Thursday, September 02, 2010

Academician Shakuri on Bukhara Coup

Дар матлабе, ки ба муносибати навадумин солрӯзи балвои сурхи Бухоро таҳия шуд, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ суханони пурмуҳтавову омӯзандае гуфт, ки ҳайфам омад ҷудогона рӯи торнигор қарор надиҳам. Мухолифони бозгашт ба хатти порсӣ ҳам метавонанд аз суханони устод панд бигиранд. Суханони устод Шакурӣ бидуни дасткорию вероиши муфассал аз гуфтугӯи телефунии Як Дарвеш бо эшон мунташир мешавад.

Паёмадҳои фарҳангии балвои Бухоро (02.09.1920)

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Бухоро яке аз бузургтарин марказҳои фарҳанги мардуми тоҷик дар Варорӯд буд, ки дар тӯли асрҳо лоақал аз замони Сомониён дар фарҳанги мардуми тоҷик, дар адабиёт ва забони эшон нақши муассир дошт. Маркази фарҳангии бисёр қавӣ буд. Мо чандин маркази фарҳангӣ доштем ва қавитарини онҳо Бухоро буд. Пас аз инқилоб, чун Бухороро хароб карданд, чун давлати Бухоро дар соли 1924 барҳам хурд, яъне Ҷумҳурии Бухороро ба импротурии булшевикӣ илҳоқ карданд, Бухоро ба сифати пойтахти як давлати бузург аҳамияти худро аз даст дод ва умри торихии Бухоро ба охир расид. Дар андак муддат ончунон хароб шуд, ки ба як шаҳри музофотии дараҷаи дуюму сеюм табдил ёфт. Ин дигаргунӣ барои рушду камоли фарҳанги мардуми тоҷик натиҷаҳои бисёр манфӣ дод.

Мардуми тоҷик миллатест, ки дар тӯли асрҳо тамаддуни бузурги шаҳрӣ ба вуҷуд овардааст. Фарҳанги мардуми тоҷик маҳсули ҳамин тамаддуни бузурги шаҳрист ё баръакс. Пас аз инқилоб, ки Бухоро ба сифати давлат барҳам хурд ва ба сифати пойтахт аҳамияти худро аз даст дод, дигар маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ набуд, мардуми тоҷик то андозае аз он тамаддуни бузурги шаҳрии худ маҳрум шуданд, дуртар рафтанд.

Он суннатҳои қадимии фарҳангӣ, ки дар Бухоро ташаккул ва инкишоф ёфта буд ва дар дигар шаҳрҳову марказҳои мо – Балх, Самарқанд, Хуҷанд ривоҷ ёфта буд, дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистони мо идома ёфт. Лекин қисман идома ёфт, на комилан. Вақте ки соли 1924 Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуд, як шаҳр ҳам надошт. Он миллати тоҷик, ки ҳазор сол тамаддуни шаҳрӣ офарида буд, акнун як шаҳр надошт. Бухоро барҳам хурду тамоман хароб шуд. Дигар шаҳрҳо берун аз Тоҷикистон монданд... Ин дигаргунии куллӣ наметавонист, ки барои инкишофи фарҳангии мардуми тоҷик бенатиҷа бошад.

Дар натиҷа мо мебинем, ки мардуми тоҷик солҳои 1930 ва солҳои баъд кам-кам аз тамаддуни шаҳрӣ дур мешуданд. Унсурҳои шуъури фулклурӣ қувват ёфт.

Бухоро барои ташаккули тамаддуни замони Сомониён нақши бисёр муассир дошт. Нақши асосӣ дошт. Аз ҷумла дар ташаккули забони адабии форсии дарӣ. Дар замони шӯравӣ миллати тоҷик аз ин неъмат дур монд ва таъсири забони Бухоро ба забони адабии Тоҷикистон торафт камтар шудан гирифт. Имрӯз мо ҳеч наметавонем, ки забони муъосири тоҷикиро ба роҳи пештараи он, ба роҳи торихии он, ба роҳи ҳамбастагӣ бо адабиёти клоссики ҳазорсола баргардонем.

Масъалаи баргаштан ба хатти форсӣ яке аз масъалаҳоест, ки мо бояд дар ин роҳ ҳал кунем. Ба хатти форсӣ баргаштанамон лозим аст. Дар хатти форсӣ вежагиҳои форсӣ, вежагиҳои форсии тоҷикӣ бисёр хуб ифода шуда буд. Бино бар ин, ин хат дар торихи мо рули бисёр калон бозӣ карда буд; дар инкишофи фарҳанг, дар инкишофи шуъури мардуми мо. Забони мо ба қолиби хатти форсӣ рехта шуда буд ва ҳоказо.

Ин яке аз масъалаҳост. Боз масъалаҳои дигаре ҳаст, ки барои ба роҳи пештараи худ даровардани забони муъосири мардуми тоҷик зарур аст.

Инқилоби Бухоро пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз роҳи торихии ӯ, ки ба оҳистагӣ идома меёфт, берун кард, ба бероҳаи торих баровард, ба роҳҳои ноошно, номуносиб, нолоиқ дохил кард, рушди торихии миллатро ба тарафи дигар гардонд; ба тарафи номатлуб, ба тарафе, ки моро аз гузаштаи худ, аз ҳазорсолаҳои пештар торафт дуртар бурд.

Акс баргирифта аз торнамои Ойина аст.

2 comments:

D said...

Салмони Форсии гиромӣ. Сипоси фаровон аз паёматон. Аммо бо иҷоза ман онро ҳазф мекунам, чун мутаассифона, дар мавриди як қавми бахусус вожаҳои тавҳиномез ба кор рафтааст. Шакке нест, ки дарди бохтани Самарқанду Бухоро азизонро ба андозае озурда, ки аз рӯи хашму итоб чунин алфозро дар мавриди кулли миллати узбак ба кор бибаранд. Аммо боиста ва шоиста аст, ки ба фарҳангамон арҷ бигзорем ва бо ҳар мавҷуде бархурди фарҳангӣ дошта бошем ва ҳисоби миллати узбакро аз ҳисоби сардамдорони давлати узбакҳо ҷудо кунем. Назари шумо бисёр муҳтарам аст ва дар сурати ҳазфи он алфоз хушҳол мешавам онро дубора инҷо бибинам. Поянда бошед.

Anonymous said...

Бо салом Дориюш!
Аз хомаи хакикатнигору аслнигорат хушам меояд,хамеша муваффак бош.Боз мехонамат.