳад, ки дар он мафҳумҳои меҳандӯстию ҳаммеҳандӯстӣ ҷойгоҳи ростин ва на тазоҳурии худро пайдо мекунанд. Дасти бегонагони бадсигол ҳам аз як чунин ҷомеъаи мунсаҷим кӯтоҳ аст.
1 comment:
shodishkaLyudi, ochnotes!!!!!
Malo vam bilo krovi i ubistv. Skolko razrushenoiy i skolko nevunnikh zhertv i poteryannikh zhizney. Esli mi ne budem lyubit i zashishat svoyu rodinu, nikto za nas eto ne sdelayet...
Post a Comment